JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 16 Майи 2017 04:26

Нафс ва огоҳӣ (ҷавоб ба мақолаи М.Шарифов “Нафс ва Истиқлол” //Озодагон №50 (455) 28 декабри соли 2016; №01 (456) 05 январи соли 2017)

Муаллиф:

Ҷавоб ба мақолаи М.Шарифов “Нафс ва Истиқлол” //Озодагон №50 (455) 28 декабри соли 2016; №01 (456) 05 январи соли 2017

 Идеяи озодӣ ва инқилоб бо маънавиёти мо бегона аст. Чунин бегонагӣ на фақат хоси ахлоқи рӯзмарра ва ё афкори сиёсӣ, балки дар ҳадди олии он ин адами озодандешӣ низ мебошад. Фаротар аз ҳадди эътиқоди омиёна фикр кардан, азнаварзишгузории арзишҳои мавҷуда, танқиду инкор, шаккокият нисбати боварҳо ва ҳатто шӯхӣ кардан ҳамчун амали куфромез фаҳмида мешавад. Вақте фаротар аз қолаби муайяншуда амал ва андеша кардан ҳамчун нишонаи беодобӣ ва ё нафси бетарбия дониста мешавад, ин маънии худнамоии падидори тарсро дорад. Дар маҳдуда ва боварҳои таҳмилшуда боқӣ мондан ҳамчун як амри табии ва хилофи он амал кардан тасаввурношуданӣ дониста мешавад, ки инро мо метавонем дар фалсафа, илм, сиёсат, иқтисод, муносиботи рӯзмарра низ мушоҳида намоем. Моҳияти бунёдии моро падидори тарс ташкил менамояд, ҳаёт ва ҷаҳон дар мо ин трансендатсияи тарс мебошад.

 Аммо ин як ҳолати табиии ҷаҳонбинии мо намебошад, ин ҳолатро маҷбуран барои мо таҳмил кардаанд.Таҳмилкунандаи ин шеваи ҷаҳонбинӣ маҳз фалсафаи Калом ва шохаи Ашъарияи он мебошад. Азбаски ашъариҳо бар ҳамаи ҳарифони худ пирӯз омаданд ва таълимоти алтернативие, ки тавонад дар баробари Ашъария биистад ва ё онро инкор кунад, ба вуҷуд наомадааст, мо чунин фарзия дорем, ки ҳамаи мо ҳанӯз ҳам ашъарӣ ҳастем ва метавон онро ҳамчун неоашъаризм ва ё ашъариягароии нав номид. 

Ашъариягароёни фаъол, ки яке аз намудҳои ашъариягароии нав мебошад боз ҳамон мафҳум ва шеваҳои илмиеро бедор карда истодаанд, ки хоси ашъариҳои классикӣ буд ва маҳз ҳамон мафҳумҳо ва шеваи бархӯрд фарҳангро ҳазорсолаҳо замингир намуд. Падидори куфр дар фарҳанги мо, ки василаи асосии ашъариҳо барои нобудкунии ҳарифони худ буд, оғози ҳамаи анҷомҳо аз қабили анҷоми, озодандешӣ, фалсафа, илм, эътиқод ба худ ва мисли инҳо гардид. Ҳанӯз дар матраҳ гардонидани куфр каме истиҳола карда истодаанд, аммо модуси нарм ва беозори он аллакай бедор гардидааст, ки номи он “беодобӣ” ва ё “нафси беодоб” мебошад.  Вобаста ба ҳамин масъалаҳои матраҳгардида мақолаи зерин аз ду бахш иборат мебошад, дар бахши авал мо кӯшиш мекунем як тезисро исбот намоем: мо ашъариягаро ҳастем, на зоҳиран, балки зеҳнан. Бахши дувум аз ду қисмат иборат аст ва дар он мо мехоҳем, ки нодурустии ду тезисро исбот намоем: 1. Масъалаи нафс дар фалсафаи Ибни Сино як масъалаи ахлоқӣ нест. 2. Буҳрони фалсафаи ғарбӣ, он гуна ки Ҳуссерел нишон медиҳад, бо масъалаи ахлоқ алоқамандӣ надорад. Аммо исботи мо ба тариқи ғайримустақим сурат мегирад, яъне мо мехоҳем дурустии антитезиси ин тезисҳоро нишон диҳем, яъне исбот менамоем, ки: 1. Нафс дар фалсафаи Ибни Сино як мафҳуми бунёдии эпистемологӣ ва равонӣ бо решаҳои метафизикӣ мебошад; 2. Буҳрони фалсафаи ғарбӣ он буд, ки байни забони илм ва ҳаёт фосила вуҷуд дошт ва Ҳуссерел ва ҳамақидаҳои ӯ мехостанд, ки забони илмро бо забони фалсафаи ҳаёт пайванд созанд.

Зоҳиран миёни ин ду бахши мақола умумият вуҷуд надорад, аммо дар асл, миёни онҳо пайванди қавӣ вуҷуд дорад. Ба тариқи умумӣ баён намудани масъала, вонамуд кардан ба доштани дониши амиқ нисбати ин ё он соҳаи илм бидуни қонеъ сохтани хонанда, пайгирӣ накардани далеловарӣ барои исботи тезиси матраҳгардида, асоснок накардани пайдоиши масъалаи асосӣ, ки бояд мавриди омӯзиш қарор гирад, машғул доштани зеҳни хонанда бо як ҳарфи ботили хеш ва мисли инҳо аз хусусиятҳои илми асил дар фаҳмиши имрӯза нестанд. Инҳо нуқсонҳое ҳастанд, ки дар шеваи фалсафаронии ашъариёни нав ба мушоҳида мерасад. Равиши илми асил бояд аз равишҳои илми хурофотӣ ва мазҳабӣ фарқ намояд. Ашъариёни нави фаъол аз шеваҳое бархӯрдор ҳастанд, ки мехоҳанд бо овардани як ишора, як иқтибоси подарҳаво ва ё танҳо зикри масъалае назари худро исботшуда нишон диҳанд. Ин нишонаи бархӯрдорӣ аз шеваи илмӣ нест. Матраҳи масъалаи нафс дар фалсафаи Сино ва воқеияти назари Ҳуссерел дар қадами аввал ба хотири ислоҳи ақоиди ашъариёни нав мебошад ва танҳо дар қадами дувум чигунагии ин масъалаҳо дар худии худ.   

I

Мо ашъаригароёни нав ҳастем

А. Чаро ашъарӣ? Дар марҳалаи исломӣ шохаҳои гуногуни фалсафа ба вуҷуд омаданд, ки вобаста ба тамоил ба дигар фарҳангҳо ва шеваи фалсафаронии худ аз ҳамдигар фарқ менамуданд. Баъзеи ин мактабҳо, масалан, пайравони мактаби Асҳоби Ҳаюло, ҳам аз илм ва ҳам аз озодандешӣ пуштибонӣ менамуданд ва ҳама чизро ба боди масхара, шакку шубҳа ва инкор гирифта буданд, мутаассифона, ин мактаб дар ҳамон замон мавриди инкор қарор мегирад; намояндагони мактаби Машшоия аз илм пуштибонӣ мекарданд, аммо аз озодандешӣ пуштибонӣ намекарданд, ки онҳо низ муваффақ нагардиданд ва ба як мактаби хоси мазҳаби шиъа табдил ёфтанд; мактаби савум, ин фалсафаи Калом буд, ки на аз озодандешӣ, на аз илм ва на аз фалсафаҳои бегона пуштибонӣ мекард. Аммо он тавонист муваффақ гардад ва ягона фалсафаи фарогири минтақаи мо, албатта, бо шохаҳои гуногун, ки баъзеи онҳо натавонистанд худро тавсеа диҳанд ва дар маҳдудаи минтақаҳои маҳдуд боқӣ монданд, ба ҳастии худ идома диҳад.

Фалсафаи Калом бо фаъолияти муътазилиҳо оғоз меёбад, ки дар худ то андозае дорои ҷанбаҳои озодандешӣ буданд ва аз дигар фалсафаҳо низ истиқбол менамуданд. Мунаққидони муътазилиҳо онҳоро мазаммат менамуданд, ки онҳо пинҳонӣ аз афкори фарҳангҳои дигар пуштибонӣ менамоянд. Масалан, бо вуҷуди он ки дар сояи таълимоти Қуръон буд, онҳо ҷонибдори озодии инсон буданд. Азбаски онҳо танҳо ҷанбаи шиъаро ташкил медоданд ва маълум аст, ки аз ҷиҳати сиёсӣ қудратро бохта буданд ва ҳамчунин аққаллиятро ташкил мекарданд, ноумедӣ дар онҳо қавитар буд ва наметавонистанд, ки афкори худро қотеона пуштибонӣ намоянд. Пас аз Муътазила Ашъария арзи вуҷуд намуд, ки афкори муътазилиёнро мавриди танқид ва инкор қарор дод ва аз ҷумла баҳси озодии инсонро инкор ва баръакс, ҷабрӣ будани инсонро пуштибонӣ намуд. Ягона мактаби пирӯзи асрҳои миёна, ки ҳатто Муътазила бо он баробар шуда наметавонист, ин Ашъария буд. 

Ҷараёнҳои дигари фалсафаи исломӣ, аз қабили Машшоия, Ишроқ, Асҳоби Ҳаюло ва ғайра кайҳо ба таърихи фалсафа дохил шудаанд ва танҳо ба гузашта тааллуқ доранд, аммо фалсафаи Калом, бахусус шохаи Ашъарии он, таҷрибаи баръакси онҳоро аз сар гузаронидааст. Ашъария дар баробари баҳсҳои зеҳнӣ, ки дар мактабҳои дигари  фалсафаи исломӣ ва фалсафаи Юнон реша доранд, ҷанбаи амалии худро тақвият дода тавонист, ки нахуст арзишҳои ахлоқиро ба хостаи худ шакл диҳад ва пасон дар шаклгирии шеваи зиндагӣ ва андешаи мардумони минтақаи зери нуфузи худ саҳми асосии худро гузорад. Ашъария, ки бо аҳли суннат ва ҷамоат қаробати наздик дошт ва дар ниҳоят низ бо он айният ёфт, зиракона амал намуд. Акнун он воъизин ва имомҳое, ки ҳазорон нафарро зери таъсири худ қарор медоданд, ҳама ашъарӣ буданд. Дар тамоми асрҳои миёна хеле кам иттифоқ меафтад, ки аз аз инсони оддӣ сар карда то ба файласуф, олим ва ё аҳли тасаввуф аз Сино ё Закариёи Розӣ ҷонибдорӣ намояд, ҳама ҷонибдори Ғаззолӣ буданд, имрӯз вазъият на беҳтар аз асрҳои миёна мебошад.

Мактабҳои дигари фалсафаи исломӣ, ҳатто тасаввуфи исломӣ, ки  ба дур аз омма ва гироиши оммавӣ буданд, ягона мактабе, ки идораи зеҳнияти мардумро ҳадаф қарор дод, ин Ашъария буд, аз ин ҷиҳат ин мактаб аз дигар мактабҳо фарқ менамояд. Ашъариҳо тавонистанд бевосита ба зеҳниёти мардум таъсиргузор шаванд, аммо ҳеҷ як амали шиносоии ин воқеияти таърихӣ ва шустушуи зеҳнӣ сурат нагирифтааст.

Б. Хостаҳои асосии ашъариҳо. Ашъариҳо танҳо ба як хотир вуҷуд доштанд: пуштибонӣ аз дини Ислом ва китоби муқаддаси он. Аз чӣ пуштибонӣ менамуданд? Аз ҳар гуна огоҳие, ки решаи исломӣ надошт. Омилҳои хатар дар он рӯзгор фалсафаи Юнон, фалсафаи бостонии Эрон ва Ҳинд, илмҳое, ки инсонро ба огоҳӣ мерасонад ва ҳолати шак ва шубҳаро дар онҳо ба вуҷуд меоварад, бахусус риёзиёт ва мисли инҳо. Ба тариқи умумӣ, онҳо муқобили дониш ва огоҳии густурда буданд ва  шарти наҷоти дини мубинро дар тафаккури ноогоҳ ва догматикӣ медиданд. Албатта, дар ҷаҳонбинии исломӣ ҷумлаҳои зебое дар мавриди ҷонибдорӣ аз илм вуҷуд дорад, аммо он чизе, ки тарғиб мегардид ва дар зеҳнияти ҳазорон нафар дар тӯли ҳазор сол тарғиб ва талқин мегардид, маҳз ҳамон хостаҳои таъассубомези ашъариён буд.

Дар муқоиса бо таҷрибаи фарҳангҳои дурахшони башарият ин таҷриба як нанг ва шармандагӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамаи фарҳангҳои тавоно ҳамеша аз фарҳангҳои пешрафтаи пешинаи худ истиқбол намудаанд. Ҳатто ҷараёнҳои дигари худи фарҳанги исломӣ низ аз фарҳангҳои дигар истиқбол намудаанд, аммо таълимоти хусуматомез ва тираандеши Ашъария бо вуҷуди амалкарди ворунаи худ муваффақияти таърихӣ ба даст овард.

Дар баробари оммавигардонии бинишҳои ашъариҳо раванди тавлид ва густариши тарси маънавӣ, ки минбаъд ба воқеияти алоҳида табдил меёбад, ба вуҷуд меояд. Ба умеди он ки имон ва эътиқод аз даст наравад, мо аз ҳама арзишҳои волои башарӣ: озодӣ, огоҳӣ, дониш, инкор, офарандагӣ ва мисли инҳо рӯй гардонидем. Дар оғоз тарғиби шеваи тарсу бим танҳо як методи ашъариҳо буд, аммо он тадриҷан аз асли худ дур шуда, ба моҳияти биниши мо нисбати воқеият табдил гардид. Маҳз ҳамин ҷавҳари суфтаи ашъариҳо дар зеҳнияти мо буд, ки мо асоратҳои берун аз тасаввури таърихиро тоқат кардаем, худи гузашти айём он асоратҳоро аз сари мо дур намуд, аммо мо муҳаббат ба ҷабрӣ буданро аз даст надодем ва ҳамин тавр, бегонагӣ нисбат ба идеяи инқилоб, озодихоҳӣ таҷдидхоҳӣ ва навандеширо ҳифз намудем. Ягона таълимоте, ки маҳз ҳамин гуна зеҳният ва бархӯрд бо ҳодисоти рӯзгорро тарғиб менамуд, ҳамин Ашъария мебошад.

Ҳадаф аз таълим ва тарбия барои ашъариҳо на додани огоҳӣ, балки бедорсозии эҳсоси тарс аз огоҳӣ ва дар як қолаби муайян ҷойгир намудани зеҳни инсон буд. Ахлоқе, ки мутакаллимони ашъарӣ ба вуҷуд оварданд, як ахлоқи масъулиятшиносии инсон дар баробари худ набуд, балки гурез аз воқеият ва масъулияти инсонӣ ва заминӣ ва эътиқод ба боварҳои фарозаминӣ буд, ки тарбияи нафс яке аз арзишҳои он ба ҳисоб мерафт. Фазилатҳои ахлоқӣ на дар асоси зидмаъноӣ бо разилат, балки ба хотири мутеъсозӣ дар нисбати таълимот ва воқеияти ҳукмрон ба вуҷуд меомаданд. Мавриди суол қарор додани он арзишҳои ахлоқӣ, ки оё онҳо арзандаи як зиндагии шарофатмандона ҳастанд ё на, вобаста ба принсипи ашъариягарӣ ғайриимкон буд.

Агар бихоҳем ва бидонем, ки даҳшат ва мусибати ҳақиқӣ чист, кифоя аст, ки ба зеҳнияти бавуҷудовардаи ашъариҳо назар афканем.

