JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 25 Апрели 2024 10:43

Меҳаннома: Ҳадяи яздон, Таронаи муҳаббат, Ватанам, Тоҷикистон, Ворис

Муаллиф: Гулрухсор САФӢ  

ҲАДЯИ ЯЗДОН

 Аз фарози қуллаи иқболи мо,

Медамад хуршеди истиқлоли мо!

Ҳадяи Яздон, биҳишти мо, Ватан,

Шаҳкитоби сарнавишти мо, Ватан!

Атри "Ҷӯйи Мӯлиён"-у накҳаташ,

Мо зи шеъри Рӯдакӣ бӯйидаем.

Мо ҳама аз оби Рӯдак хӯрдаем,

Мо зи дарди Рӯдакӣ рӯйидаем!..."

 

Дарди оламсози ишқи ҷовидон,

Дарди дерин, дарди эҳёи Ватан.

Дарди ширин дарди миллатофарин,

Дарди воло дарди зебои Ватан.

 

Ишқи ту дар хуни мо, дар ҷони мост,

Ишқи ту дар шаҳраги имони мост.

Офтоби ишқи оташбори ту,

Ҷавҳари оинаи ирфони мост.

 

-Чист истиқлол?

-Иззат доштан!

Бар диёри худ муҳаббат доштан.

Дар замини шуҳрати озодагон,

Донаи меҳру садоқат коштан.

 

Аз фарози қуллаи иқболи мо,

Медамад хуршеди истиқлоли мо!

Ҳадяи Яздон, биҳишти мо, Ватан,

Шаҳкитоби сарнавишти мо, Ватан!

 

ТАРОНАИ  МУҲАББАТ

 

Чу тахти бахти тоҷикон расидаӣ,

Зи меҳри пок меҳрубон расидаӣ,

Чу нури ҳақ зи ҳақрасон расидаӣ,

Чу субҳ аз дили шабон расидаӣ,

Замини нозанини мо туӣ, Ватан,

Умеди охирини мо туӣ, Ватан!

 

Мароми мо ниёзи нангу ори туст,

Мақоми мо фарози ифтихори туст,

Сиришти мо сафои рӯдбори туст,

Биҳишти мо ҳисори кӯҳсори туст:

Биҳишти нозанини мо туӣ, Ватан,

Умеди охирини мо туӣ, Ватан!

 

Ту субҳи нодамидаро башоратӣ,

Ту бахти тоҷиконаро иморатӣ,

Ту такягоҳи ваҳдату муҳаббатӣ,

Ту қисматӣ, ту модарӣ, ту миллатӣ:

Замини нозанини мо туӣ, Ватан,

Умеди охирини мо туӣ, Ватан!

 

 

ВАТАНАМ

 

Тоҷикистон, сари ҳар санги ту бар ман Ватан аст,

Бари ҳар буттаи хори ту бароям чаман аст.

Заррае некам агар, дарси ту аз бар кардам,

Заррае хубам агар, ҳусни ту мероси ман аст.

 

Кӯҳсорони ту аз нуқраву тиллост баланд,

Ту баландӣ зи баландии вафои писарон.

Сари ҳар сахра яке кулбаи сангист баҷой,

Ҳамраҳи меҳри ту олам ҳама гунҷад дар он,

Ватанам, эй Ватани майдаи мардони калон!

 

ТОҶИКИСТОН

 

Обрӯям, эътиборам,

Зиндагиям, рӯзгорам,

Ҳарчи ҳастам, бо ту ҳастам,

Ҳарчи дорам, бо ту дорам,

Тоҷикистон!

 

Бо дили аз меҳри ту саршор, саршор,

Бо сари аз фахри ту чархи баринам,

Дур рафтам, то туро наздик бинам,

Аз ту рафтам, то ҳаме бо ту нишинам,

Тоҷикистон!

 

Мулкҳои дидаам аз ёд рафтанд,

Лолаҳои чидаам бар бод рафтанд,

Ман, ки бо ёди ту будам ҳар куҷое,

Дидаву бишнидаам аз ёд рафтанд,

Тоҷикистон!

 

Аз замин то осмонро дӯст дорам,

Бас туро ман дӯст дорам, Тоҷикистон!

Лаҳзаро дар ҷовидонат мепарастам,

Мепарастам бас туро, парвардигорам,

Тоҷикистон!

 

Пайкари мардони хокӣ,

Кони кашшофон надида,

Эй шуои ақлу дида,

Эй суруди носуруда,

Тоҷикистон!

 

ВОРИС

 

Тоҷикистон, ҷуз ту нашносад касе

Дар ғурури ман кӯҳистони маро.

Дар каломи содаам, дар лаҳҷаам

Зарби исён, рӯҳи урёни маро.

 

Зарраи хуршеди сӯзони туам,

Лолае дар марзи домони туам.

Эй Ватан, эй рӯҳ, эй модархудо,

Духтари барқи куҳистони туам.

 

Хоксориҳои тоҷик сода нест,

Аз баландии шукӯҳи миллат аст.

Ченаки номуси ман дар зиндагӣ

Қуллае аз рӯҳи кӯҳи миллат аст.

 

Қисмати пуршӯри ман сар мезанад

Чашмасон аз синаи харсанги ту.

Рӯдакӣ ҳаргиз намебахшад маро,

Дар бисоти ман набуд чизе нагӯ!

 

Ёфтам бунёди осори туро

Аз алифбои «Авасто»-и сухан.

Гарчи то ман пора-пора омадӣ,

Зинда бош, эй ҷони афгорам, Ватан!

 

Эй Ватан, эй офтоби нанги ман,

Сӯхтан дар оташи ишқат кам аст.

Аз сари китфат ба олам бингарам,

Ҳар тани соҳибватан як олам аст.

 

Неши хоре мекашам аз чашми худ,

То бубинам хандаи гулзори ту.

Вориси нанги туву санги туам,

Рӯйи дил аз захм унвондори ту.

 

Тоҷикистон, ҷуз ту нашносад касе

Дар хурӯши ман забони Вахшро.

Дар талоши ҳақшиносиҳои ман

Дарси  покии  занони  Яхчро.

 

Дуд аз сӯзи шарар сар мезанад,

Нанг аз гарди Ватан сар мешавад.

Шеър тифли рӯҳи исёнзода аст,

Шоир аз дарди Ватан сар мешавад!

Гулрухсор САФӢ

 

Хондан 1998 маротиба