Маврид ба ёдоварист, ки 3 марти соли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд дар бораи масъалаҳои об ва иқлим, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуда буданд. Дар видеоконфоронси сатҳи баланд ҳамчунин Президенти Маҷористон Янош Адер, Призиденти Созмони ҷаҳонии метереологӣ ва абзори «Созмони Милали Муттаҳид ва Об», Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Гилберт Ҳунгбо, сарони ҳукуматҳои як қатор кишварҳо, инчунин коршиносони байналмилалӣ суханронӣ намуда, бо овардани далелҳои илман асоснокшуда ҳам ба иштирокдорони ин Ҷаласаи сатҳи баланд ва ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид…