JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 06 Июни 2017 08:01

Фарҳанги миллӣ дар пешорӯйи хатарҳои глобалӣ

Муаллиф:

    Зебоии замину замон аз намуди мост,

    Ин осмон масири фарозу фуруди мост.

    Ноогаҳӣ тариқати банду қуюди мост,

    Огоҳӣ расму маслаки фатҳу кушуди мост.

    Беазмиҳо асолати заъфу рукуди мост,

    Фарҳанг аслу азму тавони вуҷуди мост.

    Гуфту шунуди мост,

    Пайку дуруди мост.

    Шеъру суруди мост.

    Чун тору пуди мост,

    Пас, ҳасту буди мост!

  Мардуми форсу тоҷик тайи таърихи тӯлонӣ тавассути таҳоҷуму истеъмори аҷнабӣ, зулму истибдоди дохилӣ, саҳлангории давлатмардону ҳукуматдорон, бехабарию ноогоҳӣ аз вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва динию дунявии замон, нашнохтани ҳадафу мақсадҳои идеологии бегонагон ва билохира рӯйкард ба ҷаҳл, хурофот ва таассуб ранҷу азоби зиёд кашида, ҷисман ва рӯҳан хаста шудааст. Албатта, ба шарофати истиқлолият дар марҳилаи навини таърихӣ мардуми тоҷик масири зиндагиро тағйир дода, рӯ ба таҷаддуди фикрию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ниҳода истодаанд, вале ҳоло ҳам ҷомеаи тоҷикӣ аз бандубори хурофоту ҷаҳолат ва таассуби даҳшатовар куллан наҷот наёфта, тадриҷан раванди ташаннуҷи таассубпарастӣ ва ҷаҳолатхоҳии оммавӣ дар Тоҷикистони кунунӣ, мутаассифона, тақвият ёфта, тадовум пайдо карда истодааст. Ҳадаф инҷост, ки ҷаҳолат, хурофот ва таассуб ҳамеша ифротгаройиро тавлид карда, василаю абзори муҳими тадовуми беназмию бетартибӣ, бадахлоқию бадандешӣ, кинаю адоват, нафрату бадбинӣ дар ҷомеа гардида, роҳи тараққиёту таҳаввулоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, фикрӣ, фарҳангиро ба таври куллӣ барбаста, мардумро дар тангнои фикрию сиёсӣ қарор дода, ҷониби хирадзудоию варшикастагӣ равона месозад. Агар муруре кӯтоҳ ба таърихи ҷавомеи мусулмон дошта бошем, ба осонӣ дармеёбем, ки аксаран, дар вартаи ҷаҳлу ҷаҳолат қарор доштаанд. Ба унвони намуна метавон гуфтаи сайёҳи франсавӣ Волнейро овард, ки дар садаи ҳаждаҳуми мелодӣ аз Миср дидан намуда, таассуроташро бад-ин тарз ироа доштааст: «Ҷаҳл дар ин шаҳрҳо ому шоеъ аст. Ин шаҳрҳо монанди ғолиби билоди Усмонӣ (Туркия) аст, ки ҷаҳл дар миёни ҳамаи табақоти онҳо русухи комил дорад ва илму адабу ҳунару саноеъ дар онҳо ба баситтарин ва ибтидоитарин сурате боқӣ мондааст, чунонки агар соати шахсе хароб шавад, касеро наметавон ёфт, ки онро дуруст кунад, магар он ки бегона бошад» (Ҳалабӣ Алӣ Асғар. Таърихи наҳзатҳои динӣ-сиёсии муосир. Теҳрон: Заввор, 1382.-С.8).  

  Чун ҳадафи навишта ифротгаройӣ ё ба истилоҳ экстремизм аст, суханро аз луғатшиносии мафҳум оғоз мекунем.  Экстремизм («extremism» аз лафзи лотинии «extremus» баргирифта шуда, маъноҳои охирин ҳад, ҳадди ниҳоӣ, назари ниҳоӣ ва ифротӣ доштанро далолат мекунад), дар адабиёти сиёсию динӣ, асосан ба маъниҳои дар сиёсат ба назар ва фаъолияти ифротӣ мутамоил будан (Социологический энциклопедический словарь. Редактор –координатор академик Российской академии наук Г. В. Осипов. –Москва: Издательство Норма, 2000. –С.422), дар назар ва  ақидаи сиёсӣ ба зиёдаравӣ роҳ додан (Большая Советская Энциклопедия. Том 30. –Москва: Советская Энциклопедия, 1978. –С.19), пайравӣ ба назария ва чорабиниҳои ифротӣ, ифротталабӣ (Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Ҷилди 2. –Душанбе, 2010. –С.699) ва ниҳоятан, саъю талоши ҳалли мушкилот тавассути усулҳои тунду радикалӣ, истифодаи тамоми намудҳои зӯроварӣ ва террор барои расидан ба ҳадаф (Павленок П. Д. Краткий словарь по социологии. –Москва:Инфра-М,2001.–С.247) истифода шудааст. Экстремизм дар шакли истилоҳи «ифротгароӣ» дар чанд соли ахир дар маҳдудаи коршиносии ватанӣ мавриди корбурд қарор гирифта истодааст. Ифротгароӣ аз решаи арабии «фарт» ба маъниҳои пешдастӣ ва аз ҳад даргузаштан, чира шудан, таҷовуз аз ҳадду андоза, зиёдаравӣ, ифрот ва таҷовуз аз чизе (Фарҳанги Амид. Ҷилди севум. Таълифи Ҳасан Амид. Теҳрон: Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1381.-С.1826), ҳамчунин дар шакли   ифрот ба маъноҳои аз ҳад гузаштан, аз ҳадду андоза таҷовуз кардан, зиёдаравӣ кардан ва умуман, зиёдаравӣ омадааст (Фарҳанги Амид. Ҷилди аввал. Таълифи Ҳасан Амид. Теҳрон: Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1381.-С.236).

  Бояд тазаккур дод, ки экстремизм (ифротгаройӣ) бо бунёдгаройӣ (фундаментализм) ва радикализм (тундгаройӣ) ҳукми бародарӣ дошта, ин ҳар се дар якҷоягӣ маҷмӯаи мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва умуман, моддию маънавиро дар маҳдудаи иҷтимоӣ ба вуҷуд меоранд ва саранҷом боиси ҷангу низоъҳои бардавоми бемаънӣ, қатлу куштор, даҳшату ваҳшати мардумӣ мегарданд. Радикал (Radicalisme аз решаи «Radical»-и лотинӣ ба маънои решаӣ, аслӣ, асосӣ, марбут ба решаи як чиз – ниг.: Фарҳанги Амид. Ҷилди дувум. Таълифи Ҳасан Амид. Теҳрон: Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1381. -С.1202) пайрави чораҳои ифротӣ ва қатъӣ дар иҷрои амале маҳсуб меёбад(Словарь иностранных слов. –Москва: Русский язык, 1990. –С.423). Дар таърихи тамоми мардуми ҷаҳон усулгаройӣ, тундгаройӣ ва ифротгаройии динӣ-мазҳабӣ берабтӣ ва шикасти бофтҳои иҷтимоиро ба вуҷуд оварда, махуфтарин балоёро сари мардум рехтанд. Мусаллам аст, ки ҷанг, хунрезӣ ва қатлу ғорат аз ҷумлаи махуфтарин ва палидтарин балоёи мумкин дар радифи зилзила, сел, тоъун, вабо, қаҳтӣ ва хулоса, тирагӣ маҳсуб шудааст (Таҳлиле бар ҷанги таҳмилии Ироқ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Ирон. Ҷилди дувум. Теҳрон, 1367. –С.1).      

   Наҳваи муборизоти динӣ-мазҳабӣ дар ҷаҳони муосири исломӣ бештар рӯйи таассуби динӣ қарор дошта, маъмулан  калимаи «мутаассиб»-ро бо вожаи «мутатарриф» ё ифротӣ баробар талаққӣ кардаанд (Р.Ҳрайр Декмиҷиян (R. Hrair Dekmgian). Ислом дар инқилоб. Теҳрон: Интишороти Кайҳон, 1377. –С.24). Вижагиҳои фарогиранда, чандмарказӣ ва муҳимтар аз ҳама, мудовамати ҷунбишҳои исломии хусусияти ифротгароёнадошта дар тавсеаю густариши низоми ифротӣ дар манотиқи мухталифи даргир дар шаклҳои нав дар шароити феълӣ низ муассиранд. «Ихвон-ул-муслимин», «ал-Қоида», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Ансоруллоҳ» ва соири созмонҳои сиёсии исломӣ дар шароити имрӯзӣ тавлидгари асосии низомҳои ифротӣ-экстремистӣ дар манотиқи Шарқи мусулмонианд. Созмонҳои мазкур на танҳо боиси ташаннуҷи вазъ дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ мегарданд, балки вазъи куллии ҷаҳонро мағшуш месозанд. Ин аст, ки ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ бо ин гурӯҳу созмонҳои махуф мубориза мебарад ва дар ҳар минтақаи рӯшан садо алайҳи ифротгароён баланд аст. Аммо хадамоти махсуси ғарбӣ, ки дар саргаҳаш сиёсати амрикоӣ-англисӣ қарор дорад, таври ниҳонӣ муассис, маблағгузор ва тавсеадиҳандаи чунин созмонҳо маҳсуб шуда, танҳо дар лафзу шиор алайҳи онҳо мубориза мебарад.

  Аз таърих хуб дар ёд мондааст, ки идеологияҳои динӣ-мазҳабӣ дар ҳама давру замон бо мақсади дар инҳисори фикрӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва иҷтимоӣ қарор додани мардум аз силоҳи таҷрибашудаи таърихӣ -- ҷаҳлу ҷаҳолат ва зулму истибдод, ки пояҳои асосии низомҳои сиёсии диктаторӣ ва такраҳбарӣ маҳсуб меёбанд, васеъ истифода намуда, бад-ин тариқ тӯдаҳои мардумро таҳти назари доимӣ мегиранд. Инҳисор ё изолятсияи фарҳангӣ роҳи аз ҳама қавӣ ва санҷидашудаи таърихиест, ки тавассути он фарҳангҳо, дину ойинҳо, расму маросимҳо, диду андешаҳо, бинишу донишҳои мардум таҳриф шуда, бар пояи ҷаҳлу зулми маънавӣ нигаҳ дошта мешаванд ва саранҷом, дар зеҳни мардум бадгумониҳои фарҳангӣ реша давонда, раванди бегонашавӣ (процесс отчуждение) дар ҷавомеи авомписанд тасаллут пайдо мекунад ва охируламр аз асли миллӣ ва бумӣ канда шудани комплексҳои фарҳанги мардумӣ ба миён меояд.

  Раванди муосири ҳаводиси сиёсӣ дар баъзе мамолики шарқӣ собит сохта истодааст, ки бидуни доштани иммунитети фарҳангӣ ва сиёсӣ дар шароити сиёсии глобалӣ зиндагӣ кардан ва, муҳимтар аз ин, зинда мондан мушкил аст. Мушкил ин ҷост, ки падидаҳои номақбул, хашин, мазарратовар ва ғайриинсоние монанди бунёдгаройӣ (фундаменталитзм), ифротгаройӣ (экстремизм), тундгаройӣ (радикализм) ва натиҷатан, даҳшатафканӣ (терроризм)-и динӣ-мазҳабӣ фазои фарҳангӣ ва маънавии мамолики Шарқи мусулмониро фаро гирифта, роҳи бурунрафтро аз ҳар тараф бастаанд. Падидаҳои мазкур, ки зоидаи табъу истеъдоди ҷаҳолатмаобони давранд, ҳамеша аз ҷониби қудратҳои бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ шуда, вазъи куллиро дар манотиқи гуногуни шарқӣ, ба вижа, шарқи мусулмонӣ ноҷур месозанд. Сухан сари ин аст, ки фарҳангҳои миллию бумӣ дар ҷараёни ташаннуҷи ифротгаройӣ ва тундгаройии динӣ таҳти хатари азим гирифтор шуда, дар садади нобудӣ қарор мегиранд.

  Бояд тазаккур дод, ки аз охири садаи бистум дар тарҳи нави сиёсӣ масъалаи ба ислом рӯ овардани масеҳиён ва умуман, фарҳангиёну нухбагони урупоӣ матраҳ аст. Бо ин фиреби назар дастандаркорон исломгаройиро дар шакли таҷаммуи мардумӣ тавсеа додан мехоҳанд ва ин падидаро дида, ҷомеа аз диёнати исломӣ ва бартарияти он аз дигар ақоиду мазоҳиб ифтихор мекунад. Ҳол он ки ҳанӯз нависанда ва мутафаккири шаҳири иронӣ Содиқ Ҳидоят дар нимаи аввали садаи бистум ин масъаларо пай бурда, таъкид дошта буд, ки фаронсавиён (фарангиён – урупоиён –Н.Н.) ба ислом ин қадар зиёд часпидаанд, то мусулмононро беҳтар савор шаванд (Ҳидоят Содиқ. Корвони ислом. Интишороти Созмони ҷунбиши натсионалистии донишгоҳиёну донишпажӯҳон ва равшанбинони Ирон, 1361. –С.6). Чашми насли ҷавони ҷомеаи тоҷикӣ, мисли ин ки ихтиёран баста шудааст ва намехоҳад чашмашро боз карда, воқеият ва ҳақиқатро ошкоро бубинад. Охир, кори эҳсосоту тасаввурот, ки дин ва мазҳаб бар мабнои онҳо асос ёфтааст, дар сарҳади бехудӣ анҷом меёбад. Ҳувияти динӣ-мазҳабӣ, дар ҳар шакли зуҳур баёнгари ҳувияти миллӣ нест, чаро ки побанди маҳдудиятҳои ақидатист. Тайи таърихи тӯлонӣ марзи андеша, фарҳанг ва дар маҷмӯъ, рӯҳи миллӣ дар инҳисороти идеологӣ қарор дошт ва ин раванд дар шароити имрӯза, ки бархӯрдҳои тамаддунии динмеҳвар рӯз ба рӯз ташаннуҷ мекунанд, таҳкиму тақвият ёфта истодааст. Дар ҳоле ки дар таърихи миллӣ нахустин маротиба Куруши Кабир ба тамаддун, эътиқод, афкор, мазҳаб ва сунани иҷтимоии миллатҳои мағлуб ба дидаи эҳтиром менигарист (Ризоӣ Абдулазим. Таърихи даҳҳазорсолаи Ирон. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1368. –С.249), аксари наслҳои имрӯзии мо, ки бар асари фишору бориши мағзии ифротӣ ҳувияти бегонаро пазируфтаанд, дар масири бегонагӣ ҳаракат карданро  авло медонанд. Фарҳанги ҳар ҷомеа (қавм, тоифа ё миллат) махлуқи фаъолиятҳои фикрӣ ва зеҳнии ҷомеа аст. Миллатҳо, ақвом ва тавоиф бо фарҳангашон аз якдигар мутамоиз мешаванд ва ҳувияташон дар фарҳанг нуҳуфтааст (ниг.: Ҳасан Малик. Фарҳанг ҳастаи муқовимат дар баробари таҳоҷуми бегонагон аст. http: //http. Kavehroom. Com/ –С.145).

