JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 22 Сентябри 2021 10:36

Тоҷики тоҷдор! (Достон)

Муаллиф: Беҳрӯзи Забеҳулло

                           Ба шарафи 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистони азиз

 

Сароғоз

 

Туро, ай Ватан, ҳамчу ҷон дӯст дорам,

Чи дар ошкору ниҳон дӯст дорам.

Бароям биҳиштӣ чу домони модар,

Туро модари меҳрубон дӯст дорам.

 

Яшти 1

 

Ба таърихи гетӣ ба сад ифтихор,

Манам тоҷик он миллати тоҷдор.

Сипоҳу силоҳу сухан доштам,

Шукӯҳе ба ҳар анҷуман доштам.

Ба хуни касе дастам олуда нест,

Вуҷудам тиҳимағзу беҳуда нест.

Агар тоҷу қудрат алам доштам,

Валекин башар муҳтарам доштам.

Хати марзи ман аз Яман мегузашт,

Зи Қафқозу Ҳинду Хутан мегузашт.

Ба мағриб, ба машриқ ба илму адаб,

Намудам муросо, набудам ғазаб.

Сурӯши хушоин забони ман аст,

Китоби нахустин аз они ман аст.

Китобу хирадро наку доштам,

Ба ҳар гӯшае обрӯ доштам.

Чу Эзад маро нек фармуда буд,

Замину замон аз ман осуда буд.

Ҳукумат намудам ба адлу ба дод,

Ки аз зулми золим ҷаҳон пок бод.

Нахустин қадам кишти арзоқ буд,

Дувум холу хат рӯи авроқ буд.

Дигар боғу шаҳру чаман сохтам,

Хати марз баҳри Ватан сохтам.

Зи кӯҳу зи ҳомун зи дашту даман,

Биёростам халқ дар анҷуман.

Биёмӯхтам мардумонро ҳунар,

Яке шуд надиму яке пешавар.

Яке шуд сипоҳӣ яке марзбон,

Яке шуд ҳунарвар яке кордон.

Яке подшоҳу яке ҳам вазир,

Яке ҳам амиру яке ҳам башир.

Яке ҳофизи назми ин хона шуд,

Яке нозири халқи бегона шуд.

Яке шуд табиби тани мустаманд,

Яке шуд ҳабиби дили дардманд.

Яке бонии илму фарҳанг шуд,

Яке ҳомии мулк дар ҷанг шуд.

Сипас расму оин падидор шуд,

Ба ҳар шаҳри нав коху бозор шуд.

Падид омад аз шаҳр назму субот,

Дурахшид фарҳангу илму ҳаёт.

Фурукаш бишуд оқибат хашми мо,

Тамаддун бурун омад аз чашми мо.

 

Яшти 2

 

Сухан то ба авҷи фалак суфтаам,

Ҳадиси башар бо малак гуфтаам.

Сурудам ба гӯши башар яшти пок,

Бурун кардам ӯро зи кунҷи мағок.

Чу аз меҳри модар набудаш хабар,

Чу тифле варо парваридам ба бар.

Калон гашт ин тифлу хунхор гашт,

Ба хунаш раги ҷаҳл бедор гашт.

Давоту қаламро ба дафтар кашид,

Ба қатли падар теғу ханҷар кашид.

Тамаъ кард бар хони озодагон,

Ситам кард бар ҷони озодагон.

Чу дар шаҳри озодагон ҷо гирифт,

Замину замонро ба ғавғо гирифт.

Вале ман китобу қалам доштам,

Тамоми башар муҳтарам доштам.

Ҳавои бузургию неъмат ба сар,

Варо аз адолат набудӣ хабар.

Зи рӯи тамаъ қатлу тороҷ кард,

Ватандорро азлу ихроҷ кард.

Дигар хеш бо хеш бегона шуд,

Басо мулки обод вайрона шуд.

Гарон дида будам зи душман алам,

Ба ҷои камон хома буду қалам.

Суханро силоҳу сипар сохтам,

Низоми наве бо ҳунар сохтам.

Зи озодагонам, масеҳонафас,

Маро шарм ояд зи банду қафас.

 

Яшти 3

 

Куҷо хатм гардад бад-ин моҷаро,

Ки Зартушт омад чу ваҳдатсаро.

Китоби Авастои худ боз кард,

Санои хирадро сароғоз кард.

Паёме зи Эзад ба гӯшам расид,

Ки зулмат зи гетӣ шавад нопадид.

Паёме мунаввар ҳама нур буд,

Паямбар ҳамоно, ки Вахшур буд.

Ҳаме мадҳи ҷону хирад менамуд,

Ҳикоят зи неку зи бад менамуд.

Дар оини Зартушти некуназар,

Хирадманд мардум буди муътабар.

Бадон хору некон шуданд арҷманд,

Хирад нурполо зи чархи баланд.

Халоиқ ҳама шоду фархунда буд,

Адолат ба ҳар гӯша поянда буд.

На зулму ситам рӯи сар доштем,

На аз номи золим хабар доштем.

Ба ҷуз некӣ аз мо мабодо нишон,

Ки гум бод номи ситам аз ҷаҳон.

Чу аз ҷаҳл андеша озод шуд,

Ба нури хирад гетӣ обод шуд.

Раҳонид андеша моро зи банд,

Ҳунар бо ҳунарвар шуди арҷманд.

Паём оварид ӯ зи Додори нек,

Зи гуфтору пиндору рафтори нек.

Аз ин некойин, аз ин покҷом,

Ҳама некандеш, ҳама некном.

Замин сабзу гетӣ пур аз нур буд,

Ки яздонпарастӣ зи Вахшур буд.

Беҳрӯзи Забеҳулло

Хондан 1114 маротиба