JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Феврали 2025 12:20

Пас, шавем андар раҳи ҳифзи Ватан якҷо кунун! (Манзумаи ихтисорӣ ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ)

Муаллиф: Нозим Нурзода

Бар фарози қуллаи рӯ бар самои қаҳрамон

Парфишонӣ мекунад зебо ливои қаҳрамон,

Дарси ибрат қисмати пурмоҷарои қаҳрамон,

Аз дили марзи Ватан ояд нидои қаҳрамон,

Менавозад гӯшро ҳарфу ҳиҷои қаҳрамон,

Мо ҳама дилбастаи савту навои қаҳрамон,

Ҳамсадои қаҳрамон!

 

Суғду Рахшону Бадахшон хиттаи поки ниёст,

Вахшу Хатлону Ҳисор ин порахоки Ориёст,

Ҳар кӣ ҷуз мо даъвии ин хок дорад, бенавост,

Бенаво чӣ, як каси бегонаву ноошност,

Хоки мо хоки муқаддас – неъмати сидқу сафост,

Эй харидорони маъво, сарвати мо бебаҳост,

Рамзи нангу номи мост!

 

 

 

Корвони умр, арчи меравад сӯйи адам,

Сӯйи ҳасту буд бо ҳам мезанем аз нав қадам,

Эй хушо, оварда Ваҳдат миллати моро ба ҳам,

Мекунад тоҷик барои ҳифзи хокаш қад алам,

Сад ҳазорон бар шумори мардҳо гардида зам,

Боз аз нав қуввату неру бигирад дам ба дам,

Сангари сайфу қалам!

 

Ҳар касе, к-ӯ мерасад бар фаҳму идроки Ватан,

Марҳаме гардад ба захму синаи чоки Ватан,

Чун бубинад бахту иқболи шарафноки Ватан,

Аз шаҳомат баркашад ӯ сар бар афлоки Ватан,

Ин яқин донам, ки ҳар фарзанди бебоки Ватан,

Бар аду ҳаргиз набидҳад мазраи поки Ватан,

Як ваҷаб хоки Ватан!

 

Дар раҳи сидқу сафову меҳр по бинҳодаем,

Пайрави Фирдавсию Айниву Турсунзодаем,

Бемуҳобо, бар хасу хори Ватан дил додаем,

Бар дифоъи марзу буми хеш мо омодаем,

Дар қиболи душмани ғаддор воистодаем,

Бардагӣ як сӯ, дари озодагӣ бикшодаем,

Миллати озодаем!

 

Пас, шавем андар раҳи ҳифзи Ватан якҷо кунун,

Иқтидори миллату давлат кунем аз ҳад фузун,

То надонад ҷойи худ ҳар нобакору пасту дун,

То нагардад душмани мо яксара хору забун,

То нагардад қасри бедоди рақибон сарнагун,

По набигзорем аз майдони ҳарби худ бурун,

Дар бадан то ҳаст хун!

 

    Рӯзи Артиши миллӣ муборак, фарзандони содиқ ва муҳофизони асили Ватан!

 

 

Нозим Нурзода

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

21 феврали соли 2025

 

 
Хондан 159 маротиба