JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 17:48

Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон дар Тоҷикистон

Муаллиф:

   12 апрели соли 1961 Юрий Алексеевич Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» Заминро аз рӯи мадор давр зад, ки бо ин давраи  кайҳоннавардии таърихи башарро кушод. (Расми 1,2). Аз ҳамин вақт рӯзи 12-уми апрел ҳамчун санаи муҳиме дар тамоми дунё ба қайд гирифта мешавад. Бо инкишофи минбаъдаи фаъолияти кайҳонӣ  ҳамасола инсоният бештар дарк карда истодааст, ки ин санаи муҳим давраи  наверо дар таърихи инсоният мекушояд ва такони ҷиддие баҳри рушди тамаддуни умумибашар гузошт.  Дар аввал ин рӯз ҳамчун оғози давраи кайҳоннавардӣ ба ҳамагон маълум аст, аммо 7-уми апрели соли 2011 дар маҷлиси умумии Ассамблеяи Генералии Созмони Давлатҳои Муттаҳид, ки ба ифтихори 50-умин солгарди аввалин парвози инсон ба кайҳон барпо гардид, 12-уми апрел рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон эълон карда шуд.

  Ба замми ин Ассамблеяи Генералии Созмони Давлатҳои Муттаҳид ба таври амиқ «манфиатдории башарият дар тадқиқот ва истифодабарии фазои кайҳон бо мақсадҳои осоишта барои самароноки умум, васеъ кардани миқёси ин фаъолият ва тақвият додан ба ҳамаи давлатҳо дар таъмини имкониятҳои ба манфиатҳои алоқаманд буда»-ро изҳор кард. Ин қарори Созмони Давлатҳои Муттаҳид (СДМ) дар бораи эътирофи умумибашарии мартабаи воқеаи 12 апрели с. 1961 шаҳодат медиҳад. Маҳз аз ҳамин воқеаи таърихӣ омӯзиши кайҳон фаъолона гардид, ки аз натиҷаҳои он тамоми ҷомеаи башарият истифода мебарад. Шабакаи тамоси ҷаҳонии Интернет, шабакаҳои телевизионӣ ва воситаҳои алоқаи мобилӣ ба туфайли аз худ кардани фазои кайҳонии наздизаминӣ, яъне сар додани зиёди радифҳо ба ин фазо, пайдо шуданд. Омӯзиши ҳолати обу ҳаво ва пешгӯии он, харитасозии сатҳи Замин ва муайян кардани кординатҳо (воситаҳои GPS), хизматрасонии навигатсионӣ, ҷустуҷӯи маъданҳои фоиданок ва ғайра – ҳамаи ин далелҳои амалӣ натиҷаҳои бомуваффақияти омӯхтани ва истифодабарии кайҳон мебошанд. Лабораторияҳо тавассути радифҳо таҷрибаҳо мегузаронанд, ки дар шароити Замин  ғайри имкон ҳастанд. Дар натиҷа, равандҳои зиёди нави биологӣ, физикӣ ва химиявӣ тадқиқот шуда, доруҳо ва моддаҳои нав, технологияҳо ва усулҳои инноватсионӣ ба даст оварда шудаанд, ки татбиқи онҳо барои фаъолият ва инкишофи ҷомеаи муосир аҳамияти бузург дорад. 

   Мақсаду вазифаҳои асосии фаъолияти Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷкистон тадқиқот ва истифодабарии фазои кайҳонӣ бо мақасадҳои осоишта мебошад, ки ин ба таври пурра мутобиқи принсипҳои асосии қарори қабулгаштаи номбурдаи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид мебошад.

