JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 24 Майи 2017 19:07

Хуҷанд ва Камоли Хуҷандӣ аз назари Абдурраҳмони Ҷомӣ

Муаллиф:

  Дар адабиёти асрҳои миёнаи араб ва форсу тоҷик, хусусан дар шеър, бисёр ба ҳодисаҳои мадҳу тавсиф ё ҳаҷву мазаммати шаҳрҳои гуногун дучор меоем. Ба шаҳрҳои мухталифи Шарқ, аз ҷумла шаҳрҳои қадиму машҳуре, ки чун марказҳои бузурги тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, адабӣ ва ғайра ном бароварда буданд, шоирон қасидаҳои алоҳида, пораҳои манзуми дарозу кӯтоҳ ва байтҳои пароканда мебахшиданд. Ба ин муносибат метавон абёти яке аз шоирони қадими дузабонаи форсу тоҷик Абулянбағиро1 вазъи таассуфовари Самарқанди қандмандро дида таъкид намудааст, ки дар замонҳои пеш он аз Шош зеботар ва шукуфотар будааст [6,15; 11,56-69].

  Устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ низ дар ҳама ҳолатҳо дил ва рӯ ба Бухоро ниҳода, онро гоҳ ба осмоне, ки амир бар симои моҳ сӯи он мешитобад ва гоҳо ба Бағдод ташбеҳ медиҳад [13,32-43-47-64 ва ғ.]. Шайх Саъдӣ ғайр аз ашъор дар васфи Шероз [19,726 ва ғ.] ду қасидаи пургудози худро, ки яке ба форсии тоҷикӣ ва дигаре ба арабӣ аст, ба тасвири Бағдод баъд аз ҳамлаи муғул бахшидааст [19,764-765, 766-769]. Шоири бузург Хоқонии Шервонӣ кохи Мадоинро дар қасидаи тӯлоние васф кардааст [20, I, 465-469] ва қасидаи дигаре ба мадҳи Исфаҳон бахшидааст[20, I, 424-431]. Шайх Баҳоуддин ал-Омилӣ шеъри дилчаспе дар бораи шаҳри Ҳирот ва зебоиҳои он эҷод намудааст [12,125-131]. Чунин мисолҳо хеле зиёданд, вале ин ҷо ниёз ба овардани ҳамаи онҳо нест. Шаҳри бостонии Хуҷанд ва фарзандони фозили он низ аз чунин тавсифоти шоирона бенасиб намондаанд, ки инро муҳаққиқи иронӣ Ризо Мустафавии Сабзаворӣ дар мақолаи худ бо унвони «Хуҷанд ва хуҷандиён дар оинаи адаби форсӣ» хеле барҷаста нишон додааст [14, 297-303]. Ҳамчунин шуҳрати Хуҷандро дар адабиёти форсу тоҷик устод Абдулманнон Насриддин дар мақолаи хеле ҷолиби худ зери унвони «Хуҷанд дар қаламрави адабиёти форсу тоҷик» тасвир намудааст [2].  Устод А. Насриддин асари дигаре низ дорад, ки «Васфи Хуҷанд ва хуҷандиён дар шеъри форсӣ» ном дошта, дар он ашъори баъзе суханварони асрҳои миёнаро мавриди баррасӣ қарор додааст [3]. 

  Мутаассифона, дар мақолаҳои номбурда сухане перомуни муносабати Абдурраҳмони Ҷомӣ ба Хуҷанд ва хуҷандиён, алалхусус Камоли Хуҷандӣ, нарафтааст.

  Яке аз аввалин шеърҳое, ки дар он шаҳри Хуҷанд зикр ва тавсиф шудааст, шеъри шоири гумном ба забони арабӣ аст, ки онро муаррихи арабзабони асри X Ибн ал-Фақиҳ ал-Ҳамадонӣ дар «Мухтасар китоб ал-булдон» ном асари худ овардааст. [7, 325; 10,33]. Ва он шеър чунин садо медиҳад:

و لم أرَ بلدة بإزاء شرق                         و لا غربٍ بأترهَ من خجنده

     هی الغرّاء تعجب من رآها               و هی بالفارسیة دِلبَرَندَه

 Дар тамоми Шарқ ман шаҳреро надидаам,

Ва на дар Ғарб, ки зеботар аз Хуҷанд бошад.

