(Паёми шодбошӣ ба ифтихори мелоди адабиётшинос, андешаманд, равшанфикри миллӣ ва меҳанпарасти воқеӣ Устод Ҷамолиддин Саидзода)
Имрӯз – 20 феврал, дар арафаи таҷлили ҷашни Артиши миллӣ адабиётшинос, андешаманд, равшанфикри миллӣ ва меҳанпарасти воқеӣ устод Ҷамолиддин Саидзода зодрӯз доранд. Устод аз чеҳраҳои матраҳу шинохтаи миллӣ маҳсуб мешаванд, ки як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯйӣ оғоз намуда, устод Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо минҳайси мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, равонию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ меъёри кору зиндагии шахсию эҷодӣ қарор дода, дар ин шоҳроҳ то имрўз, бидуни дарангу вақфа ҳаракат мекунад. Муҳимтар аз ҳама, устод Саидзода ҳувиятсозӣ ва миллатшиносиро ба унвони мабодӣ ва принсипи ҳаётӣ пазируфта, хидмат ба миллатро вазифа ва рисолати хеш медонад ва иҷрои ин рисолатро қарзи виҷдонӣ талаққӣ мекунад.
Ахиран китоби донишманд ва шоири матраҳи миллӣ устод Беҳрӯзи Забеҳулло таҳти унвони “Адабиёт ва ҳувияти миллӣ” (ниг.: Саидхоҷа, Забеҳҳуло Беҳрӯз. Адабиёт ва ҳувияти миллӣ (Маҷмуаи мақолот). -Душанбе: “Шоҳин-С”, 2025. -288 с.) ба нашр расид. Китоб бо сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои филологӣ Аскар Ҳаким оғоз шуда (С.3-5), 28 матлаби илмӣ-таҳқиқӣ ва илмӣ-оммавиро, ки ба муҳимтарин масъалаи ҳар давру замон – ҳақиқати адабӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ дахл доранд, фаро гирифтааст. Аз ин шумора, 10 матлаби аввалӣ фарогири мавзуоти адабиёти классикӣ буда, 18 матлаби баъдӣ ба масоили адабиёти муосири тоҷик, ки муаллиф худ аз пажуҳишгарони матраҳу муваффақи ин давраи таърихист, иртибот мегиранд.
Дӯсти ҷавон ва донишманди гиромӣ Номвари Қурбон,
Имрӯз – 4 феврал Шумо ба синни 35 қадам ниҳодед. Дар ин муддат аз тариқи талошҳои шабонарӯзӣ, пеш аз ҳама, худро аз нав сохтед ва тавассути ибтикороти созанда ва ташаббусоти арзанда дар хидмати халқу Ватан камари ҳиммат барбастаед. Мунтаҳо, Шумо дар масири ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва худогоҳии миллӣ гомҳои устувор бармедоред. Ба синни ҷавонӣ нигоҳ накарда, Шумо ба таври боварнакарданӣ ва хастагинопазир дар умури ташкилӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодӣ фаъолед. Серҳаракатӣ ва тавонмандии Шуморо мушоҳида карда, гоҳу ногоҳ мутааҷҷибона худ ба худ суол мегузорем, ки Номвари Қурбон ин ҳама энержиро дар ин синни ҷавонӣ аз куҷо дармеёбад, ки дар ҳама кор дастболост ва ба ҳама умур сари вақт расидагӣ мекунад?
Ба неруи хирад бар рағми зиллат
Даво бахшоӣ дарду захму иллат.
Ба миллат ончунон пайванд гаштӣ,
Ки мелоди ту шуд мелоди миллат!
Дӯсту бародари гиромӣ, Назрӣ Асадзода,
Аз бозе ки ба марҳилаи огоҳӣ ва шинохт аз тариқи мушоҳидоту мутолеот расидед, дар самти бозшиносии уқдаҳои фикрӣ, муъзалоти равонию ҳувиятии ҷомеа ва бозсозии тафаккури миллӣ саъю талоши фаровон варзида, то имрӯз дар ин пайроҳаи мушкилписанди зиндагӣ бардамона гом бармедоред. Шахсияти миллӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи суннату фарҳанги шарқӣ-аҷдодӣ ва илму дониши ғарбӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолеоти бардавом, мушоҳидоту таҷриботи фаровон ва дидору мулоқот бо чеҳраҳои миллии хушном Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони сиёсӣ минҳайси як шахсияти матраҳи миллӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.