В. Чаро мо ашъарӣ ҳастем? Ашъария ва ашъариҳо кайҳост, ки дигар вуҷуд надоранд ва бевосита таъсиргузор нестанд, аммо тавонистанд зеҳният ва шеваи андешаеро ба вуҷуд оваранд, ки ҳанӯз зинда аст. Бояд дуруст фаҳмида шавад, шояд мо бо Ашъария аслан робитае надорем ва баръакс, бо фалсафаи Юнон, фалсафаи имрӯзаи Урупо, тасаввуф, фалсафаи Маркс, улуми сиёсӣ, илмҳои дақиқ ва мисли инҳо машғул ҳастем, аммо шеваи бархӯрд, таҳлил ва баррасиҳои мо ҳамон гуна аст, ки замоне хоси ашъариён буд, яъне бо зеҳни догматикӣ. Аз ҳамин ҷиҳат, мо ашъарии нав ҳастем. Сухан танҳо сари зеҳният ва шеваи андеша меравад.

Ҷаҳонбинии бунёдии мо аз он ҷаҳонбиние, ки ашъариёни классик доштанд, ба ҷуз аз тағйироти кӯчаке, ки бо таъсири ҳаводиси таърихӣ ба вуҷуд омадааст, фарқ намекунад. Аммо, аз он ки мо дорои мактабҳои таҳлилӣ ва маърифатӣ нестем, равандҳои маънаӣ ва фикрӣ, сабаб ва мақсади онҳо дар мо ҳамеша ношинохта боқӣ мемонанд. Дар вазъияти имрӯза ду шеваи ашъариягароӣ дар ҷомеаи мо ҳукмрон аст: шеваи пассив ва шеваи фаъол. Шеваи пассив дар рӯҳияи фоизи аксари рӯшанфикрони мо вуҷуд дорад. Дар фаъолияти онҳо озодӣ, таҷдиди назар, инкор кардани воқеияти бемори ҳукмрон, азнавофаридан ва шакл додани воқеият ҳеҷ гуна арзиш надорад. Бо ҳар шевае худро ба ҳар гуна вазъият мутобиқ мегардонанд ва агар назари танқидӣ ё розе дошта бошанд, “дар гӯши ҳамдигар бо пичиррос баён месозанд”.

Сабаби асосие, ки Ашъарияро ба пирӯзӣ расонид, ин ҳамбастагии онҳо бо сиёсат ва сиёсатмадорони таъсиргузори замон буд. Аз як тараф, онҳо бо сиёсатмадорон ҳамбастагӣ ба вуҷуд оварданд ва аз дигар тараф, бо аҳли суннат ва ҷамоа. Ашъариёни имрӯза низ бо шеваҳои гуногун аз ҳамин шева истифода мебаранд. Дар баробари сиёсати замон эҳтиёткорона ва эҳтиромона рафтор менамоянд ва ҳамин тавр, бо рӯҳияи ашъариягароёнаи худ ҳаётро сипарӣ менамоянд.  Шеваи асосии мутакаллимон он буд, ки онҳо ба хотири наҷоти арзишҳои исломӣ ҳама гуна таълимоти дигар, аз қабили фалсафаи Юнон, фалсафаи Ҳинд, фалсафаи пешазисломии тоҷикӣ ва ҳамин гуна илми решаи дининадоштаро инкор ва ба муқобили он мубориза мебурданд. Дар ин ҷо набояд гумон намуд, ки мутакаллимони ашъарӣ камдониш ва ё дорои дониши сатҳӣ буданд, балки онҳо аз фалсафаи Юнон ба хубӣ огоҳ буданд ва барои исботи ақидаҳои худ аз илми мантиқи юнонӣ ба хубӣ истифода менамуданд. Барои онҳо тасаввури илм ва фалсафа берун аз доираи имон ғайриимкон буд, бунёди андешаи онҳоро на ақл, на риёзиёт ва ё ҳамулса, балки танҳо имон ташкил медод. Имрӯз фоизи аксари рӯшанфикрони мо на танҳо файласуфон, балки донишманди илмҳои дақиқ, донишҷӯ, сиёсатмадор, шоирон, устодони донишгоҳ ва ғайра танҳо дар маҳдудаи ҳамин боварӣ андеша меронанд. Донишманди илми дақиқи мо ҳанӯз ба тасаввури он нарасидааст, ки имон ва илми дақиқ ду чизи аз ҳам мутафовит ҳастанд ва он ҷаҳонбинии илмие, ки ӯ дорад, бо имони ӯ ҳеҷ рабте надорад. Аммо таҳтушшуури ашъарии ӯ асолати илмии ӯро хунсо мегардонад ва ӯ худро дар баробари ҳар як сухани омиёнаи динӣ оҷиз меёбад. Дар ин ҷо фақат як нозукӣ вуҷуд дорад, ашъариҳои классик илм ва фалсафаи бегонаро билкул инкор мекарданд, ашъариҳои нав бошад ин амалро ғайримустақим анҷом медиҳанд, яъне ҳамагуна дастоварди илмӣ ва ҳатто ҳама гуна таълимоти фалсафиро аллакай дар китоби муқаддаси мусулмонон вуҷуддошта тасаввур менамоянд ва ҳамин тавр, ҳар чизи навро беаҳамият ва инкор мегардонанд.  

Ба он хотир, ки илм ва фалсафа аз ҳудуди муайянкардаи дин берун наравад, мутакаллимон зиракона ва дурандешона домани олим ва файласуфро бо арзишҳое аз қабили одоб, тарбия, куфр ва мисли инҳо пайванд заданд, яъне рисолати аввалини донишмандонро аз итоат аз омма, хостаҳои омма ва арзишҳои хоси омма донистанд. Баамалдарории фалсафаи куфр дар фарҳанги мо баробари чандин ҳуҷуми муғул хисорот дохил кардааст. Мувофиқи ин фалсафа ҳама чиз қаблан таъин ва ба анҷом расидааст ва ҳақиқат ҳамон чизест, ки барои рӯҳониён ва омма маълум аст.  Дар ҳадди олӣ фаъолияти донишманд танҳо аз тафсир иборат аст, донишманд, пеш аз ҳама, бояд дорои зеҳнияти фалаҷгардида бошад, то ин ки натавонад фаъолияти эҷодгарона ва офарандагӣ нишон диҳад ва нисбати догмаҳои ҳукмрони динӣ шубҳа ва ё эътироз ба вуҷуд биёварад. Бунёдгузори чунин шеваи муносибат, ки хусусияти имрӯзаи донишманди моро ташкил медиҳад, аз ҷониби мутакаллимон бунёдгузорӣ шудааст. Донишманди арзанда ин на оне, ки дорои маърифати махсус нисбати ягон соҳаи илм аст ва дар ин самт навгониҳое нишон додааст ва аз ҷониби ҳампешагони худ эътироф гардидааст, балки касест, ки беш аз ҳама ба омма наздик, дар амри маъруф ҳозир ва ба истилоҳ “боодоб” мебошад. Маҳаки асосие, ки асолати як донишмандро дар минтақаи мо нишон медиҳад, ин он мақоме, ки ӯ дар масҷид, байни рӯҳониён, аҳолии маҳалла ва мисли инҳо дорад, мебошанд. Агар чунин намебуд, имрӯз устодон унвони ҳоҷӣ буданро аз унвони устодӣ бартар намедонистанд ва барои ҳоҷӣ гардидан талоше намекарданд. Айнан, ба мисли ашъариёни классик ашъариёни нави пассив низ ҳамон сегонаи байни донишманд, сиёсати ҳукмрон ва рӯҳониёнро ба вуҷуд овардаанд.

Г. Догматизм ва ё андешидан дар маҳдуда. Фалсафаи куфр, ки василаи асосии ашъариҳо буд, дар рӯзгори мо зеҳниятеро ба вуҷуд овард, ки бояд танҳо дар маҳдудаҳои аллакай таъиншуда андеша ронда шавад. Ин масъала амиқтар аз масъалаи теологизатсигардонии фалсафа мебошад. Азбаски устод Султон Наврӯзов нисбат ба фалсафа ҳассосияти бештар нишон медоданд, назари худро танҳо нисбати воқеияти фалсафаи тоҷик маҳдуд сохта буданд, ҳоло он ки шохаҳои дигари илм, аз қабили сиёсатшиносӣ, забоншиносӣ ва ҳатто илмҳои дақиқро наметавон теологизатсия кард, аммо онҳо шояд вазъиятеро доранд, ки аз вазъияти фалсафа бадтар бошад. Догматизатсия ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла илмро фаро гирифтааст. Догматизатсияи фалсафа тавассути теологизатсия сурат гирифтааст, аммо соҳаҳои дигар бо шеваҳои дигар раванди догматизатсияро аз сар мегузаронанд ва ё аллакай аз сар гузаронидаанд, ки мутаассифона ҳанӯз ношинохта боқӣ мондаанд. Аз ин рӯ, мушкилии аслиро на фақат дар руҳияи динӣ доштани донишманди мо, балки дар он бояд ҷӯст, ки ӯ аз тафаккури синтетикӣ ва эҷодкорона маҳрум аст. Ашъариҳо шеваи тафаккуреро ба вуҷуд оварданд, ки тарзи илмии тафаккурро ва пасон худи илмро аз байн бурд. Ба ибораи дигар, бо тафаккури ғайриилмӣ ба илм машғул гардидан ва фаротар аз он, бо тафаккури зиддиҳаётӣ ба зиндагӣ пардохтан оммавӣ гардонида шуд. Агар дар минтақаи мо пас аз асрҳои 12 -13 илмҳои дақиқ аз қабили математика, геометрия, физика ва мисли инҳо ба андозаи чашмрас инкишоф наёфтанд, ин на таъсири тохтутози турку муғулҳо, балки таъсири таълимоти ашъариҳо буд. Барои зеҳни солим ҳамаи маъниҳои вуҷуддошта, ҳатто худи ҷаҳон маҳсули фаъолияти худи зеҳн аст, аммо зеҳн ва андешаи бемор дар маҳдудаи чизҳои қаблан додашуда мечархад, ки инро дар фалсафа догматизм меноманд ва оқибмондатарин шеваи фалсафаронӣ ҳамин шева ҳаст.

Ин шеваи бедоркардаи ашъариҳо дар илми замони шӯравӣ низ ҳукмрон буд, шояд истисноҳое бошад, ки бо таъсири илми пешқадами шӯравӣ ба вуҷуд омада буд. Илм ин тафсир, таҳлил ё худро ба таҷриба маҳдуд сохтан нест, балки ин нерӯи фаъол ва созандаи тафаккур аст, ки аз бавуҷудовардан, асоснок гардонидан ва офаридан аз арзиши оддӣ сар карда то фарзия ва назарияҳои универсалиро дар бар мегирад. Тамоили имрӯзаи илми тоҷик бошад, барқарории ҳамон қолаби классикии мутакаллимон муайянкарда мебошад. Ин чунин маънӣ дорад, ки мо сириштан афзал мешуморем дар ҳолати догматикӣ вуҷуд дошта бошем ва зеҳнияти мо ҳеҷ гуна фаъолияти эҷодӣ аз худ нишон надиҳад. Масалан, мо падидаи маҳалгароиро мебинем ва аз он ба баъдро мехоҳем, ба тариқи худ таҳлил намоем, аммо тавони онро надорем, ки сабаби ба вуҷуд омадани маҳалгароиро асоснок гардонем. Тамаллуқкорӣ, чоплусӣ, хушомадзанӣ, шахспарастӣ ва разилатҳои дигареро мушоҳида менамоем, аммо тавони асоснокгардонии сабаби ба вуҷуд омадани онҳо ва дар чунин намуд шаклгирии рӯҳияи инсонҳои ҷомеаро надорем. То замоне ки чунин муросокорӣ ва созишкории мутакаллимона зеҳнияти моро ташкил медиҳад, мо на ҷомеаи солим ба вуҷуд оварда метавонем ва на дар ҳеҷ як аз бахшҳои илм муваффақ мегардем. Ҳар муваффақияте, ки дар илмҳои дақиқ доштем, ба замони шӯравӣ рост меояд, зеро шуравӣ зеҳнияти донишмандонро то андозае аз бутҳои хурофотӣ озод сохта буд. Ҳоло бошад, вазъият баръакс аст ва воқеияти ашъариягароии мо ба тариқи нохудогоҳ ҳамаи муҳитҳои иҷтимоӣ: фарҳангӣ, илмӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайраро фаро гирифта истодааст. Идеологияи коммунистӣ дар таъсиргузории зеҳнӣ то ба он андоза амиқ рафта натавонист, ки ашъариҳо рафта буданд.  Пас аз шӯравӣ даъвии “ба асли худ баргаштан”-и мо дар воқеият “ба асли ашъариягароии худ баргаштан”-ро дошт. Албатта, Ашъария дар воқеияти асримиёнагии он вуҷуд надорад, аммо маҳз асароти он тору пуди вуҷуди имрӯзаи моро ташкил медиҳад.

Он гуна ки дар боло зикр намуда будем, акнун ба шарҳи намуди фаъоли ашъариягароӣ мепардозем. Ин хусусияти ашъариягароиро бошад, мо дар фаъолияти он рӯшанфикроне мушоҳида менамоем, ки асосҳои бинишашонро мазҳаб ташкил медиҳад. Онҳо аз ақидаҳои заиф, пешипоафтода ва вопасгароёна бо ҳарорати баланд пуштибонӣ менамоянд ва ин ҳамон шеваи ашъариҳои классик буд. Аз халоъи маънавӣ ва ноогоҳии мавҷудбуда истифода бурда дигарбора тавассути фазосозиҳо амали вопасгароёнаи худро ривоҷ медиҳанд. Ашъарияи классикӣ ҳамон мактаби фалсафиест, ки таълимоти худро танҳо дар доираи китоби Қуръон маҳдуд месохт ва аз ҳеҷ як фарҳанги дигар истиқбол намекард ва баръакс, ба муқобили онҳо мубориза мебурд. Дар фаъолияти ашъариягароёни нав  як фарқияти нозук вуҷуд дорад: ашъариягароҳои нав муқобили фарҳангҳои дигар, масалан, урупоӣ нестанд, балки аз он тавре истифода мебаранд, ки гӯё он, аслан бо табиати фалсафаи динии асримиёнагӣ муқобил нест ва пас аз зиёдаравиҳо ва раҳгумзаниҳо он боз ба фалсафаи динии мо айният пайдо менамояд. Вақте ки дар таҳтушшуури мо чунин шакли ҷаҳонбинӣ амал мекунад, интизори ҳеҷ гуна таҳаввул ва тағйири воқеиро интизор шудан мумкин нест, ҳамаи кӯшишҳои ислоҳотхоҳӣ ва навхоҳӣ танҳо дар сатҳи болоии огоҳии мо сурат мегиранд, на дар он сатҳе, ки арзишҳои ашъариягароии мо нақш бастанд ва амал мекунанд.

