JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Якшанбе, 14 Майи 2017 18:46

Муҳтавои бархӯрди тамаддунҳо ва таъсири он ба ҷомеаи тоҷик

Муаллиф:

   Имрӯз, ба таври куллӣ, ҷомеаи тоҷик ва бештари манотиқи ҷаҳон ба сохтани ҳувияти динӣ машғул аст. Оё ин раванд як зарурат ва талаботи воқеии ҷомеаҳо аст? Донишмандон ва чеҳраҳои рӯҳонии кишвар, оё ин равандро огоҳона пайгирӣ мекунанд ё ноогоҳона? Чаро тӯли 70 соли Шӯравӣ, ки гӯё ҷомеаи бединӣ буд ва донишмандони он атеизм мехонданд, яку якбора ба дин рӯ оварда, имрӯз яке аз мақомоти меҳварии ҳувиятсози динии ҷомеа шудаанд? Суоли охир ин аст, ки ин раванд худҷӯш аст ё дар паси ин раванд манфиатҳои геосиёсии кишварҳои хориҷӣ нуҳуфтааст ва ё ин чеҳраҳо танҳо дар дохил фазосозӣ мекунанд?

 Барои ҷавоби қонеъкунанда пайдо кардан ба ин пурсишҳои ботинии худ ба сарчашмаҳои илмию оммавӣ рӯ меорем. Гарчанде ба ин пурсишҳо ҷавоби дуруст пайдо накардаем ва ин пурсишу ковишҳо идома доранд, ба таври муқаддима ва оғоз бахшидани ин баҳс ба як мақолаи Самуэл Ҳантингтон бо номи «Бархӯрди тамаддунҳо» (Посухи Осиё ба назарияи бархӯрди тамаддунҳо. Маҷмӯаи мақолот. Теҳрон: Интишороти хуршедофарин, 1843. -271с.) таваҷҷуҳ мекунем[1]. Зеро баъзе аз донишмандони тоҷик консепсияи ӯро муқобил ба консепсияи идеологиясозии миллӣ қарор дода, идеологияи миллиро дар баробари ҳавзаҳои тамаддунҳое, ки бар асоси ҳувиятҳои динӣ сохта шудаанд, як кори беарзише меҳисобанд. Самуэл Ҳантингтон тақсимоти нави ҷаҳонро, на бар асоси идеологияҳо, балки ба асоси тамаддунҳо баррасӣ месозад. 

Ин раванди идеологиясозии давлат – миллатҳо аз кашмакашҳои қабилавӣ шурӯъ шуда, то бархӯрди шоҳзодагон, императорҳо, ҳукуматҳои худкома ва ҳукуматҳои машрута (конститутсионӣ) дар бар мегирифт, то ин ки девонсолории худро густариш диҳанд.

Сиёсати ҷаҳонӣ дар оянда, аз назари С. Хантингтон, идеологиясозии ҳамаи давлат - миллатҳоро сарфи назар хоҳад кард. Аммо натиҷаи ин сиёсатҳои ҷаҳонӣ ИМА-ро ба яккақутбӣ оварда расонид. Ин ҷо суоле пеш меояд, ки аз кадом роҳ ба ин натиҷа расид ва дар сатҳи ҷаҳонӣ чӣ воқеотеро ба вуҷуд овард?

Дар идома, аз назари ӯ, дар сиёсатҳои ҷаҳон дигар на байни идеологияҳо, балки байни фарҳангҳо бархӯрд сурат мегирад. Сиёсатҳои ҷаҳонӣ пайгири бархӯрди тамаддунҳоанд.

Дар таърих, чи хеле ки зикр гардид, аввалин бархӯрдҳо дар Ғарб низ байни шоҳзодагон, императорҳо, ҳукуматҳои худкома, ҳукуматҳои машрута мегузашт.

Инқилоби Фаронса сабаби эҷоди давлат- миллатҳо шуд ва соли 1893 ҷанги миллатҳо оғоз шуда, то анҷоми Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ идома пайдо кард.

Бархӯрди байни миллатҳо дар натиҷаи инқилоби Россия ва вокунишҳое, ки алайҳи он ба вуҷуд омад, бархӯрди байни миллатҳо, ба бархӯрди идеологҳо табдил шуд. Ва оқибат ба бархӯрди коммунизм (Иттиҳоди Шуравӣ) ва либерал-демократия оварда расонид.

