Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ Нозим Нуров иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Фарҳанги миллӣ дар баробари воқеиятҳои имрӯзӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Наврӯзи ман, наврӯзи ту, наврӯзи вай, наврӯзи мо,
Аз кӯи ҳиҷрон омада, ин шамъи худафрӯзи мо.
Эй ошиқон, эй ошиқон, ӯро пазироӣ кунед,
Фархунда бодо фурсате бар ошиқи имрӯзи мо.
Миробид Сайидои Насафӣ аз зумраи суханварони баландпоя ва гаронмояи адабиёти классикии тоҷик буда, осори баландмазмуну пурқимати ӯ аз истеъдоди баланди шоирии ӯ дарак медиҳад. Ӯ аз шоирони пурмаҳсули тоҷик ба ҳисоб рафта, куллиёти осораш бештар аз нуҳ ҳазор байт мебошад. Ба қавли муаллифи тазкираи “Музаккир-ул-асҳоб” Малеҳои Самарқандӣ, “Матлае нест, ки дар мақтааш номи ӯ пайваста набошад, ғазале нест, ки ӯ мухаммас набаста бошад. Ғазалҳои ғаррояш суханваронро санад аст ва мухаммасҳои раънояш гули рӯи сабад аст, шаҳрошӯбаш шӯрҳо дар бозорҳо андохта, рубоиёташ аркони абётро бапо сохта, қасоидаш лангардор, маснавиаш соҳибасрор, муқаттаоташ панд, мустазоди ӯ дилписанд, мувашшаҳоаш муаммо, луғзаш рамзу иймо, номатбӯи ӯ матбӯъ, он чи гуфта, ҳама маснӯъ, ин мазкуротро бисёр хуб ва маънидор гуфта”(1.294).
Рӯҳи Ҷамшедӣ ҷаҳонеро зи нав бедор кард,
Олами афсурдагонро чун гулу гулзор кард.
Ҷоми Ҷамшедӣ таҷаллигоҳи маргу зиндагист,
Саргузашти одамиро мӯ ба мӯ изҳор кард.