JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 04 Майи 2017 04:44

Астероиди эҳтимолан хатарноки 2014jo25 ва мушоҳидаи он дар Тоҷикистон

Муаллиф:

   Астероиди наздизаминии 2014JO25 соли 2014 кашф карда шудааст.  Баъди муайян кардани мадор маълум гардид, ки астероид ба Замин ба масофаи минималӣ наздик шуда метавонад, аз ин сабаб он ба гурӯҳи объектҳои ба Замин хатари эҳтимолӣ дошта дохил шуд. Ин астероид яке аз астероидҳои калонтарин ҳисобида мешавад, ки андозаи он ба 1.4 км баробар аст. Суръати ҳаракати астероид дар фазои байнисайёравӣ  зиёда аз 33 км дар як сония мебошад, ва ин суръат барои астероидҳо бениҳоят баланд ҳисоб мешавад.

   Масофаи наздиктарини астероид ба Замин ба рӯзҳои 18-24 апрели соли 2017 рост омад. Дар шаби 19 ба 20-уми апрел астероид ба Замин дар масофаи камтар аз 1.8 млн. км наздик шуд. Дар ин лаҳзаи наздиктаринаш ба Замин астероид хеле дурахшон буд ва онро ҳатто бо ёрии телескопҳои хурдтарин аз рӯи ҳаракаташ дар байни ситораҳо дидан мумкин буд.   

Муассисаҳои астрономии ҷаҳон ба хулоса омаданд, ки астероиди эҳтимолан хатарноки 2014JO25-ро моҳи апрели соли 2017 дар якҷоягӣ мушоҳида намоянд. Ҳангоми парвози астероид аз назди Замин, мушоҳидаи он аз расадхонаҳои дар масофаҳои калон аз ҳамдигар ҷойгиршуда  имкон медиҳад, ки дуриаш аз Замин бо ёрии усули триангулятсионӣ аниқ маълум карда шавад. Мушоҳидаи астрометрӣ на танҳо координатҳои объектро дар осмон, балки масофа аз Замин ва мавқеи онро дар фазо бо саҳеҳӣ муайян мекунад. Ин имкон медиҳад, ки роҳи ҳаракати астероид сохта шуда, тағйирёбии мадори он ҳангоми парвоз маълум карда шавад. Ҳамаи ин маълумотҳо барои ёфтан ва коркарди тарзҳои пешгирӣ ва кам кардани оқибатҳои бархӯрди эҳтимолии астероидҳо ба Замин хеле муҳим мебошанд.

Ба ғайр аз муайян кардани мавқеъ, масофа ва мадор, инчунин аз рӯи мушоҳидаҳо каҷи дурахшонии астероид сохта, шакл ва хусусиятҳои чархзании он маълум карда мешаванд.

Чунин наздикшавии навбатии ин астероид ба Замин дар ояндаи дур, яъне баъди 74 сол ба вуқуъ меояд, бинобар ин натиҷаҳои мушоҳидаҳои якҷояи ҳозира барои тадқиқотҳои он аҳамияти хеле зарурӣ доранд.

Институти астрофизикаи АИ ҶТ ин чорабинии мушоҳидаҳои муштараки астрономии ҷаҳониро дастгирӣ намуд ва дар Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох ва Расадхонаи астрономии Ҳисор мушоҳидаи астероиди 2014JO25-ро гузаронид. Мониторинги астероид аз 16 то 26 апрели соли 2017 дар расадхонаи Санглох бо телескопи 1 метраи Тсейсс ва дар расадхонаи Ҳисор бо телескопи АЗТ-8 аз рӯи нақша ва реҷаи барои ҳамаи расадхонаҳои ҷаҳон тасдиқшуда гузаронида шуд. Дар телескопҳо аксбардории объектҳо ба воситаи камераҳои рақамии махсуси астрономӣ амалӣ гардонида шуд. Шароити хуби астрономӣ ва асбоби нави идораи телескопи 1 метраи Санглох, автоматӣ кардани ҷараёни мушоҳида, истифодаи камераҳои рақамӣ ва кӯшишу ғайрати кормандони Институт барои бо мувафаққият гузаронидани ин чорабинии якҷояи астрономҳои ҷаҳон мусоидат намуданд.