   Дар баробари омӯзиши объектҳои табиии кайҳонӣ инчунин мушоҳида ва омӯзиши радифҳои маснуи Замин (РМЗ) бо пораҳояшон  ба самтҳои асосии илмии Институт дохил мешаванд. Тараққиёти ин гунна тадқиқотҳои кайҳонӣ  дар Тоҷикистон бо сар додани аввалин Радифи маснуи Замин ба кайҳон рӯзи 4-уми октябри соли 1957 аз тарафи собиқ Иттифоқи Советӣ (СССР) оғоз шудааст. Дар Институти астрофизикаи АИ ҶТ, ҳамонвақта Расадхонаи астрономии Сталинобод (РАС), рӯзи 4-уми октябри соли 1957 мушоҳидаҳои аввалин радифи маснуи Замин бо муваффақият гузаронида шуданд ва дар баҳори соли 1958 Стансия барои гузаронидани мушоҳидаҳои мунтазами фотографии РМЗ-ро таъсис дода шуд. Дар натиҷа маълумотҳои пурқимате ба даст омаданд, ки дар ҳалли як қатор масъалаҳои муҳими астрономияи амалӣ-бунёдӣ инчунин геофизикавӣ ёри расонидаанд. 

   Соли 1964  Расадхонаи астрономии Ҳисори Институт сохта шуд ва дар он камераи нави АФУ -75 барои мушоҳидаи РМЗ ба истифода дода шуд, баъдтар дар соли 1974 бо васл кардани Дастгоҳи астрономии баландсаҳеҳ (ДАБ) мушоҳида ва омӯзишҳои РМЗ  хубтару беҳтар ба роҳ монда шуданд.

   Телескопи ДАБ имкон дод, ки РМЗ-ҳои хеле хираро бо суръатҳои гуногун қайд  намояд. Ба туфайли ин, Институт дар сохтани заминаҳои маълумотҳо аз рӯи барномаҳои байналмилалӣ «ИНТЕРКОСМОС» ва ғайра иштирок карда тавонист. Дар ин ҷо каталоги Радифҳои геостатсионарии Замин (РГЗ), ки дар масофаи 40 ҳазор км аз Замин ҷойгир ҳастанд, тартиб дода шудааст. Мушоҳидаҳои РМЗ дар Расадхонаи астрономии Ҳисор барои саҳеҳ гардонидани мадорҳои стансияҳои байнисайёрави ва РМЗ, инчунин тартиб додани каталогҳои Радифҳои геостатсионарӣ истифода шудаанд.

   Дар вақтҳои охир мушоҳидаҳои Радифҳои геостатсионарии   равшаниашон паст ва пораҳои онҳо бо истифодаи асбоби рақамӣ, ки коркарди фаврии маълумотҳои мушоҳидавиро таъмин медиҳад, гузаронида мешаванд. Мушоҳидаҳои фаврӣ барои назорат ва идоракунии дастгоҳҳои кайҳонӣ ва масъалаҳои экологияи фазои кайҳонии наздизаминӣ заруранд.

   Институти астрофизика дар дигар соҳаи фаъолият ва истифодаи кайҳон бо мақсадҳои осоишта низ саҳм гузоштааст. Институт дар инкишофи ва омодасозии якчанд лоиҳаҳои омӯзиши кометаҳо аз кайҳон, аз ҷумла дар коркард ва амали гардонии барномаи байналмилалии (IHW) ва лоиҳаи шуравии (СОПРОГ) оид ба тадқиқоти кометаи Ҳаллей, лоиҳаҳои «КАТРАН», «БЕНЕТ»,  «ИКОМ» иштирок намудааст. Мушоҳидаҳои кометаи Ҳаллей дар Тоҷикистон гузаронида шуда, хангоми амали гардонии лоиҳаи миссияи кайҳонии «ВЕГА» ба ин комета дар солхои 1985 -1986 истифода гаштаанд ва айни замон ба бойгонии байналмилалии маълумотҳо дохил карда шудаанд. Натиҷаҳои тадқиқотҳои хусусиятҳои ядрои кометаҳо дар омодасозии лоиҳаи байналмилалии миссияи кайҳонии РОЗЕТТА ба кометаи Чурюмов-Герасименко истифода карда шудаанд. 

