JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 25 Январи 2024 14:34

Меҳаннома: Суруди миллӣ, Суруди анҷумани тоҷикон, Шукрона, Сари болои ман

Муаллиф: ГУЛНАЗАР

СУРУДИ МИЛЛӢ

 Диёри арҷманди мо,

Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,

Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.

Зи дурии замонаҳо расидаем,

Ба зери парчами ту саф кашидаем,

кашидаем.

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

 

Барои нангу номи мо

Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,

Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,

Хазон намерасад ба навбаҳори ту,

Ки мазраи вафо бувад канори ту,

канори ту.

 

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

 

Ту модари ягонаӣ,

Бақои ту бувад бақои хонадони мо,

Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,

Зи ту саодати абад насиби мост,

Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост,

ҳабиби мост.

 

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

 

СУРУДИ АНҶУМАНИ ТОҶИКОН

 

Эй дӯст, биё, ки мо зи як анҷуманем,

Парвардаи меҳрубонии як чаманем.

Ҷони ману ту бувад Ватан, медонӣ,

Донӣ, ки ману ту низ ҷони Ватанем.

 

Дар пардаи субҳ меҳри тобон яктост,

Тоҷик ҳама ҷову Тоҷикистон яктост.

 

Эй дӯст, биё, ки раҳбари мо Ватан аст,

Парвози баланду шаҳпари мо Ватан аст.

Ғамхораи мо нест ба ҷуз ишқи Ватан,

Болида биё, ки модари мо Ватан аст.

 

Дар пардаи субҳ меҳри тобон яктост,

Тоҷик ҳама ҷову Тоҷикистон яктост.

 

Эй дӯст, биё, ки ҳамватан ҳамтани мост,

Зӯри дилу нури дидаи равшани мост.

Меҳре, ки шукуфтааст дар чеҳраи мо,

Худ шоҳиди бехазонии гулшани мост.

 

Дар пардаи субҳ меҳри тобон яктост,

Тоҷик ҳама ҷову Тоҷикистон яктост.

 

ШУКРОНА

 

Ассалом, эй аслу эй бунёди ман,

Ассалом, эй хонаи аҷдоди ман,

Гар замоне дур афтодам зи ту,

Дур н-афтодӣ даме аз ёди ман.

 

Шукри номат, эй Ватан, сад шукри ту,

Маънии ҳастии ман, сад шукри ту.

Бе ту ҷонам дар тани ман ҷон набуд,

Нони бе ту хурдаи ман нон набуд,

Сӯйи ту буд дидаи уммеди ман,

Ғайри армони туам армон набуд.

 

Шукри номат, эй Ватан, сад шукри ту,

Маънии ҳастии ман, сад шукри ту.

 

Дар ба дар гаштам, дари бахтам нашуд,

Дасти лутфе бар сари сахтам нашуд.

Хоби роҳатро надидам зери чарх,

То ки хору санги ту рахтам нашуд.

 

Шукри номат, эй Ватан, сад шукри ту,

Маънии ҳастии ман, сад шукри ту.

 

Рӯйи ту дидам, ғамам бигзашту рафт,

Ҳасрати бешу камам бигзашту рафт,

Аз аҷал парво надорам баъд аз ин,

Ҳаҷри ту аз оламам бигзашту рафт.

 

Шукри номат, эй Ватан, сад шукри ту,

Маънии ҳастии ман, сад шукри ту.

 

САРИ БОЛОИ МАН

 

Ватан ҳасту сари болои ман ҳаст,

Чароғи дидаи бинои ман ҳаст.

Ба дунё шавкати дунёи ман ҳаст.

Бувад оғози ман оғозҳояш,

Ҳама парвози ман парвозҳояш,

Наям порина, то фардои ман ҳаст.

 

Забони ман забони чашмасораш,

Садои ман садои рӯдбораш,

Ки оҳанги тари дарёи ман ҳаст.

 

Давоми субҳи ӯям–пурфасона,

Ҳавои боғи ӯям –пурҷавона,

Саропо ишқаму савдои ман ҳаст.

 

Манам як пораи кӯҳи баландаш,

Манам як байти шеъри дилписандаш.

Ки бо вай умри побарҷои ман ҳаст!

Гулназар Келдӣ

Хондан 1714 маротиба