Шаҳри нозанинест, ки ҳар бинандаро дар ҳайрат мегузорад,

Ва маънии номаш ҳам ба форсӣ «дилбаранда» аст.

  Яке аз аввалин шеърҳо ба забони форсии тоҷикӣ ба Хуҷанд бахшидашуда шеъри Асируддини Ахсикатӣ (ваф.570 ё 577/1175 ё 1182) мебошад, ки аз ин абёти дилчасп иборат аст [1,11]:

 Зиҳӣ ба ҷони ту ҷовид зинда мони Хуҷанд!

Чи соябахш ҳумоӣ зи ошёни Хуҷанд! 

Хуҷандро маталаб дар саводи ҳафт иқлим,

Ки бартар аст зи ҳафт осмон макони Хуҷанд2.

   Хоқонии Шервонӣ Хуҷанд ва хуҷандиёнро дар ашъораш ёд мекунад. Ӯ қасидае дорад бо ин матлаъ:

 Бас, бас, ай толеъи Хоқонӣ! Чанд,

Чанд чандаш ба боло дорӣ банд?

   Ва дар идома аз толеъи носозгори хуш шиква карда, ба он муроҷаат менамояд. [20, II, с. 886]:

 Мачашонам ба тамуз оби сақар,

Манишон бар сари оташ чу сипанд.

Фасли Боҳуро оҳанг ба Шом,

Васл бо ҳурон хуштар ба Хуҷанд.

Ҳам тавониш ба Табриз нишонд,

Ҳам тавониш ба Шервон барканд.

   Хоқонӣ натанҳо Хуҷандро зикр кардааст, балки фарзандони ин шаҳри қадимиро, ки бо ақлу заковат ва фарҳангу тафаккури худ фарқ мекарданд, тасвир намудааст. Ӯ Ҷалолуддин ном шахсияти воломақомеро, ки ба гумонам, аз хонадони хуҷандиёни Исфаҳон будааст, чунин мадҳ мегӯяд [20, II, 1195]:

 Ҳар куҷо аз хуҷандиён садрест,

З-оташи фикрат об мечакадаш.

Хосса садри ҳудо Ҷалолуддин,

К-аз сухан дурри ноб мечакадаш.

Оташи Мӯсо оядаш зи замир,

В-оби Хизр аз хитоб мечакадаш.

Фикру нутқаш чу накҳати лаби дӯст,

З-оташи тар гулоб мечакадаш…

   Қасида хеле тӯлонӣ аст ва бо як таваҷҷуҳу меҳру дилгармӣ нисбати мамдӯҳ офарида шудааст.  Ба назар чунин менамояд, ки агар ба ҷои номи намояндаи хонадони хуҷандиён Ҷалолуддин дар қасида номи Камолуддин меомад, ягон иштибоҳе намешуд, чунки ҳамаи ташбиҳоту тавсифоти диловезеро, ки дар ин қасида мебинем, бе муболиға, метавон ба шахсияти шоир ва орифи тоҷик Камоли Хуҷандӣ мансуб донист.

  Шуҳрати Камоли Хуҷандӣ миёни удабо ва шуарои арабизабони асрҳои миёна низ ба андозае буд, ки ҳатто Шайх Баҳоуддин ал-Омилӣ маълумотеро дар бораи ӯ ва намунаҳоеро аз ашъораш дар «Кашкул» ном асари худ, ки ба забони арабӣ таълиф карда буд, ҷой додааст [12, 269,649].

