JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 18 Марти 2022 05:23

Эй Наврӯз!

Муаллиф: Комил Бекзода

 Эй Наврӯз!

Туро чун иди фардои ҷаҳонӣ мепарастам,

Туро чун ишқи даврони ҷавонӣ мепарастам.

Ба Олам навбаҳору шуълаи Хуршед меорӣ,

Ба Мардум неъмати дунёии Ҷамшед меорӣ.

Чаро ки шавқу шӯру рушноӣ баҳри дилҳоӣ,

Чаро ки дар ҷаҳони идҳо чун ид Яктоӣ.

Туро бар аҳли олам муждаи иқбол мехонам,

Бар ҳар давру замоне ҷоми моломол мехонам.

Ҷаҳоне аз вуҷудат хурраму дилшод, эй Наврӯз,

Бароят ин ҳама шодӣ муборак бод, эй Наврӯз!

Комил Бекзода

14 марти 2022

 

Ҷашни ниме аз Ҷаҳон!

Дар чунин Иде бағал бикшода ниме аз Ҷаҳон,

Баҳри табрики Занону Духтарону Дилбарон.

Эй хушо, бар ҳоли фарзандони Одам, к‐аз қазо

Ин ҳама бахту саодат, дар ҷаҳони бекарон.

Фурсати шоистае бошад барои Марду Зан,

Баҳри изҳори садоқат, андар ин умри равон.

Дар фазои Сулҳ, ишқу ошиқӣ арзанда аст,

Зинда бодо, муъҷизоти Ишқу Иди Бонувон!

Комил Бекзода

27 феврали 2022

 

Марҳабо,  эй  Шеър!

Марҳабо, эй Шеър, пайғоми Баҳоратро бигӯ,

Ҷилваҳои мавҷ‐мавҷи лолазоратро бигӯ.

Хуб медонам, ки аз ин мурдадилҳо хастайӣ!

Шавқу шӯри ишқи аввал, аз Нигоратро бигӯ.

Асри Ковид аст, халқе саргарон аз бими ҷон,

Сарварони тангчашми рӯзгоратро бигӯ.

Баъд аз ин, эй Шеър, баҳри мо паёме ҳаст? Нест?!

Минбаре аз баҳри эълони Шиоратро бигӯ!

Алғараз, мову ҷаҳони холӣ аз шеъру суруд,

Сарнавишти Ишқу Илҳому Баҳоратро бигӯ!

Комил Бекзода

29 январи 2022

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Хондан 943 маротиба