Дар поёни ҷанги сард оғози равобити Ғарб ва тамаддунҳои ғайриғарбӣ шурӯъ гардид. Дар даврони ҷанги сард тақсими дунё ба ҷаҳони якум, дуюм ва сеюм сурат мегирифт, аммо баъди ҷанги сард бошад, на бар асоси низомҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, балки дар асоси фарҳангҳо ва тамаддунҳо ҷаҳон гурӯҳбандӣ шуда, бархӯрдҳо шурӯъ шуда, ҷангҳо роҳандозӣ мешаванд, зеро тамаддунҳо сатҳи ҳувияти фарҳангии густурдатарро дорад. Тамаддун аз унсурҳои айнии муштарак аз қабили забон, таърих, мазҳаб, русум ва ниҳодҳояш таъриф мешавад. Сатҳи ҳувияти инсон дар асоси ин тамаддунҳо шакл мегирад. Инсонҳо метавонанд дар таъйини ҳувияти худ таҷдиди назар кунанд ва ин корро ҳам мекунанд. Ана ҳамин далел аст, ки таркиб ва марзҳои тамаддунӣ тағйир мекунад. Тамаддун метавонад якчанд давлатҳоро дар бар гирад ё як кишварро. Мисли тамаддуни ғарбӣ, ғайриғарбӣ ва тамаддуни амрикоӣ, шимолӣ, тамаддуни исломӣ (арабӣ, туркӣ, малайзиёӣ). Тамаддунҳо авҷ мегиранд ё суқут мекунанд, шоха- шоха мешаванд ва дарҳам мепечанд.

Арнолд Тойинбӣ, пажӯҳишгари таърих тамаддунро ба XXI қисм мерасонад, ки аз миёни онҳо шаш тамаддун вуҷуд дорад. Тамаддуни ғарбӣ, конфусионӣ, жопонӣ, исломӣ, ҳиндӣ, славянӣ, ортодоксӣ, Амрикои лотинӣ ва эҳтимолан, африқоӣ. Фарқияти асосии ин тамаддунҳо мазҳаб (дин) ва баъдан забон, фарҳанг, суннат ва таърих аст.

Мардум дар асоси тамаддунҳои мухталиф дидгоҳҳои мутафовит дар мавриди робитаи байни худо ва инсон, фард ва ҷомеа, шаҳрванд ва давлат, волидайн ва фарзандон, зан ва шавҳар ва дидгоҳҳои муҳим нисбати ҳуқуқ ва масъулиятҳо, озодӣ ва ихтиёр, баробарӣ ва силсиламаротиб пайдо мекунанд. Раванди муҳоҷират бошад, ихтилофи тамаддунҳоро ба вуҷуд меоварад ва тамоюли байни онҳоро афзоиш медиҳад.

Раванди фарояндҳои навсозии иқтисодӣ, технологӣ ва тағйироти иҷтимоӣ дар ҷаҳон инсонҳоро аз ҳувиятҳои бумии деринаашон ҷудо мекунад ва ҳувияти давлату миллатҳоро заиф месозад ва мазҳаб ин халои миллӣ – идеологиро пур мекунад. Аммо ҷунбишҳои бунёдгароии масеҳияти ғарбӣ, ойинҳои яҳудӣ, буддоию ҳинду ва ислом ташаккул ёфта, даст ба тамоми нооромиҳо ва ҷиноятҳо мезананд. Фаъолони ин ҷунбишҳо донишҷуён, коршиносони фаннӣ, табақаи мутавассит, соҳибони машоғили гуногун ва тоҷирон мебошанд.

Ғайридунявӣ шудани ҷаҳон яке аз воқеаҳои барҷастаи иҷтимоӣ дар охири қарни 20-ум аст. Таҷдиди ҳаёти мазҳабӣ раванди фаъоли ҷаҳонӣ аст ва ҷомеаҳоро осебпазир месозад. Фарҳанг ва мазҳаб, ҳамчунин асоси созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ аст. Ҳувият бар асоси мазҳаб ва қавмият ташаккул меёбад.

Бархӯрди тамаддунҳо дар ду самт сурат мегирад:

1)   Дар сатҳи хурд, гурӯҳҳои наздик ба ҳам дар имтидоди хутути гусели тамаддунӣ барои назорати минтақа ва маҳори якдигар вориди низоъҳои ағлаб хушунутомез мешаванд.