  Ба назари ҷомеашиноси иронӣ Алӣ Ризоқулӣ, авомзадагӣ, ки дар асоси ҷаҳолату нодонӣ рӯйи кор меояд, як бемории риққатбор ва андешакуши иҷтимоӣ (ва миллӣ –Н.Н.) аст (Ризоқулӣ Алӣ. Ҷомеашиносии нухбакушӣ: таҳлили ҷомеашинохтии бархе аз решаҳои истибдод ва ақибмондагӣ дар Ирон. Теҳрон: Нашри Най, 1377.-С.227-228). Авомзадагӣ, дар асл, хирадситезӣ ё ба қавли Абдулҳодӣ Ҳоирӣ, «яксуянигарӣ» (Зебокалом Содиқ. Мо чӣ гуна мо шудем: решаёбии илали ақибмондагӣ дар Ирон. Теҳрон: Интишороти Равзана, 1378.-С.206) буда, мунҷар ба афзоиши бемайлони ифротгаройӣ ва ба ин монанд истибдоди равонию ҷисмонӣ мегардад. Ин аст, ки маҳз салтанати тадриҷии ҷаҳолати минтақавӣ боиси вусъат пайдо кардани раванди бегонашавӣ гардида истодааст. Ҳарчанд ки илму дониши ҷаҳонӣ имрӯз  вусъати кайҳонӣ касб мекунад, мо ҳанӯз дар фикри побарҷо доштани хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ зиндагӣ мекунем ва ақаллан фармудаю насиҳати Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро, ки ифтихори дину мазҳаб аст, ба эътибор намегирем:

              Сахтгириву таассуб хомӣ аст,

              То ҷанинӣ кор хуношомӣ аст.

  Вазъи муосири сиёсию динӣ тақозо мекунад: агар дар низоми сиёсии ҷаҳони имрӯз заиф бошем, ногузир ба вартаи сиёсатҳои хашини динӣ-мазҳабӣ, ки ҳамагӣ дар хурофот ғутидаанд, меафтем ва оқибати он хеле маргбор аст, чаро ки бозии эҳсосоти мазҳабӣ ҳеҷ гоҳ поён намеёбад ва риштаи мудовимати он дар дасти абарқутратҳо буда, ҷомеаҳои аз назари маърифатӣ ва огаҳӣ заифро ҳамеша дар ҳоли ҷангу низоъ қарор медиҳад, то роҳи ҳадафмандии миллӣ ва фарҳангиро дарнаёбанд ва абадуддаҳр бастаю бандаи хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ бимонанд. Мо дар шароите қарор дорем,  ки онро шоир ин тавр ба риштаи тасвир баркашидааст:

                             Бирав қу шав, агар роҳати ҷаҳон талабӣ,

                             Ки дар низоми табиат заиф помол аст.

Ё, дақиқтарашро Бедили Деҳлавӣ арз доштааст:

                            Оқибати ин маърака оҷизкушӣ аст,

                            Зинҳор ин ҷо нотавон манмоӣ.

   Дарвоқеъ, сарнавишти миллати мо дар раванди ифротгаройии динӣ рӯйи хатари ҷиддӣ қарор дошта, он дар ҳоли ҳозир ва минбаъд давлати Тоҷикистон ва ҷомеаи тоҷикиро ба мушкилоти азим мувоҷеҳ месозад. Хатар, пеш аз ҳама, инҷост, ки пояҳои ниҳодҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ, маърифатӣ ва фарҳангии мо аз назари сатҳи огаҳӣ ва бинишмандӣ заиф ба назар мерасанд ва ин ақшор байни худ дар таноқузи огоҳона ва ноогоҳона қарор гирифта, ҳанӯз ба сатҳи зарурии иттиҳод ва тафоҳуми фарҳангӣ нарасидаанд. Дар шароити имрӯза, ки пешорӯйи мо хатароти ҷиддӣ -- ифротгаройӣ, тундгаройӣ ва тарсафкании динӣ-мазҳабӣ қарор доранд, фарҳанги миллӣ метавонад ба сифати абзори неруманди мафкуравӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ дар баробари хатароти фавқ  истодагарӣ намояд ва тавозунро дар  ҳар шакле  ҳифз созад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ниҳодҳои маърифатӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва фарҳангиро зарур аст, ки барои ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи динӣ-мазҳабӣ (ки аз рӯйи таҷриботи таърихӣ, одатан дар шакли ифротию тафритӣ буруз мекунад) бо ҳам даст диҳанд ва ба ин восита дар ҳамбастагии миллӣ ва мубориза алайҳи бунёдгаройӣ, тундгаройӣ ва экстремизми динӣ-мазҳабӣ саҳми асосӣ бигиранд.      

Нозим Нурзода

Хондан 2255 маротиба