“Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад” Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамасола 6-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия ботантана таҷлил мегардад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихи давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб меравад. Соли равон аз қабули ин санади олии ҳуқуқӣ 32 сол сипарӣ мегардад.
Ба рухи соқии парипайкар
Ҳамчу Ҳофиз бинӯш бодаи ноб!
Ҳофиз
Маълум аст, ки Ҳофиз шоири пурмутолиа, алоқаманди китоб, ошно ба таърихи гузаштаи миллат ва рамзу рози шоирӣ буда, дар баҳраҷӯӣ, ҷавобгӯӣ, ахзи маънӣ, бозсозии ашъори аз шуарои пешин яди байзо дорад. Аммо аксари пайравиҳояш ошкор нестанд, чун аз гӯяндагонашон ном намебарад, ба мушкилӣ метавон бисёре аз сарчашмаҳои эҷоди ӯро пайдо кард. Аз ин рӯ, ба сарчашмаҳои афкори орои Ҳофиз касе метавонад ба дурустӣ пай бибарад, ки аз ашъори Рӯдакӣ сар карда, то шоирони ҳамзамони Ҳофизро мавриди мутолиа қарор дода бошад, зеро Ҳофиз, тавре ки маълум аст, ба ҷуз аз Қуръон, тамҳидот ва номаҳои Айнулқузот, «Мирсод-ул-ибод»-и Наҷмуддини Розӣ, «Мисбоҳ-ул-ҳидоя»-и Маҳмуди Кошонӣ, «Савонеъ»-и Аҳмади Ғазолӣ, «Ламаъот»-и Ироқӣ, осори Ибни Арабӣ, девони шоирони араб ва ғайра, пеш аз ҳама, аз осори адибони қабл аз худ ва ҳамзамонаш пайравӣ намуда, аз каломашон илҳом гирифтааст, аммо таассури ӯ муҳаққиқона аст, яъне бартар аз ашъоре ки ба онҳо пайравӣ кардаву назира гуфтааст. Бино бар ин, суханаш хосу омро мақбул афтода. Аммо аз шоирони пешинамон, ки Ҳофиз бо сухани онҳо назар доштаву аз осорашон суд ҷустааст, бештар аз ҳама ба устод Рӯдакӣ назар доштааст, зеро бисмиллоҳи раҳмони раҳими шеъри мо аз осори Рӯдакӣ сар мешавад. Беҳуда устод Рӯдакиро сари шоирон нахондаанд. Бино бар ин, ҳар шоире, ки дар шеъру адаби мо рӯ ба сухан меорад, аз рӯи мантиқ ва одобу эҳтиром, пеш аз ҳама, рӯ ба каломи устод Рӯдакӣ меорад ва ба пайравию тазмини осор ва ҳамду санояш мепардозад. Ҳофиз яке аз онҳост, зеро, ба қавли шоир: