JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 07 Феврали 2020 11:22

Шеъри рӯз: Эй пора-пораҳо дар кӯҳпораҳо

Муаллиф:

Эй пора-пораҳо дар кӯҳпораҳо,
Камшӯру камшуур, эй бешарораҳо

Эй камшумораҳо дар осмони ақл,
Андар замини ҷаҳл, эй бешумораҳо,

Аз ваҳдати худо то ваҳдати худӣ
Гуфтанд нуктаҳо, карданд ишораҳо,

Аммо ҳанӯз ҳам худро насохтед
Аз ишқи зиндагӣ, эй ҳеҷкораҳо.

Аммо ҳанӯз ҳам холис наёмадед
Андар канори ҳам андар канораҳо;

Аммо ҳанӯз ҳам дуздони кишваред
Дар пушти бораҳо, пушти тавораҳо;

Аммо ҳанӯз ҳам дуздона мебаред
Аз чашм сурмаҳо, аз ёр ёраҳо.

Инсофатон куҷо? Алтофатон куҷо?
Ришони ришваҳо, пирони пораҳо?

Эй нанг бар шумо, ин бори нангро
Ҳаргиз намекашад лак-лак қатораҳо...

Фардо чӣ бошадо? Пурсанд аз шумо
Чашмони кӯдакон дар гоҳвораҳо.

Бошед дур агар аз ҳамдигар чунин,
Кӯбанд душманон таблу нақораҳо.

Аз як яхан агар сар барнаёваред,
Созад ҳамон адӯ сартон манораҳо.

Дар роҳи ҷустуҷӯ ҷое намерасед,
Тифлони найсавор, эй худсавораҳо.

Садрангии шумо якранг кай шавад,
Оқилқиёфаҳо, ҷоҳилназораҳо!

Дигар замон гузашт, боре зи баҳри халқ
Як зарра ғам хуред, эй меъдабораҳо.

Манзума офаред аз назми ҳамдилӣ
Дар гирди офтоб, эй такситораҳо!

24.10.1998 – Хуҷанд

Лоиқ Шералӣ

Хондан 1683 маротиба