JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 01 Августи 2019 03:16

Эй рафта зи дил, рафта зи бар, рафта зи хотир

Муаллиф:

“Эй рафта зи дил, рафта зи бар, рафта зи хотир!

Бар ман манигар, тоби нигоҳи ту надорам.

Бар ман манигар, з-он ки ба ҷуз талхии андӯҳ,

Бар хотир аз он чашми сиёҳи ту надорам.

Эй рафта зи дил, рост бигӯ! Баҳри чӣ имшаб,

Бо хотираҳо омадаӣ боз ба сӯям?

 

Гар омадаӣ аз пайи он дилбари дилхоҳ,

Ман ӯ наяму мурдаву ман сояи ӯям!

 

Ман ӯ наям охир дили ман сарду сиёҳ аст,

Ӯ дар дили савдозада аз ишқ шарар дошт,

Ӯ дар ҳама ҷо, бо ҳама кас, дар ҳама аҳвол,

Савдои туро, эй бути бемеҳр, ба сар дошт.

 

Ман ӯ наям ин дидаи ман гунгу хамӯш аст,

Дар дидаи ӯ он ҳама гуфтор ниҳон буд.

В-он ишқи ғамолуда дар он наргиси шабранг,

Мармузтар аз тирагии шомгаҳон буд.

 

Ман ӯ наям, оре, лаби ман ин лаби беранг,

Дерест, ки бо хандае аз ишқи ту нашкуфт.

Аммо ба лаби ӯ ҳама дам хандаи ҷонбахш,

Маҳтобсифат бо гули шабнамзада мехуфт.

 

Бар ман манигар, тоби нигоҳи ту надорам,

Он кас, ки ту мехоҳияш аз ман, ба худо, мурд!

Ӯ дар тани ман буду надонам, ки ба ногоҳ,

Чун диду чиҳо карду куҷо рафту чаро мурд?!

 

Ман гӯри ваям, гӯри ваям, бар тани гармаш,

Афсурдагию сардии кофур ниҳодам,

Ӯ мурдаву дар синаи ман ин дили бемеҳр,

Сангест, ки ман бар сари он гӯр ниҳодам.”

Симини Беҳбаҳонӣ

Хондан 3375 маротиба