Имрӯз ду воқеияти маънавӣ вуҷуд дорад, якум, ин ҳамон маънавиёти ашъариягароии мо аст, ки тору пуди илм, фалсафа, адабиёт, мусиқӣ, сиёсат ва ё ахлоқи моро фаро гирифтааст ва дар умум, як догматизми мутлақро ташкил медиҳад; дувум, ин бо ҳамон руҳияи ашъариягарӣ танқид намудани воқеияти ҳукмрон ва барои он роҳи наҷот ҷустуҷӯ намудан, ки дар фаъолияти ашъариягароёни фаъол ба мушоҳида мерасад. Ашъариҳои фаъол баръакси ашъариҳои пассив бо воқеияти мавҷуда созиш ва мувофиқат намекунанд, зеро идеали онҳо ин барқарории ҳамон маънавиёте мебошад, ки хоси ашъариҳои классик буд. Танҳо кунҷковии зираконае бас аст, ки ин ҳадафи онҳоро кашф намоем. Бубинед, ашъариҳои фаъол дар ниқоби рӯшанфикр воқеиятҳои беморгунаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиро нишон медиҳанд ва аз набудани эҷод, навандешӣ ва мисли инҳо шикоят менамоянд. Ин хуб аст ва мо ҷавонмардона аз он ҷонибдорӣ менамоем. Аммо дар як вақт онҳо  навандешӣ, озодандешӣ ва дигарандешии рӯшанфикрони ангуштшуморро низ интиқод менамоянд. Оё дар амали онҳо зиддияти мантиқӣ ба назар намерасад? Оё дар як лаҳза онҳо худ худро инкор намекунанд?

Онҳо дигарбора мехоҳанд фаъолияти фалсафӣ ва илмиро бо шеваҳои бисёр зиракона ва ё фақат аз рӯи ноогоҳӣ дар маҳдудаи дин ва суннат, ки ҳамон шеваи ашъариёни классик буд, ҷойгир созанд ва ҳар гуна амали озодандешонаро натиҷаи “нафси бетарбия” муаррифӣ намоянд. Ҳадафи мо аз ин тафсир маҳз зуҳури истилоҳи “нафси бетарбия” дар матбуоти даврӣ мебошад, ки дар худ дар баробари дигар хусусиятҳо, ки шояд воқеан ҳам, дуруст шинохта шудааст ва қобили эътироф аст, бори чандум аст, ки фаъолияти файласуфони навандеш ва озодандешро низ ифода мекунад. Ягона хусусияти бунёдии мутакаллимон, ки дар тӯли мавҷудияти худ аз он даст накашиданд, ин мубориза бо фалсафа ва озодандешӣ буд. Ин одати дерина имрӯз низ аз ҷониби мутакаллимони нав ба ҳукми одат даромадааст. Имрӯз низ ҳар андешаи берун аз қолаби дин ва анъанаи фалсафагароии вуҷуддошта нишони бетарбиягӣ дониста мешавад. 

Вақте ки бо воқеиятҳои илмӣ, фалсафӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ё иқтисодии ҷомеа мувофиқ нестем ва дар умум, онро ҳамчун як ҷомеаи бемор меҳисобем, ҳанӯз ин тамоми масъала нест. Чунин бардошт метавонад на ҷанбаи илмӣ, балки танҳо аз сари бадбинӣ ва хусумат низ ба вуҷуд биёяд. Чунин норизоиятиҳо, аксаран ба натиҷаи дилхоҳ намерасанд ва ҳатто бо тағйири низомҳои сиёсӣ низ хусусиятҳои беморгуна ба ҳастии худ идома медиҳанд. Аммо имкони бархӯрди созанда ба ҳолати беморгунаи ҷомеа вуҷуд дорад ва он ҳам танҳо замоне, ки асл ва решаҳои ин беморӣ шинохта ва муҳимтар аз он, ин беморӣ дуруст ташхис дода шавад. Бисёр вақт мешавад, ки ба ҷои ба рафъи беморӣ мусоидат намудан, ҳолати бемор вахимтар гардонида мешавад. Дар ин маврид ду масъала ба миён меояд: якум, ин решаҳои бемории як ҷомеа ва дувум, ин реша ва асли бемории он нафаре, ки ба хотири наҷот ва солим гардонидани ҷомеа онро ба ҳолати бадтар мерасонад. Лекин ин имкон вуҷуд дорад, ки табиб худ ба ҳамон беморие гирифтор аст, ки ҷомеа низ ба он гирифтор аст, аммо огоҳии сатҳии ӯ ӯро дар нисбати худ фиреб додааст. Матраҳсозии масъалаи нафс ба сифати роҳи наҷоти инсон ва ҷомеа худ далели бемортар будани табиб нисбат ба беморро мемонад.

Ғ. Симптомҳои хуросонии илм. Ашъариягароӣ як раванди зинда аст, на дар ҳолати догма боқимонда, он дар ҳар марҳала ба худ хосиятҳои навро қабул мекунад ва ба таҳаввул дучор мегардад. Ашъариягароии замони мо дорои хусусиятҳои худ мебошад ва хусусиятҳои нави касбкардаи онро мо дар ифодаи “симптомҳои хуросонии илм” умумият додаем. Минтақаи мо маҳз ба шарофати идораи зеҳнияти мардумро ба ихтиёри худ гирифтани мутакаллимон аз анъанаи амиқ ва тӯлонии илмӣ маҳдуд гардид. Ҳама гуна кӯшишҳо барои зинда гардонидани анъанаҳои илмӣ дар тули таърих ҳанӯз дар ҳолати ибтидоии он аз байн бурда шудаанд. Ба ҷои ҳамбастагӣ бо илм ва донишмандон мутакаллимон бо рӯҳониён ҳамбастагиро ба вуҷуд оварданд ва дар фаъолияти онҳо худро фано намуданд, ки ин боиси пирӯзии таърихии онҳо гардид. Дар ин минтақа бардошти махсус аз илм вуҷуд дорад, ки он ҳамон илми динӣ мебошад.  

Дар ин ҷо мо аз таҳлили нисбатан абстарктии зеҳнияти ашъариягароидошта ба матраҳи равандҳои воқеие мегузарем, ки илми моро фаро гирифтааст ва онҳо дар ниҳоят барои рушди зеҳнияти ашъариягароии мо мусоидат менамоянд.Инҳо:

1. Конфоронс ва семинарҳои илмӣ, ки олимон аз дастовардҳои ҳамдигар ошно шаванд ва дар ҳамбастагӣ фазои воқеии илмиро ба вуҷуд биёваранд, ташкил карда намешаванд. Агар чунин конференсияҳо ташкил шаванд ҳам, танҳо хусусияти формалӣ дошта, барои ҳисобот додан ташкил мекунанд. Дар донишгоҳҳо системаҳоеро пиёда месозанд, ки донишмандон ба ҷуз аз таълим ба фаъолияти илмӣ, аслан вақт наёбанд. Он маҷаллаҳои илмие, ки ба вуҷуд меоваранд, хусусияти формалӣ дорад, фарзия, назария ва идеяҳои илмие, ки сари онҳо бояд баҳсҳои илмӣ сурат гиранд, матраҳ намегарданд.

2. Донишгоҳҳо анқариб барои харидани китобҳои актуалии илмӣ, тарҷумаи онҳо маблағ ҷудо намекунанд. Ба маҷаллаҳои эътирофшудаи илмӣ обуна намешаванд ва ҳамин гуна иқдомҳои дигар низ пуштибонӣ намеёбад ва устодон дар ҳолати бехабарӣ ва ноогоҳӣ аз илми пешрафтаи ҷаҳонӣ боқӣ мемонанд. Шояд умри баъзе лексияҳое, ки хонда мешавад, аз умри худи устодон дароз бошад.

3. Гумон месозанд, ки илм ин тавассути муъҷиза ба вуҷуд меояд. Барои фаъолияти илмии донишманд на вақт пешбинӣ менамоянд ва на маблағ, аммо интизори онро доранд, ки донишманд ҳатман ба дастовардҳои илмӣ сазовор мегардад.

4. Барои донишманд маоши зарурӣ таъин наменамоянд, донишмандон роҳҳои ғайриқонуниро барои таъмини зиндагии худ ҷустуҷӯ менамоянд ва ҳама вонамуд мекунанд, ки “ҳама чиз ба хубӣ пеш меравад”.

5. Мутахассисон барои ояндаи илм на дар асоси лаёқати шахсии донишҷӯён, балки дар асоси маҳал ва ё садоқате, ки донишҷӯ ба роҳбар нишон медиҳад, интихоб карда мешавад.

6. Ҳадди аксари донишмандон ҳатто аз ҳисоби профессорон ва докторон ҳатман дорои “пир”-и худ мебошанд. Виҷдони онҳоро маҳз он чиз ором мебахшад, ки агар дар байни рӯҳониёни маҳалла мавриди писанд бошанд ва аз пири худ ҳар дам дуои нек гирифта истанд.

Чунин фазои бавуҷудовардашуда имкони ба шеваи дигар инкишофи илмро намедиҳад ва бунбасте, ки дар ин муносибат ба вуҷуд меояд, илмро водор месозад, ки ба дин наздикӣ гирад ва донишманд бошад, ҳам аз ҷиҳати равонӣ ва ҳам дар зиндагии иҷтимоӣ ба рӯҳонӣ қаробат пайдо намояд. Ин таҷрибаи нав нест, балки ҳамон таҷрибае аст, ки дар асрҳои миёна мо аз сар гузаронидаем, яъне бояд ба аҳли суннат махлут гардем ва бо онҳо айният пайдо намоем. Мо на танҳо зеҳнан ашъарӣ ҳастем, балки фазоеро ба вуҷуд меоварем, ки ба ҷуз аз ашъариягароӣ интихоби роҳи дигареро ба мо намедиҳад. Дар ин росто донишманди мо бо чунин хусусиятҳо ба фаъолият мепардозад:   

а). такаббур ва дурӯғ. Такаббури ӯ аз таълими динии дар кӯдакӣ гирифтаи ӯ, ки ҷавҳари зеҳнияти ӯро барои ҳамеша шакл медиҳад, сарчашма мегирад. Дар асл, ҳамон муллоеро мемонад, ки мехоҳад ҳукмаш ба муридонаш ҳамеша раво бошад ва ташнаи навозиш ва ситоиши ҳамагонӣ, аммо ӯ бо ин асли худ вориди фалсафа ва дигар шохаҳои илм мегардад ва тавассути худро фавқулодда вонамуд намудан, ба инкору танқид мепардозад ва ҳамин тавр ба такаббур ва худхоҳии худ умри ҷовидонагӣ медиҳад. Дӯруғ бошад, нишонаи камдонишӣ ва ё дониши сатҳии ӯ мебошад. Бо андаке огоҳӣ пайдо намудан, бидуни каме амиқтар рафтан ба васваса ва худнамоишдиҳӣ мепардозад ва дар ин вонамудкуниҳо дурӯғҳои ӯ ба ҷилва медароянд;

б) имон ба гумони ботил. Ақидаҳои бунёдии худро онҳо на дар раванди маърифат ва таҳқиқ ба вуҷуд меоваранд, балки онҳо қаблан вуҷуд доранд ва азбаски дар заминаи боварӣ ва имони кӯр ба вуҷуд омадаанд, онҳоро ба ҷуз аз гумони ботил наметавон бо мафҳуми дигаре ифода намуд. Масалан, ҳамин ки дар Урупо фалсафае нисбатан муваффақият пайдо намояд, ашъариҳои нав дар гумони он меафтанд, ки ин фалсафа аллакай дар фалсафа ё тасаввуфи исломӣ вуҷуд дорад, аммо дониши ноқис ва заъфи иродии онҳо имкон намедиҳанд, ки ин гумони ботил ба воқеияти илман асоснок табдил ёбад, ё баръакс инкор гардад ва ҳамин тавр ин гумон барои ҳамеша муаллақ боқӣ мемонад;

в) сайидзодагӣ дар фалсафа. Ботинан, бар он боваранд, ки онҳо фи нафса дурустандеш ва ҳақиқат аз азал мутааллиқи онҳост. Масалан, агар калимаи буҳронро дар нисбати фалсафаи Урупоӣ шунаванд, боз ба мисли сайидзодаҳо, ки азалан ҳақиқатро бо худ ҳамроҳ медонанд, эҳсоси хурсандӣ менамоянд ва мехоҳанд бигӯянд, ки роҳи дуруст аз аввал насиби онҳо буд ва фалсафаҳои дигар роҳгумзада мебошанд;

г) таҳаввуъ ва бадбинӣ. Ҷавҳари андешаашонро на принсипи холиси илмӣ, балки таҳаввуъ ва бадбинӣ ташкил медиҳанд: як ниҳодро ба он хотир, ки беҳосил аст ва аз зарфияти илмӣ маҳрум аст танқид менамоянд ва ин амали онҳо воқеан, ҳам қобили истиқбол аст, аммо дар як вақт гурӯҳи дигарро фақат ба хотири озодандешӣ, навандешӣ ва дигарандешӣ мавриди мазаммат қарор медиҳанд, ки ин шубҳаро дар нисбати солимии зеҳнияти худи онҳо ба вуҷуд меоварад. Вуҷуди озодандешон ва дигарандешон ин виҷдони ноороми онҳо мебошад, хусумати онҳо нисбати онҳо аз он аст, ки ашъариҳои нав ботинан мехоҳанд унвони озодандеш ва дигарандешро ба исми худашон рақам зананд.

Д. Вопасгароӣ ва оянданигарӣ - ду тамоили бо ҳам зид.  Ин аҷиб аст, ки равандҳо дар мо баръакс сурат мегиранд, ба ҷои он ки ашъариягароии нав таълимоти кӯҳнашуда шинохта шавад, баръакс, навандешӣ ва озодандешӣ ҳамчун як амали манфӣ ва хилофи одоб шинохта мешавад. Ба тариқи нав андешаронӣ ва фалсафаронӣ кардан, яъне кӯшиши бо чашми худ дидани ҷаҳонро дорад. Чаро мо бояд ҷаҳонро танҳо бо чашми исломӣ ва ё коммунистӣ ва ё мутакаллимона бубинем, вале одати бо чашми худамон диданро надошта бошем? Чаро мо ҳатто аз кӯшиши бо чашми худ дидани ҷаҳон бадамон ояд ва ба он тамғаи амали “нафси бетарбия”-ро занем? Бигзор, каҷ бубинем, бигзор хато бубинем, аммо бояд бо чашми худ диданро биёмӯзем. Бо ҳазору як нуқсон оне, ки бо чашми худ ҷаҳонро мебинад ва бо ақли худ онро мешиносад, нисбат ба оне, ки бо чашми мазҳабӣ ба ҷаҳон менигарад, зеботар ва бошаҳоматтар аст. Фарҳанги исломӣ ва коммунистӣ ба мо имон доштан, эътиқод кардан, таҳаммул кардан, чашм пӯшиданро омӯзониданд, аммо аз бо чашми худ дидани ҷаҳон маҳрумамон карданд. Ин тарси таърихии мо аст, ки маърифати ҷаҳонро анҷомшуда мепиндорем ва ба ҷуз аз қабули ҳар чизи таҳмилшуда намехоҳем, ки зеҳнияти мо фаъолияти кӯчакеро аз худ нишон диҳад. Ҷаҳони мо ин ҷаҳони астуманд нест, балки он аст, ки дар ҳар замоне андешамандон аз ҳастӣ, ҳаёт ва таърих чӣ бардоште кардаанд ва ҳамин гуна ҷаҳонҳо ҳамеша нав мешаванд. Агар мепиндорем, ки ягона ҳақиқат ҳамон биниши мазҳабӣ аст, пас маънаван мо дорои ҷаҳони худ нестем. Чунин тангназариҳо нишонаи харобии фарҳангӣ мебошад. Ин мутакаллимон буданд, ки фарҳанги моро чунин хароб ва беобуранг ва маҳрум аз навгонӣ гардониданд ва ашъариёни нав мехоҳанд аз беасолатии рӯшанфикрони имрӯза истифода бурда, анъанаи асримиёнагиро дубора зинда гардонанд.

