JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 17 Ноябри 2021 05:20

Тоҷики тоҷдор! (Достон) қисми 3

Муаллиф: Беҳрӯзи Забеҳулло

Ба шарафи 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистони азиз

 Яшти 7

 Чу қарне бад-ин гуна аз сар гузашт,

Ки бо илму дониш мунаввар гузашт.

Бухоро ба гетӣ пуровоза шуд,

Ба илму адаб бобу дарвоза шуд.

Саногӯи Сомониён Рӯдакӣ,

Дуогӯи аҳли ҷаҳон Рӯдакӣ.

Қалам дар баёни сухан тез кард,

Ки коми суханвар гуҳаррез кард.

Зи шеъри тари ӯ ҳунар гул намуд,

Ба овози ӯ рашк булбул намуд.

Суханҳош нағзу забон тоҷикӣ,

Ҳама ошкору ниҳон тоҷикӣ.

Ба кохи сухан пиру меъмор шуд,

Дили анҷуман софу бедор шуд.

Ситоишгари Оли Сомон будӣ,

Сухангӯи хоки Хуросон будӣ.

Дили аҳли олам чу тасхир кард,

Ватанро ба сад шева тасвир кард.

Пас аз Рӯдакӣ-он хидеви сухан,

Сароишгари ишқи поки Ватан.

Падид омад аз Тус номоваре,

Ҳамосасарову сухангустаре.

Забонро ба мадҳи Ватан баргушуд,

Бузургони меҳан ба некӣ сутуд.

Шукӯҳи дигар дод таърихро,

Бигуфто бикун ёд таърихро.

Зи насли каёну хирадпеша буд,

Ватанпарвару аҳли андеша буд.

 

Ба номи Ватан қисса оғоз кард,

Дар он номааш баски эъҷоз кард.

Чу ҷони азизаш сари хома шуд,

Зиҳӣ шоҳкоре, ки “Шаҳнома” шуд.

Зи шоҳони дерин ҳаме ёд кард,

Дили аҳли дониш басе шод кард.

Аз ин шоҳкори шаҳоматгузин,

Ҳама халқи олам ба мо шуд қарин.

Чу Шаҳнома сабту барозанда шуд,

Бад-ӯ номи озодагон зинда шуд.

 

 Яшти 8

 

Чу Сомонӣ умраш ба сомон расид,

Ҳукумат ба дасти рақибон расид.

Ғуломаш кунун соҳиби тахт шуд,

Ки тоҷик аз бад нагунбахт шуд.

Аморат ба дасти асирон гузашт,

Аҷаб сарнавиште ба Эрон гузашт.

Чу шоҳаншаҳи мо яке банда шуд,

Сафи сарфарозон пароканда шуд.

Шукӯҳи каёнӣ сари хома монд,

Зи Фирдавсии шуҳра Шаҳнома монд.

Ҷалолу камоли Ватан хира шуд,

Ба озодагон зиндагӣ тира шуд.

На аз адли Нуширавон ҳиссае,

На аз Рустами Достон қиссае.

На илму на ҳилму на андешае,

На шери жиён дар дили бешае.

Чу озодмардон парешон шуданд,

Шағолон амири Хуросон шуданд.

Қалам монду шамшер аз даст рафт,

Алам монду ин шер аз даст рафт.

Зи тоҷик давлат ба туркон расид,

Аҷаб давраи нобасомон расид.

Бад-ин сон басе аср аз сар гузашт,

Аз ин воҳаҳо боди сарсар гузашт.

Тане нотавону саре зери мушт,

“Гаҳе зинсавору гаҳе зин ба пушт”.

Сабурӣ намудам, ки ҷон зинда буд,

Умедам ҳамеша ба оянда буд.

Чароғи хирадро нигаҳ доштам,

Ба дилҳо муҳаббат ҳамекоштам.

Хуросонзамин ошёни ман аст,

Бузургӣ маро аз забони ман аст.

Бад-ӯ илму ирфон дурахшанда шуд,

Аз ӯ решаи хушки ман зинда шуд.

Суханро ба авҷи фалак бурдаам,

Дар ин ҷода рашк аз малак бурдаам.

Ҳаёту мамотам забон асту бас,

Умеди наҷотам забон асту бас.

 

 Яшти 9

 

Замона ба сар шуд бад-ин роҳу расм,

Ки қудрат гаҳе дасти ман гоҳ хасм.

Вазиру дабири аморат будам,

Сухангӯи садру садорат будам.

Ҷаҳон гар набошад чу бар коми ман,

Барозанда шуд шаъни ман, номи ман.

Зи ҳар илму фан дониш андӯхтам,

Зи ҳикмат чароғе барафрӯхтам.

Саноеъ ҳама равнақу бор дошт,

Ки душман ба сад шева иқрор дошт.

Раво кай бувад турктозӣ кунам?

Ба фарҳанги худ сарфарозӣ кунам!

Дар ин курра тобу тавон ёфтам,

Зи туфони Чингиз амон ёфтам.

Агар майли душман сари ҷанг буд,

Наҷоти ман аз илму фарҳанг буд.

Зи зулмаш ҷаҳон тангу торик шуд,

Саранҷом Чингиз тоҷик шуд.

Ба ҳар гӯша тухме парокандаам,

Намурдам, ҳамоно, ки ман зиндаам!

Сипас Темур омад ланге палид,

К-аз ӯ ҳеч кас лутфу некӣ надид.

Пайи қатли ман ханҷараш охта,

Манори баланд аз сарам сохта.

Сари сарфарозон ба завлона шуд,

Куҷо шаҳру деҳ буд вайрона шуд.

Ситам дидаам беш аз ину он,

Аз ин зоғсорони бехонумон.

 

Аз он хунхорони  бедодгар,

На ному нишону на фикру асар.

Кунун номи ман ҳамчунон зинда аст,

Вале душманам хору шарманда аст.

Зи дониш бувад номи некам баланд,

Бад-ӯ ҳеч давлат наёбад газанд.

 

Яшти 10

 

Зи асри наве қисса гӯям кунун,

Нагунҷад чунин қисса андар сухун.

Ки ҳар чорагар зору бечора аст,

Фалак гирдгардону овора аст.

Чу равнақ ба худ ёфт илму хирад,

Малак мебарад одамиро ҳасад.

Ки инсон фунуни нав аз бар намуд,

Ба дониш ҷаҳонро мусаххар намуд.

Кунун роҳ сӯи фалак мебарад,

Паёми наве бар малак мебарад.

Ки Хуршедро зеру боло кунад,

Зи як заррае нур пайдо кунад.

Сари ҳамсарӣ бо малак ёфта,

Ҳаёти наве дар фалак ёфта.

Ба лутфи фунуну ба саъю амал,

Гулистон кунад дашту ҳомун, ҷабал.

Силоҳаш зи оҳан, зи фулод нест,

Ҳам аз оташу хоку аз бод нест.

На мушак на тонку на тупу савор,

На лашкар ба кор андар ин корзор.

Сипоҳи ниҳонӣ силоҳи нав аст,

Зи нури хирад дар танаш партав аст.

Агар шуълаи худ фурӯзон кунад,

Ба нуре ҷаҳон чаппагардон кунад.

Набояд залилу парешон шавем,

Лагадкӯби мавҷи хурӯшон шавем.

Агар нав шавад фикру пиндори мо,

Замину замон мешавад ёри мо.

Чаро ноумеду ҷигархун шавем,

Чу Наврӯз бояд дигаргун шавем.

Дар ин гирудору дар ин корзор,

Беҳин нақш монад зи мо ёдгор.

Чу андеша аз банд озод шуд,

Ҷаҳонро низоми нав эҷод шуд.

Ки бунёдаш аз ақлу андеша аст,

Ҳукумат ба дасти хирадпеша аст.

Дар ин асру ин ҷойгоҳу низом,

Куҷо аст нақши ман, ай тезгом?

 

Яшти 11

 

Чу аз ҳикмати нав дарак ёфтем,

Яке давлати муштарак ёфтем.

На шоҳу вазиру на бедодгар,

Халоиқ ҳама шоду бологузар.

Амирон ҳама хору расво шуданд,

Фақирон амиру тавоно шуданд.

Ба ҳар гӯшае мири ғамхор буд,

На касро ба дини касе кор буд.

На биме зи душман, на тарс аз рақиб,

На бемор муҳтоҷи панди табиб.

Кутубу макотиб фаровон будӣ,

Ҳама кори одам басомон будӣ.

Дар он мамлакат кор бисёр буд,

Халоиқ зи бекор безор буд.

Ғаноим ҳама моли мардум будӣ,

Дар анборҳо мавҷи гандум будӣ.

Бадонро касе мадҳу ҳамдам накард,

Сарашро ба нокас касе хам накард.

Вале чархи гарданда яксон нагашт,

Куҷо боғи пургул парешон нагашт?

Дар ин боғ ҳам боди сарсар вазид,

Зи чашми фалак ашки ҳасрат чакид.

Накардем мӯро ҷудо аз хамир,

Пароканда шуд кишвари беназир.

Дигар қудрату шаъну шонаш намонд,

Зи Шӯрои мардум нишонаш намонд.

Чу субҳи саодат шаби тира шуд,

Низоми наве дар ҷаҳон чира шуд.

Рақобат миёни ду ҳамсоя аст,

Дарунмояааш молу сармоя аст.

 

Зи Шӯро халоиқ ҳама шод буд,

Шабу рӯз дар фикри эҷод буд.

Зи номаш ҷаҳонро ба лаб ларза буд,

Адӯро аз ӯ биму табларза буд.

 

Яшти 12

 

Чи гӯям, фалак гирдгардон бувад,

Вале чархиши ӯ на яксон бувад.

Гаҳ аз рост бар каҷ, гаҳ аз каҷ ба рост,

Бад-ӯ такя кардан ҳаме норавост.

Гаҳе авҷ дорад, гаҳе зеру паст,

Гаҳе сарфарозӣ, гаҳе ҳам шикаст.

Баҳорон гузашту зимистон расид,

Ба ин гулситон боди сарсар вазид.

Гурӯҳе муханнас аз он марзу бум,

Ба сар парвариданд афкори шум.

Дили мурдаи Аҳриман зинда шуд,

Аз он фитна Шӯро пароканда шуд.

Ба дилҳо хусумат чу боло гирифт,

Замину замон шӯру ғавғо гирифт.

Яке чорасозу ҳама додхоҳ,

Ҳазорон далелу ҳазорон гувоҳ.

Ба зоғи сияҳ амри парвоз шуд,

Ҷидолу қитоли нав оғоз шуд.

Саре пур зи савдо диле пурғазаб,

Ҳама гашт ҷӯёи ному насаб.

Гурӯҳе ҳаводори озодӣ аст,

Гурӯҳе паи қатлу бедодӣ аст.

Гурӯҳе ба тан ҷелаку пур зи хашм,

Ҳама шаҳр ришу ҳама шаҳр пашм.

Сухангӯи минбар ба олу насаб,

Ба тан карда буд ҷомаи беқасаб.

Дам аз дину давлат ба ҳам мезаданд,

Сухан аз Худо бешу кам мезаданд.

Дигар комунистони бологузар,

Кулоҳи дигар монда болои сар.

Яке доҳии шаҳру деҳу маҳал,

Ба ғавғо ҳамекард баҳсу ҷадал.

Саре пур зи боду ғазаб шуълавар,

Ҳама хашмгину ҳама кинавар.

Ба ҷуз худ касеро пазиро набуд,

Ки худхоҳиро хатми зебо набуд.

Сипас фитна бархост аз хоки мо,

Ки хун шуд аз он синаи чоки мо.

Зи ҳар гӯшае фавҷи лашкар расид,

Бародар ба қатли бародар расид.

Ҳама даъвии раҳбарӣ доштанд,

Ҳама даъвати сарсарӣ доштанд.

Пароканда шуд анҷуман дар маҳал,

Маҳалбозҳои хашину дағал.

Чу худро амири маҳал хондаанд,

Шаҳу сарвазири маҳал хондаанд.

Аз ин моҷарову аз ин раҳгузар,

Пароканда шуд халқи бепову сар.

Ба фатвои бегона бархостем,

Паи қатли худ лашкар оростем.

Зи худхоҳии як-ду бедодгар,

Ватан монд танҳову мо бехабар.

Дар ин гирудору дар ин моҷаро,

Маро такягоҳе набуд ҷуз Худо.

Агар бовари мо ба Яздон набуд,

Дигар тоҷику Тоҷикистон набуд.

 

 

 Яшти 13

 

Чу дар фитратам нури яздонӣ аст,

В-аз он нур ақлам чароғонӣ аст.

Набуд ҳафт пуштам чу бедодгар,

Накуштам касеро ба теғу сипар.

Кунун қотили ҷону тан гаштаам,

Адӯи худу ҳамватан гаштаам.

Аҷаб кори бад кардам, ай рӯзгор,

Дареғи ману ин дили доғдор!

Магар Аҳриман кард афсуни ман,

Замин лолагун гашт аз хуни ман.

Чу ханҷар ба ҷони бародар задам,

Ба ҷони худам гӯи ханҷар задам.

Дареғо аз он гурди Суҳроби ман,

Парид аз ду чашми сарам хоби ман.

 

Чи кардам зи худхоҳию ман-манӣ?

Чаро бо бародар сари душманӣ?

Аз ин нанг хору парешон шудам,

В-аз он кардаи худ пушаймон шудам.

Кунун кина аз дил раҳо кардаам,

Ба даргоҳи Ҳақ гиряҳо кардаам.

Дигар Аҳриманро ба дил роҳ нест,

Дар андешаам фикри гумроҳ нест.

Камонро иваз бо қалам кардаам,

Алайҳи адӯ қад алам кардаам.

В-аз он кардаи худ пушаймон манам,

Ситоишгари номи Яздон манам.

Зи неку бади ин ҷаҳон огаҳам,

Мунаввар бувад интихоби раҳам.

Раҳи сулҳу роҳи ватанпарварӣ,

Раҳи меҳрубонӣ, раҳи дилбарӣ.

Ки парҳез аз нораво доштан,

Муҳаббат ба халқи Худо доштан.

