JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 26 Июни 2020 09:15

Шеъри рӯз: Магар ошиқ будан нанг аст?

Муаллиф: И. Шарифзода

Суоле кард рӯзе як рафиқе:
Ки акнун умри ту аз чил бурун шуд,
Фарози умри ту, инак, нагун шуд,
Фурӯғи ишқ дар қалбат забун шуд,
Қалам аз оби ҳасрат ҷӯйи хун шуд.

Кунун нанг аст шӯри ишқ бар сар, 
Ғами ёру ғами маъшуқу дилбар.
Ҳадис аз ошиқу маъшуқ кам гӯ,
Раҳи ишқу муҳаббатро ту кам пӯ. 
Насиҳатҳо чунин мекард моро:
Напаймоӣ дигар роҳи хаторо,
Маҷӯ асрори ишқ, ай бурдборо,
Маҷӯ розу сарасрори вафоро.
Агар донист Қонуни Шифоро,
Куҷо донист дарди бедаворо!
Насиҳатро давом медод:
Зи фардо боядат андеша дар сар дошт.
Зи дунёи дигар аз номаи аъмол.
Зи дӯзах аз сақар ё аз биҳишти адн,
Зи фарҷоми худат андеша бояд кард.
Бад-ӯ гуфтам:
Агар ишқ маҳкуму ошиқ будан нанг аст, 
Ҷаҳон сар то ба сар бемаъниву танг аст.
Наку бингар:
Ҳамон як ҷавҳари асли ҷаҳон ишқ аст,
Замину осмон ишқ аст,
Ҳама кавну макон ишқ аст,
Тамоми мавҷудоти коинот ишқ аст.
Магар қонуни ҷазби оламӣ ишқ нест?
Ки сайёротро дорад муаллақ дар фазои боз. 
Магар асли ҳама ҷунбиш, ҳама пӯиш, ҳама руъё,
Ҳама часпу талоши одаму олам аз ишқ нест?!
Магар худ зиндагӣ ишқ нест?!
Ки бо садҳо раҳу рамзаш 
Ҳама мавҷудро маҷзуб месозад.
Ки он худ рустанӣ
Ҳайвонӣ ё инсонист.
Ҳама аз худ гузорад насл
Ва ин бошад раҳи мо боқии фардо. 
Агар ошиқ будан нанг аст,
Пас дар ҷаннати мавъуд:
Ҳама ин ҳуру ғилмонро,
Ҳама ин созу мутрибро,
Ҳама дарёи шарбатро,
Магар маънӣ чӣ хоҳад буд?
Аз ин рӯ, дӯстам боре тааммул кун,
Машав пархошгар, як кам таҳаммул кун.
Агар ишқе набуд, асрори хилқат маънияш дар чӣ ниҳон мебуд?
Кунун, эй дӯст!
Бидон, то лаҳзае, ки зинда ҳастам ман,
Паёпай ишқ меварзам,
Паёпай бода менӯшам,
Паёпай дӯст хоҳам дошт,
Чаро ки баҳри ман ин зиндагӣ ишқ аст,
Замин ишқ аст, замон ишқ аст,
Тамоми ин ҷаҳон ишқ аст!
Агар ошиқ будан нанг аст,
Ман вобасти ин нангам.
В-агар ошиқ будан шарм аст,
Ман шармандаи ишқам.
И. Шарифзода

Хондан 1816 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Достони Анӯшервон Достони Анӯшервон (2) »