Мо ҳеҷ вақт дар маънии танги калима тарғибгари фарҳанги дигар нестем, аммо ҷонибдори онем, ки ҳамеша бо чашми ибрат фарҳангҳои дигарро бояд мавриди омӯзиш қарор дод. Ҳамсояи зирак ҳатман аз ҳамсояи худ барои худ панд мегирад. Ин ҷо як чизро мавриди муқоиса қарор медиҳем: дар тӯли садсолаҳои охир мо ду чизро таҷриба кардаем: дар муддати дарози таърихӣ танҳо фалсафаи исломӣ, адабиёти исломӣ, мусиқии исломӣ, ахлоқи исломӣ ва дар муддати кӯтоҳи таърихӣ бошад, танҳо фалсафаи коммунистӣ, адабиёти коммунистӣ, мусиқии коммунистӣ ва ё ахлоқи коммунистӣ. Дар марҳалаи аввал ба мо талқин намуданд, ки ислом ин ҳамон ҳақиқат, ҳаёт, зебоӣ ва ё ахлоқ мебошад. Дар марҳалаи дувум бошад, ба мо талқин намуданд, ки баръакс, ин коммунизм аст, ки бо ҳақиқат, ҳаёт, зебоӣ ва ё ахлоқ айният дорад. Догматизм то ба андозае вазнин ва аз ҷиҳати замонӣ тӯлонӣ буд, ки як зеҳнияти ноқис ва беморгуна ба вуҷуд омад ва имрӯз мо, на ин ки назароти мустақилона дар мавриди ҳақиқат, ҳаёт, чӣ будани зебоӣ ва ё чӣ будани ахлоқ надорем, балки аз онҳое, ки ҷасорат карда дар ин самт иқдомҳое менамоянд, бадамон меояд ва нисбати онҳо назари хусуматомез дорем. Ҳама гуна навгонӣ на аз нафси ботарбия ва ё нафси комил, балки аз иқдоми бо огоҳӣ омехта оғоз меёбад. Агар фарҳанги мо дар асоси маҳдудиятсозиҳо ташаккул намеёфт имрӯз худ зарфияти онро дошт, ки дар оғӯши худ ҳама гуна гуногунии андеша, таълимот ва бинишҳои инсониро ҷой диҳад ва ба ташаккули минбаъдаи онҳо мусоидат намояд.

Дар фарҳанги ғарбӣ як қатор хусусиятҳои бунёдие вуҷуд доранд, ки худ ба тариқи табиӣ ба догматизм, мутлақгароӣ ва ё вопасгароӣ имконият намедиҳанд. Дар маҳдудаи фарҳангӣ биниши ҳеҷангорона имконият намедиҳад, ки ҳеҷ як арзиш ва ё боварӣ ҷовидона бошад, ҳамаи онҳо дар худ хусусияти нисбӣ доранд ва ба тариқи табиӣ ҳама чиз беарзиш ва арзиши нав ба вуҷуд оварда мешавад. Бахусус, плюрализм худ ҳама гуна мутлақиятро аз байн мебарад. Биниши диалектикӣ ва таълимоти Иродаи қудрат низ, ба андешаи мо, тафсире аз ҳамон диалектика мебошад ва ҷомеа, фалсафа ва инсони урупоиро водор ба таҳаввули ҳамешагӣ менамояд. Дар ин ҷо тасаввури пояндагӣ, устуворӣ ва ё ҷовидонагии як таълимот ва ё тарзи биниш ғайриимкон аст. Чизи бадтар аз он, яъне боварӣ ба он, ки ҳақиқат дар гузашта вуҷуд дорад, вуҷуд надорад. Тамоми таълимоти динӣ, фалсафӣ ва ё сиёсӣ танҳо тафсирҳое аз ҳаёт ҳастанд, на худи ҳаёт ва ҳаёт низ бар сари ҳеҷ кадоме аз ин таълимот қарор намегирад.  Чунин тарзи биниш ба доираи илми урупоӣ низ кашонида мешавад. Карл Поппер биниши диалектикиро вориди илм месозад ва ба назарияи фалсификатсия асос мегузорад. Ба хотири пеши роҳи инкишофи илмро кушодан ва ба пешрафти он мусоидат намудан, Поппер чунин мешуморад, ки бояд тамоми назарияҳои мавҷудаи илмӣ мавриди инкор ва танқид қарор гиранд. Ӯ он таълимотеро, ки ба мисли таълимоти динӣ имкони нақд ва танқиди худро намедиҳад, ноқис ва заъфдор мешуморад. Албатта, ин назар худ бисёр радикалӣ мебошад, аммо садоқати як рӯшанфикр ба хотири инкишоф ва таҳаввули илм қобили таҳсин ва ибрат мебошад.

Мутаассифона, дар мо хилофи иқдоми Поппер ба назар мерасад. Ӯ мехоҳад, ки ба хотири ояндаи илм таълимоти мавҷудаи илмӣ мавриди фалсификатсия қарор гиранд, аммо вопасгароҳои мо мехоҳанд ба хотири гузаштаи ба гумони худашон идеалӣ, ҳама гуна навандешӣ ва озодандешӣ мавриди инкор қарор гирад. Дар фарҳанги мо бо назари танқид ба як таълимот, як арзиш ё як мутафаккир нигоҳ кардан, нишонаи беодобӣ ва гунаҳкорӣ дониста мешавад, зеро фарҳанг танҳо дар асоси идеали динӣ ташаккул ёфтааст ва догмаҳои динӣ ва хурофотӣ ҳастанд, ки онро пойбарҷо нигоҳ медоранд.      

Дуруст мегӯянд, ки агар назарияи офтобмеҳварии Коперник ба вуҷуд намеомад, ҳеҷ кас бовар намекард, ки назарияи заминмеҳварии Птоломей хато мебошад. Азбаски фалсафа ва фарҳанги алтернативие, ки тавонад маънии воқеии ҳаёт ва асолати инсонро дар новобастагӣ ва асолати худ таҷассум намояд, ба вуҷуд оварда нашуд, барои мо гумони ҳақиқати мутлақ будани он бинише, ки мутакаллимон дар мағзи андеша ва фарҳанги мо ҷой намуданд, пирӯз аст. Фарҳанги нав бо бедор сохтани мафҳумҳои асримиёнагӣ аз қабили нафс ба вуҷуд намеояд, балки ин огоҳӣ аст, ки оғози ҳар оғоз мебошад. Ин офарандагӣ аст, ки огоҳиро дар воқеият татбиқ мегардонад.

Е. Тарбия ва нафс дар худии худ чӣ маънӣ доранд? Ин танҳо як бардошти мазҳабӣ аст, ки ҳадаф аз тарбияро фақат одоб медонад. Арзишҳои ахлоқӣ ҳатман натиҷаи тарбия ҳастанд, аммо тарбия бо арзишҳои ахлоқӣ маҳдуд намешавад ва маънии фаротар аз онро дорад. Дар фарҳанге, ки худомеҳвар аст,   мафҳуми тарбия сатҳӣ ва танҳо дар маънии азхудкунии одоб фаҳмида мешавад. Мақсад аз одобро бошад,  ин маҳдудсозии инсон дар маҳдудаи муқаррароти қаблан шаклгирифта ташкил медиҳад. Мафҳуми тарбия замоне дорои аҳамият гардид, ки фарҳанги инсонмеҳвар ҷойгузини фарҳанги худомеҳвар гардид, ахлоқ ва мазҳаб ҷойи худро ба зебоӣ, ҳунар ва офарандагӣ дод. Пас аз ин дигар мафҳуми  инсони ботарбия наметавонад бо мафҳуми инсони ахлоқӣ баробарвазн бошад. Ин мафҳумҳо шояд танҳо дар муҳитҳои сарбастаи асримиёнагӣ ба хотири аз ҷиҳати ахлоқӣ ва танҳо дар доираи расму русуми анъанавӣ нигоҳ доштани инсонҳо баробарвазн дониста мешуданд. Дигар фаҳмиши он, ки ботарбият будан ҳамон маънии ахлоқӣ будан ва он ҳам танҳо дар фаҳмиши анъанавии он, кӯҳна шудааст. Ҳадаф аз тарбия ин ахлоқӣ сохтани инсонҳо нест, балки фарҳангӣ сохтани онҳо мебошад ва ҳадаф аз фарҳангӣ сохтан ин аз байн бурдани ҳамаи он чизе буд, ки дар роҳи ба камолоти маънавӣ расидани инсонҳо монеа эҷод менамуданд. Аммо чунин имкон вуҷуд дорад, ки ҳамаи он арзишҳои манфӣ, ки барои ба камолот расидани инсон монеа эҷод месозанд, ҳамчун “арзишҳои ахлоқи накӯ” мавриди писанд ва тарғиби таълимоти ахлоқӣ бошанд. Бахусус, агар сарчашмаи фазоили ахлоқӣ одат ва анъана бошанд, ки онҳо хоси тарбияи мазҳабӣ мебошанд. Дар фарҳанги динӣ инсони ахлоқӣ худ масъули аъмоли худ нест, ҳатман ғояти ин фазилатҳои ахлоқиро аҳдофи фарозаминӣ, фароинсонӣ ташкил медиҳанд. Дар ин фарҳанг инсон танҳо дар назди арзишҳои фарозаминӣ масъулиятшинос аст, на дар баробари худ. Аз ҳамин сабаб, миёни гуфтор ва амали рӯҳониён ҳеҷ вақт мувофиқат ба вуҷуд наомадааст. Имрӯз дигар инсони боодоб бо инсони ботарбия ҳаммаъно шуда наметавонад, балки ин инсони огоҳ аст, ки метавонад дар худ маънии инсони ботарбияро ғунҷонад.

Нафс, ки дар бахши дувум ба он мепардозем, як мафҳуми фалсафаи арастуӣ ва асримиёнагӣ аст. Он наметавонад дар шинохти инсон бунёдитарин бошад. Ин нафс нест, ки инсонро ба худогоҳӣ мерасонад, балки ин худогоҳӣ аст, ки инсонро аз ҳама чиз ҷудо месозад. Мафҳуми огоҳӣ метавонад дар худ истилоҳи “нафси ботарбия”-ро ғунҷоиш диҳад. Набояд қолабшиканиҳо ва дигарандешиҳоро ҳамчун натиҷаи нафси бетарбия донист ва ҳамин тавр, бо печу тоб додани сухан як лаҳза аз оянда сухан гуфт ва дар дигар лаҳза андешаи бедорро дигарбора қурбонии тасаввуротҳои асримиёнагӣ гардонид.

Яке аз симптомҳои хуросонии илм ин вонамудсозии холӣ, яъне адами дақиқият ва адами равшаният дар масъалагузорӣ мебошад. Вақте ки як мафҳуми бунёдӣ нахустин маротиба зикр мегардад ва ё номи як мутафаккир оварда мешавад, он барои зеҳни хонанда як аломат мебошад ва муаллифро зарур аст, ки нахуст онро то андозае, ки хонандаро қонеъ мегардонад, ба он рӯшанӣ андозад ва пасон батадриҷ ва қадам ба қадам ҳудуди таҳлилро вобаста ба ҷанбаҳои боаҳамияти масъала васеъ намояд. Мутаассифона, ин камбудии ҳамагонии мо мебошад, ки навиштаҳо аз методҳои илмӣ кам бархурдор ҳастанд. Навиштаҳои мо бояд дарвоқеъ, аз диди имрӯз илмӣ бошад, на аз диди ашъариягароҳо. Ҳар чизи илмӣ бояд аз як низом, мураттабият, пайдарпайии фикр, асосноккунии ҳар мафҳум ва андеша аз муқаддима сар карда то ба хулосаро дар бар гирад.

II

  1. Назарияи Нафс дар фалсафаи Ибни Сино

Мафҳуми Нафс ҳам дар фалсафаи Сино, ҳам дар Қуръон ва ҳам ҳар таълимоти дигари хоси фарҳанги исломии мо аз фалсафаи юнонӣ гузаштааст, аммо вобаста ба сарчашмаи худ, он дорои ду тамоил мебошад: якум, фаҳмиши илмии он, ки бевосита аз фалсафаи Арасту сарчашма мегирад ва фаҳмиши ирфонӣ ва динии он, ки ҳанӯз дар фалсафаи Афлотун дучор мегардем ва асосан, аз фалсафаи навафлотуния ва баъзе таълимоти шарқӣ сарчашма мегирад. Дар тамоми давраи асрҳои миёна мафҳуми нафс барои ҳамаи ҷараёнҳои фикрӣ, чи тасаввуф, чи фалсафаи калом ва чи адабиёти асримиёнагӣ ошно буд ва истифода мешуд. Ба мисли имрӯза ҳама дар бораи тарбия ва ба камол расонидани нафс сухан мегуфтанд аммо, азбаски мақсад аз тарбияи нафс ва ба камол расонидани он ғайривоқеӣ, осмонӣ ва ғайризаминӣ буд, ба ҳеҷ муваффақияте нарасиданд. Тасаввурот дар бораи нафс ин як раҳгумзании бузурге буд, ки тамоми маънавиёти асримиёнагиро аз шинохт ва дарки воқеият маҳрум гардонид ва онро ба таълимоти бо зиндагии воқеӣ беиртибот ва афсонавӣ табдил дод. Ҳамаи ҳадафҳо аз тарбияи нафс ҷанбаи осмонӣ доштанд, на иҷтимоӣ ва заминӣ. Ҳадафи ниҳоӣ аз тарбияи нафс бо нафси инсонӣ тамом намешавад, балки нафси малакӣ ва болотар аз нафси малакӣ зинаҳо вуҷуд доранд. Масалан, Мавлоно ҳадди ниҳоии нафсро чунин ифода мекунад: “Бори дигар аз малак қурбон шавам, он чи андар ваҳм н-ояд, он шавам” ва худ аз худ маълум аст, ки дар ин ҷо ҳадаф на ҷомеа ва мушкилоти иҷтимоӣ, балки гурез аз чунин масъулиятҳо мебошад.

Агар сабаби дорои аҳамият гардидани мафҳуми нафсро донистан хоҳем, бешак, бо як ҳақиқат мувоҷеҳ мегардем: ин мафҳум дар шароитҳое инкишоф ёфтааст, ки аз ободӣ, пешравӣ, саодати инсонӣ хабаре набуд ва шароити тоқатфарсои пур аз разилат ҳукмронӣ мекард. Масъалаи нафс дар ин марҳала ба наҷоти касоне омад, ки мехостанд мусибати фарогири иҷтимоиро фаромӯш кунанд ва дар ин шароит ба саодати фардӣ дастрасӣ пайдо намоянд. Ин равиш, аслан хоси фарҳангиёни исломӣ набуда, балки аз замони таназзули фалсафаи юнонӣ сарчашма мегирад.

