JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

   Устоди аллома Садриддини Айнӣ (1878-1954) на танҳо дар амри бақову пойдорӣ ва нузҳату шукуфоии забони модарии мо дар садаи сарнавиштсози XX, метавон гуфт, нақши ба истилоҳ «калидӣ» дорад, балки фароянди таърихии ба марҳалаи нави рушду такмил ворид шудани забони тоҷикӣ ва ба зуҳур пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ин забон низ бо кору пайкор ва осори мондагори ӯ сахт алоқаманд аст.

   Устоди муаззам Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, ки аз нахустин бунёдгузорони мактаби айнишиносӣ дар Тоҷикистон ва аз бузургтарин устодони ин мактаб эътироф шудааст, роҳу равиши устод Айниро дар забон роҳу равиши бузургони дирӯзу имрӯзи миллат, роҳи пайванд ҷустан ба аслу асолати хеш ва дар маҷмӯъ роҳи раҳоию растагории забони миллӣ аз банди забонҳои бегона ва шоҳроҳи рушду такмили забони модарӣ арзёбӣ намуда, ҳамин ҳақиқатро дар мақолаи «Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист»-и китоби бунёдии «Равшангари бузург» возеҳан таъкид карда буд: «Банда бар онам, ки дар забон бояд аз роҳу равиши устод Айнӣ берун нашавем, ки роҳу равиши бузургони мост. Ин роҳ роҳи пайвандҷӯӣ ба асли худ, ба ҳастии таърихии хеш аст. Ин пайванд набояд лаҳзае қатъ гардад. Ҳар ҷо фосилае миёни Айнӣ ва мо пайдо шудааст, моро аз ҳастии миллии худ дур медорад, монеъи ягонагии миллӣ ва худогоҳии таърихии мо хоҳад омад. Ин фосиларо аз миён бояд бардошт. Он гоҳ устод Айнӣ моро бо ҳама гузаштаи мо, бо ҳама бузургони забону адабу фарҳанги бостонии мо пайванд хоҳад дод. Айнӣ пуле миёни мо ва ҳама гузаштаҳост. Роҳи ояндаи мо бо ҳамин пул пайвастааст» [10:319].

Мусоҳиба бо коршиноси шинохтаи соҳаи гендер ва равоншинос Марям Давлатова

-   Қабл аз ҳама мехостам фаҳмам, ки чаро Шумо нахуст ба шуъбаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида мехостед филолог шавед, вале тасмими худро дигар намудед, яъне рӯ ба равоншиносӣ овардед?

Ман шуъбаи филологияро на танҳо бо муваффақият хатм намудам, балки дар ин ришта рисолаи номзадиямро ҳам дар мавзуи “Таҳаввули қаҳрамони лирикии Мирзо Турсунзода” таълиф ва ҳимоя кардаам. Илми равоншиносӣ ба зиндагии ман дертар ворид шуд. Замони пеш омадани саволҳои мушкил, бемории хатарнок ва тарбияи фарзандон. Рафтам пайи ҷавобҳо ва ҳанӯз ҳам дар ин роҳам. Ҳоло тақрибан 20 сол аст, ки нозукиҳои ин илмро меомӯзам. Азбаски яке аз самтҳои фаъолияти ҷамъиятии ман тарғиби фалсафаи гендерист, табиист, ки ба масоили оилаву оиладорӣ, усулҳои додани малакаҳои хушбахтӣ ба инсон, ҳифзи арзишҳои суннатии оила ва амсоли ин бештар машғулам. Равоншиносӣ бароям яке усулҳои муҳими дарёфтани ҷавобҳ ба чароҳои бешумори мушкилоти муносибатҳои гендерист.

Аз устодони хеле донишманди соҳа ҳам тариқи интернет, ҳам мустақиман дарс гирифтааму мегирам,  мадракҳое ҳам дорам.  Инчунин чанд китоб ва даҳҳо мақола  интишор кардаам. Ба хотири тарғиби фарҳанги саодатмандӣ барномаҳои муаллифии телевезионӣ мебарам, ҳамеша дар хизмати рӯзноманигорони радиову нашрияҳо ҳастам. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла фейсбук ва ютуб низ саҳифаҳои хос дорам ки ин маводҳои муносибро таълиф ё  ҷустуҷӯ ва пайдо карда мегузорам. Илми равоншиносӣ ҳамчун илми алоҳида хеле ҷавон аст, вале ҷавоби ҳамаи саволҳои рӯзгори инсониро он ҷо пайдо кардан мумкин аст.

 

  Замони давлатдории Аштархониён (1599-1753), ки ин давлатдорӣ дар таърих ҳамчунин бо номи давлатдории хонадони Ҷониён низ ёд мешавад, аз даврони пурошӯбу пурфоҷиаи мардуми тоҷик ба сифати мардуми асосӣ ва муқими сарзаминҳои тобеи ин давлати хонӣ ба ҳисоб меравад.

  Солҳои охир дар сохтани таҷҳизоти нимноқилӣ, дар асоси пайвастагиҳои нимноқилии таркиби эвтекти  антимониди никел бо антимониди кадмий, арсениди  никел бо диарсениди кадмий ва ғайра макоми хосе касб кардааст. Онҳо чун масолеҳи сохтани магнеторезисторхо, датчик (бозгирифт)-ҳо, детектор (ошкоргар)-ҳои ҳудуди андозагирии садояшон мухталиф ба таври васеъ истифода бурда мешавад.  Истифодаи онҳо  барои ба миён  овардани  термоэлементҳои  анизотропӣ аз монокристалллҳои пайвастагиҳои нимноқилии  анизотропияш бузурги  қувваи электродиҳандааш калон таркиб  ёфта, дар сохтани ҷиҳози нимноқилии фаъолияташ васеъ истифода карда мешавад. Шумораи нимноқилҳои  хусусияти созгордошта дар   мукоиса бо термоэлементҳои анизотропӣ он қадар зиёд нест. Дар   ҳақиқат, барои афзудани ҳасосияти  ва зудамалкунии термоэлементхои  анизотропӣ масолеҳе зарур аст, ки он дорои ноқилияти баланд ва гармигузарониаш хеле калон бошад.