Муқаррар карда шуд, ки басомади вохӯрии триграммаҳои забони тоҷикӣ дар асарҳои таърихӣ - сиёсӣ ин муайянкунандаи муаллиф аст. Барои муайянкунии муаллифи матн бо басомади вохӯрии ҳарфҳои триграмма ва имконияти истифодабарии таснифгари Усмонов З.Ҷ. таҳқиқот гузаронида шуд. Роҳҳо, мақсад ва имкониятҳои таснифгари Усмонов З.Ҷ. оварда мешаванд. Симои рақамӣ ва фазои ченаки асарҳои таърихӣ-сиёсӣ сохта шудаанд. Бо мақсади ягонагии эҷодиёти муаллиф, қимати ченаки муқоисакунанда муқаррар карда мешаванд, ки дар асоси он ягонагии синфҳои асарҳо муайян мешаванд. γ-таснифгари бузургии тасодуфии фосиладор, ки самаранокии баландро дар муайян кардани муаллифи асарҳои шоирону нависандагони форсу тоҷик нишон дода буданд, барои муайян кардани муаллифи асарҳои таърихӣ-сиёсӣ тафтиш…