Дар ин маврид мо овардани назари Рассел, ки раванди ғайритабии гардидани шеваи файласуфони юнонӣ ва натиҷаи онро ба фоидаи худ ҳал намудани масеҳиятро шарҳ додааст, муфид медонем. Рассел менависад: “Ҳангоме ки қудрати сиёсӣ ба дасти мақдуниён афтод, фалосифаи Юнон, чуноне ки табиӣ буд, аз сиёсат рӯй гардониданд, ваҳм ва ғами худро масрафи таҳсили фазилат ва растагории фардӣ сохтанд. Дигар напурсиданд, ки чӣ гуна метавон давлати хуб ба вуҷуд овард. Балки пурсиданд: чигуна метавон дар ҷаҳони разилат ба фазилат роҳ ёфт, ё ба саодат расид. ...Ҷаҳонбинии касоне, ки фикр ва эҳсоси ҷиддӣ доштанд рӯз ба рӯз зеҳнитар ва инфиродитар шуд, то он ки саранҷом масеҳият аз ин ҷаҳонбинӣ китобе мубтанӣ бар растагории фардӣ фароҳам овард ва ин китоб илҳомдиҳандаи мубаллиғони динӣ ва падидоварандаи калисо шуд” (Бертранд Рассел, Таърихи фалсафаи Ғарб, Ҷ.1. (тарҷумаи форсӣ), Теҳрон 1353/1975: С. 433 ба баъд). Ин назари Рассел аз муносибати мақдуниҳо ва юнониҳо дида бештар ба муносибати халқи мо бо ҷаҳони офаридаи турку муғулҳо сидқ мекунад. Он даҳшатҳое, ки туркону муғулон дар минтақаи мо ба вуҷуд оварда буданд, мақдуниҳо ба сари юнониҳо наовардаанд. Агар файласуфони юнонӣ огоҳона худро аз воқеияти пурмусибати замони худ канора гирифтанд, пас дар минтақаи мо чунин канорагирӣ ба як амри нохудогоҳ ва боварӣ, ки фарҳанг ҳамин канорагирӣ аз ҷомеа ва ба домани тахаюл ва мавҳумот печидан мебошад, табдил ёфта буд. Агар масъалаи нафсро дар саросари фалсафа, ирфон ва ҳунари исломӣ ҷустуҷӯ намоем, ба ҷуз аз ҳамон “растагории фардӣ” ҳадаф ва мақсади дигареро дар баробари ҷомеа ва оянда пайдо карда наметавонем.

Асоситарин маъние, ки дар ин дунёбезорӣ ба аҳли фазл кумак мекард ин ҳамон растагории нафс буд, ки ниёз ба тарбия дошт.  Дар фарҳанги урупоӣ чунин “фазилат ва растагории фардӣ”, ки бо зуҳури мақдуниҳо ва ташаккули масеҳият ба вуҷуд омада буд, то асри 14 идома ёфт ва дар ин давра чунин маънавиёт ва шеваи офариниш ҳамчун асри зулмот мавриди инкор қарор гирифт. Ҳама чиз дигарбора дар новобастагӣ аз дин ва анъана арзишгузорӣ карда шуд. Рӯшанфикрон аз ин ба баъд дигарбора нисбати ҷаҳон, табиат,давлат, иҷтимоъ назарҳои равшани худро ба вуҷуд меоварданд.

Оё вазъияти кунунии мо шабеҳи вазъияти юнониҳои асири мақдуниҳо ё урупои зери асорати масеҳият аст? Танҳо дар ин мавридҳо метавон масъалаи нафс ва “растагории фардӣ”-ро матраҳ гардонид. Нафс як мафҳуми метафизикӣ мебошад ва бедор сохтани он дар зеҳният ҳатман зеҳнияти моро ба сӯи худ мекашад, яъне моро водор месозад, ки воқеиятро нодида бигирем ва аз он рӯ бигардонем. Аммо ҳадафи ин ки ҷомеаро маҳз тавассути тарбияи нафс метавон сомон дод ё тавассути тарбияи нафс метавон инсони дар шароити имрӯза дархӯрро ба вуҷуд овард, як фикри хом ва бемаънӣ мебошад. Масъалаи нафс на ин ки роҳи наҷот, балки сарчашмаи ба нокомӣ ва мусибат гирифтор гардидани ҳар ҷомеа мегардад, зеро боварӣ ба он ва бунёди метафизикӣ ва осмонии он инсонҳоро аз масъулияти заминӣ, инсонӣ ва иҷтимоӣ маҳрум месозад.

Аз ин ба баъд мехоҳем ба масъалаи нафс дар фалсафаи Ибни Сино пардозем ва бидуни умумиятгуӣ ҳақиқати маънии онро маълум намоем. Шояд нафс масъалае бошад, ки Сино беш аз ҳар чизи дигар сари он андешидааст. Маҳз аз ҳамин сабаб  муҳаққиқон дар фалсафаи Сино ба он бештар таваҷҷуҳ менамоянд. Дигар ин масъала як муаммо нест, балки тамоми ҷанбаҳои он мавриди шиносоӣ қарор гирифтааст. Нафс дар фалсафаи Сино як масъалаи сирф маърифатӣ ва эпистемологӣ мебошад, ки сарчашмаи метафизикӣ дорад ва дар бахши Табииёт (Физика)-и осори худ онро матраҳ гардонидааст. Нафс бо масъалаи Огоҳӣ ва ҳамин тавр, Худогоҳӣ алоқамандии ногусастанӣ дорад ва ин масъалаҳоро наметавон бидуни ҳамдигар мавриди баррасӣ қарор дод. Аксари муҳаққиқон низ масъалаи нафсро дар алоқамандӣ бо мафҳумҳои огоҳӣ ва худогоҳӣ таҳлил намудаанд. Инро бояд дар назар дошт, ки Сино дар ҳамаи китобҳои худ, аз қабили “Шифо”, “Наҷот”, “Донишнома”, “Ишорот ва Танбеҳот”, “Фалсафаи машриқия” қисматҳои алоҳидаро ба масъалаи нафс бахшидааст ва ба ғайр аз он, ӯ боз 23 рисолаи дигар дар мавриди нафс навиштааст (ниг. Забеҳуллоҳ Сафо, Ибни Сино, Теҳрон 2005, С. 77 ба баъд). Масъалаи нафс барои Сино то андозае боаҳамият аст, ки аслан номи пурраи китобҳои Сино “Шифои нафс” ва ё “Наҷоти нафс” мебошад, аз ин рӯ, Сино ҳамеша дар баробари шинохт ва маърифати нафс, мақсади тарбия ва ба камол расонидани онро низ дар назар дорад.

Аввалин маротиба ба масъалаи нафси Сино Ландауер таваҷҷуҳ менамояд ва соли 1875 яке аз рисолаҳои Сино бо номи “Мақола филн-нафс ало суннат ал-ихтиёр”-ро тарҷума ва дар  “Маҷаллаи ҷамъияти дӯстдоронии шарқи Олмон” нашр менамояд.  Минбаъд паҳлуҳои гуногуни ин масъала аз ҷониби Бургер Кристоф, В. Таксон, Р. Моревич, Ҳ. Девидсон, Т. Друарт, Г. Штроҳмайер, Д. Блек, П. Ҳет ва ғайра мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Таълимотҳои эътирофгардида дар мавриди назарияи нафси Сино инҳо мебошанд: М. Мармура “, Инсони муаллақ-и Сино дар Контекст” (дар: Монист (маҷалла) 69 (1989): С. 383-393). Мармура дар ин мақола се масъаларо мавриди баррасӣ қарор медиҳад: а). баҳси Сино ва мутакаллимон дар мавриди чӣ гуна ҷавҳар будани нафс, ки Сино дар ин маврид бар ҷавҳари ғайриҷисмонӣ будани нафс таъкид менамояд (С. 384); б). танҳо нафс метавонад  ба ҷисм маънии ягона бахшад ва истеъдоди ақли абстрактӣ наметавонад, ки ҷавҳари ҷисмонӣ бошад (С. 389); в). умумитарин ва бунёдитарин маънии ҳастии инсон аз назари Сино ин худии инсон мебошад (С.391). Бояд зикр кард, ки Мармура тарҷумони асари “Шифо”-и Сино ба забони англисӣ буда, шояд ягона сермаҳсултарин муҳаққиқ дар соҳаи Синошиносӣ бошад.

Адабиёти муҳими дигар дар ин маврид пажӯҳиши ниҳоят муфассали Николас Ҳассе “ Назарияи нафси Сино дар ғарби лотинӣ, Шаклгирии назарияи машшоии нафс, 1160-1300” (Лондон/ Турин, 2000) мебошад. Ҷанбаҳои таваҷҷуҳкардаи Ҳассе инҳо мебошанд: а). фарқият ва муносибати байниҳамдигарии мафҳумҳои моҳият, худӣ ва вуҷуд; б). мағз ва системаи асаби инсон ҷанбаҳои нафсро ташкил медиҳанд ва Сино дар ин маврид аз физикдонони мактаби Искандарияи асри 3-и пеш аз мелод таъсир гирифтааст; в). сино дар инкишофи назарияҳои фалсафӣ дар мавриди мафҳумҳои ҳадс, тарс ва умед саҳми арзанда гузоштааст. Нафс метавонад неруманд ва заиф бошад, нафси неруманд ба дигар нафсҳо таъсир мерасонад ва он ду намуд мешавад: хоси пайғамбарон, ки дар роҳи хайр истифода мешавад ва хоси ҷодугарон, ки дар роҳи шарр истифода мешавад.

Ҷавҳари назарияи нафси Синоро Саид Ҳусайни Наср ба равшанӣ нишон додааст ва онҳое, ки ба мафҳуми нафс умед мебанданд, бояд бори дигар биандешанд, ки мехоҳанд ҷомеаро беҳбуд бахшанд ва ё ба осмонҳо парвоз намоянд. Наср бар он бовар аст, ки Сино дар масъалаи нафс на ба Арасту, балки ба Афлотун ва таълимоти Эрони Бостон таваҷҷуҳ намудааст ва Сино дар ҳукми табибест, ки мехоҳад нафсро шифо бахшад ва аз зиндони ҷисмонию заминӣ раҳо бахшад (С. Ҳ.Наср, Се ҳакими мусулмон. Теҳрон, 1382/2004:С. 48).  

Файласуфи эронӣ Ғуломҳусайн Иброҳими Динонӣ бар он ақида аст, ки Сино рамзи парранда ё кабутарро ҳамчун ифодакунандаи нафси инсонӣ аз адабиёти санскритӣ гирифтааст, зеро дар ин адабиёт рамзи “мурғи сухангӯй” вуҷуд дорад, ки он низ барои ифодаи нафси инсонӣ истифода мешавад (Ғ. И. Динонӣ, Дафтари ақл ва ояти ишқ, Қисмати 1, Теҳрон 1382/2011, С. 153).

Шояд фарогиртарин назарияи нафс дар фалсафаи исломӣ ин ҳамон назарияи нафси Сино бошад. Аммо як қатор омилҳо аз қабили муносибати нафс бо ҷисм, сарчашмаи нафс ва ҳадафи ниҳоии Сино аз он нишон медиҳад, ки фалсафаи нафси Сино, новобаста аз ҷанбаҳои мусбии илмии худ, аз диди имрӯза як назарияи ақибмонда ва ба дарди ҷомеа нахӯранда мебошад. Агар мо бихоҳем, ки дар сохтани технологияи худӣ аз назарияи нафси Сино ва дигар мактабҳои асримиёнагӣ истифода барем, пас бояд бори дигар ҷаҳони воқеиро пушти по бизанем ва дар умеди саодати метафизикӣ интизор бинишинем.

Масъалаи нафс ба ғайр аз рисолаҳои хурд, ки Сино баъзеи онҳоро бо забони истиораю маҷоз навиштааст, дар ҳамаи осори асосии ӯ дар қисмати Табииёт матраҳ гардидааст. Бояд иқрор шуд, ки масъалагузорӣ ва табақабандии он бисёр печида, аммо бисёр кӯтоҳ ва равшан мебошад. Хонандаи баҳавсала метавонад бевосита қадам ба қадам онро мутолеа намояд ва фаҳмиши дақиқи Синоро барои худ маълум намояд. Барои мо як таҳлили бунёдӣ ва фарогири масъалаи нафс дар ин ҷо ғайриимкон аст, аммо имкони онро дорем, ки бо овардани ҷанбаҳои асосии мафҳуми нафс дар фалсафаи Сино мақсади ниҳоии ӯро аз ин мафҳум ошкор намоем ва дар як вақт арзишгузории онро намоем, ки оё ақидаи Сино дар воқеият ҳам ба дарди мо мехӯрад ва ё на.

Нафс барои Сино, як ҷавҳари ғайриҷисмонӣ мебошад ва дар ҳамин маврид ӯ назари мутакаллимонро, ки нафсро як ҷавҳари ҷисмонӣ медонистанд, инкор менамояд. Бояд иқрор шуд, ки дар ин маврид мутакаллимон нисбати Сино пешқадамтар будаанд. Аз метафизикаи Сино барои мо маълум аст, ки нафс як мафҳуми мобайнии миёни ақл ва ҷисмро ташкил медиҳад. Ақл ин абстрактсияи маҳз аст ва ба ҷисм иртибот надорад, ҷисм бошад, билкул бо ақл ноошност ва бо он иртиботе надорад. Омиле, ки ин ду мафҳумро бо ҳам меоварад, маҳз нафс мебошад. Нафс баҳаракатоварандаи ҷисм аст, аммо ҷавҳари ҷисмонӣ нест, баҳаракатоварандаи нафс бошад, ақл аст. Дар яке аз баҳсҳои дигар Сино нишон медиҳад, ки нафс на Қуво ва на Шакл, балки Камолот аст, зеро маҳз он ба ҷинс ягонагӣ мебахшад. Яке аз камбудиҳо ва заъфҳои назарияи нафси Сино маҳз дар матраҳсозии масъалаи нафс бо ҷисм ба назар мерасад. Бо вуҷуди он ки бидуни ҷисм вуҷуди нафс тасаввурношуданист, боз ҳам Сино ҷисмро ҳамчун унсури беаҳамият дар муносибат бо нафс нишон медиҳад. Нафс ҷисмро ба ҳаракат медарорад, танҳо тавассути узвҳои ҳиссӣ, ки мансуби ҷисм ҳастанд, оламро идрок менамояд, аммо бо вуҷуди ин ҷисм субъекти нафс ба ҳисоб намеравад. Ҷисм барои нафс танҳо васила мебошад, ки танҳо замони муайяне ба хотири ба мақсади худ расидан нафс аз он истифода мекунад. Мақсади нафс чист ва вақте ки он ба хотири мақсади худ ягона омили мавҷудияти худро инкор менамояд, пас чӣ чизи муфидро метавон аз он интизор дошт? Бидуни ҷисм нафс як маҷмӯаи холӣ мебошад, аммо гумони он ки ҳама маънӣ маҳз дар мақсади нафс нуҳуфтааст, садсолаҳо моро фирефтааст ва имрӯз низ дар умеди нафси ботарбия ҳастем.

Аз нигоҳи, мо беаҳамиятии ҷисм нисбат ба нафс нуқсони бунёдии фалсафаи нафси Сино мебошад ва мо ба ин масъала ҳангоми баҳси эпистемологӣ дигарбора бармегардем. Дар идома мо ду мотивро дунболагирӣ менамоем, ки маънии воқеии нафсро дар алоқамандӣ бо масъалаи огоҳӣ ва худогоҳӣ равшан месозад. Якум, ин таҳлили систематикии масъалаи нафс. Назарияи нафси Сино, ки аз назарияи нафси Арасту таъсир гирифтааст, аз унсурҳои табиӣ оғоз меёбад ва бо олитарин саодат, ки ҳамон кашфи Худо дар худ мебошад, ба анҷом мерасад. Ҳамаи ҷузъиёти масъала ба дараҷаи олӣ дар алоқамандии танготанг бо ҳамдигар қарор доранд ва ҳамаи комбинатсияҳо, ки дар байни тавоноиҳои нафсонӣ вуҷуд доранд, аз ҳамдигар вобаста мебошанд. Дувум, ин баназаргирии ҷанбаи ирфонии масъала мебошад, ки бидуни он назари воқеии Сино дар мавриди нафсро фаҳмидан ғайриимкон аст. Мутаассифона муҳаққиқон, асосан ҳамон ҷанбаи масъаларо ба эътибор гирифтаанд, ки Сино дар таъсирпазирӣ аз Арасту навиштааст.

