JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 06 Июни 2017 07:39

Мусиқӣ – садои эҳсосу авотифи инсонӣ (чанд андеша дар ҳошияи солгарди устоди ҳунари хунёгарӣ Аҳмад Зоҳир)

Муаллиф:

 Мусиқӣ ба унвони ҳунар аз қадимтарин замонҳо ҳамқадаму ҳамнафаси инсонӣ буда, дар ғаму шодӣ, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва дарду ранҷ инсони зиндаро шарикӣ мекардааст. Инсон танҳо дар қолаби мусиқӣ ба истилоҳ, «оҳи сабук» кашида, ба зиндагӣ аз нав дил мебандад ва онро гиромӣ медорад. Марг, ки оварандаи мусибатҳои инсонист, ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ зеҳни инсонро мусаххар сохта, ташвишу тараддудро ба ӯ ато мекунад.

  Дар ин миён ҳунари мусиқӣ аз дарун ва ботин инсонро озодӣ мебахшад: озодӣ аз дарду ранҷ, озодӣ аз кинаву кудурат, озодӣ аз мазаррату бадбинӣ, озодӣ аз зулму истибдод ва дар маҷмӯъ, озодӣ аз андӯҳи маргу нестӣ. Масалан, фалсафаи машҳури чинӣ, ки дар раъси он файласуфи барҷаста Конфутсий қарор дорад, бунёди тарбиятро ба ҳунар, шеър, ойинҳо ва мусиқӣ марбут медонад. Ба қавли файласуфи чинӣ Конфутсий: «Шеър ба гунаи як нерӯи ахлоқӣ табиати моро дигаргун мекунад ва ҳисси ахлоқро ба мо илҳом мебахшад. Маниши мо аз шеър парварда шуда, бо ойинҳо бунёд гирифта, бо мусиқӣ комил мешавад» (Чай Чу, Винберг Чай. Таърихи фалсафаи Чин.-Теҳрон, 1369. –С.56).

  Дар қолаби асотири куҳани иронитаборон шахси нодор «бенаво» ва сарватманд «бонаво» талаққӣ шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки бенаво касе буд, ки имкони шунидани суруд ва мусиқиро надошта ё суруд хонда наметавонистааст. Бар мабнои ин, мафҳуми хунё зуҳур кард, ки маънои «хушнаво»-ро дошта, ба касе итлоқ мешудааст, ки имкони шунидани мусиқиро доштааст. Дар марзи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ имкони шунидани мусиқӣ ва дастрасӣ ба он аз авлавиятҳо маҳсуб меёфтааст ва мардум мекӯшидаанд, ки ба шунидани мусиқӣ ва дар ин замина, бардоштани завқу лаззати эстетикӣ шарафёб гарданд. Бар ин асос буд, ки бенавоён ба Баҳром арзу шикоят карданд, ки имкони шунидани мусиқӣ надоранд ва ӯ аз Ҳиндустон мусиқинавозонро даъват кард, то имкони шунидани мусиқӣ ҳосил шавад(ниг.:Ҷамолӣ Манучеҳр. Сиёҳмашқҳои рӯзонаи як файласуф. Бахши дуввум. –Ландан: Курмалӣ, 1995. –С.62). Дар «Шоҳнома» баҳра бурдан аз мусиқӣ ё набурдан аз он нишони тавонгарӣ (бонавоӣ) ва дарвешӣ (бенавоӣ) будааст. Ин аст, ки дар шаҳрҳои ормонии «Шоҳнома» аз ҳар кӯйе садои мусиқӣ баланд аст:

                       Ҳама шаҳр, гармобаю рӯду ҷӯй,

                       Ба ҳар барзане ромишу рангу бӯй.

  Дар достони Ҷамшед тавассути ромишу мусиқӣ содир гардидани фармони Ҷам (шоҳ Ҷамшед дар назар аст) баёнгари он аст, ки фармону маншури  хукумат бояд ҳаммонанди овозу оҳанги мусиқӣ дилнавоз бошад. Матлабро ба чунин мазмун Ҳаким Фирдавсӣ  чунин хулоса кардааст:

                        Ба фармон-ш мардум ниҳода ду гӯш,

                        Зи ромиш ҷаҳон пур зи овою нӯш.

    (таваҷҷуҳ шавад: Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. Ҷилди аввал. –Теҳрон: Корвон, 1387. –С.56).