2)   Дар сатҳи калон давлатҳои мутаалиқ ба тамаддунҳои мухталиф  барои ба даст овардани қудрати низомӣ ва иқтисодӣ ба рақобат мепардозанд ва барои контроли ниҳодҳои байналмилалӣ мубориза мекунанд ва ба гунае рақобатҷӯёна арзишҳои хоси сиёсӣ  ва мазҳабии худро тарвиҷ  мекунанд.[2]

Бо аз байн рафтани тақсимбандии идеологӣ дар Аврупо бори дигар Урупоро аз лиҳози фарҳанги масеҳӣ – ғарбӣ, аз як сӯ ва масеҳияти ортодоксӣ ва ислом, аз сӯйи дигар, тақсим кардааст.

Гусели байни тамаддунҳо мафҳумест, ки дар мақолаи худ муҳаққиқ зиёд истифода кардааст ва маънояш он аст, ки  нуқоти ҳассоси бузурги буҳрон ва хунрезӣ ҷонишини марзҳои сиёсӣ ва идеологӣ мешаванд[3] .

Мисли ҷангҳои дар Украина, Ховари Миёна ва дигар манотиқи ҷаҳон имрӯзу оянда ба вуқӯъ хоҳанд омад, инчунин даргирӣ дар имтидоди хутут(хатҳо)-и гусели байни тамаддунҳои ғарбӣ ва исломӣ низ собиқаи 1300- сола доштааст.

Имрӯз низ кишварҳои арабӣ бар зидди демократияи ғарбӣ ва неруҳои сиёсии ғарбиситезиро дар шакли ҳаракатҳои тундрав ва ифротии динӣ месозад. Муҳоҷироти арабҳо (африкоӣ) ва туркҳо боиси нажодпарастии урупоиҳо аст. Ин тамоюл бархӯрд миёни ислом ва Ғарбро метезонад ва дигар кишварҳои мусулмонии ғайриарабиро низ ба чолиш мекашад[4].

Бархӯрди дигари ҷаҳони исломӣ бо кофирон ва бутпарастон. Бархӯрди дигар байни мусулмонон ва ортодоксҳо дар марзҳои шимолии ислом аст. Сербу албанҳо, булғорҳо ва ақаллияти турк, ассетинҳо ва ингушҳо, озарҳо ва арманҳо, русҳо ва мусулмонони Осиёи Марказӣ, эъзоми (азми) қувваи русӣ ба Қафқоз ва Осиёи Марказӣ барои ҳифозат аз манофеи Россия, даргириҳои таърихии русҳо ва туркҳо, мусулмонҳо ва ҳиндуҳо, низоъҳои шадиди мазҳабии байни худи ҳиндуҳо, ихтилофи марзии Чин бо ҳамсоягонаш, сиёсати бераҳмонаи Чин нисбат ба Буддоиён ва чунин бархӯрд бо ақаллиятҳои  туркӣ - мусалмонӣ низ баъд аз ҷанги сард пеш гирифтааст ва ихтилофоти байни Чин  ва ИМА дар заминаҳои ҳуқуқи башар, тиҷорат ва густариши таслиҳот(силоҳ)ҷанги сарди ҷадиди ҷаҳонро интизор аст[5]. Ихтилофҳои байни Японияву Амрико ва ҷанги иқтисодии байни Африқову Урупо ва Япония[6] дар ин замина мисол шуда метавонанд.

Яъне иттиҳоди тамаддунӣ модели дигарест, ки С. Ҳантингтон пешниҳод мекунад. Гурӯҳҳо ё давлатҳои як тамаддун, ҳангоме ки мардуме аз тамаддуни дигар даргири ҷанг мешаванд, табиатан саъй доранд, то ҳимояти дигар аъзои тамаддуни худро ба даст оваранд. Иштирокоти тамаддунӣ ҷойгузини идеологияи сиёсӣ шуд. Масалан, арабҳо ва эрониён ҷанги алайҳи Амрико ва Урупоро ҷиҳод мекунад ва ҳар касе дар ин роҳ кушта шавад, шаҳид аст[7]. Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ мегӯяд: «Мубориза бо таҷовуз, мутомеъ(тамаъкориҳо), тарҳҳо ва сиёсатҳои Амрико дар ҳукми ҷиҳод аст ва ҳар кас дар ин роҳ кушта шавад, шаҳид аст». Малик Ҳусайн подшоҳи Урдун эълон кард, ки ин ҷанг фақат алайҳи Ироқ нест, балки ҷангест алайҳи араб ва тамоми мусулмонон[8].