А. Нафси ҳайвонӣ ва нуқтаи гузариш ба нафси инсонӣ. Сино ҳамон назарияи нафси Арастуро, ки нафсро ба нафси наботӣ, ҳайвонӣ ва инсонӣ тақсим менамояд, пазируфтааст. Нафс ин камолот аст ва ҳар намуди нафс дорои тавоноии махсус мебошад. Нафсе, ки дар зинаи болотар қарор дорад тавоноиҳои нафси поёнтар аз худро доро мебошад. Масалан, нафси ҳайвонӣ он хусусиятҳое, ки хоси нафси наботӣ аст, доро мебошад ва ҳамин тавр, нафси инсонӣ низ тавоноиҳои нафси ҳайвонӣ ва наботиро доро мебошад.

Мо хусусиятҳои нафси ҳайвониро дар назарияи нафси Сино мухтасаран нишон медиҳем. Аҳамиятнокии он дар он аст, ки нафси ҳайвонӣ он камолотест, ки дар худ аллакай хусусиёти нафси наботиро дорад ва нафси инсонӣ ҳамаи хусусиятҳои онро ифода менамояд. Тавоноиҳои нафси ҳайвонӣ ин ҳаракати иродавӣ, ки аз нафси наботӣ ба нафси ҳайвонӣ гузаштааст ва тавоноии идрок намудан мебошад. Дар ин бахш Сино узвҳои ҳиссиро ба беруна ва даруна тақсим менамояд, вазифаҳои ҳар кадоми онҳоро шарҳ медиҳад ва дар кадом минтақаи мағзи сар ҷойгир будани маркази ин узвҳои ҳиссиро нишон медиҳад.

Чизи ҷолиб дар ин маврид он аст, ки Сино узвҳои ҳиссиро аз 5 ба 8-то мерасонад. Ӯ панҷ узви ҳисси беруна аз қабили бӯйидан, дидан, шунидан, чашидан ва ламс карданро эътироф дорад, аммо бар он ақида аст, ки ломиса ин қобилияти ягона нест, балки чаҳор навъи ломиса вуҷуд дорад: ламс кардан бо чашм, ламс кардан бо гӯш, ламс кардан бо бӯйидан ва ламс кардан бо чашидан. Дар баробари он 5 узви ҳиссии дохила вуҷуд доранд, ки онҳо ҳисси муштарак, қуввати мусаввира, қуввати тахайюлу фикр, қуввати ваҳм ва қуввати ёддошт мебошанд.

Дар бахши минбаъдаи худ аз тафсили нафси ҳайвонӣ Сино намуд ва шеваҳои идроки узвҳои ҳиссии дохиларо муайян менамояд, ки он чунин мебошад: Идрокро Сино ба ду намуд тақсим менамояд: идроки бо феъл ва ё бо амал ва идроки холӣ ва бидуни амал. Якумӣ ҳангоми идроки шакл рух медиҳад ва ҳадаф аз феъл ё амал он аст, ки дар раванди идрок амалиётҳои синтез ва анализ рух медиҳанд. Дувумӣ, ҳангоми идроки мазмун рух медиҳад, ки дар ин маврид ҳоҷат ба синтез ва анализ нест.

Бахши асосӣ ва ниҳоии баҳси Сино дар мавриди нафси ҳайвониро ин муайянсозии марҳалаҳои идрок ва ё дараҷаҳои абстраксиякунонӣ ташкил медиҳад. Сино идрокро ба чаҳор марҳала тақсим менамояд: марҳалаи авалро идроки ҳиссӣ ташкил медиҳад, ки дар ин марҳала шакли чизҳо ҳанӯз дар модда ва хусусиятҳои моддӣ қарор дорад; марҳалаи дувумро тахайюл ташкил медиҳад, ки дар он шакл аз модда ҷудо карда мешавад, аммо хусусиёти моддӣ бошад, ҳанӯз дар шакл боқӣ мемонанд; марҳалаи савумро ваҳм ташкил медиҳад, ки дар ин марҳала фақат шаклҳои ҷузъӣ аз хусусиёти моддӣ ҷудо ва абстраксия карда мешавад. Мо метавонем дар ин ҷо сагро мисол оварем, ки метавонад соҳиби худ ё шахси бегонаро шиносад, аммо дар бораи мафҳуми умумии инсон наметавонад, ки тасаввур дошта бошад; чаҳорум ин андеша мебошад, ки дар он шаклҳои куллӣ аз модда ва хусусиёти моддӣ ҷудо ва умумият дода мешаванд. Охирин марҳалаи дарк ба хусусияти нафси инсонӣ дохил мешавад ва аз ин рӯ, он нуқтаи гузариш аз нафси ҳайвонӣ ба инсониро ташкил медиҳад.

Қувва ё тавоноие, ки хоси нафси инсонӣ буда, онро аз нафси ҳайвонӣ фарқ менамояд, ин ақл мебошад, ки барои камолоти ин намуди нафс мусоидат менамояд. Дар аввалин тақсимбандии худ Сино тавоноии нафси инсониро ба “ақли амалӣ” ва “ақли назарӣ” тақсим менамояд ва дар заминаи ақли амалӣ фалсафаи ахлоқи худ ва дар заминаи ақли назарӣ назарияи маърифати худро инкишоф медиҳад.

Нафси инсонӣ ба хотири комилгардонии ҷисми худ ба ақли амалӣ ниёз дорад. Баръакси ақли назарӣ, ақли амалӣ сарчашмаи амал ва фаъолият буда, ба ҷисми инсон ва ҷаҳони воқеӣ таъсиррасон мебошад. Он бо нафси ҳайвонӣ ва худии худ дар алоқамандӣ қарор дошта, дар заминаи ҳамин алоқамандӣ ҳолатҳое аз қабили шарм, хандидан, гиря кардан ва ҳамчунин боварҳое аз қабили “Дурӯғ гуфтан бад аст” ва мисли инҳо ба вуҷуд меоянд.  

Ба ақидаи Сино, нафси инсон ба хотири ба камол расонидани моҳияти худ ба ақли назарӣ ниёз дорад. Ақли назарӣ шаклҳои универсалӣ ва абстрактиро қабул мекунад, аммо чунин пазириш боз ба ду роҳ, ба тариқи билқувва ва ба тариқи билфеъл сурат мегирад. Дар ҳамин муносибат Сино ақли назариро боз чунин табақабандӣ менамояд:

А. Ақли билқувва, ки боз ба се навъ тақсим мешавад ва В. Ақли билфеъл, ки Сино онро ба тариқи истиоравӣ нисбатан муфассал шарҳ додааст. Масалан, дар “Наҷот” ин маъниро дар мисоли кӯдак ва навиштан ва дар “Ишорот ва Танбеҳот” бошад, дар мисоли нур ва чароғ шарҳ медиҳад.

Дар муносибат ба ақли назарӣ Сино масъалаи ҳадс ва ё интуитсияро низ матраҳ мегардонад. Ба ақидаи ӯ, инсонҳо дар дарки шакл дорои истеъдодҳои гуногун мебошанд. Баъзеҳо, аслан дорои ягон қобилият нестанд, аммо баъзеҳо дорои қобилияти қавӣ ҳастанд. Дар асоси дименсионҳои (буъдҳои) замон ва ҳаракат Сино ҳадсро аз андеша фарқ месозад. Ҳадс дорои бартарияти сифатӣ мебошад ва андеша, бошад дорои бартарияти миқдорӣ, яъне мутолеа ва огоҳии бисёр ба вуҷуд меояд. Дар алоқамандӣ бо ҳамин масъала Сино мафҳуми “ақли муқаддас”-ро матраҳ месозад, ки он ҳамчун олитарин зинаи ақл мебошад, ки фақат хоси авлиёҳо ва пайғамбарон мебошад.

Ба ҷуз аз шарҳи дар боло овардашуда, ки дар оғоз дар зери таъсири Арасту ва пасон зери таъсири навафлотуния ба вуҷуд омадааст, дар дигар баҳсҳо, ки Сино дар мавриди нафс матраҳ месозад, ҳеҷ гуна воқеияти инсонӣ ва заминиро ба эътибор намегирад, балки ҳамаи кӯшиши худро ба он равона месозад, ки сарчашмаи ғайривоқеӣ, осмонӣ ва муқаддас доштани нафс, беарзиш будани ҷисм дар баробари нафс ва тавассути инкори олами моддӣ нерумандсозии нафсро матраҳ месозад.

Б. Алоқаи байниҳамдигарии нафс ва ҷисм. Он гуна ки дар оғози баҳс нақл намудем, нафси инсонӣ ҷавҳари ҷисмонӣ нест, аммо ҳам қобилиятҳои беруна ва ҳам қобилиятҳои дохилаи идрок ҷисмонӣ ҳастанд ва аз ин ҷиҳат нафс аз ҷисми инсонӣ вобаста мебошад. Узвҳои ҳиссӣ барои нафс ҳамчун васила ҳастанд, аммо нафс танҳо то дараҷаи муайяне ба онҳо ниёз дорад. Ҳамин ки нафс дараҷаи ниҳоии худро ба даст меоварад, камолоти ӯ дигар узвҳои ҳиссиро қабул намекунад. Чизи ҷолиб он аст, ки ба ақидаи Сино, нафс пеш аз ҷисм вуҷуд надорад ва ӯ чунин далел меоварад: агар пеш аз ҷисми инсон нафс вуҷуд медошт, онгоҳ ё ҳамаи нафсҳои инсонӣ дорои моҳияти ягона буданд ва ё худи ҳамин нафс дар шакли бисёрӣ вуҷуд дошт. Азбаски ин ғайримумкин аст, пас нафси инсонӣ баробари ҷисми ӯ ба вуҷуд меояд. Худи ҳамин натиҷагирии Сино кифоя аст, ки ба ҷисм аҳамияти бештар қоил гардем, ё ин ки лоақал онҳоро баробарвазн бидонем.  Ба он хотир, ки худро аз вазъияти ногувор раҳо созад ва ҷовидонагии нафсро пас аз марги ҷисм таъмин намояд, ҷисмро на сабаби моҳиятии вуҷуди нафс, балки сабаби аразии он медонад. Ҷисм ва нафс ба навъҳои гуногуни ҷавҳар дохил мешаванд, ҷисм ҷавҳари ҷисмонӣ аст ва нафс ҷавҳари ғайриҷисмонӣ, чӣ гуна ҷисм, ки сабаби моҳиятии нафс нест, сабаби марги ӯ мегардад? Чунин суол мегузорад Сино. Новобаста аз чунин далеловарӣ Сино хонандаро қонеъ карда наметавонад. Ӯ натавонистааст, ки ба саволҳои асосӣ ҷавоб диҳад, ки онҳо чунин мебошанд: чӣ гуна ҷисм сабаби вуҷуди нафс мешудааст, аммо сабаби марги ӯ намешудааст? Агар ҷисм танҳо сабабӣ аразии вуҷуди нафс аст, пас чаро сабаби асосии нафс қудрати дорои вуҷуд гардонидани нафсро бидуни ҷисм надорад? 

В. Сарчашмаи нафс. Акнун барои онҳое, ки гумон мекунанд рӯй овардан ба мафҳуми нафс омили наҷот мебошад, назари асосии Синоро оид ба сарчашма ва ҳақиқати заминии он шарҳ медиҳем. Дар фалсафаи ӯ нафс сароғози ақлонӣ, руҳонӣ ва сирф муқаддас дорад ва он ҳеҷ вақт дар замин ба саодати олии худ расида наметавонад, баръакс, олами моддӣ барои ӯ фақат монеа эҷод мекунад. Нафс ба шифоёбӣ ва наҷотёбӣ ниёз дорад, то ин ки дигарбора ба ватани руҳонии худ баргардад ва ё олитарин саъодатро дар вуҷуди худ кашф намояд. Сино ба чунин олитарин дараҷаи камоли нафс бовар дорад ва қисмати асосии назарияи нафси ӯро шинохти монеаҳо барои камолоти нафс ва шеваҳои наҷот аз ин монеаҳо ташкил медиҳад. Ин биниши Синоро мо метавонем дар навиштаи ӯ дар бораи ирфон, ки дар “Ишорот ва Танбеҳот омадааст ва дар рисолаҳои хурди ӯ матраҳ гардонем. 

Ба он хотир ки Сино роҳро барои асли осмонӣ доштани нафс ҳамвор созад, мафҳуми нафсро бо масъалаи лаззат ва лаззати ақлонӣ пайванд медиҳад ва хонандаи зирак дарҳол дармеёбад, ки ин масъала аз фалсафаи Афлотун сарчашма мегирад. Лаззат аз назари ӯ чунин аст, ки барои идроккунанда камол ва хайр мебошад. Асоситарин назари ӯ чунин аст, ки лаззатҳои ақлонӣ, ё ботинӣ нисбат ба лаззатҳои ҳиссӣ қавитар мебошанд ва инро метавон ҳанӯз дар амали ҳайвонҳо мушоҳида намуд. Мисоли Сино рафтори саги шикорӣ мебошад. Бо вуҷуди он ки саги шикорӣ худ гурусна мебошад, аммо он сайдро намехурад ва ба соҳибаш оварда мерасонад. Зеро лаззате, ки саги шикорӣ аз розигии соҳибаш нисбат ба худ бармедорад, нисбат ба лаззати хурдани сайд қавитар мебошад. Розигии соҳиби саг барои саг ин лаззати маънавӣ аст, аммо хурдани сайд бошад лаззати ҳиссӣ. Бо ҳамин мисол Сино мехоҳад исбот намояд, ки лаззати ақлонӣ ва маънавӣ нисбат ба лаззатҳои дигар олӣ мебошанд. Ингуна лаззатҳо доимӣ, беҳудуд ва ботинӣ мебошанд ва дар муқобили лаззатҳои ҳиссӣ меистанд, ки лаҳзаина, маҳдуд ва зоҳирӣ мебошанд.

Ба хотири расидан ба лаззати ақлонӣ Сино мисолҳои воқеан илмӣ меоварад. Ба андешаи ӯ қувваҳои ҳиссии инсон ҳамдигарро ба сӯи худ мекашанд, масалан, агар ғазаб қавӣ гардад шаҳват заъиф мегардад ва баръакс. Агар эҳсосҳои беруна қавӣ гарданд, нафс ба ҷониби онҳо майл мекунад ва бо андеша сару кор намегирад. Аммо баръакс агар нерӯҳои ақлонӣ қавӣ гарданд, нафс аз тавоноиҳои ҷисмонӣ ва лаззатҳои ҳиссӣ канора мегиранд. Онгуна ки аллакай зикр намудем, нафс ба ҷисм таъсир дорад, масалан тарс ва ваҳм боис мегарданд, ки шаҳват ва амали хурокҳазмкунӣ фаъолияти худро қатъ гардонанд. Ин ташбеҳдиҳӣ барои Сино барои он даркор аст, ки ба таъсири баръакси он, яъне тавассути нерумандсозии тавоноии ақлонии нафс вазифаҳои ҷисмонии инсонро заъиф гардонад. Ягона роҳе, ки нафс метавонад чизҳои ҷисмонӣ ва моддиро паси сар гузорад ҳамин аст.

Нишонаи олии нафси қавӣ он аст, ки он на фақат ба ҷисми ба худаш тааллуқдошта, балки ба ҷисмҳои дигар низ таъсир мерасонад ва онро аз як тараф дар пайғамбарон ва аз дигар тараф дар ҷодугарон мушоҳида намудан мумкин аст.

