Шуълаи Ҳурмузд дорад оташи мо,
Озарафрӯз аст қалби беғаши мо.
Эй Сада, эй ҷашни асли ориёӣ,
Тоҷикему ориёӣ ҷашни моӣ.
Фарри яздонӣ, шукӯҳи паҳлавонӣ,
Мояи тоҷик шуд дар зиндагонӣ.
Меравад панҷоҳ рӯзу шаб зи сармо,
Мерасад наврӯзии гулҳо ба гармо.
Эй Сада, эй ҷашни асли ориёӣ,
Тоҷикему ориёӣ ҷашни моӣ.
Эй Сада, моро ба фарвардин расонӣ,
К-оташи ту борад оби зиндагонӣ.
Оташу обат кунад зулматзудоӣ,
То ҷаҳонро нури яздонӣ физоӣ.
Эй Сада, эй ҷашни асли ориёӣ,
Тоҷикему ориёӣ ҷашни моӣ.
Аскар Ҳаким