JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 01 Феврали 2024 11:33

Меҳаннома: Тоҷикистон, Мероси аҷдод, Хоки Ватан, Суруди Тоҷикистон, Ғазалқасидаи Ватан, Замини сабзи боварҳо

Муаллиф: Аскар ҲАКИМ    

 ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон,  обу  хокам  обу  хоки  поки  туст,

Ту маро ҳам ҷои ҷон, ҳам ҷои дил, ҳам ҷои чашм.

Ман қадам чун мениҳам, дар зери поям хоки туст,

Гарди хокатро табаррук мениҳам болои чашм.

Гар касе як гарди ту дар баҳру бар гум мекунад,

Ӯ на гарди хоки покат, балки сар гум мекунад.

 

То забон бикшоям аз ишқат, маро бикшо забон,

То ба деҳқон чун замини пахта бахшоям сурур.

То  ситоям  кӯҳу  водият  чу  дарёи  равон,

Карда гардон парраҳоро, к-он шавад дарёи нур.

Ишқи ман ҳаргиз набошад дар забону дар сухан,

Баски ишқи ту дамида ҷои ҷонам дар бадан.

 

Бодҳо дар пуштаҳо аз меҳри ман хонад суруд,

Мавҷҳо дар рӯдҳо аз ишқи ман хонад ғазал,

Офтоб аз қуллаҳо аз сидқи ман гӯяд дуруд,

Тоҷикистон, баҳри ту, ишқи азизи бебадал.

Ман баландам аз само, то зери гардуни туам,

Дар рагу шарёни ту як қатраи хуни туам.

 

Достони нусрати ту дар замину осмон,

Ахтарон рӯи ливоят карда аз гардун нузул.

Гарчи ҳамчун Тоҷикистон арзу тӯли ту аён,

Лек ҳамчун хоки тоҷикон надорӣ арзу тӯл.

Решаи тоҷик равад аз хиттае бар хиттае,

Бо ҳама илму фанаш аз қитъае бар қитъае.

 

Аз азал ин кӯҳсорон ҳамчу боми тоҷик аст,

Боми ҳар як тоҷике бошад ба гардун ҳамҷавор.

Аз ниёгон ёдгори мо чу номи тоҷик аст,

Тоҷикистони ҷавонбахт аст аз мо ёдгор.

Сабз бошӣ, хоки тоҷик, ҳамҷавори осмон,

То зиям андар канорат ҳамканори осмон.

 

МЕРОСИ АҶДОД

 

Чун Ватан мероси аҷдод аст бар авлоди хеш,

Нест низ авлодро мероси пуршони дигар.

Ҷон гаравгон ҳар Ватандоре Ватандорӣ кунад,

То Ватан бахшоядаш озода сад ҷони дигар.

 

Парварад фарзандҳои некномашро Ватан

Ҳамчу модар бо умеди давлати пояндааш.

Меҳри гарми модарияш мерасад то ҳафт пушт

Бар ҳама фарзандҳои рафтаву ояндааш.

 

Дар диёри кӯҳсорам, к-он канори модар аст,

То саҳар гаҳвораҳо ҷунбанд чун  сайёраҳо.

Хоки сабзаш осмоне менамояд дар назар,

Тифлаконаш ҳар яке рахшонтар аз истораҳо.

 

Ай Ватан, ай мулки кӯҳистони ман, фарзанди ту

Домани кӯҳат бигирад, кӯҳсон боло шавад.

Рӯдҳоят ҳасту дарёе надорӣ, бок нест,

Бо дили дарёи худ ҳар тифли ту дарё шавад.

 

Солҳо чун ганҷҳоят, к-аз назарҳо буд ниҳон,

Дар дили ман буд пинҳон ганҷи ашъору сухан.

Мекушоям баҳрат ин ганҷинаро имрӯз ман,

То туро аз ман шиносанду маро аз ту, Ватан!

 

ХОКИ ВАТАН

                                    

Гар Ватан бошад якеро соҳили дарёю рӯд,

Дигаре дорад Ватан дар домани дашти кабуд.

Ҳар касе дорад Ватан, дорад ғами буду набуд,

Беватан он кас, ки бошад фориғ аз ёди Ватан.

Рӯзи одам хубу бад оё ба олам нагзарад?

Бигзарад, аммо ба мисли рӯзи одам нагзарад.

Рӯзи одам беватан, бигзор, як дам нагзарад,

Дар ғаму шодӣ биҷӯяд хотири шоди Ватан.

Гарчи мерос аст марги волидайни меҳрубон,

Теғи алмос аст моро мурдани фарзанди ҷон,

Ҳасрату доғи Ватан садчанд аз ин бошад гарон,

Кас набинад дарду доғу рӯзи ношоди Ватан.

Хоки одамро, ки шӯриданд бо хоки Ватан,

То абад аз ӯ намегардад ҷудо хоки Ватан.

Пур шавад рӯзаш, кашад сӯяш варо хоки Ватан,

Баски ҳаст ӯ  з-обу хоку оташу боди Ватан.

 

СУРУДИ ТОҶИКИСТОН

 

Суруди нав шунав аз ишқи дерин, Тоҷикистонам,

Ки ширинтар туйӣ аз ҷони ширин, Тоҷикистонам.

 

Гулистонҳои шаҳророи атрият барад дилро,

Куҷо ёбам ба ҳуснат ҳарфи таҳсин, Тоҷикистонам.

 

Бубин, ҳафт осмон бар пойи куҳҳои ту сар монда,

Замини ту баланд аз Моҳу Парвин, Тоҷикистонам.

 

Маро ҷуз дар канори ту биҳишти дигаре набвад,

Ки сангат чун пари қуест болин, Тоҷикистонам.

 

Зи қалби кӯҳҳоят рӯдҳои нуқрагун ҷорист,

Само софу заминат сабзқолин, Тоҷикистонам.

 

Туро дар бостониву навангезӣ қиёсе нест,

Куҳанбунёди давронҳо, навоин, Тоҷикистонам.

 

Ту худ сарчашмаи меҳрӣ, ки ишқи обу хокатро

Ба ҷонам кардаам ҷовид тазмин, Тоҷикистонам.

 

ҒАЗАЛҚАСИДАИ ВАТАН

 

Ғазали  ишқ  ба  номи  ту бихонам, Ватани ман,

Ки ту ширинтарӣ аз шираи ҷонам ба тани ман.

 

Ҳама аъзои ман  аз  хоки ту рӯйидаву сабз аст,

Низ ҳар нахли ту пайванд зада бо бадани ман.

 

Реша дар  оби ҳаёт аст, гар аз мо шаҷаре ҳаст,

Сабз аз чашмаи Хизр аст чамони чамани ман.

 

Чун зи ҳар кӯ расад овои кишоварзии Зардушт,

Сар занад сабзаи  сарвода  зи яшти куҳани ман.

 

Ман аз он шавкати дерина чӣ гӯям, ки туӣ, ту,

Тахти Ҷамшеду Бухорову Ҳироту Хутани ман.

 

Чун ба Хатлону Бадахшону ба Суғдат набинозам,

Ки ба ҳам ҷамъи ҷамиланд ба ҳар анҷумани ман.

 

Дар Хуросон, ки зи ҳар банд кушояд гираҳ осон,

Мефитад  даҳр ба зону ба пайи илму фани ман.

 

Аз Ҷаму Кова, Фаридуну Сиёвахшату Куруш

Мерасад шуълаи тобони Каён то замани ман.

 

Ҳар гаҳ аз Борбади нағмазан орам сухане чанд,

Мешаванд ин ҳама мурғони чаман чангзани ман.

 

Зуҳра дар боми фалак ахтару маҳро диҳад ангез,

Дида покӯбии сармасту шикан дар шикани ман.

 

Рӯдакӣ   пардаи   Омӯя   навозад   ба   Бухоро,

Мавҷ дар мавҷ равад то ба само каф задани ман.

 

Бӯалӣ набзи маро даст  гирифтаст абадуддаҳр,

Чун башаррост саломат сиҳати ҷону тани ман.

 

Қиссаи  Рустаму  Суҳроб  бихонем  ба  такрор,

Шояд ин бор шиносад писараш Таҳмтани ман.

 

Ҳеҷ махлуқи Худоро, ки ба раҳ чоҳ  накандам,

Кош, андар чаҳи худ ҳам нафитад чоҳкани ман.

 

Ту агар марди набардӣ, ба раҳи шаъну шуҷоат,

Тан  диҳӣ  худ ту ба  зӯроварии  танбатани ман.

 

Ба само(ъ)и азал омехт чун  Мавлоно  бо шамс,

То абад гирди сарат гашт фалак чархзани ман.

 

Ринди Шероз, ки дил дод ба туркони паричеҳр,

Қиблаи  ошиқу ориф шуда  дашту  дамани ман.

Гоҳ  буда,  Ватанам,  хиттаи  байтулҳазане  ту,

Шукри Эзад, ки шудӣ хурраму байтулҳасани ман.