Ба он хотир, ки назари Синоро дар мавриди сарчашмаи осмонӣ доштани нафс, ҷамъбаст намоем, ҷанбаи дигари муҳимро низ зикр менамоем. Сино дар ин маврид бо забони мафҳумӣ қонеъ нагардида, кӯшиш намудааст, ки тавассути забони маҷозу истиора маънии воқеии нафсро шарҳ диҳад. Забони маҷозу истиораро Сино асосан дар рисолаҳои кӯчаки худ, ки дар онҳо ӯ асосан нафси инсонро шарҳ додааст, истифода кардааст. Ин рисолаҳо “Ҳай ибни Яқзон”, “Саломон ва Абсол”, “Ат-Тайр”, “Айния” ва ғайра мебошанд. Мотиви бунёдии ҳамаи ин рисолаҳо ба камол расонидани нафси инсонӣ мебошад. Аммо ҷанбаи фарқкунанда он аст. ки дар “Ҳай ибни Яқзон” Сино он мафҳумҳоеро, ки барои ифодаи нафс истифода кардааст, фаромӯш накардааст. Дар ин ҷо низ сухан аз тавоноиҳои ҳиссӣ ва ақлонӣ меравад, аммо на бо забони мафҳумӣ, балки бо забони истиораву маҷоз. Аммо дар мавридҳои дигар нафси инсон ба парранда (дар рисолаи “Ат-тайр”) ва кабутар (дар рисолаи “Айния”) ташбеҳ дода шудааст.

Агар нафс аз олами осмонӣ омадааст ва дар ҷисми инсон дар ҳукми зиндонӣ аст ва олами моддӣ дар расидан ба камолоти ӯ монеа ҳастанд, пас чи аҳамияте дорад, ки мо дигарбора ба он рӯ оварем ва дар фикри тарбияти он гардем? Ҳадафи мо ободии ҷаҳони воқеии перомуни мост ва ё саъодати нафс, ки осмонӣ ва ғайривоқеӣ мебошад? Боаҳамиятии онро дигарбора идеалӣ намудан ё аз кӯшиши огоҳонаи ба раҳгумӣ задани дигарон дарак медиҳад ва ё аз ноогоҳии муаллиф аз асли масъала.

Г. Нафс ва масъалаи Худогоҳӣ дар фалсафаи Сино. Назари бисёр шинохтаи Сино дар мавриди нафс ва худшиносӣ дар тасвири шоиронаи ӯ бо номи “инсони муаллақ” тасвир шудааст. Аммо инсони муаллақ фақат нуқтаи кулминатсионии биниши Синоро ифода менамояд, дар ин муносибат ӯ ҳолатҳои дигари инсонро низ мавриди таҳлил қарор медиҳад. Саволи асосие, ки Сино матраҳ мекунад чунин аст: оё инсон дар ягон лаҳзае аз ҳаёти худ худии худро фаромӯш месозад ва ё на?

Ҷавоби ӯ чунин аст, ки инсон дар баъзе ҳолатҳо вуҷуди баъзе узвҳои беруна ва ботинии ҳиссиро исбот карда наметавонад, аммо дар ҳеҷ ҳолат ӯ огоҳиро нисбати ҳастии худ фаромӯш карда наметавонад. Сино барои исботи ин тезиси худ масъаларо чунин матраҳ мегардонад: дар ҳолати бедорӣ, яъне замоне ки ҳам узвҳои идроки беруна ва ҳам ботинӣ фаъол мебошанд; дувум, дар ҳолати хоб, вақте ки узвҳои ҳиссии беруна фаъол нестанд, аммо неруҳои ботинӣ фаъол ҳастанд; савум, дар ҳолати мастӣ, яъне замоне, ки ҳам узвҳои ҳиссии беруна ва ҳам ботинӣ солим нестанд ва ниҳоят дар ҳолати муаллақиятӣ: вақте, ки инсон худро дар ҳолати парвоз дар як халоъ, ё ҳаво меёбад, аммо ҳаво ҳеҷгуна таъсир ба узвҳои ҳиссии ӯ надорад, чашмони ӯ ашёҳоро мушоҳида карда наметавонанд ва узвҳои ҳиссии дигар низ ба ҳамдигар таъсир намерасонанд. Ҳатто дар ҳамин ҳолат низ инсон метавонад нисбати ҳастии худ огоҳӣ дошта бошад. Аммо чунин худогоҳӣ хусусияти асосӣ ва модарзодии нафси инсонӣ мебошад ва он аз он огоҳие, ки инсон тавассути рефлексияи узвҳои ҳиссӣ ба даст меоварад фарқ мекунад. 

Ин назари Сино аз назарияи огоҳии Арасту, ки дар натиҷаи рефлексияи узвҳои ҳиссӣ бо муҳити атроф ба вуҷуд меояд, фарқ менамояд ва ҳатто бо он дар муқобил меистад. Новобаста аз он ин биниши Сино бо таълимоти худ (ego), ки хоси фалсафаи вуҷудгароӣ мебошад шабоҳат дорад. Ҳамчунин он бо биниши Гегел, ки маънии ниҳоии субъективиятро худогоҳӣ медонад ва назари Ҳайдеггер, ки чунин худогоҳиро асли худии инсон медонад, шабоҳат дорад. Аммо назарияи худогоҳии Сино чун як таълимоти сарбаста дар фалсафаи ӯ боқӣ мемонад. Мантиқан бояд фалсафаи Сино маҳз дар асоси ҳамин принсип инкишоф меёфт ва бархурди худшиносии инсон бо воқеият ва ё ҷаҳон дунболагирӣ карда мешуд, аммо он дар ҳукми як назарияи муаллақ боқӣ монд. Таҷаллии ин назари Сино дар ҳеҷ бахше аз фалсафаи ӯ ба назар намерасад. Сабаби ин дар он аст, ки назари Сино метафизикӣ буд на ҳаётӣ ва дар бунёди фалсафаи ӯ худо қарор дорад, на инсон. Боварӣ ба сарчашмаи ғайриинсонӣ ва осмонии худогоҳии инсон фалсафаи ӯро дар бунбаст қарор дод ва ӯ имкони онро наёфт, ки фалсафаи худро маҳз аз масъалаи огоҳӣ оғоз намояд.  Танҳо худи идеяи худогоҳӣ кифоя буд, ки Сино инсонро аз дигар мавҷудот, яъне олами имконулвуҷуд ҷудо созад ва ба маънии воқеӣ фалсафаи вуҷудгароиро матраҳ гардонад. Аммо ӯ баръакс худоро аз доираи ҷаҳон берун намуд ва ба ӯ мақоми алоҳидаро қоил гардид ва инсон новобаста аз он ки дорои худогоҳӣ аст, дар қатори дигар мавҷудот дар оғуши имконулвуҷуд нодида гирифта шуд. Амиқтар аз он асолати табибии Сино низ метавонист ӯро барои ба вуҷуд овардани як фалсафаи ғайриметафизикӣ водор созад, аммо қавӣ будани имони ӯ нисбат ба бовариҳои осмонӣ фалсафаи ӯро дар доираи фалсафаҳое, ки аз онҳо таъсир гирифтааст, нигаҳ дошт.

Дар мавриди назарияи нафси

Сино метавон чунин натиҷагириҳо намуд:

  1. Эҳтимоли он ки ӯ дар мавриди нафс чизи бисёр ҷиддие илова карда бошад бисёр кам аст. Назарияи нафси ӯ таҷаллии назариёти Афлотун, Арасту, муфассирони Арасту (Искандари Афродисӣ, Филопонос, Симпликиос ва ғайра) ва навафлотуния мебошад.
  2. Ҳадафи Сино аз нафси инсонӣ он аст, ки инсон ба тариқи абстрактӣ андеша карда метавонад ва бо ҳамин хусусият нафси инсонӣ аз нафси ҳайвонӣ, ки аз андешаи абстрактӣ маҳрум аст, фарқ мекунад.
  3. Нафс ва ҳамин тавр огоҳии инсон сарчашмаи осмонӣ дорад. Ҳама чизи заминӣ ва ҷисмонӣ барои нафс монеа ҳастанд ва он дар ҳукми зиндонӣ аст. Нафс бояд ба камол расад ва ба саодати осмонии худ баргардад.
  4. Дар фалсафаи Сино ҳадаф аз тарбияи нафс ба хотири ободӣ ва пешрафти ҷомеа ва ҷаҳон вуҷуд надорад.

Албатта нафс ин як мафҳуми шартӣ дар масъалаи маърифат буд, ки хоси фалсафа ва илми асримиёнагӣ мебошад ва дар фалсафаи нав барои ифодаи ҳамин маънӣ мафҳуми огоҳӣ истифода мешавад. Чизи асосӣ он аст, ки баръакси Сино мафҳуми огоҳӣ дар фалсафаи муосир сарчашмаи осмонӣ надорад, балки дар заминаи рефлексияи узвҳои ҳиссӣ ба вуҷуд меояд, яъне дар заминаи хатти Арасту инкишоф ёфтааст. Чизи муҳими дигар он аст, ки дар ин ҷо низ “одоб” ҳадафи асосӣ нест. Дар бахши минбаъда мо маҳз масъалаи огоҳӣ дар фалсафаи навро матраҳ мегардонем.

 2. Ҳақиқати маънии “буҳрон” ва аҳамияти маънии “огоҳӣ дар Падидоршиносӣ

Падидоршиносӣ дар як марҳалае ба вуҷуд омадааст, ки фалсафаи ғарбӣ дар вазъияти таҳаввул ва дигаргунӣ қарор дошт. Ин марҳала, яъне оғози асри бистумро ҳамчун марҳалаи анҷоми фалсафаи метафизикӣ ва ҷойи онро гирифтани илм ва фалсафаи ҳаёт низ номидан мумкин аст. Шояд дар ҳеҷ марҳалаи таърихии дигаре ингуна ҷараёнҳои гуногуни фалсафӣ ба вуҷуд наомадаанд, ки дар ин давра. Ҳамаи ҷараёнҳои нав дорои ду хусусияти асосӣ буданд: якум, кӯшиши шикастани фалсафаи метафизикӣ ва мантиқи шаклӣ, ки забони асосии ин фалсафа буд. Масалан, шиори асосии мусбигароён (позитивистҳо) ин аз доираи фалсафа берун кардани мафҳуми моҳият буд, ки мусбигароҳо дар он ҳеҷгуна асоси илмиро намедиданд. Рассел, ҳамчун намояндаи ин ҷараён, мегӯяд, ки вақте аз Арасту сар карда то Кант ва Гегел дар мавриди Категория (мақула) сухан мегӯянд, ман намедонам онҳо чиро дар назар доранд. Ҳамингуна ӯ бемаънӣ будани фаҳмиши ҷавҳар ва алоқамандии он бо фаҳмиши араз ва болотар аз ҳама мантиқи арастуиро  таъкид менамояд.  Амалгароҳо (Прагматистҳо) бошанд бемаънигии баҳси матерализм ва идеализм ва гузашта аз он фаҳмиши классикии ҳақиқатро, ки аз замони Афлотун ва Арасту дар фалсафа ҳукмрон буд, инкор менамуданд; дувум, ҷараёнҳои зиёде фалсафаи ҳаётро инкишоф медиҳанд ва акнун бинишҳои фалсафӣ дар заминаи илмҳои зистшиносӣ асоснок гардонида мешаванд. Азбаски ин ҷараёнҳо то андозае мутлақгароӣ менамуданд, байни фалсафа, ки ҳоло фалсафаи ҳаёт дар назар дошта мешуд  ва илм, ё худ забони илм ноошноӣ ба вуҷуд меояд.

Падидоршиносӣ низ маҳз дар ҳамин марҳала ба вуҷуд меояд, аммо падидоршиносон, баръакси позивистҳо мафҳумҳои асосии фалсафаи метафизикиро инкор наменамоянд. Масалан, Ҳайдеггер ҳамаи мафҳумҳои бунёдии фалсафаи метафизикиро аз қабили моҳият, ҷавҳар, категория ва мисли инҳоро ҳифз менамояд, аммо ба онҳо маънии нав медиҳад. Яке аз сабабҳои чунин муҳофизакорӣ он аст, ки баръакси Рассел, ки аз қаламрави илм вориди фалсафа шудааст, Ҳайдеггер аз қаламрави илоҳиётшиносӣ вориди фалсафа гардидааст, сабаби дигар ин қаробати наздики Падидоршиносӣ бо метафизика мебошад. Барои Ҳайдеггер метафизика ин ҳамон онтология ва феноменология бошад фақат методи илмии онтология мебошад. Ӯ худ иқрор мекунад, ки Падидоршиносӣ як зуҳури нав набуда, балки аз оғози фалсафаи ғарбӣ вуҷуд дошт. Чизи бисёр ҷолиб он аст, ки бо вуҷуди он ки падидоршиносҳо мафҳумҳои бунёдии метафизикиро инкор намекунанд, онҳо ба мафҳуми нафс аслан таваҷҷуҳ накардаанд.

Бояд қаблан дар назар дошт, ки вақте сухан аз Падидоршиносӣ ва Вуҷудгароӣ меравад, пеш аз ҳама мафҳуми огоҳӣ дар назар дошта шавад. Дар ин фалсафаҳо ҳадаф аз инсон, аз вуҷуд, ё ҳастӣ, ҳамчунин ҳадаф аз нестӣ низ маҳз огоҳӣ мебошад. Дар ин марҳала дигар мафҳуми нафс наметавонист ба хостаҳои инсон ва фалсафа ҷавобгӯ бошад. Огоҳӣ маҳз дар натиҷаи худро аз ҷаҳон ҷудо кардани инсон ба вуҷуд меояд, ва ин ҷудоӣ дигар ба хотири ҷаҳони мовароӣ нест, балки ба хотири шинохт, таъсиррасонӣ ва дигаргун сохтани ҷаҳони воқеӣ ба вуҷуд меояд. Пеш аз оне, ки бевосита ба масъалаи огоҳӣ баргардем, мебояд, ки мухтасаран ҳадафи аслии падидоршиносон аз калимаи “буҳрон”-ро низ шарҳ диҳем.