  Дар таърихи фарҳангу санъат ва адаби форсӣ-тоҷикӣ бо истилоҳоти «ромиш», «наво» ва «хунё» бархӯрд мекунем, ки ҳамагӣ ҷараёни мусиқиписандии мардуми иронитаборро таҷассум менамоянд. Ромиш дар луғат ба маънии оромиш, осудагӣ, фароғ ва сукун, суруду овоз, шодӣ ва айшу тараб омадааст(ниг.:Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди дуввум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.1212). Наво маънои овоз, оҳанг ва номи яке аз оҳангҳои мусиқии ирониро ифода мекунад(Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди севум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.2419). Хунё бошад, ба маънои суруд, овоз, нағма далолат мекунад (Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди дуввум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.1044). Ҳар се вожа, аз лиҳози этимологӣ ё баромад форсӣ-тоҷикианд ва дар имтидоди тӯлонии замонӣ барои ифодаи мазомини мусиқавӣ корбаст шудаанд.

  Вожаи мусиқӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ аз забони арабӣ ворид шудааст ва асли он юнонӣ буда, аз решаи «муза» (фариштаи ҳунар ва олиҳаи суруд дар асотири Юнон) бармеояд. Тибқи таъкидоти муҳаққиқон, инсонҳои қадим аввал ба садоҳои маъмулии табиат – ғурроси бод, шаршари об, гулдурроси раъду барқ, овози ҳайвонот, хониши парандаҳо тақлид мекардаанд ва зимни ҳамин тақлидкориҳо нидоҳои баланди иборат аз ду-се нағмаро истифода мебурданд(ниг.:Низомӣ Аслиддин. Таърихи мусиқии тоҷик. –Душанбе: Адабиёти бачагона, 2014. –С.10). Ба назари муҳаққиқон, санади бисёр арзанда ва қобили ғайриинкори комили шеър ва мусиқии мардуми форсу тоҷик дар даврони бостон сурудҳоест, ки ҳудуди 3500 сол пеш аз ин (1500 сол пеш аз милод) дар қаламрави Ирону Хуросон суруда шуда, ҳанӯз дар даст будааст ва он «Госоҳо»-и ашу Зардушт мебошад (Ҳақиқат Абдуррафеъ. Таърихи ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандони иронӣ. Бахши аввал. –Теҳрон: Кумиш, 1384. -С.26). Ҳатто қабл аз сурудаҳои зардуштӣ ҳам мардуми форсу тоҷик ва умуман, ҷомеаи бостонӣ ба суруду мусиқӣ эҳтиром қойил буда, дар мушкилоту нобасомониҳои рӯзгор аз он мадад меҷустааст. Чуноне ки пештар ироа доштем, на ҳар кас имкони шунидани мусиқиро доштааст ва он дар дастрасии табақоти олирутба ва ашрофӣ қарор гирифта, мардум имкони шунидани мусиқиро надошт. Қатъи назар аз он ки мардум аз шунидани мусиқии ба истилоҳ, маданӣ, ки дар дарбор ва амокини салтанатӣ садо медодааст, бенасиб буданд, миёни худ замзама мекарданд ва оҳанг эҷод менамуданд. Ин аст, ки ҷараёни шинохт ва маърифати мусиқӣ дар миёни омма ба сабку равиши муқаррарӣ идома дошта, то имрӯз масири шунидан ва эҷоди мусиқии мардумӣ-халқӣ ҳамчунон ҷараён дорад.

  Мусаллам аст, ки мусиқӣ бо шеър ҳамқадам ва ҳамқисмат аст ва аз бомдоди таърихи инсонӣ ҳар ду дар ҳамбастагӣ нидои эҳсосу авотифи мардумиро дар баробари мушкилоти заминию осмонӣ ифода мекарданд ва имрӯз ҳам, бо гузашти асрҳои тӯлонӣ мусиқӣ ва шеър зиндагӣ ва вуҷудро бар нозиндагӣ ва адам тарҷеҳ медиҳанд. Дар ин марз аст, ки мусиқӣ эҳсос, авотиф ва ормони инсониро дар мувоҷеҳа бо мушкилоти рӯзафзуни фалакӣ ва заминӣ буруз мекунад ва ба гӯши ҳастӣ мерасонад.

  Мусиқӣ ҳунар аст, ҳунари бозофаринии эҳсос ва отифати инсонӣ, ҳунари тавозун бахшидани ҷисму рӯҳ, санъати шинохти арзишҳои ботинӣ ва сириштӣ ва билохира офариниши ҷаҳони зебоӣ. Маънои мусиқӣ, қабл аз ҳама, дар озодӣ аст, озодии дарунӣ, ботинӣ ва ҳар гоҳ инсон аз мушкилоту даргириҳои зиндагӣ хаста мешавад, мехоҳад  аз тариқи суруду мусиқӣ хастагиашро ҷуброн созад. Ҳамин озодист, ки инсонро дар масири зиндагӣ ба шоистасолорӣ мерасонад. Бастагии инсон ба мусиқӣ, қабл аз ҳама, ба эҳсоси зебоиписандӣ ва бурузи ғизои эстетикиаш марбут аст. Маҳз талаботи эстетикӣ дар қиболи шунидани мусиқӣ инсонро ба сӯйи озодии ботинӣ савқ медиҳад.

