JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 17 Июни 2020 06:04

Достони Анӯшервон

Муаллиф: Нуриддин Амирӣ

 Монда яке қисса зи пешиниён,

Бо ду-се ҳарфаш ба ту созам баён.

 

Буд яке рӯз ба роҳе равон,

Ҳамраҳи дастур Анӯшервон.

Дид нишаста ба дарахте куҳан,

Гуфтӣ яке чуғз ба чуғзе сухан.

 

Тунд сухан гуфтӣ яке бо дигар,

В-он дигарӣ омадӣ аз худ бадар.

 

 5. Шуд мутаваҷҷеҳ чу Бузургмеҳр,

Ханда аён гашт мар ӯро ба чеҳр.

 

Шоҳ ба дастур биёвард рӯй,

Маънии гуфтор-ш ту бар ман бигӯй.

 

Гуфт, шаҳо, гар ту замонам диҳӣ,

Аз ғазабу қаҳр амонам диҳӣ.

 

Маънии суҳбат ба ту ифшо кунам,

Ин гираҳе ҳаст, ки ман во кунам.

 

Гуфт, бигӯ з-он ки замон додамат,

Аз ҳама осеб амон додамат.

10. Гуфт, шаҳо, умри ту ҷовид бод,

Бошӣ ҳамасола ту бо адлу дод.

 

Ин ки ду чуғзанд ба баҳсу ҷадал,

Мушкилӣ доранд ба радду бадал.

 

Он ду сари хешӣ сухан мекунанд,

Баҳри арӯсӣ “туву ман” мекунанд.

 

Дар ивази духтари худ он яке,

Деҳи хароба талабад андаке.

 

Ҷониби дигар, ки писар з-они ӯст,

Ваъда диҳад он чӣ, ки имкони ӯст.

 

 15. “Гар ту таҳаммул бикунӣ чанд гоҳ,

Ваъдаи худро чу бидорӣ нигоҳ.

 

Ман ба ту сад деҳаи вайрон диҳам,

Мушкилие нест, ки осон диҳам.

 

Бошад агар шоҳ Анӯшервон,

Рост бигӯям ба ту ман бегумон.

 

Баски басе золиму хунхора аст,

Дар ситаду дод ситамгора аст.

 

Чист яке деҳа ҳазорон шавад,

Мулк саросар ҳама вайрон шавад”.

 

20. Гуфт чу дастур суханҳо тамом,

Рафт дар андеша шаҳи шодком.

 

Аз сафар онгоҳ инон баргирифт,

Монда зи кирдори ҷаҳон дар шигифт.

 

Омаду биншаст ба тахт он замон,

Хонд ба наздаш ҳама корогаҳон.

 

Машварат орост сари адлу дод,

Гӯш ба ҳар ҳарфу сухан ӯ ниҳод.

 

Чанд замоне ба тааммул нишаст,

Он шаҳи номовари яздонпараст.

25. Дод сипас амр ба мардум чунин,

Дар ҳама аҳвол агар пас аз ин:

 

Ҳар кӣ занад рахна ба девори мулк,

Ҳар кӣ халалдор кунад кори мулк.

 

Ҳар кӣ ниҳад пой ба роҳи хато,

Ҳар кӣ ба бадкорӣ кунад чашм во.

 

Ҳар кӣ занад даст ба моли касе,

Ҳар кӣ ба бедодӣ рабояд хасе.

 

Ҳар кӣ ба кажжӣ ба касе бингарад,

Ҳар кӣ зару мол ба ноҳақ барад.

 

30. Ҳар кӣ кунад ҳукми ғалат мунташир,

Ҳар кӣ кунад ноҳақӣ дар доду гир.

 

Даст варо яксара кӯтаҳ кунам,

Пои варо дур аз ин раҳ кунам.

 

Дод сипас амр ба заргар чунин,

К-аз зари холис кунад ангуштарин.

 

Ҷои нигин насб кунад рӯи он,

Пораи алмоси бузургу гарон.

 

Амри шаҳ овард ба зудӣ ба ҷо,

Заргару бинҳод ба наздаш варо.

                                                             (давом дорад...)

Нуриддин Амирӣ

Хондан 1331 маротиба