JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 03 Январи 2022 08:27

Шеъри рӯз: “Аналҳақ”‐и Шайтонӣ

Муаллиф: Комил Бекзода

“Аналҳақ”и Шайтонӣ

Фикр кардам зиндагиро борҳову борҳо,

То раҳе пайдо кунам аз ин ҳама озорҳо!

Шикваҳои мо кунун бар ҳеҷ кас мақбул нест,

Не барои бастагони хешу не ағёрҳо.

Ман чӣ гӯям аз мақоми зиндагону мурдагон,

Ҳардуро чун ҷав фурӯшанд андар ин бозорҳо...

Тоҷирони дину дунё аз Худо баргаштаанд,

Чун Худо бинанд андар пайсаву дуллорҳо.

Хонумони аҳли оламро ба яғмо мебаранд,

Шуд насиби қавми афғон таркишу кушторҳо!

Ҳотифе аз номи Ҳақ, гуфто, ки Мансуре биёр!

Бишканад бо дасти худ ин минбару ин дорҳо!!!

Он “Аналҳақ”, баҳри Инсон мезад он марди Худой,

Ин “Аналҳақ”, баҳри Шайтон мезанад, хунхорҳо!!!

Комил Бекзода

Хондан 2041 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Тоҷики тоҷдор! (Достон) қисми 3 Эй Наврӯз! »