Дар байни забони илм ва фалсафаи метафизикӣ ҷудоӣ вуҷуд надошт, зеро ҳарду дорои забони абстрактӣ буданд ва бевосита худи физика ва математика дар бунёди метафизика қарор доштанд. Аммо замоне, ки фалсафаи ҳаёт ҷойгузини фалсафаи метафизикӣ мегардад, ҷудоии миёни забони фалсафаи ҳаёт ва забони абстрактии илм ба хубӣ мушоҳида мегардад. Ин як масъала ва ё ҳамон буҳрон мебошад. Намояндагони фалсафаи ҳаёт, падидоршиносӣ ва вуҷудгароҳо бар он бовар ҳастанд, ки ҷаҳони илм аз ҷаҳони ҳаёт ҷудо гардидааст ва илм бояд вориди ҳаёт гардонида шавад. Масалан, дар ҷаҳони илм, ки бунёдгузори он Галилей мебошад ва иборат аст аз мафҳумҳои вазн, суръат, дарозӣ, ҷозиба ва мисли инҳо, ҷойе барои мафҳуми зебоӣ, тароват, отифа, ғам,умед ва мисли инҳо нест.  Миёни воқеияте, ки бевосита ба ҳаёти мо таалуқ дорад ва ҳақиқатҳои хоси улуми табиатшиносӣ фарқияти калон вуҷуд дорад ва ҳеҷ як ҳақиқати ҳаётӣ наметавонад тавассути қонун ва ё формулаҳои табии кашф гардад. Ҳуссерел бар он ақида аст, ки мавзӯҳои улуми ахлоқӣ ва равоншиносӣ аз улуми табии фарқ менамоянд ва аз ин рӯ набояд методҳои таҳқиқотии улуми ахлоқӣ ва равоншиносӣ аз улуми табии гирифта шаванд. Табиат на дар худии худ, балки аз ҷониби донишмандон шинохта шудааст ва имкон дорад, ки ҳамаи ҳақиқатҳои мавҷуда мавриди шубҳа қарор гиранд, ҳатто ваҳдатеро, ки хоси табиат медонанд, шояд танҳо як фарзияе бошаду бас. Дилтей чунин ноҳамоҳангиро чунин ифода кардааст: “Ҷуз дар сояи истидлолҳое, ки додаҳои таҷрибиро ба мадади таркиб ва таълифи фарзиёт ба ҳам мепайвандад, ҳеҷгуна маҷмуаи мунсаҷиме аз табиат дар улуми физикӣ ва табии вуҷуд надорад. Баръакс, дар улуми ахлоқӣ кулли ҳаёти равонӣ ҳамвора додаи аввалия ва асосиро ташкил медиҳад. Мо табиатро табиин мекунем ва ҳаёти равониро мефаҳмем” (Муқ. кунед: А. Дортинг, “Падидоршиносӣ чист?” Теҳрон 1389, С. 13 ). Аз ин рӯ ҳеҷ як воқеияти табии барои ҳақиқатҳои ахлоқӣ ва равонӣ намуна шуда наметавонанд. Худи ҳақиқат низ на дар табиат ва ё чизи дигари берун аз зеҳнияти инсон, балки дар зеҳни инсон вуҷуд дорад, ки ҳамеша дар фаъолият ва таҳаввул қарор дорад, таҷрибаҳои мавҷуда метавонанд тавассути таҷрибаҳои нав, ки тавассути фаъолияти зеҳнии инсон сурат мегиранд, метавонанд инкор гарданд. Ҳадаф аз буҳрон маҳз фарқияти бунёдӣ миёни падидаҳои равонӣ ва ахлоқӣ аз ҳақиқатҳои табии, аммо истифодаи методҳои табии ба хотири шинохти ҳақиқатҳои ҳаётӣ мебошад.

Ба он хотир, ки ин буҳрон “роҳи ҳалли худро биёбад”, ба ақидаи Ҳуссерел фалсафа бояд на ҳамчун як ҷаҳонбинӣ, балки ҳамчун илми дақиқ шинохта шавад. Падидоршиносӣ ин ҳамон илми дақиқ мебошад, ки ҳадафи он ба ҷои баҳсҳои назарӣ ва далеловариҳо “баргашт ба худи ашёҳо” мебошад. Баҳси ашёҳо ва ё моҳиятҳо ба баҳси огоҳӣ мерасонад. Аслан баҳси моҳиятҳо на аз ҷониби Ҳуссерел, балки Афлотун матраҳ гардида буд, аммо фарқияти бунёдӣ дар он аст, ки макони моҳият, ё зотҳо дар фалсафаи Афлотун олами малакутӣ, аммо дар феноменология макони моҳиятҳо ин огоҳии инсон мебошад. Огоҳӣ ба худии худ вуҷуд надорад, он ҳамеша огоҳӣ аз чизе мебошад, ки тавассути таваҷҷуҳ ба буҷуд меояд. Дар ин ҷо бояд иқрор гардид, ки назари Ҳуссерел бо назари Сино мувофиқ аст, барои Сино низ ҳастӣ ҳамон ҳастӣ дар зеҳн мебошад.

Огоҳӣ мафҳуми бунёдии фалсафаи Падидоршиносӣ ва Вуҷудгароӣ мебошад, аммо он каме пештар, яъне ҳанӯз дар фалсафаи танқидӣ ҳамчун мафҳуми бунёдӣ шинохта шуда буд. Ҳайдеггер дар асари худ “Бунёдҳои феноменология” сарчашма ва таҳаввули он дар фалсафаи Кантро ба тариқи зер матраҳ мегардонад: бардошти Кант аз мафҳуми “ман” ин оғози падидори огоҳӣ ва худогоҳӣ дар фалсафаи нав мебошад. “Ман” ин ҳамон Субъект мебошад, ки дар навбати худ бо Объект алоқамандӣ дорад. Ман ҳамчун мубтадо ҳамеша аз предикат ва ё объекти худ огоҳӣ дорад. “Ман”-ро Кант ба се намуд, ё се намуди шахсият тақсим менамояд: шахсияти трансендантӣ, яъне чизе, ки меандешад ва ё эҳсос мекунад; шахсияти таҷрибӣ, яъне мане, ки дар асоси таҷриба ба вуҷуд меояд ва мани таҷрибӣ, бар хилофи мани трансендантӣ, ки Субъект мебошад, Объект мебошад; ва шахсияти ахлоқӣ. Ду шахсияти авалӣ ҳанӯз наметавонанд маънии асили субъективиятро дар худ ифода намоянд. Маънии аслии субъективият бошад ин худогоҳӣ мебошад ва мафҳуми бунёдии дигар, ки субъективиятро комил мегардонад ин масъулият ва эҳтиром ба худ мебошад. Ба ақидаи Кант танҳо дар эҳтиром ва ё рафтори ахлоқӣ инсон нисбат ба худ огоҳӣ пайдо менамояд. Ҳадаф аз инсони ахлоқӣ ин масъулиятшиносии инсон мебошад, ӯ бо худро вобастаи қонун гардонидан худ ҳам ғулом ва ҳам шоҳи худ мебошад. Дар ҳар як амал инсон бояд чунон рафтор намояд, ки он рафтор ифодакунандаи маънии кулли “инсоният” бошад ва ҳеҷгуна тобиши дигареро ифода нанамояд. Баръакси тамоми мавҷудоти дигар, ки восита мебошанд, инсон дар ҳеҷ маврид восита нест, балки худ барои худ ҳадаф мебошад. Ҳатто дар назди Худо низ инсон васила нест, балки ҳадаф барои худ ва ё худҳадаф мебошад. Худогоҳӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба худ ва худ барои худ ҳадаф ва мақсад будан, ки дар умум сохтори мафҳуми шахсро ташкил медиҳанд, боис мегардад, ки Кант метафизикаро ба ду тақсим намояд: метафизикаи ҷисмҳо ва метафизикаи шахс, ё инсон. Ин ҷо мо биниши Сино ва Кантро дар ду маврид мухтасаран муқоиса менамоем: Ибни Сино низ метафизикаро ба ду бахш тақсим менамояд: метафизикаи Худо (Воҷиб-ул-вуҷуд) ва метафизикаи ҷаҳон (Имкон-ул-вуҷуд), бо вуҷуди он ки инсон дорои худогоҳӣ мебошад, азбаски ин огоҳӣ асли инсонӣ ва заминӣ надорад, инсон дар маҳдудаи имкон-ул-вуҷуд, яъне ҷаҳон боқӣ мемонад. Дар фалсафаи Кант инсон худ барои худ ҳадаф мебошад, зеро тавассути худогоҳӣ ӯ дорои озодӣ мебошад, аммо дар фалсафаи Сино инсон худ барои худ ҳадаф ва мақсад нест, балки ҳадаф ва мақсад ҳамеша ба хотири асоси ғайривоқеӣ доштани нафс ва огоҳӣ дорои маънии худоӣ мебошанд, на инсонӣ. Сино барои худ муносибати инсон бо ҷаҳонро дар мадди назар нагузоштааст, агар чунин масъала барои ӯ матраҳ мегардид, онгоҳ ҳатман баҳси воқеии огоҳӣ ва ҷудо кардани инсон аз ҷаҳон ба вуҷуд меомад.

Аз замони зуҳури фалсафаи нав масъалаи инсон ва ҷаҳон ва ё Субъект ва Объект барои файласуфон бунёдӣ мегардад. Кант бо тақсими метафизика ба метафизикаи инсон ва метафизикаи ашёҳо қаноат менамояд ва новобастагии Субъект ва Объектро нигаҳ медорад. Аммо маҳз масъалаи огоҳӣ сабаб мегардад, ки Ҳайдеггер ва Сартр дар мавриди муносибати инсон ва ҷаҳон таҳаввули назар ба вуҷуд оваранд   Ин ҷо мо аз баҳси идеалистии огоҳӣ ба воқеияти он дар Падидоршиносӣ бармегардем. Ҳамон маъниеро, ки Кант ва ё Гегел “огоҳӣ” меномиданд, дар фалсафаи Ҳайдеггер номи “вуҷуд” ва ё “вуҷуди онҷойӣ (Dasein)”-ро мегирад. Бидуни огоҳӣ вуҷуди инсон дар ҳукми мавҷудоти дигар мебошад ва ин ҳамон худогоҳии инсон аст, ки аз худи ӯ берун меистад ва худро ба сӯйи Объект ва ё ҷаҳон равона мекунад ва дар баргашт аз тарафи Объект аст, ки Субъект аз вуҷуди худ огоҳ мегардад.  Ба ҷои Субъект ва Объект ва инсон ва ҷаҳон Ҳайдеггер сохтори дар-ҷаҳон-буданро матраҳ мегардонад, ки ифодакунандаи ваҳдати ин намуди дуализм ва ё хотимаи онҳо мегардад. Ҷаҳон барои Ҳайдеггер танҳо замоне вуҷуд дорад, ки вуҷуди инсонӣ вуҷуд дошта бошад ва табиат он чизест, ки вуҷуди инсонӣ дар он ҷо вуҷуд надорад.

Дар фалсафаи Сартр бошад ҳадаф аз огоҳӣ ин он ҳастие мебошад, ки дар худии худ вуҷуд надорад ва танҳо дар муносибат бо олам аст, ки он аз ҳастии худ дарак медиҳад. Аз ин рӯ, ҳадафи Сартр аз Нестӣ дар асари “Ҳастӣ ва Нестӣ” ҳамон огоҳии инсон мебошад, ки ба мисли дигар мавҷудот дар худии худ ва ё фи нафса вуҷуд надорад, балки танҳо дар нисбати дигар мавҷудот ба вуҷуд меояд ва дар худии худ он як нестии маҳз мебошад. Агар бо забони метафизикӣ баён намоем, ин чунин маънӣ дорад, ки ҳама чиз дорои моҳияти худ мебошад, аммо огоҳӣ дар худии худ дорои моҳият нест, он дар худии худ нестии маҳз аст. Танҳо дар огоҳӣ аз ашё аст, ки огоҳӣ нисбат ба худ огоҳӣ пайдо менамояд, дар ғайри он огоҳӣ вуҷуд надорад. Ба андешаи Сартр агар ҳама чиз танҳо аз ҳастии маҳз иборат мебуд, онгоҳ суол аз вуҷуд як кори бемаънӣ буд, ҳатман чизе бегона вориди вуҷуд мегардад ва аз вуҷуд суол мекунад ва ин ҳамон огоҳӣ аст, ки бегона аз вуҷуд, ё ҳамон нестӣ мебошад. Ҳамин тавр мувофиқи ин фалсафа нестӣ на пеш, на пас ва на дар канораҳои ҳастӣ, балки баробар бо ҳастӣ ва дар мағзи ҳастӣ қарор дорад (Ниг. ба А. Дортинг “Падидоршиносӣ чист?” Саҳ. 131).

Фалсафаи огоҳӣ баръакси фалсафаи нафс худро аз ҷаҳони воқеӣ ба хотири ҷаҳони мовароӣ комил намегардонад, балки ба фалсафаи амалӣ табдил меёбад. Беҳтарин падидорҳое, ки дар натиҷаи огоҳӣ ба вуҷуд меоянд ин озодӣ ва ҳунар мебошанд. Инсон дорои озодӣ ба хотири офаридани моҳияти худ мебошад. Инсон ба ҷӯз аз он чизе, ки худро худ меофарад дигар ҳеҷ чизи дигар нест ва ин офарандагии инсон ва ҷаҳон тавассути ҳунар сурат мегирад. Ин як амали ғайримантиқӣ мебошад, ки мафҳуми нафс, ки асли ғайривоқеӣ дорад, инсонро дар ҳамбастагӣ бо худ ва ҷаҳон нигаҳ дорад, балки баръакси ин қобили пешбинӣ мебошад, яъне бегона гардидан аз маънии инсонӣ ва инҷаҳонӣ дар бунёди фаҳмиши нафс қарор дорад.  Ин як гумони фиребанда аст, ки бо тарбияи нафс имкони фароҳамоварии пешрафт ва ободӣ имконпазир аст.

Он зеҳниятеро, ки ашъариҳо дар мо ба вуҷуд овардаанд, дар муқобили маънии огоҳӣ қарор дорад, зеро ҳадафи онҳо ин тарҳрезии як ноогоҳии бунёдӣ буд, ки мутаассифона, муваффақ низ буданд. Онҳо дар тӯли садсолаҳо ғаризатан ҳар таълимотеро, ки паёме аз огоҳӣ ва озодӣ меоварад, ба ҳар роҳ хунсо ва аз густариш маҳрум гардонидаанд ва баръакс, тавассути пиёда сохтани боварӣ, расму русум, анъана ва арзишҳои дигаре, ки ҳама гуна камолот ва асолатҳои бедорро, қурбони маъниҳои пешипоафтодаи оммавӣ мегардониданд, зеҳнияти моро саргарм доштаанд. То он замоне ки зеҳнияти ашъариягароии мо бедор аст, мо вопасгаро боқӣ мемонем ва гумон менамоем, ки рӯй овардан ба мафҳумҳое чун нафс кафолатгари саодати ояндаи мо мебошад. Агар мо нозуктар андеша кунем, дармеёбем, ки дар фарҳанги мо ду бардошт аз мафҳуми нафс вуҷуд дорад. Агар дар бардошти аввалӣ нафс асли мовароӣ дошта бошад, онгоҳ дар бардошти дувум он баръакс асли заминӣ ва воқеӣ дорад ва он чандон мавриди писанди зеҳнияти ашъариягарои мо нест ва он ҳамеша мавриди инкор қарор мегирад. Албатта, дар ин мавридҳо ҳадаф аз нафс ҳар гуна бартарихоҳӣ, зиёдахоҳӣ, шикастани ҳудудҳои ба тариқи нохудогоҳ сохташуда ва хилофи интизороти ҳамагонӣ амал кардан мебошад. Барои мо ифодаи зебо, аммо бадномшудаи нафс ҳамчун “баднафс” вуҷуд дорад. Дар ин муносибат нафс ифодакунандаи ҳақиқати зиндагӣ мебошад ва як мафҳуми шартӣ мебошаду бас.

Дар мавриди ин мафҳумҳо наметавон дар алоҳидагӣ ҳукм намуд, бояд пазируфт, ки ҳазорон мафҳумҳое аз қабили “баднафс”, “нафси бетарбия” ва мисли он вуҷуд доранд, ки ҳама танҳо ба хотири инкори зиндагӣ, инкори огоҳӣ, инкори ҳақиқати инсонӣ, ки мехоҳанд берун аз доираи маҳдудаҳои таҳмилгардида амал ва андеша намоянд, ба вуҷуд омадаанд. Бояд огоҳии беқайду банд, яъне огоҳии сирф инсонӣ, на огоҳии идеологӣ ва огоҳии динӣ  ба вуҷуд овард, то ин ки ҳама гуна арзишҳои дар тӯли садсолаҳо ба хотири инкори зиндагӣ ва огоҳӣ барои мо таҳмилшударо бозшиносӣ ва дубора арзишгузорӣ гарданд.

Шаҳобиддинов Нуриддин          

файласуф

"Илм ва Ҷомеа"-Маҷаллаи академии илмию оммавӣ

№1 (5), 2017

Хондан 2918 маротиба