Илм (аз форсӣ ба маънои омӯхтан) – сохторест барои тавлид ва сомондиҳии дониш доир ба ҷаҳони табиӣ ва пешбиниҳои озмоишшуданӣ. Инчунин, ба маънои маърифат, хирад, дониш, заковат ва маҷмӯи маълумот оид ба ягон соҳа низ ифода карда мешавад. Доир ба илм нахустин маротиба олими Юнони қадим Арасту фикру ақидаҳои хешро пешниҳод намудааст. Ӯ асоси пешрафти ҳама соҳаҳоро дар ҳамин ришта, яъне илм медид. Илм одатан дар муҳити фаъолияти одам, мақсади худ, ҷамъкунии захира, классификатсия, анализ, хулосаи умумӣ, нақлкунӣ ва истифодабарии хабари ҳақиқат, тасвир кардани табиат (илми табии, табиатшиносӣ) ё фанҳои ҷамъиятии гуманитарии равиш ва пешбиникунии тараққиёти онҳо мебошад. Ба ғайр…