JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 15 Марти 2019 09:33

Шеъри рӯз: Шаҳри гулҳо

Муаллиф:

 Шаҳри мо аз гулрухон мисли гулистоне бувад,

Аз  лаби  хандонашон  боғи  шукуфоне  бувад.

Ҳар  куҷо  дар  шаҳри  мо  кӯю хиёбоне бувад,

Пур зи атр аз накҳати зулфи парешоне бувад.

 

Ҳар  куҷо  сарве  канори боғу  майдоне бувад,

Шармсор  аз  ҷилваи  сарви   хиромоне бувад.

 

Метавон  кам  кошт  гул  дар  кӯчаҳои  пойтахт,

К-аз гули рӯ шаҳри мо ҳамчун гулистоне бувад.  

 

Гар  парешониву  бесомоние  дар  шаҳри  мо

Бошад, он танҳо сари зулфи парешоне бувад.

 

Инъикоси  санъати  меъмории  миллии  мост,

Дар Душанбе ҳар куҷо кохеву айвоне бувад.

 

Кӯчаҳои  пойтахт  аз  гулрухон  гул  кардаанд,

Гулшан аст ин шаҳр, ё боғи гулафшоне бувад?

Назрӣ Асадзода

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Telegram ва Facebook, ҳамроҳи намоед.

Хондан 3432 маротиба