Бархӯрди тамаддунҳо меъёрҳои дугона доранд, яъне барои кишварҳои хешовандонаш як меъёр ва барои кишварҳои дигар меъёрҳои дигар. Хулосаи С.Хантингтон он аст, ки агар «ҷанги ҷаҳонии дигаре вуҷуд дошта бошад, ҷанге байни тамаддунҳо хоҳад буд». Сарчашмаи даргирии байни Ғарб ва дигар кишварҳо мизони қудрати мубориза барои касби бартарии низомӣ, иқтисодӣ ва қудрати ниҳодӣ аст.

Дигар сарчашмаи тамаддун, яъне тафовутҳои фарҳангист, ки шомили боварҳо ва арзишҳои асосӣ мешавад.

Тамаддуни Ғарбӣ, гарчанде барои тамоми башар муносиб ва ошност, ба гуфтаи Хантингтон, фардгароӣ, либерализм, машрутият, ҳуқуқи башар, баробарӣ, озодӣ, ҳокимияти қонунӣ, демократия, бозори озод, ҷудоии давлат аз калисо барои фарҳангҳои исломӣ, конфусианӣ, японӣ, ҳиндӣ, буддоӣ ва ортодоксӣ бозтоби чандоне надоранд. Зиддияти байни ин арзишҳо бунёдгароии мазҳабиро ба вуҷуд меоварад. Дар оянда меҳвари аслии сиёсатҳои ҷаҳонӣ бархӯрди Ғарб бо бақияи кишварҳои ғайриғарбӣ дар баробари арзишҳо ва қудрати Ғарб аст.

Ин вокунишҳо дар се шакл зуҳур мекунанд: 1) дар шакли ифротӣ (Ховари Миёна ва Эрон); 2) Кишварҳое, ки пайвастан ба Ғарб ва пазириши арзишҳо ва ниҳодҳои ғарбӣ доранд; 3) Барқарории мувозинат аз тариқи тақвияти қудрати низомӣ, иқтисодӣ ва ҳамкорӣ бо дигар ҷавомеи ғайри- ғарбӣ алайҳи Ғарб, аз як сӯ ва ҳифзи ниҳодҳо ва арзишҳои бумӣ (ватанӣ), аз сӯи дигар ва мудерн шудан, аммо ғайриғарбӣ боқӣ мондан аст.

Чун инсонҳо ба воситаи тамаддунашон аз якдигар ҷудо мешаванд, дар оянда кишварҳое чун Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва Югославия, ки мардуми зиёде аз тамаддунҳои мухталифро дар худ ҷой додаанд, ногузир таҷзия хоҳанд шуд ва чунин ҳам шуданд, яъне ин идея воқеияти худро дар амал татбиқ намуд.

Масъалаи дигар, Туркия аст, ки аввалан, кӯшиш кард бо Аврупо ҳампаймон шавад, аммо баъдан аз ҳувияти динии худ кор гирифта, худро мусулмон ва ғарбиёнро масеҳӣ пиндошта, аз Урупо фосила гирифт. Баъди пошхӯрии Шӯравӣ таваҷҷуҳи худро ба Осиёи Марказӣ нигаронидааст, то вокуниши тамаддуниро дар баробари Ғарб ба вуҷуд оварад.

Дар Русия низ ҳувияти мазҳабӣ идеологияи коммунизмро шикаст дода, арзишҳои дунявияти ғарбиро бо ҳувияти динии худ омезиш дод ва ба шароити худ мутобиқ сохт ва ҳоло дар муқобили Ғарб қарор гирифтааст.

Дар мавриди идеологияи Россия бинишҳои гуногун аст, ки гӯё он як тамаддуни урупоӣ ва осиёӣ сохтааст[9]. Миллигароёнаш бошад, бештар зидди арзишҳои ғарбӣ ва зиддисомӣ (исломӣ) буда, Россияро такя ба тақвияти бунияи низоми худ ва эҷоди равобити наздиктар бо Чин ва кишварҳои мусулмон фаро мехонанд. Назарияи Россия низ мисли мардумонаш мухталиф аст.