Ба авлоди худ меҳрубонӣ кунем,

Барои Ватан ҷонфишонӣ кунем.

Аз ин пас ба ҷони ҷавонам қасам,

Ба ному калому нишонам қасам.

Ҳамин дасту бозу ҳамин ҷони пок,

Фидои ту, ай пургуҳар марзу хок!

 

Яшти 14

 

Дар он рӯзгори пур аз шӯру шар,

Ҳама кинатӯзу ҳама кинавар.

Писар бо падар менамуд ихтилоф,

Ва ё синаи ҳамватанро шикоф.

Зи ваҳшат кас аз сояааш мегурехт,

Зи ҳамсоя ҳамсояааш мегурехт.

Дар ин марзу буму дар ин хоки пок,

Халоиқ сукунат гузиди мағок.

На баргу на боре ба шохи дарахт,

Ҳама ноумеду ҳама тирабахт.

Ҷавоне таҳамтан, яле арҷманд,

Ҳумоюнсифат, гурди болобаланд.

Аз ин вазъ озурда, ранҷур буд,

Вуҷудаш вале равшан аз нур буд.

Аз ин моҷаро синааш чок буд,

Хирадманду чолоку бебок буд.

Сухан гуфт аз рӯзҳои сапед,

Дили мардумон шуд аз ӯ пурумед.

Фаридунсифат сӯйи Заҳҳок шуд,

Ватан аз бадандешу бад пок шуд.

Дилашро барои Ватан шамъ кард,

Пароканда тоҷикро ҷамъ кард.

Аниси дили халқи бечора шуд,

Барои Ватан беҳтарин чора шуд.

Хирад бар ғазаб дасти боло гирифт,

Муҳаббат ба дилҳои мо ҷо гирифт.

Ба бегонагон бонгу ҳушдор дод,

Ватанро ба дасти ватандор дод.

Аз ӯ шуд фузунӣ сари хони мо,

Бад-ӯ зинда шуд Тоҷикистони мо.

Чу равшангари шоми торик шуд,

Ҷаҳоне санохони тоҷик шуд.

 

Яшти 15

 

Чу даҳ аср бе коху минбар гузашт,

Вале бо китобу ба дафтар гузашт.

Ҷаҳон кар шуд аз бонгу фарёди ман,

Касе ҳам наёмад ба имдоди ман.

Вале ман худамро худам сохтам,

Дирафши худиро барафрохтам.

Зи Шӯро халоиқ чу озод шуд,

Яке давлати тоза бунёд шуд.

Чу дар кори олам навовар шудам,

Кунун соҳиби тахту минбар шудам.

Дар ин зодбум як Ватан сохтам,

Ватанро ба марзи куҳан сохтам.

Бадахшони мо ин нахустмеҳан аст,

Ҳамон Ориёвиҷаро маъман аст.

Ҳамин Рашту Хатлон бувад сангарам,

Ки Суғду Зарафшон бувад пайкарам.

Хушо сарзамини навободи ман,

Хушо Тоҷикистони озоди ман!

Ту, ай ёдгори Фаридуну Ҷам,

Саломатпаноҳу саодатқадам.

Ту, ай зодгоҳи хирадпешагон,

Хирад дар канорат бувад ҷовидон.

Ту, ай хостгоҳи китобу қалам,

Ту, ай боргоҳи ҷалолу ҳашам.

Нишоне зи Сомониёни далер,

Ялони хурӯшанда чун наррашер.

Ту озод ҳастӣ, ҷаҳон ёри туст,

Фалак гирдгардони пиндори туст.

Дилам аз фараҳ шоду бедор шуд,

Ки озода аз нав ватандор шуд.

Паризодаам, дар биҳишти худам,

Кунун соҳиби сарнавишти худам.

Дар ин ваҳдатободи некусиришт,

Баланд аст иқболам аз сарнавишт.

Дигар сулҳу ваҳдат шиори ман аст,

Ҳама халқ андар канори ман аст.

Зимистон гузашту биёмад баҳор,

Ватан худкифову Ватан пойдор.

Ба по шав, пайи эҳтироми Ватан,

Баланд аст ному мақоми Ватан.

Ки меҳри Ватан дар сиришти ман аст,

Биҳишти ману сарнавишти ман аст.

Зиҳӣ, сарзамини Хуросони ман,

Зиҳӣ, тоҷику Тоҷикистони ман!

Ҳамеша парафшон пару боли ту,

Дурахшон бувад бахту иқболи ту.

Тану ҷони мо дар раҳат банда бод,

Сари душманонат сарафканда бод!

Зиҳӣ, миллати бохирад, тоҷвар,

Сароғози фарҳанги аҳли башар.

Ҳумоюн бувад ҷашни озодият,

Сано бод бар маҷду ободият!

Беҳрӯзи Забеҳулло

Хондан 1040 маротиба