JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Якшанбе, 19 Январи 2020 08:57

Шеъри рӯз: Ту нимӣ, ними манӣ, ними ҷисму ҷони манӣ

Муаллиф:

Ту нимӣ, ними манӣ, ними ҷисму ҷони манӣ,

Ва зарра-зарра ту пайванди ҷовидони манӣ.

Бар ҳар куҷо, ки равӣ дар ман аст решаи ту,

Ту эй гул,  аз қалами сабзи устухони манӣ.

Ба ҳар куҷо, ки равам, нимаи танам бе ту,

Ба ҳар куҷо, ки равам, ними одамам бе ту,

Ба ҳар куҷо, ки бубинам туро зиёд шавам,

Ба ҳар куҷо, ки набинам туро, камам бе ту.

Ба дасти ман бирасад дасти кас, ту меларзӣ,

Расад ба дасти ту дасте,  ба ларза меоям,

Ту ошёни ману ман, ки ошёни туам,

Ту ҷойи ҷони ману ман, ки ҷойи ҷони туам.

Тамоми неъмати дунё чи ғам, ки моли кас аст,

 Тамоми неъмати дунё ба ҳукми хору хас аст,

Туро насиб кунад ишқи ман, ҳамин кофист,

Маро насиб кунад ними бистари ту, бас аст.


Ҳайкали Фирдавсӣ

  Ҳайкали Фирдавсӣ дар майдони Озодӣ,

Қиблаи меҳанпарастон,

Қутби меҳан,

Ҷойгоҳи тавбаву савганди мардон…

 

Баски ӯ аз мармари шеър,

Баски ӯ аз хорасанги маҳками назм

Ҳамчу Рустам,

Ҳамчу Суҳробу Сиёвуш,

Бо қалам дар ин қаламрав шоҳҳайкалҳо гузорида,

То гузорад номи зинда, номи зинда, номи зинда…

 

Осмонро мехарошад номи Фирдавсӣ,

Чун ливои ковиёнӣ,

Чун шиори ориёнӣ.

Номи ӯ фотеҳаи майдон,

Номи ӯ омину бисмиллоҳи користон,

Номи ӯ номи худои паҳлавию паҳлавонӣ.

 

Баста шуд занҷири номаш

То абад дар гардани Тӯрон,

То ҳанӯз аз дасти Фирдавсӣ

Тозиёна мехӯрад тозӣ.

 

Хӯрда ӯ ҳам тозиёна,

Лекин аз бегонаҳо на,

Лекин аз бегонаҳо камтар,

Бештар аз тӯдаи ҳаммилати хеш,

Бештар аз ҳамватанҳои ватанбезор,

Бештар аз ноҷавонмардони меҳан.

 

Дар баҳои меҳрубонӣ,

Вой аз номеҳрубонӣ!

Гарчи умре бар сараш санге нахӯрда,

Сангҳое бар дилаш хурда.

 

Ҳайкали ӯ – ҳайкали як устуворй,

Пофишорӣ.

Кундааш ёдовар аз як кундаи пире,

Кундаи садсолаҳо сабзидаи халқ,

Кундаи садсолаҳо ғафсидаи халқ,

Кундаи номи сафеди Ориёно,

Кундаи куҳна,

Ҳамчу Фирдавсӣ ба умри як ҳазора…

 

Эй зиҳӣ, Мақсуди Икром,

Шаҳрдори соҳибикром,

Ҷои Ленинро ба Фирдавсӣ ту додӣ,

Ончуноне маснади Заҳҳоки моронро

Пири Тусӣ бар Фаридун дод…

 

Ҳайкали сангини шоир

Сангари Майдони Озодист,

Сангари Майдони Озодӣ намеҷунбад

Намеҷунбад, намеҷунбад, намеҷунбад!

 Тирамоҳи 1992 

 


Аз доғи ту дам ба дам дилам  месӯзад

 

Аз доғи ту дам ба дам дилам  месӯзад,

Аз бахти пиёдаам дилам месӯзад,

Беҳ чашми маро намекушодӣ дар ишқ,

Аз чашми кушодаам дилам месӯзад.

То аз ғаму шодии ту пур шуд дили ман,

Монанди гуле ба ханда дур шуд дили ман,

Ишқи ту намурду зиндамур шуд дили ман,

Бар ин дили мурдаам дилам месӯзад.

Аз бахши ту ғусса хӯрдаам беҳуда,

Беҳ аз дигарат шумурдаам беҳуда,

 Дар ишқи ту ҷон супурдаам беҳуда,

Бар ҷони супурдаам дилам месӯзад.

Вақте, ки ғами ту мекунад дилгирам,

Мехезаму дафтару қалам мегирам,

Аз дафтару аз қалам алам мегирам,

Бар дафтару бар қалам дилам  месӯзад.

Чун хори шикастае, ки монад дар тан,

На беманӣ як даме, на як дам бо ман,

На аз тани ман ҷудо, на бо ман ҳамтан,

Аз беҳамии ба ҳам дилам месӯзад.

 Бозор Собир

Хондан 4698 маротиба