JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 09 Майи 2024 13:43

Меҳаннома: Истиқлоли мо, Сухан аз истиқлол, Парчами фирӯзӣ, Суруди Ватан, Ҳадафи умр, Тоҷикистонро макун қисмат

Муаллиф: Камол НАСРУЛЛО

ИСТИҚЛОЛИ МО

Мо туро бо хуни ҷони хештан парвардаем,

Бо нами ашки ниҳони хештан парвардаем.

 

Мо ба ёди ту ба садҳо ҷабри даврон зистем,

Бо хаёлат дардҳо дар зери дандон зистем.

 

Ин туӣ, к-аз пайкару пайкори мо рӯидаӣ,

Ин туӣ, к-аз дидаи бедори мо рӯидаӣ!

 

Ин туӣ рӯида аз таърихи хунини Ватан,

Аз сари сангину аз тамкину аз кини Ватан.

 

Ин туӣ, к-аз ҳикмати пирони мо рӯидаӣ,

Ин туӣ, к-аз ҷону аз виҷдони мо рӯидаӣ.

 

Хокат аз хоки вуҷуди рафтагони мо бувад,

Ин Нишонат аз ҳазорон бенишони мо бувад.

 

Мо ҳама дороии худро фидоят кардаем,

Ҷисми худро дода дилро раҳнамоят кардаем.

 

Дур бод он кас, ки моро аз ту хоҳад дур кард,

Кӯр бод он кас, ки мехоҳад раҳатро кӯр кард.

 

Эй ту истиқлоли мо, иқболи мо, иҷлоли мо,

Эй ту шаъни аз шукӯҳу меҳр моломоли мо.

 

Эй муқаддас, эй ҳазоронсола армони Ватан,

Мо ту ҳастему ту дар мо пайки  паймони Ватан.

 

Мо туро дар мағз-мағзи ҷисму ҷон мепарварем,

Мо туро чун устувон дар устухон мепарварем.

 

Мо ба ёди ту ба сад ҷабру  ҷафоҳо зистем,

Як нафас бе ту агар бошем, ҳаргиз нестем.

 

Ҳамватан! Субҳат ба хайр! Ин субҳи истиқлоли мост,

Ин муҳаббат, ин саодат, ин шараф шаҳболи мост.

 

СУРУДИ ВАТАН

 

Гуфтам: “Ватан”, чаман-чаман ин анҷуман шукуфт,

Гуфтам: “Ватан”,  чу гул ба лабонам сухан шукуфт.

Гуфтам: “Ватан, Ватан”,  ҳама дашту даман шукуфт,

Уммеди ман,  муҳаббати ман дар Ватан шукуфт.

 

Эй сарзамини аввали наззораи Худо,

Эй аз ҳазор раҳни раҳӣ[1] раставу раҳо.

Эй осмони ту ватани офтоби пок,

Эй остони ту ватани нангу ори мо.

 

Эй кишвари калому саломи хуҷастагон,

Бар даҳр аз ту рафт паёми хуҷастагон.

Озода зоди меҳани озодагон туӣ,

Дар номи туст партави номи хуҷастагон.

 

Ҷону дилам чу оби зулолат зулол бод,

Ризқам чу нони мардуми покат ҳалол бод.

Номат чу шеъри Рӯдакӣ баъд аз ҳазор сол,

Ин гуна дилпазир, чунин безавол бод.

 

Хоки ту бӯи меҳру вафо мекунад, Ватан,

Номи ту атри ишқи Худо мекунад, Ватан.

Овои обшори зулолат ба лаҳни пок,

Моро ба ишқи пок садо мекунад, Ватан.

 

СУХАН АЗ ИСТИҚЛОЛ

 

Сухан аз истиқлол  сухан аз бедорист,

Қад ба қад бо шарафу нанги Ватан хестан аст,

Ҳамчу абре ба сари хушкии он рехтан аст,

Сухан аз истиқлол  сухан аз озодист.

 

Ҳама ҷо даст ба даст,

Ҳама ҷо китф ба китф,

Аз сари бухлу бало хестан аст,                                        

Аз фиребу тамаъу макру риё хестан аст.

Чунки як-як ҳама  мо

Пайкари фарруху фархундаи Истиқлолем.

Худи мо бо ҳама тан

Парчами пирӯзӣ,

Парчами иқболем.

 

Сухан аз истиқлол, на шиор аст, шиори холӣ,

Ин шиорест, ки ҳар як ҳарфаш,

Ҳаст аъмоли накуву олӣ.