 

Баски  оростаӣ  ҷумла  ҷаҳонро  ба  ҳунар  ту,

Ҳоҷатат нест дигар бар сухани  бесунани ман.

 

Ба санои  ту  вале  шеъру  чакомак  кунам оғоз,

Фавҷи истора бирезад ҳама шаб аз даҳани ман.

 

Ҷилваи парчами ту  барги  умеди падарон аст,

Танг ояд зи фараҳ бар тани ман пираҳани ман.

 

Ҳарф   гӯям  зи  дили   тоҷики  Эрону  Хуросон,

Бешумар шукри Ватан мерасад аз ҳар сухани ман.

 

ЗАМИНИ САБЗИ БОВАРҲО

 

Ҳарф мехоҳам занам аз сарзамини хеш,

Ҳар чӣ мегӯям, вале з-ин хок

                                                  ҳарфи осмон ояд.

Баски ин марзи гиронмоя, ки мояш пой мемонем,

Дигаронро Каҳкашон ояд.

 

Чашми мо дар ҳар нигоҳе мехӯрад бар кӯҳ,

Чун ҷаҳони мо уфуқхат нест,

 шоқулист.

Сарҳади марзаш на дар дарёву

                        на дар рубъи маскунест,

                                          на дар дашту на кӯлест,

Дар савойи ҳафт гардунест.

Шоиронаш ҳам бад-ин ваҷҳ

                                            осмониянд,

Гарчи рӯйи ин ҷаҳон худрӯй месабзанд,

Онҷаҳониянд.

 

Хоки моро аз азал андозаи тангу фарохӣ нест,

Хоки моро то абад тафсиру андоза баландоист.

 

Дар чунин хоке, ки дар ҳар зарраи хеш

                                                        осмон дорад,

Метавон оё ба ҳадди хоку меъёри заминӣ зист.

Ман намедонам,

                    вале медонам ин ҷо хокпош ар ҳаст,

Дил саройи ишқи гардунаш набошад,

                                                                        нест.

 

Аз пайи хеш ӯ барад бар авҷи гардунҳои гардонам,

К-аш наёрам бар замин дигар фуруд оям.

Шоирон ҳарфи баланд аз моварои осмон ҷӯянд,

Ман вале бар хоки ин манзар фуруд оям.

 

То ба ҳарфи хомуши води-ш гӯшамро фаро орам,

Вожаҳойи рӯдҳоро бишнавам дар вежапардозӣ.

Гӯш бар хоки таҳаммулбор бигзорам,

Оядам аз Зардуҳишту Маздаку Мони-ш овозе,

Баски хоки покашон ин ҷост,

Саҷдагоҳу зинаи афлокашон ин ҷост.

 

То ҷаҳон боқӣ бувад,

 фармудаи он некфар боқист,

Дар се дастураш:

          накӯпиндору гуфтору накӯкирдори зардуштӣ.

Дар ду олам ҳам нахоҳӣ ёфт ҳамсонаш,

Бигзарад сад пушт агар ҳам баъди сад пуште.

 

Дигар он, к-ӯ

ҳар киро бо ӯ баробар буд,

 бародар хонд,

То сухан аз маздакият ронд.

В-он дигар з-инсониву фарҳанг

Тоза нақши монавӣ овард дар Аржанг.

З-ин ҳама фарҳанги тоҷик ориёнфар монд.

 

Эй замини сабзи боварҳо,

Решаҳоят сабз бас дар оби имон асту кавсарҳо,

Чун ту ислом оваридӣ,

                               дидам ислом инчунин бояд,

К-аз мусалмонии ту имрӯз

          худ Оли Муҳаммад ҳам ба ваҷд ояд.

 

Ҳамди исломат, ки ҷуз исломи некӣ нест,

Рӯдакию Мавлавиятро назири одамият кист?

То расад насли башар бар ҳадди инсонӣ,

Боядаш омӯхт аз ин ҳар ду мусалмонӣ.

Чун тавон гуфтан варо наъту сано дигар,

Он, ки ӯро нек нек асту бадаш аз нек некӯтар.

 

Эй диёри кӯчаки аз чор уқёнус паҳновар,

Ҳар ваҷаб хоки азизатро баландиҳои ин мардон

Кард гардуни баландахтар,

К-ин мани сарводагӯ дар ҷустуҷӯйи ҳарфи шоёнат

Мезанам акнун

                  Ба  авҷи  ҳафт  гардун  сар.

Аскар ҲАКИМ

Хондан 3019 маротиба