Кишварҳои гусехта истилоҳи дигаре аз назари Ҳантингтон мебошад, ки як кишвар бо як тамаддун хайрухуш карда, тамаддуни дигареро истиқбол мекунад, ки се вижагӣ дорад:

  1.  Нухбагони иқтисодӣ ва сиёсии он кишвар бояд ба таври куллӣ ҳомӣ ва муштоқи таърифе нав аз ҳувияти тамаддунии он бошанд.
  2.   Мардуми он кишвар ба ин раванд тан диҳанд.
  3.  Гурӯҳи ҳоким дар тамаддуни  пазиранда, баъд аз ин тағйир ва таҳаввул истиқбол кунад[10].

Хулосаи Ҳантингтон дар мавриди Россия ин аст, ки агар русҳо дар баробари канор гузоштани рафторҳои марксистӣ, рафторҳои либералӣ – демократиро низ канор бигзоранд ва танҳо бихоҳанд русӣ, на ғарбӣ амал кунанд, иртибот байни Ғарб ва Русия боз ҳам метавонад сард ва пурбархӯрд бошад, зеро, аслан русҳо як натсионалист, худкома ва суннатӣ ҳастанд.

Ба назари С.Ҳантингтон, монеаҳои зиёде барои пайвастан ба тамаддуни Ғарб аз тарафи кишварҳои ортодоксии собиқ Шуравӣ ҳастанд, зеро ҷомеаҳои исломӣ, конфусианӣ, ҳиндуӣ, буддоӣ ва японӣ, ки нимғарбӣ ва нимшарқӣ ҳастанд, тамаддуни мунҳасир ба фарди урупоиро намепазиранд. Кишварҳое ҳастанд, ки бо Ғарб дар муқобила буда, раванди пешрафтҳои дохилиро доранд, мисли кишварҳои чинӣ ва исломӣ.

Дар ҷаҳон баъд аз ҷанги сард, ҳадафи аслӣ контроли таслиҳот(мусаллаҳшавӣ) ва ҷилвагарӣ аз густариши имконоти низомии ҷавомеи ғайриғарбӣ, ки метавонад манофеи Ғарбро таҳдид кунанд. Ғарб саъй дорад ин муҳимиятро аз тариқи мувофиқатномаҳои байналмиллалӣ, фишори иқтисодӣ ва эъмолӣ контрол намуда, дар интиқоли силлоҳҳо ва технологияи силоҳсозӣ анҷом диҳад.

 Хулоса С. Ҳантингтон ба он бовар аст, ки гарчанде ҳувияти тамаддунӣ ҷойгузини соири ҳувиятҳо намешавад, то давлат – миллатҳоро аз байн барад, аммо ҳар тамаддун ба як ҳувияти мунсаҷими сиёсӣ табдил мешавад ва мумкин аст гурӯҳи тамаддунҳо бо ҳам ихтилоф пайдо мекунанд ё меҷанганд, ё баръакс. Аммо ин мақола унвон мекунад, ки тафовути байни тамаддунҳо, воқеан, муҳим аст. Огоҳии тамаддунӣ рӯ ба афзоиш ҳаст, бархӯрди тамаддунҳо ба масобаи шакли мусаллаҳоти бархӯрд, ҷонишини бархӯрди идеологӣ ва дигар анвои даргириҳои ҷаҳонӣ хоҳад шуд. Равобити байналмилалие, ки дар тӯли таърих бозии сиёсатҳо буд ва дар даруни тамаддуни Ғарбӣ сурат мегирифт, акнун  ба гунаи рӯзафзун, ғайриғарбӣ  мешавад ва ба бозие  табдил мегардад, ки дар он тамаддунҳои ғайриғарбӣ дигар васила нестанд, балки бозингаранд, ниҳодҳои муваффақи сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ - байналмилалӣ бештар дар даруни тамаддунҳо тавсеа  меёбанд, то байни тамаддунҳо, бархӯрди байни гурӯҳҳои мутааллиқ ба тамаддунҳои  мутавофит, мутадовил (ҳаррӯза) беист ва хашинтар аз даргириҳои  байни гурӯҳҳои  мутааллиқ  ба як тамаддуни воҳид хоҳад буд. Кашмакашиҳои хушунатбор байни гурӯҳҳои мутааллиқи тамаддунӣ аз эҳтимолитарин  ва хатарноктарин манофеи  афзоиши низоъҳо аст, ки метавонад ба ҷанги ҷаҳонӣ бианҷомад ва меҳвари аслии сиёсатҳои ҷаҳонии равобити байни Ғарб ва бақияи ҷаҳон хоҳад буд. Нухбагони  бархе аз кишварҳои гусехтаи ғайриғарбӣ талош хоҳанд кард, то кишвари худро ба бахше  аз Ғарб табдил кунанд, аммо дар ағлаби маврид бо монеаҳое дар ин роҳ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Қонуни аслии бархӯрд дар ояндаи бисёр наздик дар чандин кишварҳои исломӣ конфусионӣ ба вуқӯъ хоҳад омад.