Ин шиоре

На зи лофу зи газофу на зи ҳангомаву шӯр аст,

Ин шиорест, ки ҳар ҳарфи каломаш моем.

Ва дар он ҳар нафаре бар дӯшаш,

Бори тақдири Ватан чун мӯр аст.

 

Сухан аз истиқлол  сухан аз виҷдон аст,

На! Сухан нест!

Дил асту ҷигар асту ҷон аст.

 

Сухан аз истиқлол  сухан аз сохтан аст,

Чу сутунҳо ба бинои кишвар

Қомат афрохтан аст.

 

Қасрҳое, ки ба худ сохтаем, бод обод!

Лек бояст  кунун

Худамон қасри шуҷоат ва муҳаббат

ва садоқат бошем,

Худамон қасри ҳунар, пайкари ҳиммат бошем.

 

Нақбҳоро на фақат аз бағали кӯҳи азим,

Балки аз синаи худ низ расонем ба нур.

Роҳҳоро на фақат дар камари кӯҳи диёр,

Балки аз қалб бисозему расонем ба дур.

 

 

То куҷо мебарад ин роҳ, ки вораста

То куҷо мебарад ин роҳ, агар ки набарад,

То   сари   қуллаи   армони   Ватан?!

Сухан аз Истиқлол – сухан аз бедорист! 

                                                              

ПАРЧАМИ ФИРӮЗӢ

 

Парчами миллати сарфароз,

Парчами халқи озоди ман.

Дар самои Ватан парфишон,

Парчами фатҳу иршоди ман.

 

Нақарот:

Парфишон бо ту шуд, парфишон,

Бахту пирӯзии тоҷикон.

 

Эй нишони фари ковиён,

Рамзи озоди озодагон.

Дар дифои ту саф мекашем,

Дил ба дил, тан ба тан, ҷон ба ҷон.

Нақарот:

Парфишон бо ту шуд, парфишон,

Бахту пирӯзии тоҷикон.

 

Парчами Тоҷикистони ман,

Партави шаъни ман, шони ман.

Ҳар нахи тору пуди ту шуд,

Ришта аз риштаи ҷони ман.

 

 

Нақарот:

Парфишон бо ту шуд, парфишон,

Бахту пирӯзии тоҷикон.

 

Чун фари мо ту  боло шудӣ,

Дар кафи нанги мардонагон.

Бо ту пирӯзии халқи ман,

Ҷилвагар шуд ба рӯи ҷаҳон!

 

Нақарот:

Парфишон бо ту шуд, парфишон,

Бахту пирӯзии тоҷикон.

 

Бо ту умеди мо ҷилвагар,

Бо ту иқболи мо парфишон.

Эй ту, перояи бахти мо,

Рамзи ори ҳама Ориён…

 

Нақарот:

Парфишон бо ту шуд, парфишон,

Бахту пирӯзии тоҷикон.

 

ДАР БАҲОИ ҶОН

 

Он чист, ки марзи шаъну шон аст? - Ватан!

Имону  амони  мо  дар  он  аст?  - Ватан!

 

Он  чист,  ки  бе  вай  ҳама  чизи  олам

Бе  ҳусну таровату равон аст? — Ватан!

 

Он чист ба ҳаҷр зинда дорад ёдаш,

Чун шаҳд ҳамеша дар забон аст? - Ватан!

 

Аз подшаҳӣ ба мулки ғурбат болост,  

Хокаш зи ҳама ганҷ гарон аст? - Ватан!

 

Он чист, ки маънои тамоми ҳастӣ,

Дар маънии поки он ниҳон аст? - Ватан!

 

Сарбайти суруди безаволи ҳастист,

Сарманшаи ишқи ҷовидон аст? - Ватан!

 

Ҳам қимату ҳам ҳиммату ҳам ҳикмати ту

 Дар ваҳдати ҷони ӯ  ниҳон аст? - Ватан!

 

Он чист, ба ҳеҷ қимате нафрӯшанд,

Он чист, ки дар баҳои ҷон аст? - Ватан!

 

ҲАДАФИ УМР

 

Ҷони мардони шарафманди Ватан рӯи каф  аст,

Дар раҳи нанги Ватан мурдани мардон шараф  аст.

 

Ватани ман ватани шеъру суруди азалист,

Ватани ман ватани ишқу диёри шааф аст.

 

Ҳадаф  ин нест, ки бошиву надонӣ ҳастӣ,

Мардро дар раҳи ҳақ сина кушудан ҳадаф  аст.

