JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 29 Апрели 2024 09:57

Меҳаннома: Чашмаи иқбол, Эҳё, Яктост Тоҷикистон, Писарему сипарем, Таронаи тоҷ, Мулки ишқу бахти мо

Муаллиф: Низом ҚОСИМ

ЧАШМАИ ИҚБОЛ

Тоҷикистон, чашмаҳоят чашмаи иқбол бод!

Мурғи бахтат ҷовидона хушпару хушбол бод!

 

Роҳҳоят тахт боду раҳнамоят бахт бод,

Дӯстонат шод боду душманонат лол бод!

 

Захмҳоят дар дилу дар ҷони мо ёбад шифо,

Умри ту сад солу ҳар соли ту садҳо сол бод!

 

Ҳеҷ гаҳ дигар наборад бар сарат борони тир,

Бар сарат борони раҳмат то абад таббол бод!

 

Ҷашнҳои  ту  муборак,  идҳои  ту  саид,

Мизбоно, ин ҳама меҳмони ту хушҳол бод!

 

Дар раҳи иқболи худ бошӣ, илоҳо, мустақил,

Ҳар даму ҳар рӯзи умрат Ҷашни Истиқлол бод!

  

ЭҲЁ

 Қатра-қатра  оқибат  дарё  шудем,

Зарра-зарра кӯҳи побарҷо шудем.

 

Сад ҳазорон Ман ба ҳам ҷамъ омадем,

То дар ин даҳри парешон Мо шудем.

 

Ҳосили  ҳамдасту  ҳампоӣ  бубин,

Дасти ҳам бигрифтаву барпо шудем.

 

Меҳри ҳам варзида, қад афрохтем,

Қадри ҳам дониста, сарболо шудем.

 

Дасти ҳам бигрифта, ҳамчун ҳарфҳо

Рӯи  авроқи  Ватан  маъно  шудем.

 

Милро аз чашми миллат карда дур,

Ҳамчу шеъри Рӯдакӣ бино шудем.

 

Доруи   дарди   ҷудоӣ   ёфтем,

Вориси арзандаи Сино шудем.

 

Рӯ ба роҳи  ҳақ  ниҳодем  аз  дигар,

Рострав чун сатри Мавлоно шудем.

 

Бин, ба мо ҳар субҳ  чун  бар  Офтоб –

Гум нагаштем, аз дигар пайдо шудем!

 

 

ЯКТОСТ  ТОҶИКИСТОН

 Бо арзу тӯлу паҳно

Дунёст   беканора,

Пурнуру гарму зебо

Мулк аст бешумора,

 

Аммо ба зери гардун

Танҳост  Тоҷикистон,

Мобайни ҷумла афзун

Яктост   Тоҷикистон.

 

Дар ҳар канори олам

Як пора нон тавон ёфт,

Натвон  валек  беғам

Дигар чунин ҷаҳон ёфт,

 

Аз ҳар чарову ҳар чун

Болост  Тоҷикистон,

Дар зери чархи гардун

Яктост  Тоҷикистон.

 

Бо хуни мо чу охир

Омехт  обу  хокаш,

Ҳастем зинда дигар

Бо обу хоки покаш.

 

 

Чун ҷони тоза дар хун

Морост  Тоҷикистон,

Аз ҳар ҳисоб берун –

Дунёст  Тоҷикистон!

 

 ПИСАРЕМУ СИПАРЕМ

 Ин Ватан нест фақат водию кӯҳ,

Сад ғурур асту виқор асту шукӯҳ!

Ин Ватан нест фақат долу дарахт,

Ба дарахташ ту бубин меваи бахт!

Мо на танҳо писари ин Ватанем,

Балки бо ҷон сипари ин Ватанем!

 

Шаҳр не он,

Фақат он деҳкада нест,

Қад-қади роҳ қатори сада нест,

Шаҳри Ҷон, деҳкадаи Имон аст,

Решаҳои садааш дар ҷон аст!

 

Мо на танҳо писари ин Ватанем,

Балки бо ҷон сипари ин Ватанем!

 

Роҳи он роҳнамои ману туст,

Кӯҳи он кони садои ману туст,

Рӯди он бар раги дил монанд аст,

Ин чӣ хок аст, ба ҷон пайванд аст!

 

Мо на танҳо писари ин Ватанем,

Балки бо ҷон сипари ин Ватанем!

 

ТАРОНАИ ТОҶ

 Ватан,

эй додаи Яздон;

Ватан,

эй маншаи имон;

Ватан,

эй тахту тоҷи сабз гашта,

аз арақҳои ҷабину хуни поки қалби аҷдодон;

Ватан,

эй тахти реша дар дили мардум;

Ватан,

эй тоҷи болотар зи афлоку нигинаш хӯшаи анҷум;

Ватан,

эй аллаи ҳар модари тоҷик;

Ватан,

эй достони носуруда дар дили ҳар шоири тоҷик;

Ватан,

эй сарпаноҳи ҷумла парвозиву ҷумла бепари тоҷик;

Ватан,

эй дар замин хуршеди тоҷик,

моҳи тоҷик,

ахтари тоҷик;

Ватан,

эй меҳри дил,

эй муҳраи ҷон,

зери ин гардуни гардон меҳвари тоҷик!

 

Фаровон сарзамин,

аммо замини решаҳои мову ман яктост,

Чунин дашту даман якто,

Чунин боғу чаман яктост,

Худо яктост дар дунё,

Худодод ин Ватан яктост!