   Айни замон, дар Институт тадқиқотҳо аз рӯи ин самт идома ёфта истодаанд. Махсусан, вобаста бо баркарорсозӣ ва модернизатсияи телескопи 1-метраи Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох-и (РАБС) Институти астрофизикаи АИ ҶТ мушоҳидаҳо боз фаъол шудаанд. Расадхонаи Санглох дар ноҳияи Данғара, дар кӯҳи Санглох (2300 метр аз сатҳи баҳр) ҷойгир ҳаст. Дар ин расадхона аллакай мушоҳидаҳои радифҳои интихобшуда бо пораҳояшон, яъне партовҳои кайҳони, аз ҷумла дар якҷоягӣ бо ҳамкасбон аз муасиссаҳои астрономии Академияи илмҳои Россия ба анҷом расонида шудаанд.  Аз рӯи натиҷаҳо, як қатор мақолаҳои муштарак интишор гаштаанд.  Ҳамчунин баромадҳои ҳамҷоя дар конференсияҳои ҷумхуриявӣ ва байналмилали  таҳия гардидаанд.

   Ба муносибати Рӯзи байналмилалии аввалин парвози инсон ба кайҳон Институти астрофизикаи АИ ҶТ дар Расадхонаи астрономии Ҳисор мизи мудаввар барпо менамояд, ки дар он кормандони Институт ва мактаббачагон - хонандагони бахши астрономияи Академияи илмҳои хурд иштирок мекунанд. Дар кори мизи мудаввар масъалаҳои муосир оид ба омӯзиш ва истифодабарии кайҳон бо мақсадҳои осоишта, роҳҳои ҳалли онҳо, роҳҳои ба ин соҳа ҷалб намудани ҷавонон ва шахсони болаёқат мавриди муҳокима қарор мегирад. Инчунин хоҳишу дархостҳо барои ба таври васеъ оммафаҳм гардонидани донишҳои астрономӣ дар ҷомеъаи мо ҳам  баён карда мешаванд. Барои шинос шудан бо телескопҳои Расадхонаи астрономии Ҳисор экскурисия ташкил карда мешавад. Ҳамчунин, рӯзи 12-уми апрел кормандони Институт, кормандон ва донишҷуёни кафедраи астрономияи факултаи физикаи Донишгоҳи милии Тоҷикистон семинари илмӣ- амалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии аввалин парвози инсон ба кайҳон мегузаронанд. Дар раванди кори семинар маърӯзаҳо дар мавзӯи «Тадқиқотҳои астрономӣ дар Тоҷикистон», «Аз Вега то Розетта», «Аввалин парвози инсон ба кайҳон» пешниҳод мешаванд. Бевосита, байни иштирокчиёни семинар баромадҳои пешниҳодшуда баҳси фаъолро пайдо менамоянд азбаски ин соҳаи илм шавқу рағбати баланд дорад. 

left

Гагарин Ю.А.– кайҳонаварди аввалин дар ҷаҳон, пеш ва пас аз парвоз ба кайҳон рӯзи 12 апрели соли 1961.

Дастгоҳи астрономии баландсаҳеҳ (ДАБ) дар Расадхонаи астрономии Ҳисори Институти астрофизикаи АИ ҶТ барои мушоҳида ва омӯзиши радифҳои маснуи Замин. 

Пораи партови кайҳонӣ (10-20 см), ки бо телескопи як метраи Расадхонаи Санглохи ИА АИ ҶТ  аксбардори карда шуд.

Баромадҳои кормандони ИА АИ ҶТ бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардӣ.  

Ҳангоми семинар дар кафедраи астрономияи факултаи физикаи ДМТ, бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардӣ.

 Ҳангоми экскурсия дар телескопи АЗТ-8 Расадхонаи астрономии Ҳисор

Директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ - Қоҳирова Г.И.
корманди Институт  - Раҳматуллоева Ф.Ҷ.
Хондан 20899 маротиба