JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 12 Феврали 2019 06:36

Шеъри рӯз: Наврӯзи шоирони миллат

Муаллиф:

 Эй шоирони ошиқ, эй ошиқони миллат,

Ин миллати парешон, бо сад ҳазор иллат.

Ёдат ба хайр Лоиқ, Бозор зинда бошӣ.

Эй шоирони бедор, дар сарзамини хуфта,

Ин нуктаҳои дилкаш, ҳоло касе нагуфта.

Ёдат ба хайр Лоиқ, Бозор зинда бошӣ.

 

Эй шоирони оқил, эй ворисони Сино,

Роҳи савоб рафта, дар кори хеш бино.

Ёдат ба хайр Лоиқ, Бозор зинда бошӣ.

 

Эй шоирони доно, донои рози ҳастӣ,

Худро раҳо намудед, аз чанги ору пастӣ.

Ёдат ба хайр Лоиқ, Бозор зинда бошӣ.

 

Эй шоирони фозил, озодагони ин қавм,

Дар асри бефазилат, оворагони ин қавм.

Ёдат ба хайр Лоиқ, Бозор зинда бошӣ.

 

Эй шоирони моҳир, сеҳри сухан муборак,

Дар роҳи худфидоӣ, меҳри Ватан муборак.

Ёдат ба хайр Лоиқ, Бозор зинда бошӣ.

                                                  (Баҳори 2012)  

Комил Бекзода                                            

Хондан 1551 маротиба