 

Ҳадаф  он  нест, ки  ту  қимат  гавҳар  дорӣ,

Ҳадафи умр бурун рафтани ту аз садаф  аст.

 

Сози  мо  нест  чу  зу-зуи  яке  сӯзанаке,

Сози мо бонги барозандаи табл асту даф  аст.

 

Ҳастии мост, ҳар он лаҳза, ки бо дил будем,

Боқии  умр  ҳама  хобу  хаёлу  талаф   аст...

 

ҲУҶҶАТИ БУНЁДИ МО

 

Миллати тоҷикро аслан забонаш зинда дошт,

Чунки ӯ ҳам ин забонро ҳамчу ҷонаш зинда дошт.

 

Ҷавшанаш буд ин забону Меҳанаш буд ин забон,

Ин забонро чун тавоне дар равонаш зинда дошт.

 

Ин забоне, ки чу шири модарон покиза аст,

Покрӯву покҷисму покҷонаш зинда дошт.

 

То забони мардуми аҳли биҳишташ хондаанд,

Халқ онро чун каломи ҳақ ба ҷонаш зинда дошт.

 

Ҳамчунон дар ҳолаи оинаву оини нек

Пок ҳамчун чашмаи оби равонаш зинда дошт.

 

Ҳарчи ӯ аз даст доду ҳар чӣ бирбуданд аз ӯ,

Дар забонаш, дар забонаш, дар забонаш зинда дошт.

 

Рӯдакӣ бар ӯ шукӯҳи безаволӣ додааст,

Бӯалӣ чун офтоби осмонаш зинда дошт.

 

Хоҷа Ҳофиз ин забонро худ забони ишқ кард,

Ин забонро гармии ишқи ниҳонаш зинда дошт.

 

Ӯ раҳи иқболи моро дар шаби таърихи тор

Бо дурахши озарахши вожагонаш зинда дошт.

 

Кохи шаъну эътибори миллати фархундаро

Устувони ин забон чун устухонаш зинда дошт.

 

Ҳуҷҷати пирӯзии мо, ҳуҷҷати бунёди мост,

Ин забоне, ки ҷаҳонро дар ҷаҳонаш зинда дошт.

 

 

СУРУДИ ВАТАН

 

Ман ту ҳастам, ту ман, эй Ватан, эй Ватан,

Ман равонам, ту тан, эй Ватан, эй Ватан.

 

Сарнавиштам туӣ, ҳам биҳиштам туӣ,

Ройи   некномии   Зардуҳиштам   туӣ,

Бо ту ҳамкисматам, бо ту ҳампираҳан.

Ман ту ҳастам, ту ман, эй Ватан, эй Ватан.

Ман равонам, ту тан, эй Ватан, эй Ватан.

 

Кишвари Ориён, маъбади ошиқон,

Мулки  оби  зулол, бо туям покҷон,

Меҳри ту дар дилам мисли ҷон дар бадан.

Ман ту ҳастам, ту ман, эй Ватан, эй Ватан,

Ман равонам, ту тан, эй Ватан, эй Ватан.

 

Нангу орам туӣ, рӯи ёрам туӣ,

Хоки шеъри Аҷам, ифтихорам туӣ,

Аз ту рӯяд ҳаме Рустами бешикан.

Ман ту ҳастам, ту ман, эй Ватан, эй Ватан,

Ман равонам, ту тан, эй Ватан, эй Ватан.

 

Аз «Авасто» бувад то ба имони ман,

Сарҳади хоки ту — сарҳади ҷони ман,

Синаат маҳзари лолаву ёсуман.

Ман ту ҳастам, ту ман, эй Ватан, эй Ватан,

Ман равонам, ту тан, эй Ватан, эй Ватан.

 

Лонаи офтоб дар сари кӯҳи туст,

Қалъаи нанги ман, рӯҳи ман, рӯҳи туст.

Гашта тӯмори ҷон ишқи ту дар бадан.

Ман ту ҳастам, ту ман, эй Ватан, эй Ватан,

Ман равонам, ту тан, эй Ватан, эй Ватан.

 

ТОҶИКИСТОНРО МАКУН ҚИСМАТ

      (Хитоб ба маҳалгароён)

 

Тоҷикистонро дигар қисмат макун,

Байни Хатлону Зарафшону Бадахшон,

Модареро чун тавон қисмат намуд,

Пора-пора байни фарзандон!

