JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 01 Майи 2024 10:06

Шеъри рӯз: Писари Ватан

Муаллиф: Беҳрӯзи Забеҳулло

Ба муносибати 113-умин солгарди устод Мирзо Турсунзода

Худовандо, агар шоир шавад дил,
Дурахшад шеъри ман дар садри маҳфил,

Шавам султони дарбори маонӣ,
Бигӯям дурри шаҳвори маонӣ,


Ғазалҳоям ҷаҳонро дарнавардад,
Замину осмонро дарнавардад,

Ба ваҷд орам агар қалби ҳазине,
Бихонад ошиқе ё нозанине,

Бад-он шуҳрат, ки моро дар камин аст,
Ҳамоно орзуи ман чунин аст,

На Бедил, балки Турсунзода бошам,
Худованди ду байти сода бошам.

Бигӯям аз Ватан аз каъбаи ҷон,
Сароям достони тоза аз он.

Ба ҷойи ваҳм ман аз ваҷд гӯям,
Ба ҷойи нася ҳам аз нақд гӯям.

Навои дӯстиро сар диҳам ман,
Ба мурғи ишқ болу пар диҳам ман.

Муҳаббатро кунам тоҷи сари хеш,
Бихонам “Ҷони ширин” ҳамсари хеш.

Бигӯям қиссаҳо аз Чину Мочин,
Ҳадиси тозае аз Моҳу Парвин.


Қадаҳ дар даст масти бода бошам,
Агар шогирди Турсунзода бошам.

Ки Турсунзода буд шогирди Айнӣ,
Ҳамеша дар забонаш вирди Айнӣ.

Варо чашму чароғи анҷуман гуфт,
Фурӯзон машъали бурҷи Ватан гуфт.

Ки ҳар ду тоҷики давру замонанд,
Барои халқу Меҳан қаҳрамонанд.

Яке тоҷикро соҳибватан кард,
Дигар қурбони Меҳан ҷону тан кард,

Яке тоҷикро ному нишон ёфт,
Дигар бо халқ умри ҷовидон ёфт,

Яке аз халқи худ дар анҷуман гуфт,
Дигар аз минбари дунё сухан гуфт,

Кунун боқӣ аз он ду номи некӯст,
Зиҳӣ мардони бедори ватандӯст.

Хушо, ки мардуми озода дорем,
Ки ҳам Айниву Турсунзода дорем!

Беҳрӯзи Забеҳулло

Хондан 2202 маротиба