JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 01 Октябри 2021 10:46

Тоҷики тоҷдор! (Достон) қисми 2

Муаллиф: Беҳрӯзи Забеҳулло

Ба шарафи 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистони азиз

Яшти 4

 Хабар мерасад ҳар замон, рӯзу шаб,

Хабарҳои нав аз билоди араб.

Ки марде падид омад андар Ҳиҷоз,

Амини Худо, бандаи сарфароз.

Зи кеши наве ӯ сухан мекунад,

Ба халқи Худо анҷуман мекунад.

Худашро расули Худо гуфтааст,

Зи тавҳид бас қиссаҳо гуфтааст.

Суроғаш ҳамеомадӣ Ҷабраил,

Ривоят намудӣ зи асҳоби Фил.

Зи пешиниён нақл карда хабар,

Ба оянда ҳам нек дорад назар.

Паёмаш ҳама нуру шодӣ бувад,

Суханҳош қудсӣ, на одӣ бувад.

Баширу назиру хирадгустар аст,

Ба яктопарастӣ ҳидоятгар аст.

На бут мепарастад, на шоҳу амир,

Суханҳош пурмояву дилпазир.

На ҷӯёи ном асту не аз насаб,

Вуҷудаш мубарро зи хашму ғазаб.

Надорад на тоҷу на тахти каён,

Ба ғори Ҳиро хуфта бе посбон.

К-аз он ҷо паёмаш саросар кунад,

Ҷаҳонро ба ҳикмат мусаххар кунад.

Тулӯъ кард хуршеди мулки араб,

Ба Эрону Руму ба Ҳинду Ҳалаб.

Дар ойини ӯ нест кас растагор,

Ба ҷуз аҳли имони парҳезгор.

Бузургӣ набошад ба ному насаб,

Бузургӣ ба тақво намо муктасаб.

Чу ойини нав то Хуросон расид,

Ба Балху Бухорову Хатлон расид.

Ба Ислом тоҷик сарафроз шуд,

Зи ҳикмат ҷаҳон гулшани роз шуд.

Чу дар фитраташ нури рахшанда буд,

Дар оини нав нек тобанда буд.

Чу баҳси улуму ҳунар даргирифт,

Бухорои мо тахту минбар гирифт.

 

Ҳакимони донову донишасар,

Пажӯҳандагони балоғатназар.

Баромад ҳакиме тавонову род,

Зи мулки Бухоро зи хуррамбилод.

Фароҳам намуди  чу дурру гуҳар,

Ҳадису ривоят шуди мухтасар.

Ба мизони фаҳму ба мизони нақл,

Саҳеҳаш ҷудо шуд ба мизони ақл.

Бад-ин сон чу Қуръони вологуҳар,

“Саҳеҳи Бухорӣ” шудӣ муътабар.

Китоби Худо з-осмон омадаст,

“Саҳеҳи Бухорӣ” зи ҷон омадаст.

Ҳадиси саҳеҳ аст дар ин мақом,

Чунин гуфт пайғамбари некном:

Агар илм ахтар шавад дар ҷаҳон,

Аҷамзода ӯро бигирад нишон.

Ҷаҳонро ба илмаш мунаввар кунад,

Ҳама баҳру барро мусаххар кунад.

 

 

                 Яшти 5

 

Бад-ин сон баҳорону бас дай гузашт,

Паямбар, ки асҳоб бо вай гузашт.

Ҳаме пушти сар гашт асри навин,

Ҷаҳоне мунаввар зи нури яқин.

Ки ногаҳ сари фитна бедор шуд,

Ва муъмин ғарибу азодор шуд.

Ба ҷои яқин сина пуркина шуд,

Дили ошиқон об дар сина шуд.

Зи макри шаётину аз хоинон,

Хусумат падид омад андар миён.

Чу тухми ғазаб дар дил оканда шуд,

Халоиқ парешу пароканда шуд.

Падид омад аз ин нифоқу ғазаб,

Ҳазорон гурӯҳу ҳазорон шаъаб.

Дигар аҳли тақво сарафканда шуд,

Хилофат залилу пароканда шуд.

Ба ҷои муҳаббат ҳаво пар гирифт,

Ба дилҳо Ҳубал ҷои дилбар гирифт.

 

Ҷадал кина оварду пайкор шуд,

Дили муъминон сахт афгор шуд.

Муҳаббат фасурду мурувват бирафт,

Шукӯҳу шаҳомат зи миллат бирафт.

Таассуб ба дилҳо чу бедор гашт,

Ҳунарманд дар анҷуман хор гашт.

Ғуруре чу дар синаҳо зинда шуд,

Ҳамон халқи воҳид пароканда шуд.

Мазоҳиб падид омад аз ин нифоқ,

Хирадманд оҳе кашид аз фироқ.

 

                Яшти 6

 

Зи баъди паямбар, ки дар хоб шуд,

Аҷаб фитна дар байни аъроб шуд.

Яке бутпарасту яке бутшикан,

Ба пайкор бархости тан ба тан.

Абубакр чун фитнаро хоб кард,

Зи адлаш ҳама гетӣ сероб кард.

Умар номи худро барозанда кард,

Сари фитнаро аз танаш канда кард.

Чу бори хилофат ба Усмон расид,

Ба дастури ӯ ҷилди Қуръон расид.

Дар аҳди Алӣ фитна бедор шуд,

Ба дашти араб қатлу куштор шуд.

Зи бас кушта шуд ошиқони Худо,

Қиёмат ба по шуд аз ин моҷаро.

Араб бо Аҷам дар такутоз шуд,

Низои дигар аз нав оғоз шуд.

Ки аъроби сармасти кибру ғурур,

Ҳамон саркашони тиҳӣ аз шуур.

“Аҷам” ё “маволӣ” маро ном бурд,

Ба таҳқири ман азму ҳиммат супурд.

Хурӯше баровардам аз умқи ҷон,

Замин шуд сапед аз сафоҷомагон.

Дигар Сарбадорони бо нангу ор,

Ҳама сафшикан дар сафи корзор.

Зи ному зи нангам дифо кардаам,

Дили душманам мубтало кардаам.

Чу сомони давлат ба Сомон расид,

Шукӯҳу ҷалоли Хуросон расид.

Гулафшон бишуд фарру фарҳанги мо,

Ҷаҳон хуррам аз нақши авранги мо.

Сипаҳдори Сомонии номвар,

К-аз ӯ шуд забону ҳунар тоҷи сар.

Бухоро дигарбора шуд боғшаҳр,

Назираш набуди дар ақсои даҳр.

Дар ин марзу буму дар ин хокдон,

Ҳама Рӯдакидону Шаҳномахон.

Беҳрӯзи Забеҳулло

(давом дорад)

Хондан 976 маротиба