  Ҳамин гуна меҳру муҳаббатро нисбат ба Камоли Хуҷандӣ олим, шоир ва мутафаккири фарзонаи тоҷик Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ зоҳир кардааст. Дар адабиётшиносии тоҷик назари Ҷомӣ ба Камол, мутаассифона, мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст, ва ҳол он, ки омӯзиши ин мавзӯъ бамаврид аст, зеро на фақат муносибати ин ду бузургворро равшан месозад, балки як сафҳаи тозаи равобити адабии наслҳои гуногуни суханварони номии форсу тоҷикро дар адабиётшиносӣ боз менамояд. Масалан, интизор мерафт, ки дар китоби муҳаққиқи тоҷик Ҷамолиддин Саидзода «Ҷомӣ-шоири таъсирпазир ва таъсиргузор», ки дар хусуси робитаи Ҷомӣ ба якчанд суханвари номӣ баҳс доир шудааст, оиди равобити Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Камоли Хуҷандӣ чизе гуфта мешавад, аммо чунин нашуд [16]. На дар муқаддимаи девони Камоли Хуҷандӣ [8] ва на дар муқаддимаи «Мунтахаби ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ» [9,3-26] сухан дар ин маврид нарафтааст. Танҳо дар мақолаи муҳаққиқи иронӣ Боқир Садриниё, ки «Симои Камол дар оинаи тазкираҳо» ном дорад, ҷо-ҷо баъзе иқтибосот аз «Нафаҳот ал-унс мин ҳазарот ал-қудс» -и Ҷомӣ дар бораи Камоли Хуҷандӣ оварда шудааст [15, 78-98]. Ҳамин гуна ишораҳои Ҷомиро аз «Нафаҳот ал-унс» дар бораи Камол Забиҳуллоҳ Сафо дар «Ганҷинаи сухан» [17,73] ва низ дар «Таърихи адабиёт дар Ирон» [18, 1131-1137] ҷой додааст. Вале дар мақолоту расоили мазкур назари Ҷомӣ ба Хуҷанд ва Камоли Хуҷандӣ ба таври махсус баррасӣ нашудааст.

  Бояд таъкид кард, ки маълумоти Ҷомӣ оиди Камол дар «Баҳористон» ва «Нафаҳот ал-унс» танҳо тарҷумаиҳолӣ нест, балки як навъ иттилооти суханшиносӣ мебошад, зеро дар он ба истеъдоду лаёқати шоирии ӯ баҳои хеле баланд дода мешавад. Масалан, Мавлоно Ҷомӣ дар «Баҳористон» навиштааст: «Вай дар латофати сухан ва диққати маъонӣ ба мартабаест, ки беш аз он мутасаввар нест» [22,145].

  Ҷомӣ дар равзаи шашуми «Баҳористон» дар бораи лаёқати суханварии Камол чунин изҳор медорад: «Дар ироди амсол ва ихтиёри баҳрҳои сабук ба қофияҳо ва радифҳои ғариб, ки саҳли мумтаниънамост, татаббӯъ аз Ҳасани Деҳлавӣ мекунад, аммо он қадар маъонии латиф, ки дар ашъори вай ҳаст, дар ашъори Ҳасан нест» (Ниг. [18, 1134]).

  Ҷомӣ дар «Нафаҳот ал-унс» баъзе лаҳзаҳои зиндагии Камолро ба қалам медиҳад, ки аз тавозӯъ, хоксорӣ, бурдборӣ, таҳаммул, донишмандӣ, фаросат, ақлу заковат, шарафмандӣ ва дигар хислатҳои наҷиби ӯ далолат мекарданд. Ҷомӣ, ки бо ақоиди орифона ва андешаҳои шоиронаи Камол тавассути мероси адабии ӯ ошно буд, ба чунин хулосае меояд: «Вай бисёр бузург будааст ва иштиғоли вай ба шеър ва такаллуф дар он сатру талбисро буда бошад. Балки мешояд, ки барои он буда бошад, ки зоҳир мағлуби ботин нашавад ва аз риояти сурати убудият бознамонад» [23, 382].

  Ҷомӣ ҳамчунин нақл мекунад, ки Камоли Хуҷандӣ ба муридону шогирдон дарс мегуфт, бо олимон ва шоирони муосираш баҳсу мунозараҳо мекард. Ҷомӣ, махсусан баҳси ӯро бо Мавлоно Муҳаммад Ширини Мағрибӣ3 ёдрас мешавад.

  Дар асоси маълумоти Абдурраҳмони Ҷомӣ ва баъзе муаллифони сарчашмаҳои дигар устод Забиҳуллоҳ Сафо хулоса мекунад, ки «баъзе орифон, ки ба суҳбати Шайх Камол ва Ҳофиз ҳарду расида буданд, чунин фармудаанд, ки суҳбати шайх беҳ аз шеъри вай, ва шеъри Ҳофиз беҳ аз суҳбати ӯ…». Аз ин рӯ З. Сафо изҳори ақида менамояд, ки «бо тамоми аҳвол Камол шахсан пешаи шоирӣ надошт, балки шеър дар назари ӯ, чунон ки дар назари ҳамаи орифон, василае барои баёни эҳсосот ва афкори вай ва низ дастовезе барои иршод ва тарбия буд. Ва ин байти маъруф, ки аз Камол нақл кардаанд, беҳтарин мубайини ҳамин маънӣ аст [18,1134]:

 Ин такаллуфҳои ман дар шеъри ман,

«Каллимини ё Ҳумайро»-и ман аст4.

