JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 15 Июли 2020 06:08

Достони Анӯшервон (2)

Муаллиф: Нуриддин Амирӣ

35. Шоҳ писандид чу ангуштарӣ,

Кард шурӯъ дар раҳи додоварӣ.

 

Ҳукм ҳама аз сари андеша кард,

Адлу адолат ба ҷаҳон пеша кард.

 

Ҳукм агар буд гарон, он нигин,

Сурх шудӣ ранги вай он гаҳ яқин.

 

Будӣ агар ҳукм кам аз ҷурми кас.

Зард шудӣ ранг варо як нафас.

 

Лоиқи ҷурм омадӣ гар ҳукми шоҳ,

Сабз шудӣ ранги нигин дар нигоҳ.

 

40. Дод яке амри дигар подшоҳ,

Доимӣ сӯяш бикушоянд роҳ.

 

Гар нафаре дида зи шахсе ситам,

Гашта гирифтор ба темору ғам.

 

Сӯи вай озод биёяд чу бод,

То ки шикоят барад аз баҳри дод.

 

Зангулае насб ба айвон кунанд,

Додгарӣ аз сари паймон кунанд.

 

Гар нафаре дида ситам аз касе,

Ё ба касе зулм кунад нокасе.

 

45. Мазлуми дилхастаи баргаштабахт,

Дида зи айём ҳама рӯзи сахт.

 

Рози дил ифшо бикунад мустақим,

Ҳар хабару ҳодиса бе тарсу бим.

 

Он шаҳи номовари яздонпараст,

Худ сари таҳқиқи ҷиноят нишаст.

 

Рӯзи нахуст он шаҳи фирӯзбахт,

Рафту нишаст аз бари зарринатахт.

 

Тоҷи ҷаҳондоварӣ бар сар ниҳод,

Баст камар то ки кунад адлу дод.

 

50. Зангула бинмуд садо ногаҳон,

Омада шахсе пайи дод он замон.

 

Назди шаҳ омад яке зан зи дар,

Буд варо рӯй чу шамсу қамар.

 

Кард баён қиссаи худ пеши шоҳ,

Буд гурезон нигаҳаш аз нигоҳ.

 

Гуфт: Шаҳо, умри ту бодо дароз,

Бошӣ ҳаме дар ду ҷаҳон бениёз.

 

Кишварат обод бувад ҷовидон,

Номи ту монад ба ду олам нишон.

 

55. Эй шаҳи олам, суханам гӯш дор,

Чунки маро рафт зи даст ихтиёр.

 

Аз писарат ҷабру ситам дидаам,

Кулфату бедод на кам дидаам.

 

Шавҳари ман бурда ба зиндон бубаст,

То ки биёрад мани мискин ба даст.

 

Гаштаам имрӯз гирифтори ғам,

Карда дуто қомати ман бори ғам.

 

Шоҳ чу таҳқиқ бикард ин хабар,

Яксара тасдиқ бикард ин хабар.

 

60. Дод яке амр, ки дасти писар,

Баста ба зиндон бубарандаш дигар.

 

Рахназани мулк гирифтор беҳ,

Ҳам сари бадаҳд сари дор беҳ.

 

Буд бад-ин ҳол ҳама кори ӯ,

Додгари шеваи кирдори ӯ.

 

Кори ҷаҳонро ба адолат гузошт,

Додгарӣ аз сари ҳиммат гузошт.

 

Не нафаре бар нафаре зулм кард,

Не касе аз дигаре омад ба дард.

 

65. Гургу бара об зи як ҷо хуранд,

Зӯру заиф нон зи яке хон баранд.

 

Адлу саховат ҳама бурдӣ ба кор,

Монд аз ӯ номи накӯ ёдгор.

 

Мулк ҳама яксара обод кард,

Кори ҷаҳонро зи раҳи дод кард.

 

Буд ба андеша зи рӯзи шумор,

Ҳар чӣ бикорӣ ҳамон ояд ба бор.

 

Баски ҷаҳон нест ба кас то абад,

Войи касе, к-ӯ ба ҷаҳон кард бад.

 

70. Чуғз, ки вайрона парастад мудом,

Гашт гурезон зи бари хосу ом.

 

Кард танин чаҳ-чаҳи булбул ба боғ,

Мулк дурахшид ба мисли чароғ.

 

Зулму ситам аз ҳама ҷо гашт гум,

Яксара обод бишуд марзу бум.

 

Шуд зи ҷаҳон гарчӣ Анӯшервон,

Номи накӯ монд аз ӯ ҷовидон.

 

Ҳеҷ ту донӣ, ки ҷаҳон фонӣ аст,

Бехабарӣ аз сари нодонӣ аст.

 

75. Нест абад баски касе дар ҷаҳон,

Номи накӯ беҳ, ки бимонад нишон.

 

Беҳ, ки бикӯшем ба додоварӣ,

То ки шавем аз ғаму ҳасрат барӣ.

 

Баски тани мо зи бари мурдан аст,

Чораи мо номи накӯ бурдан аст.

 

Турбати мо баски равад зери хок,

Беҳ, ки бимонем зи худ номи пок.

 

Ҳеҷ маёзор ба дасту забон,

Ҷону тани ҳеҷ касе дар ҷаҳон.

 

80. Донӣ бузургон чӣ аҷаб гуфтаанд,

На сухан, онон, ки гуҳар суфтаанд:

 

“Оташи сӯзон накунад бо сипанд,

Он чӣ кунад оҳи дили дардманд”.

 

Пурс ту аҳволи дили дардманд,

То ки ба нармӣ кунӣ берун зи банд.

 

Шод бикун хотири озурдаро,

Гард бияфшон ту падармурдаро.

 

Дон, ки ғаму оҳи дили дардманд,

То фалаку арш бигардад баланд.

 

85. Беҳ, ки бимонад ҳама некӣ ба ҷой,

З-он, ки равем аз пайи ҳам з-ин сарой.

 

Хатм шуд ин қисса, азизони ман,

Кост басе аз тану аз ҷони ман.

 

Кард Амирӣ сухан ин ҷо тамом,

Кош ба некӣ кунияш ёд ном.

 

 

Нуриддин Амирӣ

Қисми аввали Достони Анӯшервон: https://ravshanfikr.tj/sheri-ruz/dostoni-an-shervon.html 

Хондан 1588 маротиба