JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ (1207-1273) бидуни муболиға аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост, ки бо гузашти солҳову садсолаҳо сухани баланди тобнокаш беш аз пеш ба дидаҳо зиёву нур ва ба дилҳои аҳли завқ шодию сурур мебахшад ва барои ҳифзи шевоию асолат ва пойдорию устувории забони тоҷикии имрӯзу фардо хидмат мекунад. Бузургии ӯ дар офаридани сухани зебову шевои тоҷикона ба ҳаддест, ки тибқи баъзе ривоёт муҳаққақтарин устодони забони модарии мо, чун шайх Саъдӣ (1184-1291) ҳанӯз дар замони зиндагияш шефтаву шайдои сурудаҳои ӯ гаштаанд.

   «Истина видна на расстоянии» - так гласит народная мудрость. История – это процесс познания людей о своём прошлом. Именно «прошлое», ибо оно продолжительно и наверняка бесконечно. Тысячу лет прошло от образования централизованного таджикского государства Саманидов.

   “Ҳақиқат дар масофа дида мешавад”, мегӯяд халқ. Таърих ҷараёни дарк намудани гузаштаи инсоният аст. Аз замони таъсиси давлати мутамаркази тоҷикон - давлати Сомониён зиёда аз ҳазор сол гузашта бошад ҳам, обруву манзалати ин давлат душманонашро ором намегузорад.

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ Мирзоёров Фирдавс иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Фарҳангнигорӣ ва такомули забони адабӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.