   Бояд зикр кард, ки дар ашъори Ҷомӣ шаҳри Хуҷанд ва умуман, хуҷандиён ба ҳар муносабат ёд шудаанд. Масалан, дар марсияи пурсӯзу гудозе дар суги шахсияти маъруфе чун Хоҷа Убайдуллоҳ, ки бо номи Хоҷа Аҳрори Валӣ низ шуҳрат дошт, Ҷомӣ яке аз бандҳояшро чунин оғоз менамояд [21,733]:

 Мотами ӯ рахна дар сури Самарқанд ӯ фиганд,

Гӯӣ имрӯз аз Бухоро рафт шоҳи нақшбанд.

Аз Самарқанду Бухоро баски сели ашк рафт,

Киштии хоразмиёнро рахт дар Ҷайҳун фиганд.

Дуди ин оташ ҳама атрофи Туркистон гирифт,

Шуд ҷаҳон торик бар бодомчашмони Хуҷанд.

Аҳли Тирмиз ҳар ҳисоре, к-аз сабурӣ доштанд,

Сел зад, ин сели андӯҳ он ҳисор аз бех канд.

  Абдурраҳмони Ҷомӣ дар ашъораш ба Хуҷанд ва Камоли Хуҷандӣ назари хушу мухлисона дорад. Масалан, дар ғазале, ки бо чунин матлаъ сар мешавад [21,278]:

 Қоматат найзаву рухсори ту, ай ишваписанд,

Офтобест, ки гаштаст яке найза баланд.

  Ҷомӣ бо як эҳсоси неку дили гарм гӯё дар чаманҳои Хуҷанд сайругашт карда, ашъори Камолро замзама мекунад:

 Ҷомӣ аз лутфи тараннум ба ғазалҳои Камол,

Андалебест хушилҳон ба чаманҳои Хуҷанд.

   Ба назари банда, дар ин ҷо Абдурраҳмони Ҷомӣ ба байти зерини Камоли Хуҷандӣ ишора дорад, ки ин ба асарпазирии ӯ аз шеъри шайхи Хуҷанд далолати возеҳ менамояд:

 Гар ба сад қарн биҷӯянд, наёбанд, Камол,

Булбуле чун ту хушилҳон ба чаманҳои Хуҷанд.

   Сатри дуюми байти Ҷомӣ акси комили мисраи дуюми байти Камол, аст бо он фарқ, ки ба ҷои калимаи «булбул» Ҷомӣ муродифи арабии он, яъне «андалеб» -ро кор фармудааст. 

 Дар ғазали дигараш бо матлаъи зер:

 Чашми ту «сод» асту сари зулф «дол»,

Бо худ аз он ҳар ду маро сад хаёл.

 Ҷомӣ ин байтҳоро нигоштааст [21,467]:

 Ҷомӣ аз он лаб сухан оғоз кард,

Шуд лақабаш тутии «ширинмақол».

Ёфт камоле суханаш то гирифт,

Чошние аз суханони Камол.

   Абдурраҳмони Ҷомӣ номҳои суханварони пешинро бо эҳтиром ба забон мегирад, табъи ваққоду қудрати шоирии онҳоро арзёбӣ мекунад ва дар ин муносабат худро ҳамчун марди босипосу қадршинос нишон медиҳад. Дар «Силсилат уз-заҳаб» -и худ Ҷомӣ дар қатори бузургони гузаштаи шеъру сухан, ба монанди Рӯдакӣ, Унсурӣ, Мӯиззӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Низомӣ, Хоқонӣ, Саноӣ, Заҳири Форёбӣ, Салмони Соваҷӣ, Масъуди Саъди Салмон ва дигарон Камоли Хуҷандиро ном бурда, мегӯяд (Ниг. [21,32]):

 Аз Камолу гурӯҳи соъидиён,

Нест чизе ба ҷуз сухан ба миён.

