JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Чоршанбе, 13 Феврали 2019 06:26

Нигоҳе ба айёми Наврӯз

  Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ҷашни мардуми ориёӣ буда, то имрӯз мавқеияти худро гум накардааст ва онро ҳамчун иди суннатӣ бо шодмониву хурсандӣ дар шаҳру вилоят ва ноҳияву деҳот бо базму тараб ва пухтупазҳои солинавӣ-баҳорӣ барои баракату фаровонӣ бо шодобӣ  ҷашн мегирифтанд. Ин ид ва ё анъанаи фараҳбахш то имрӯз ҳам давом дорад ва боз ҳам ҷашнгириву тарғибу ташвиқи он ҳамчун иди баҳор, иди кишту кор ва заминагузорӣ барои ҳосили сол ва тару тоза намудани гулгашту хиёбонҳо дар кишварамон идома ёфта истодааст.

Сешанбе, 12 Феврали 2019 06:36

Шеъри рӯз: Наврӯзи шоирони миллат

 Эй шоирони ошиқ, эй ошиқони миллат,

Ин миллати парешон, бо сад ҳазор иллат.

Ёдат ба хайр Лоиқ, Бозор зинда бошӣ.

 Мазҳаби зиндадилон хоби парешоне нест,

Аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан аст!

Иқболи Лоҳурӣ

   Дар замони ҷаҳонишавӣ, авҷи хатари ваҳшатафганӣ (терроризм), дар ҳоли камранг ва заиф шудани эҳсоси масъулияти фардӣ ва иҷтимоии инсонҳо дар назди ҳамнавъон ва умуман, суст шудани эҳсоси ҷавобгар будани ҳар як инсон (ва давлатҳо) дар назди қавонини байналмилалӣ ва суботу сулҳи пойдор дар ҷаҳон аз ҳарвақта муҳим аст, ки мо дар бораи ватан ва хоку замини аҷдодии худ бештар фикр бикунем ва барои ғановату пешрафти ватану ватандорони худ амал бикунем. Маълум аст, ки ватан барои ҳар як фард, аз он ҷумла барои тоҷикон, аз хонаву кӯча ва деҳаву диёри хурди он оғоз ва бо фарогирии мамлакату миллат ва аҳли сайёра ва нигоҳдошти охирин падидаи ҳаёт дар рӯи сайёра хатм мешавад. Асос ва моҳияти ватанро ҳиссиёти иҷтимоиву сиёсии шахсият, муҳаббати ӯ ба волидон, ба сарзамини аҷдодӣ, ба таърих ва фарҳанги бумии мардум ташкил медиҳад.

Душанбе, 04 Феврали 2019 05:23

Заррот ва идоракунии он

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ номзади илмҳои физика ва математика Меҳрдод Қурбониён иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Заррот ва идоракунии он» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.