Мониторинги пай дар паи астероид аз соати 20 то соати 4.30 аз 16 то 25 апрели соли ҷорӣ гузаронида шуд. Ҳангоми мушоҳида дар расадхонаҳои Санглох ва Ҳисор ин астероид ба қайд гирифта шуд ва маълум гардид, ки он дар ҳақиқат бо суръати калон ҳаракат карда, хеле дурахшон аст. Инчунин тағйирёбии дурахшонии астероид ба назар расид, ки чархзании тези онро дар атрофи тираш нишон дод. Миқдори хеле зиёди маводҳои мушоҳидавӣ ба даст оварда шуд, ки дар якҷоягӣ бо расадхонаҳои дигар истифода ва коркард карда мешаванд. Натиҷаҳои мушоҳида ва коркарди он, бевосита, ҳамчун мақолаи илмӣ нашр ҳоҳад шуд. Аксҳои астероид аз расадхонаҳои Санглох ва Ҳисор дар расмҳои 1 ва 2 нишон дода шудааст.

Ҳангоми ин экспедитсияи олимони Институт Қоҳирова Г.И., Мулло-Абдолов А.Ш., Ҳамроев У.Х., Абдуллоев С.Х. ва Юсупов М.З. ба расадхонаи Санглох, ба ғайр аз мушоҳидаҳои махсуси астероид, боз мушоҳидаи дигар объектҳои кайҳонӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, кометаҳои 2015V2 (расми 3) ва 41Р (расми 4) аксбардорӣ шуданд, ки натиҷаҳои коркарди онҳо барои омӯзиши хусусиятҳои динамикӣ ва физикии кометаҳо хеле заруранд. 

Мушоҳидаи астероидро дар Расадхонаи астрономии Ҳисор кормандони Институт Буриев А.М., Иброҳимов А.А., Аюбов Д.К. ва Сафаров А.Ғ. фаъолона ба анҷом расониданд.

Ҳамин тариқ, мушоҳидаҳои муштараки расадхонаҳои ҷаҳон пешгӯиҳои назариявиро тасдиқ намуда, исбот мекунанд, ки ҳарчанд астероиди 2014JO25 ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок дохил шуда бошад ҳам, ба Замин таъсири манфӣ намерасонад.

  Расми 1. Ҳаракати астероиди 2014JO25 ҳангоми наздикшавӣ ба Замин дар масофаи 1.8 млн. км, ки 19 апрели соли 2017 дар Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглохи Институти астрофизикаи АИ ҶТ бо телескопи 1-метраи Тсейсс бо экспозитсияи 10 сония аксбардорӣ шуд.

 

 Расми 2. Акси астероиди 2014JO25 (бо аломати тир ишора шудааст) ҳангоми дуршавӣ аз Замин ба масофаи зиёда аз 9 млн. км, ки 22 апрели соли 2017 дар Расадхонаи астрономии Ҳисори Институти астрофизикаи АИ ҶТ бо телескопи АЗТ-8 бо экспозитсияи 10 сония аксбардорӣ шуд. Рахҳо дар расм акси харакати се моҳвора мебошанд.

 Расми 3. Кометаи 41Р дар масофаи зиёда аз 24 млн. км аз Замин, ки 17 апрели соли 2017 дар Расадхонаи Санглох бо телескопи 1-метраи Тсейсс бо экспозитсияи 5 сония аксбардорӣ шуд.

 Расми 4. Кометаи 2015V2 дар масофаи зиёда аз 219  млн. км аз Замин, ки 18 апрели соли 2017 дар Расадхонаи Санглох бо телескопи 1-метраи Тсейсс бо экспозитсияи 5 сония аксбардорӣ шуд.

Қоҳирова Г.И.

Институти астрофизикаи АИ ҶТ

Хондан 1987 маротиба