JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 22 Январи 2024 11:24

Меҳаннома: Дар xуни ман ғурури ниёгон нуҳуфтааст

Муаллиф: Искандари ХАТЛОНӢ

Дар xуни ман ғурури ниёгон нуҳуфтааст,

Хашму ситези Рустами Дастон нуҳуфтааст.

 

Дар тангнои синаи ҳасраткашидаам,

Гаҳвораи басирати мардон нуҳуфтааст.

 

Хоки маро ҷазираи xушке гумон мабар,

Дарёи бекарону xурӯшон нуҳуфтааст.

 

Холӣ дили маро ту зи тобу тавон мадон,

Шери жаён миёни найистон нуҳуфтааст.

 

Пиндоштӣ, ки решаи пайванди ман гусаст,

Дар синаам ҳазор Хуросон нуҳуфтааст. 

Искандари ХАТЛОНӢ

Хондан 495 маротиба