   Аз ин байт бармеояд, ки Ҷомӣ мавқеъ ва манзалати баланди Камоли Хуҷандиро миёни суханварони номии гузашта медонист ва аз ҷараёни зиндагӣ ва аҳли тариқат будани ӯ хабар дошт. Беҳуда нест, ки дар «Нафаҳот ал-унс» ӯ чунин навиштааст: «Дар зовияе, ки дар Табриз дошта, хилвате будааст, ки шаб дар он ҷо ба сар мебурда, ва касе дигар он ҷо кам мерасида. Чун баъд аз вафоти вай онро диданд, ғайр аз бурёе, ки дар он ҷо менишаста ё мехуфта, ва санге, ки зери сар мениҳода, чизе дигар наёфтанд» [18,1131-1137; 23,382]. Аз ин ҷост, ки Ҷомӣ таъкид менамояд, ки аз Камолу ҳаммаслакони ӯ ба ҷуз сухани ваъзу панди орифона дигар чизе боқӣ намондааст.

  Ҳамаи гуфтаҳои боло нишон медиҳанд, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ дар осори худ Хуҷандро ҳамеша ба некӣ ёд мекарда ва фарзанди барӯманди он, Камоли Хуҷандиро на танҳо икрому эҳтиром намуд, балки бемуболаға, аз ӯ таъсир пазируфтааст.

 Тавзиҳот:

  1. Дар бораи Абулянбағӣ муфассалтар нигаред [11].
  2. Муҳтавои ин шеър ба шеъри ба Ҳирот бахшидаи Муинуддини Исфизорӣ, ки дар  китоби «Равзот ал-ҷаннот» -и ӯ оварда шудааст, ҳамоҳанг мебошад [14,94]:

Гар касе пурсад зи ту, к-аз шаҳрҳо хуштар кадом,

Гар ҷавоби рост хоҳӣ дод, гӯӣ: «Ҳарӣ».

Ҳамчу баҳр аст ин ҷаҳон, дар вай Хуросон чун садаф,

Дар миёни ин садаф шаҳри Ҳарӣ чун гавҳарӣ.

3. Дар бораи Мағрибӣ муфассалтар ниг. [18,1137-1142; 23,382-383].

4. Ибораи маъруфи Пайғамбари ислом дар хитоб ба Оиша аст, ки шарҳи онро нис. [4,245]

Ин ибораро дар ашъори баъзе шоирони дигар низ дидан мумкин аст. Аз ҷумла, Ҷомӣ ҳам онро дар яке аз ғазалҳояш истифода бурдааст [21,465]:

 «Каллимини ё Ҳумайро» карда вирд,

Бо лаби ширини он ширинмақол.

 Барои дастрасӣ ба иттилои бештар дар ин мавзӯъ муроҷаат шавад ба мақолаи А. Шеърдӯст «Адаби форсӣ ва «Каллимини ё Ҳумайро!» [24, 145-150]. 

Тоҷиддин Мардонӣ    

Институти забон ва адабиёт ба номи Рӯдакии АИ ҶТ

 