 

Тоҷикистонро дигар қисмат макун,

Байни Дарвозу Хуҷанд!

Дидаӣ оё дарахте сабз бошад

Бе замин, бе реша, бе пайванд!

 

Мо ватан гӯён ватанро хурд кардем он қадар,

То ки ӯ аз қиссаҳо бар кисаҳо ҷо шуд,

Деҳ ба деҳ, дарё ба дарё, санг то санг

Тоҷикистон то шавад аз мо,

Зи асли худ ҷудо шуд.

Узв–узвашро чунон аз худ намуданд,

То кунун бе дасту бе по шуд.

 

Чун шавад гар модареро баёни худ қисмат кунанд!?

Чун шавад гар як китоберо ба қисматҳо даранд!?

Дил бувад оё диле, ки

Пора-пора карда андар худ баранд!?

 

Тоҷикистонро дигар қисмат макун,

Байни Дарвозу Хуҷанд,

Байни Хатлону Зарафшону Бадахшон!

Мешавад қисмат магар як обрӯ?

Машавад қисмат магар як чашм,

як виҷдон?!

 

Тоҷикистонро дигар қисмат макун,

Бас бувад он қисмати талхе, ки ӯро борҳо қисмат намуд,

К-аз замини бекарон,

Аз қасрҳои ҷовидон чизе намонд,

Ҷуз ба кӯҳистони сангине, ки монда аз қафои барбарон,

Ҳамчу як мушти гарон.

 

 

Баъд аз ин бо «мо»-ву «ман» дар кӯчаҳо ғавғо макун,

Тоҷикистонро дигар савдо макун.

 

Шири модар нест он дӯғе, ки дар дӯкон фурӯшанд,

Ҷоми худро пур макун аз ашки модар,

Мешиносӣ ин ватанро бо забон бас хуб,

Баъд аз ин бишнос бо ҷону ҷигар!

 

То шавад ӯ бештар аз худ, бисабз,

То шавад ӯ паҳновар, номи некаш бар!

 

Тоҷикистонро дигар савдо макун,

Дар миёни тоҷикон, эй беназар,

Гиряи талхи Фаридун то ҳанӯз ояд ба гӯш,

Дар бараш бинҳода сарҳои писар,

Навҳаҳое мебарорад аз ҷигар.

Се сари фарзанд ин буд тӯшаи умраш, шигифт!

Аз ҷудоии дилу ақлу назар.

 

Тоҷикистонро дигар қисмат макун,

Ҳар гаҳе тоҷик заминро кард қисмат,

Дигарон бурданд.

Эй худо аз ин маризи бедавои худгароӣ.

Шаҳрҳо чун одамону одамон чун шаҳрҳо

Он қадар мурданд.

 

Оҳ, ин зарпечаки нафси бади худхоҳ!

Он қадар печида дар рагҳои ҷони миллати ман!

Эй табиб, иллат маҷӯ аз чашму гӯшу қалби халқам,

Ҳамчу зарпечак бикан аз беху бун ин худгароёни маҳалро,

Ин бувад, ин

Садҳазоронсола дарду иллати ман.

 

Ин нигоҳи макромезе, ки дар чашме

Хуфта мисли заҳрпечак:

«Аз куҷоӣ!»

 

Ин саволи носипоси бенамак

Мерасад чун тир бар ҷонам:

«Аз куҷоӣ!»

 

Қотили миллат ба тири «аз куҷоӣ!»

Мекушад моро.

Душмани миллат ба ранги «аз куҷоӣ!»

Мекунад ҳам рӯйу ҳам дилро сиёҳ,

Золими миллат ба банди «аз куҷоӣ!»

Баста дасту чашму поро.

 

Мешиносам носипосеро, ки баҳри ҳар маҳал,

Як саломи хоса дорад,

Як каломи хоса дорад,

Одамиву қимати ӯро

Бо ҳамин як ченаки худ: «аз куҷоӣ!»

Ченаку андоза дорад.

 

Тоҷикистонро дигар қисмат макун!

Як забон, як қалб, як ҷонро дигр қисмат макун!

 

Аз куҷоӣ, то куҷоӣ, Тоҷикистон, эй Ватан?!

Дар харита акси ту оё бувад равшан!?

Дар харита акси ту бояд, ки бошад акси чашми ман,

Акси қалби ман –

Акси ҷони ман,

Акси ғамҳои ниҳони ман …

 

[1] Раҳӣ – ғуломӣ.

Хондан 741 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Шеъри рӯз: Писари Ватан