  Чунин навъи мусиқиеро, ки қалбҳоро ба шӯр оварда, эҳсоси истиқлолро дар вуҷуди инсонӣ туғён мебахшад, метавон дар маҳфили вижа, ки ба ифтихори 70-солагии хунёгари маъруфи Шарқ, устод Аҳмад Зоҳир дар қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор санаи 19 июни соли 2016 бо ибтикори дастандаркорони Ҷамъияти дӯстии халқҳои Тоҷикистону Афғонистон, ташаббускорони доимии маҳфили овозхони шаҳир, минҷумла устод Султони Ҳамад доир шуд, шунид ва мушоҳида кард. Дар ин робита бояд афзуд, ки ҳамасола рӯзи 14 июн ба муносибати солрӯз ва солмарги устод Аҳмад Зоҳир аз ҷониби ихлосмандони овозу оҳанги ҳунарманди фақид базми ёдбуд барпо мегардад, ки дар он ихлосмандони мусиқии Аҳмад Зоҳир гирди ҳам ҷамъ омада, бо хониши сурудҳои устод хотираи ӯро пос медоранд. Ҳамчунин дар маҳфил намояндагони табақоти гуногуни иҷтимоӣ, фикрӣ, илмӣ, маърифатӣ, сиёсӣ ва фарҳангии дохилӣ ва минтақавӣ (аз ҷумла меҳмонон аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон) ширкат варзида, аз оҳангҳо ва овози марғуби шефтагони ҳунари волои устод Аҳмад Зоҳир баҳраманд мегарданд. Дар ин кор, чуноне ки қаблан таъкид доштем, саҳми бевоситаи бастагони ҳунари устод Аҳмад Зоҳир, махсусан рӯзноманигори варзида ва донишманди тоҷик устод Султони Ҳамад назаррас аст (мутаассифона, исми дигар  саҳмгузорони маҳфилро дуруст намедонам, бинобар ин, аз нагирифтани исми онҳо дар баробари номи устод Султон самимона узр мепурсам). Ин ибтикор, ки солҳост идома дорад, моҳи июни ҳар сол ҳаводорони мусиқии Аҳмад Зоҳирро ҷамъ меоварад, завқи мусиқиписандӣ, ташаккул ва тавсеаи эҳсоси озодихоҳии сириштию ботинӣ, бедор кардани ҳувияти хоболудаи инсониро, ки тавассути ноогоҳиҳо ба уқдаи равонӣ бадал мешавад, тавлид ва бозтавлид мекунад. Он чи ки имрӯз миёни наслҳои ҷомеа, махсусан насли ҷавон, ба истилоҳ, камёб ё дефитсит шудааст, завқи бадеӣ-эстетикӣ (зебоиписандӣ), мусиқиписандӣ, дарки амиқи мусиқии асил, шунида тавонистани овоз ва оҳанги баланд маҳсуб меёбад.

  Дар маҳфил ҳунармандони маъруф, устодон Ҷамшед Исмоил, Баҳодур Неъмат, як идда овозхонони шинохта ва чун ҳамешагӣ ҳаваскорон-ихлосмандони сабки сарояндагии устод Аҳмад Зоҳир ширкат варзиданд. Маҳфил бо кинохроникаи кӯтоҳи устод Султони Ҳамад, ки бар мабнои асноди зарурӣ танзим шуда, атрофи зиндагиномаи овозхон баҳс мекард, оғоз ёфт. Дар филмнома лаҳзаҳои муҳимми зиндагиномаи устод Аҳмад Зоҳир аз забони муаллиф муассир садо дод, ки тавассути он ҳозирин (албатта, нафароне, ки аз аҳволи овозхон иттилооти кофӣ доранд) бори дигар муҳимтарин лаҳазоти зиндагии Аҳмад Зоҳирро аз тариқи филмнома диданд. Гардонандаи маҳфил ин дафъа (дафъаҳои қаблӣ муҷрии маҳфил устод Султони Ҳамад буд) ҳунарманди варзида Парвиз Пӯлодӣ буд ва дар доираи имконоти мавҷуда ҳар ҳунарманди даъватшуда аз эҷодиёти устод Аҳмади Зоҳир суруд хонда, хотираи хунёгари шаҳирро гиромӣ дошт. Вазъи куллии ҳозирини маҳфил болида буда, аксаран  овозхононро ҳангоми сурудхонӣ ҳамовозӣ мекарданд. Чунин навъ маҳфилҳо халои фарҳангӣ, ҳунарӣ ва фикрии моро комил месозанд ва ширкаткунандагонро ботинан, дарунан ва сириштан тағйир медиҳанд. Болидарӯҳӣ ва фазои солими эҷодӣ, ки дар толор ҳукфармо буд, назари куллиро ба ояндаи неки мамлакат тақвият мебахшад. Имрӯз, ки дар миёни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ хурофоту таассуби мазҳабӣ доман густурдааст, шунидани мусиқии асил, чи дохилӣ бошад, чи хориҷӣ аз аҳамияти вижа бурхӯрдор аст. Мусиқии асил ҳамеша торҳои завқу салиқаи бадеӣ-зебоиписандии инсонро бедор карда, рӯҳияи ӯро дар баробари мушкилоти равонӣ муқовиматпазир месозад. Ҳар қадар чунин маҳфилҳо зиёд шавад, хамон қадар сатҳи буҳронҳои фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ  ва маданӣ пойин меравад. Мусиқии асил решаи хурофот, таассуб ва ҷаҳолатро, ки пӯсонандаи ҷомеанд, заиф месозад ва роҳи муборизоти маданӣ ва ҳунариро бо чунин навъи «вабо» ҳамвор мекунад.