Ин танҳо фарзияҳоеанд, ки матраҳ мешаванд ва агар, воқеан, амалӣ шаванд, чӣ паёмадҳое дар ояндаи наздик ва дур хоҳанд дошт, то Ғарб онро ба назар гирад. Дар ояндаи қобили пешбинӣ ҳеҷ тамаддуни ҷаҳонӣ вуҷуд нахоҳад дошт, балки ҷаҳон пур ва саршор(мамлу) аз тамаддунҳои мутафовит ва гуногуне хоҳад буд, ки ҳар як ногузир аст, ҳамзистӣ бо дигар тамаддунҳоро биёмӯзад.

Аммо ин раванд ва шаклгирии воқеаҳо дар Тоҷикистони пасошӯравӣ ё имрӯза ба чӣ анҷом ёфт?

Яъне баъди анҷоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ва шурӯи ҷанги сард абарқудратон нақшаи аз нав тақсим кардани ҷаҳонро матраҳ карданд. Барои амалӣ сохтани ин нақша бояд аз кадом ниҳодҳои иҷтимоӣ кор мегирифтанд, то роҳат ва бо ҳазинаи кам ин нақшаро амалӣ созанд.

Ба таври мушаххас, он чи С. Ҳантингтон дар асоси нақшаи бархӯрди тамаддунҳо сиёсати хориҷии Амрикоро матраҳ сохт, барои амалисозии ин нақшаи худ дар тамоми ҷаҳон бояд аз зафъи қутби муқобили худ - лагери сотсиалистӣ истифода мекард ва ҷойи пой пайдо мекард. Ин зафъ ва ҷойи пой эҳсоси мазҳабии тамоми кишварҳои собиқ шӯравӣ ва баъзе кишварҳои Ғарб ва лагери сотсиалистӣ буд.

Қадами ӯ, махсусан дар Шарқи исломӣ, аввалан, тақвият додани ҳамкориҳо барои коркарди нефт ва сохтмону коркарди он буд ва ҳамзамон дастгирӣ кардан ва тақвият додани низомҳои теократӣ ва ба вуҷуд овардани ихтилофҳои мазҳабӣ ва ҷараёнҳои нав дар ислом, то ин ихтилоф ҳарчи тундтар ва ҳарчи ихтилофбарангезтар бошад. Ба ин кор муваффақ гардид ва натиҷааш имрӯз чолишҳои Ховари Миёна, пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбанд.

Махсусан, ин нақша дар Тоҷикистон низ дар ду самт амалӣ гашт:

Яке, аз роҳи шарқшиносон ворид кардани китобҳои гуногуни динӣ, мисли ҷараёнҳои «Ихвон-ул-муслимин» ва дигар ҷараёнҳои он.

Дигар, тақвият додани таълимоти фиқҳии ислом, ки баъдан ҲНИТ шуд ва бевосита яке аз қутбҳои муқобили ҳизби коммунистии вақт қарор гирифт. Гарчанде ки ин ҳизб ба пайравони ҲНИТ гузаштҳои зиёде карда буд ва махсусан, инро Давлат Усмон дар мусоҳибаҳояш борҳо гуфтааст, лекин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, даст ба ҷангу нооромии кишвар зада, онро нобуд сохт, зеро рисолати воқеиашон ҳамин буд.

Ва хусусияти фитрии динҳо дар асоси омӯзишҳои маърифатшиносӣ ва инсоншиносӣ моҳияти револютсионӣ доранд, яъне муъҷизаҳо яку якбора бе далелҳои мантиқӣ зуҳур мекунанд (Қуръон, шамсу қамар, нубувват ва ғайраҳо). Аз ин рӯ, истифодаи динҳо дар ҷаҳони муосир барои дар хаос нигоҳ доштан ва аз роҳи инқилоб қувваи системаи пурзӯр системаи заиф (монанд ба энтропия дар термодинамика)-ро аз байн бурда, ҷойгузини он мешавад.