Адабиёт

  1. Абдулманнон Насриддин. Тазкираи шуарои Хуҷанд. Ба кӯшиши Ф. Насриддинов. -Хуҷанд: Ношир, 2015. -495 с.
  2. Абдулманнон Насриддин. Хуҷанд дар қаламрави адабиёти форсу тоҷик. // А. Насриддин. Куллиёти осор. Дар ҳафт ҷилд. Таҳия ва таснифи Ф. Насриддинов. -Хуҷанд: Ношир, 2013. -235-255 с.
  3. Абдулманнон Насриддин. Васфи Хуҷанд ва хуҷандиён дар шеъри форсӣ. // А. Насриддин. Куллиёти осор. Дар ҳафт ҷилд. Таҳия ва таснифи Ф. Насриддинов. -Хуҷанд: Ношир, 2013. -445-448 с.
  4. Абдулҷаббор Шоҳаҳмад (А.Суруш). Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ. -Хуҷанд: Хуросон, 2015. -730 с.
  5. Алтунҷӣ, Муҳаммад. Баҳоуддин ал-Омилӣ адибан, шоиран, олиман. -Димишқ: Маншурот ал-мусташория ас-сақофия ли-л-ҷумҳурияти –л- исломияти-л- ирония, 1405/1985. -168с.
  6. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. -Душанбе: Адиб, 2007. -480с.
  7. Ибн ал-Фақиҳ ал-Ҳамадонӣ. Мухтасар «Китоб ал-булдон»-Лейден, 1303/1885. -330 с.
  8. Камоли Хуҷандӣ. Девон. Тасҳиҳи Азизи Давлатободӣ. - Теҳрон: Нашри маҷмаъи бузургдошти Камоли Хуҷандӣ, 1375.
  9. Камоли Хуҷандӣ. Мунтахаби ғазалиёт. Бо муқаддима, интихоб ва тавзиҳоти Б. Мақсудов. -Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2008,-192 с.
  10. Мардонӣ Т.Н. Арабско-таджикское двуязычие в поэзии IX-X вв.-Душанбе: Маориф, 1993. -165с.
  11. Мардонӣ Т.Н. Об одном раннем двуязычном персидско-таджикском  поэте//Т.Н. Мардонӣ. Арабско-таджикские литературные связи. История и современность (Сборник статей). - Душанбе: Ирфон,2006. - с.56-69.
  12. Омилӣ, Баҳоуддин. Кашкул. Тарҷума ва таҳқиқи Азизуллоҳ Косиб. Чопи шашум. - Теҳрон: Интишороти Гулӣ,1379-711 с.
  13. Рӯдакӣ. Девон. Таҳия, тасҳиҳ ва сарсухану ҳавошии Қодири Рустам. Таҳти назари Сафар Абдуллоҳ. -Душанбе: Бухоро, 2015-333 с.
  14. Сабзаворӣ, Ризо Мустафавӣ. Хуҷанд ва хуҷандиён дар оинаи адаби форсӣ. //Мақолоти маҷмаъи бузургдошти Камоли Хуҷандӣ. Ҷилди аввал. -Табрез: Маҷмаъи бузургдошти Камоли Хуҷандӣ, 1375. -С.297-303.
  15. Садриниё, Боқир. Симои Камол дар оинаи тазкираҳо // Ироншинохт. Номаи Анҷумани ироншиносони кишварҳои муштарак ал-манофиъ ва Қафқоз. Шумораи 12, баҳори соли 1378/1999. -с. 78-98.
  16. Саидзода, Ҷамолуддин. Ҷомӣ-шоири таъсирпазир ва таъсиргузор. - Душанбе: Дониш, 2014. -170 с.
  17. Сафо, Забиҳуллоҳ. Ганҷинаи сухан. Порсинависони бузург ва мунтахаби осори онон. Ба иҳтимоми доктор Сайид Муҳаммад Туробӣ. Ҷилди 6. Чопи дувум. - Теҳрон: Амири Кабир, 1370/1991. -158 с.
  18. Сафо, Забиҳуллоҳ. Таърихи адабиёт дар Ирон. Ҷилди 3, бахши 2. Чопи даҳум. - Теҳрон: Интишороти «Фирдавс», 1373. -1461 с.
  19. Саъдии Шерозӣ. Куллиёт. Аз рӯи қадимтарин нусхаҳои мавҷуд. Ба иҳтимоми Муҳаммадалӣ Фурӯғӣ. Чопи дувум. - Теҳрон: Амири Кабир,2536 шоҳаншоҳӣ. -1042 с.
  20. Хоқонӣ. Девон. Ҷилдҳои 1-2. Веростаи д-р Мир Ҷалолуддини Каззозӣ. Чопи дувум. -Теҳрон: Нашри «Марказ»,1387/2008.1406 с.
  21. Ҷомӣ. Девон. Бо муқаддима ва тасҳиҳи Муҳаммад Равшан. - Теҳрон: Нигоҳ,1390. -840 с.
  22. Ҷомӣ. Баҳористон. Ба тасҳиҳу муқаддимаи А. Афсаҳзод. - Москва: ГРВЛ, 1987. -С. 145.
  23. Ҷомӣ. Нафаҳот ал-унс мин ҳазарот ал-қудс. Тасҳиҳи доктор Маҳмуд Обидӣ. -Теҳрон: Интишороти «Иттилоот», 1370.
  24. Шеърдӯст, Алиасғар. Адаби форсӣ ва «Каллимини, ё Ҳумайро!»//Мақолоти маҷмаъи бузургдошти Камоли Хуҷандӣ. Ҷилди аввал. -Табрез: Маҷмаъи бузургдошти Камоли Хуҷандӣ, 1375. -С.145-150.
Хондан 3891 маротиба