JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 30 Январи 2020 06:09

Шеъри рӯз: Ҳар чӣ дорам дар ин ҷаҳон Ватан аст

Муаллиф:

Ҳар чӣ дорам дар ин ҷаҳон Ватан аст,
Ватан асту мадори ҷону тан аст.

Гунаҳи мост, ҳолия ин хок
Мадфани мурдагони бекафан аст.

Бо ҳама ашку хуну тиру туфанг,
Чӣ кунам, ин замин диёри ман аст.

Гарчи мерос монда аз Ҳурмузд
Боз ҳам пойгоҳи Аҳриман аст.

Пур зи зоғу заған шуда ин бум
Гузари булбулон ба марғазан аст. 

Ройзан пур шудаст дар девон,
Ройзан нест, балки роҳзан аст.

Анҷуман мекунанд ҳар ҷое,
Худкушӣ раҳкушои анҷуман аст.

Ҳайфи Гурдофариди Фирдавсӣ,
Гурдзода бубин, ки гӯркан аст.

Гарданафроз мардуме будем,
Гарданомон ба ҳалқаи расан аст.

Дар диёри сухан суханвар нест,
Сӯхт ҳар кас, ки ошиқи сухан аст.

Сайру гашти чаман фаромуш кун,
То гулӯмон нуҳуфта дар лаҷан аст.

Байни мо баҳси мову ман то ҳаст
Чамани гул ба қабзаи шаман аст.

Ҷанги байни маҳал аҷал овард
Эй бародар, бас аст, дилбазан аст.

Як васият кунам, ба ёд бигир
Дар танат гар на ҳеҷ пираҳан аст,

Тоҷико, асли хешро дарёб
Варна фардот бенишон шудан аст.

Бозёбии хеш агар хоҳӣ
Бозгаштат ба асли хештан аст.

Навбати дови рӯбаҳон бигузашт,
Навбати шермарду шерзан аст!

2.12.1993

Лоиқ Шералӣ

Хондан 4199 маротиба