 

Ватан,

мо аз ту умре қарздорем,

Дигар бояд ба дастат дил супорем,

На по, бояд ба хокат сар гузорем!

Ба тифлӣ хурда гар хоки туро мо бо умеди пок сабзидан,

Тани моро хурад хоки ту бояд баъди ҷонро бар

ту бахшидан!

 

Кунад ҳар кас маҳалбозӣ дигар,

нони Ватан-Модар ҳаромаш бод!

Кунад ҳар кас мағалбозӣ дигар,

гум аз ду дунё нақшу номаш бод!

Бадӣ ҳар кас ба ин неку Ватан-Модар бихоҳад,

заҳри ҷонаш шири момаш бод!

 

На суғдиву бухориву бадахшонӣ,

На раштиву самарқандиву хатлонӣ,

На балхиву ҳисориву зарафшонӣ,

На вахшиву хуросониву фарғонӣ,

Ба як мазҳаб,

Ба як динем дигар,

Дини поки қобили табрик –

Ману моем аз ин пас

халқи яктан,

халқи якдил,

халқи якҷон –

Тоҷвар Тоҷик!  

 

МУЛКИ ИШҚУ БАХТИ МО

 

Эй ба сурат камзамину эй ба сират беканор,

Дастгири ҷовидони мо ба даҳри пойдор,

Баҳри мо буду набудӣ аз ҷаҳони бекарон,

Бору барги мо ту ҳастӣ, эй баҳори бехазон!

Ҷони мо, эй Тоҷикистон,

Мулки ишқу бахти мо,

Ҷони мо, эй Тоҷикистон,

Тоҷи мову тахти мо!

 Аз самоят файз резад баҳри фарзандони ту,

Аз заминат файз хезад баҳри пайвандони ту,

Эй самоят файзрез, ашки алам дигар марез,

Эй заминат файзхез, охир ту ҳам бар по бихез!

Ҷони мо, эй Тоҷикистон,

Мулки ишқу бахти мо,

Ҷони мо, эй Тоҷикистон,

Тоҷи мову тахти мо!

Чун муҳаббат ту ҷавонӣ, чун хирад ҳастӣ ту пир,

Офтобӣ, ҷону дилро гарм созиву мунир,

Номбардори ту бодо номи неки тоҷикон,

Ифтихори тоҷикон бош, эй диёри ҷовидон!

 Ҷони мо, эй Тоҷикистон,

Мулки ишқу бахти мо,

Ҷони мо, эй Тоҷикистон,

Тоҷи мову тахти мо!

 

ПАРАФШОН ПАРЧАМИ МО ЗИНДА БОДО!

Нишони кишвари паҳновари мост,

Умеди халқи таърихофари мост,

Ба дунёи парафшонӣ пари мост,

Ба авҷи фатҳу нусратҳо сари мост.

 

Парафшон парчами мо зинда бодо,

Ба авҷи бахти мо поянда бодо!

 

Ба ҳар ҷое, ки боло мешавад он,

Сари болотари мо мешавад он,

Чу бо се ранги зебо мешавад он,

Бари рангинкамон ҷо мешавад он!

 

Парафшон парчами мо зинда бодо,

Ба авҷи бахти мо поянда бодо!

 

Бувад он рамзи истиқлоли тоҷик,

Раҳи парвози тоҷик, боли тоҷик,

Дар он чун фолу чун омоли тоҷик,

Дурахшад ахтари иқболи тоҷик!

 

Парафшон парчами мо зинда бодо,

Ба авҷи бахти мо поянда бодо!

 

Раҳи испеду рӯсурхӣ аз он аст,

Аз он сарсабзии мо ҷовидон аст,

Ба авҷи зиндагӣ то парфишон аст,

Баҳори умри тоҷик бехазон аст!

 

Парафшон парчами мо зинда бодо,

Ба авҷи бахти мо поянда бодо!

 

ТОҶАТ БА САР, ЭЙ ТОҶИ САР!

 

Бар коми дил ҷорӣ бувад

Ҳар ҷӯи ту чун ҷӯи шир,

Дар умр чун дасти падар

Моро ту ҳастӣ дастгир,

 

Баҳри тавоно рӯҳи мо

Кӯҳи ту бошад муттако,

Моро ба сӯи ҷовидон

Роҳи ту бошад раҳнамо.

 

Яктои мо – Модар-Ватан,

Дунёи мо – Модар-Ватан,

Дирӯзи мо, имрӯзи мо,

Фардои мо – Модар-Ватан!

Моро чу Хатлони ту ҳаст

Андар ҷаҳон оғӯши боз,

Ҳастем дар оғӯши ту

Ҳамчун Бадахшон сарфароз,

 

Бошад Ҳисори Шодмон

Рамзи сахои хоки мо,

Суғдат – дили бебоки мо,

Рашти ту – Яшти поки мо.

 

Яктои мо – Модар-Ватан,

Дунёи мо – Модар-Ватан,

Дирӯзи мо, имрӯзи мо,

Фардои мо – Модар-Ватан!

 

Ҷорист то дарёи ту,

Дилҳои мо дарё бувад,

Чун кӯҳсорат то абад

Уммеди мо барҷо бувад,

 

Зӯрат фузун, эй зӯри дил,

Нурат фузун нури басар,

Тоҷат ба сар то ҷовидон,

Эй тоҷиконро тоҷи сар!

 

Яктои мо – Модар-Ватан,

Дунёи мо – Модар-Ватан,

Дирӯзи мо, имрӯзи мо,

Фардои мо – Модар-Ватан!

Низом ҚОСИМ

Хондан 1967 маротиба