Душманон, махсусан аз ин усул хеле осон ва роҳат нақшаҳои худро роҳандозӣ мекунанд. Махсусан, ин нақша дар Осиёи Марказӣ дар оянда низ аз тарафи абарқудратҳо бо истифода аз моделҳои исломӣ кор гирифта мешавад. Ин метод дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ истифода шуда буд, зеро эҳсоси динӣ яке аз заъфҳои замони Шӯравӣ буд. Аз ин рӯ, мехоҳем моделҳои гуногуни исломро, ки аз тарафи мушовири сиёсати хориҷии ИМА Самуэл Ҳантингтон дар назарияи бархӯрди тамаддунҳояш исломро ба навъҳои зерин ҷудо мекунад, бори дигар ёдовар мешавем: исломи арабӣ, туркӣ ва ҷанубу осиёӣ.

Барои Осиёи Марказӣ абарқудратҳо аз ин силсиламоделҳо, сараввал аз исломи арабӣ (дар ҳиҷоби ваҳҳобия ва салафия) ва баъдан аз исломи туркӣ (ирфон ва тасаввуфӣ) кор гирифтанд, ки ин нақша амалӣ гашт ва идома дорад ва аз ибтидо то ба имрӯз ин ҷараёнҳо (салафия, ирфони таҳаммулпазир) имрӯз низ фаъоланд.

Чаро дар Тоҷикистон имрӯз бештар аз исломи туркӣ истифода мешавад ва дар оянда хатари он дар Тоҷикистон кадом аст? Ин савол метавонад чунин ҷавоб дошта бошад:

а) ба ҷойи ҳувияти миллӣ ҳувияти туркиро дар пардаи ислом роҳандозӣ мекунад, ки он дар чанд самт амалӣ мешавад (масалан, барои таҳсилкардаи мактабу донишгоҳҳои туркӣ арзишҳои пешазисломии тоҷик маъное надорад).

б) аз роҳи фарҳангӣ бошад, фарҳанги таҳаммулпазири ирфонии Фатҳулло Гулен, дар ҳоле ки аз тарафи додгоҳи Москва ин созмон ҳаракати экстремистӣ эълон шудааст;

в) аз роҳи модели сиёсӣ бошад, пайравӣ кардани ниҳодҳои мазҳабии мо (ҲНИТ ва баъзе аз донишмандони тоҷик).

Хулоса, ин ҷараёнҳои ҳувиятсози динии ба ном муътадил ҷомеаи тоҷикро ба кадом самт мебаранд ва оянда ба куҷо хоҳем расид?

Яъне, такомули ин ҷараёнҳое, ки танҳо ба сохтани ҳувияти динӣ равона карда мешаванд, зиддият ва осебпазирии ҷомеаи тоҷикро зиёд месозанд ва дини исломро ҳамчун омили нооромкунандаи ҷомеаи тоҷик барои бозиҳои сиёсии худ нигоҳ медоранд. Ин зиддиятсозиҳо аз кадом роҳ амалӣ хоҳанд шуд:

1.Кофир гуфтан ва бадбиниро ба вуҷуд овардан нисбати фарҳангиёни тоҷик ва фарҳанги илму фанноварии Ғарб. Дар Тоҷикистон мо набояд, мисли донишмандони арабӣ эҳсоси зиддиғарбиро бедор ва тунд созем, зеро ҳувияти миллии таърихии мо бевосита ба тамаддуни ғарбӣ робита дошта, аз як баданаи ҳинду урупоӣ сарчашма мегирад.

2. Зидди меъёрҳои конститутсионӣ будани баъзе мавъизаҳои исломӣ.

3. Сӯйистифода аз эҳсосоти динии исломӣ.

4. Беарзиш ва бадном кардани илм, олим ва муаллиму духтур тариқи ошкору пинҳон аз тарафи баъзе аз чеҳраҳои рӯҳонии кишвар.

5. Мубориза бурдан бо арзишҳои мусбии даврони Шӯравӣ ва бадном кардани онҳо.

