JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 28 Марти 2019 09:38

Шеъри рӯз: Аржанги Наврӯз

Муаллиф:

Табиат  лавҳи  наққошии  пур  аз  ранги  Наврӯз  аст,

Дар он ҳар  гӯша чун як сафҳаи Аржанги Наврӯз аст. 

Паи  тасхири дунё боз лашкар мекашад Наврӯз,

Қатори турнаҳо  урдуи  пешоҳанги  Наврӯз аст.

 

Ҷаҳонро  мекунад  Наврӯз  аз  сар  то  ба по рангин,

Куҷо ҷашне ба рангинӣ дигар ҳамранги Наврӯз аст?

 

Агар  Наврӯз  шоҳи  ҷашнҳои  мардуми  дунёст,

Куҳистони зумуррадранги мо авранги Наврӯз аст.

 

Ба таҳрики баҳор  аз умқи ҳар қалбе садо хезад,

Навои набзи ҷони мо пур аз оҳанги Наврӯз аст.

 

Бидуни шубҳа Наврӯз аз азал ҷашне ҷаҳонӣ буд,

Ҷаҳонӣ будани Наврӯз дар фарҳанги Наврӯз аст.

 

Шарори барқ дар гардуни ҳамчун мор афсункор

Ҷилои  оташи  санги  кафи Ҳушанги Наврӯз аст.

 

Баҳор омад, гиребони фалак дар чанги Наврӯз аст,

Нигоҳи   оташини   барқ   оташҷанги   Наврӯз  аст.

Назрӣ Асадзода

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Telegram ва Facebook, ҳамроҳи намоед.

Хондан 1762 маротиба