  Дар шароите ки муқовимату бархӯрдҳои шадиди идеологӣ, сиёсӣ ва геостратегӣ дар минтақа ва ҷаҳон сурат мегиранд, ширкат варзидани наслҳои ҷавон, миёнсол ва солманди ҷомеа дар чорабиниҳои маданӣ ва ҳунарӣ, минҷумла маҳфилҳои шеъру суруд  иммунитети фарҳангӣ, равонӣ, ҳунарӣ ва ахлоқии одамонро мустаҳкам мекунад. Ба ёд меоварем маҳфилҳои шеъри устодон Муъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Гулназар, Бозор Собир, Гулрухсор ва дигаронро, ки дар доираи чорабиниҳои Ҳамоиши адибони ҳавзаи Наврӯз доир гардид, муштариёни зиёди шеъру суруди миллиро муттаҳид карда, фазои солими фикрӣ ва эҷодии ватаниро таҳкиму тақвият бахшид. Иштироки фаъоли насли ҷавон дар маҳфилҳои шеъри устодони назми муосири тоҷик баёнгари он аст, ки имкони фазосозии фарҳангӣ ва ҳунарӣ комилан дар ихтиёри мост ва дар ин замина, метавон корҳои зиёдеро пиёда сохт. Идома додани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бо ҳузури васеи олимон, донишмандон, шоирону нависандагон, адибон, ҳунармандон тавозуни фикрӣ, маданӣ  ва равонии ҷомеаро ба миён оварда, ҷилави  ифроту тафритгариро дар ҳар самт як дараҷа мегирад. 

  Мардум, табиатан ташнаи шеъру суруд аст ва шеъру суруди асил инсонро, новобаста аз тааллуқоти табақотӣ, динӣ-мазҳабӣ ва сиёсию мафкуравӣ сифатан тағйир медиҳад. Мусиқӣ забони эҳсос ва отифат буда, аз он ҷиддӣ ва ҳадафмандона кор гирифтан баробар аст ба сохтани дунёи нав. Дунёи тоза ва ҷадиди меҳру муҳаббат ва самимияту отифат. Бо таваҷҷуҳ ба ин, сурудҳои ҷовидонаи устоди зиндаёд Аҳмад Зоҳир забони гӯёи муҳаббат, отифат, шарофат, самимият, латофат, ҷасорат, ҷуръат ва билохира инсоният мебошанд ва гиромидошти хотираи ӯ тавассути баргузории маҳфилҳои махсус ва аз ин тариқ тарғиби саросарии мусиқии зиндаи шарқӣ (дар мисоли мусиқии Аҳмад Зоҳир) рисолати миллӣ ва инсонист, ки, хушбахтона, дастандаркорони маҳфили ёдбуди хунёгар ҳамасола анҷом медиҳанд ва дар иҷрои ин амр аз эшон самимона арзи сипос менамоем. Ин мардум, воқеан, рисолати фарҳангӣ, ҳунарӣ ва инсонии худро дар назди ҷомеа иҷро кардаанд ва мо низ бояд дар пайи анҷоми рисолати инсонӣ дар ҳар шаклу мазмуне бошем, то дар самти дурӣ ҷустани ҷомеа аз ҳар гуна хурофоту таассуби бебунёд саҳм бигирем.  

Нозим Нурзода

Хондан 2557 маротиба