Дар охир чанд мулоҳизаро дар қолаби пешниҳод ироа медорем:

1. Андеша ва илм аз дин ҷудо ҳастанд ва ҷудо хоҳанд монд, зеро бояд андеша истиқлолият дошта бошад, то тамоми маҳдудиятҳоро шиканад ва арзиши нав офарад. Сабаби ҷудоии илм аз дин дар он аст, ки моҳияти илм тағйирёбанда буда, догмаҳои динӣ бетағайир мебошанд. Аз ин сабаб, мухолифати байни илм ва дин метавонад нофаҳмиҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд оварад.

2. Илму сиёсат набояд яке бошанд, зеро дар ин ҳол хатарҳо ва камбудиҳои назарияҳо пинҳон хоҳанд монд, ки ин иштибоҳи Иттиҳоди Шӯравӣ низ буд.

3. Сиёсату дин бояд яке набошанд, зеро ҷомеаҳо осебпазир хоҳанд шуд ва роҳандозӣ кардани инқилобҳову нооромиҳо осонтар ба даст меояд. Ҳизбҳои сиёсии динӣ дар ҷомеаи тоҷик боиси чолишҳои фикрӣ ва ақидатӣ хоҳанд шуд ва лидерони созмонҳои сиёсии динӣ-мазҳабӣ хоҳ-нохоҳ аз эътиқодоти мардум сӯйистифода мекунанд.

5. Бояд эътиқодот ва рамзҳои динӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва корхонаҳову муассисаҳо таблиғ ва паҳн нашаванд, зеро эътиқод ин боварии шахсӣ аст ва онро наметавон исбот кард (масалан, вуҷудияти Худо, малоика ва ғайраҳо).

Ёрмаҳмад Ниёзӣ 

файласуф

 [1] Самуэл Ҳантингтон. «Бархўрди тамаддунҳо» (Посухи Осиё ба назарияи бархўрди тамаддунҳо. Маҷмўаи мақолот. Теҳрон: Интишороти хуршедофарин, 1843. -271с.)

[2]  Самуэл Ҳантингтон. «Бархўрди тамаддунҳо» (Посухи Осиё ба назарияи бархўрди тамаддунҳо. Маҷмўаи мақолот. Теҳрон: Интишороти хуршедофарин, 1843. -271с.) –С. 31.

[3]  Самуэл Ҳантингтон. «Бархўрди тамаддунҳо» (Посухи Осиё ба назарияи бархўрди тамаддунҳо. Маҷмӯаи мақолот. Теҳрон: Интишороти хуршедофарин, 1843. -271с.). -С. 32.

[4] Самуэл Ҳантингтон. «Бархўрди тамаддунҳо» (Посухи Осиё ба назарияи бархўрди тамаддунҳо. Маҷмўаи мақолот. Теҳрон: Интишороти хуршедофарин, 1843. -271с.). -С 34.

[5]  Самуэл Ҳантингтон. «Бархўрди тамаддунҳо» (Посухи Осиё ба назарияи бархўрди тамаддунҳо. Маҷмўаи мақолот. Теҳрон: Интишороти хуршедофарин, 1843. -271с.). -С. 37.

[6] Самуэл Ҳантингтон. «Бархўрди тамаддунҳо» (Посухи Осиё ба назарияи бархўрди тамаддунҳо. Маҷмўаи мақолот. Теҳрон: Интишороти хуршедофарин, 1843. -271с.). –С. 38.

[7] Самуэл Ҳантингтон. «Бархўрди тамаддунҳо» (Посухи Осиё ба назарияи бархўрди тамаддунҳо. Маҷмўаи мақолот. Теҳрон: Интишороти хуршедофарин, 1843. -271с.). –С. 40.

[8] Самуэл Ҳантингтон. «Бархўрди тамаддунҳо» (Посухи Осиё ба назарияи бархўрди тамаддунҳо. Маҷмўаи мақолот. Теҳрон: Интишороти хуршедофарин, 1843. -271с.). –С. 40.

[9] Самуэл Ҳантингтон. «Бархўрди тамаддунҳо» (Посухи Осиё ба назарияи бархўрди тамаддунҳо. Маҷмўаи мақолот. Теҳрон: Интишороти хуршедофарин, 1843. -271с.). -С. 51.

[10] Самуэл Ҳантингтон. «Бархўрди тамаддунҳо» (Посухи Осиё ба назарияи бархўрди тамаддунҳо. Маҷмўаи мақолот. Теҳрон: Интишороти хуршедофарин, 1843. -271с.). –С.51.

Хондан 2978 маротиба