Дар охири садаи нуздаҳум синамо ба сифати абзори муҳими фарҳангӣ ва санъатӣ ба арсаи тамаддуни башарӣ ворид гардида, дар кӯтоҳтарин муддат фазои ҳунарӣ ва фарҳангии манотиқи гуногуни мамлакатҳои мутамаддинро соҳиб шуда, раванди огоҳӣ, шинохт, омӯзиш, иттилоот, ташхис ва биниши инсонҳоро густариш бахшид. Бар ҳасби истилоҳ, синамо(Cinema) мухтасари калимаи синематограф буда, ҳунари намоиш додани силсилаи тасвирҳо, манзараҳо, ашхос, ашё ва ҳаракати ҳунарпешагон мебошад, ки рӯйи филм ба василаи дастгоҳи махсус сабт мешавад (Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди дуввум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. -С.1508).
Забони гушода чу омад падид,
Шуд он бандҳоро саросар калид.
Фирдавсӣ
Ба масъалаи забони давлатӣ ҳамчун созмондиҳандаи андешаи миллӣ таваҷҷуҳ намуда, чанд нуктаи асосиро ироа медорем:
1.Забони форсии дарии тоҷикӣ дар таърихи фарҳанги иронитаборон ба сифати забони илму тамаддун шинохта шуда, дар бедоии фикрии ақвоми ирониасли қуруни мутамодӣ нақши муассир доштааст. Забони форсии тоҷикӣ дар имтидоди асру қарнҳои гуногун забони илму хирад, забони сиёсат буда, тавассути он бостонитарин китоби башарӣ «Авасто» китобат шудааст. «Авасто» китобест, ки беш ва пеш аз ҳама, ба самти огоҳӣ ва созмони андешаи миллӣ нигаронида шудааст (Сайид Аҳмадӣ. Фарҳанги форсӣ дар қуруни вусто. Теҳрон, 1375. –С. 38).
Адабиёт ҳамчун шакли шуури иҷтимоӣ ва як навъ ҳунар аз бомдоди зиндагии башарӣ одамиро ҳамқадам буда, ниёзҳои дарунӣ ё ба истилоҳ маънавии инсониятро дар тӯли таърих бароварда сохтааст ва ин раванд то имрӯз идома дорад. Ҳадаф аз адабиёт адабиёти бадеӣ аст, ки тавассути ду қолаби адабиётсоз – назму наср маърифати адабӣ-бадеиро дар низоми зиндагӣ меофарад ва таъмину танзим мекунад. Худовандони олами адабиёт шоирону нависандагонанд, ки дар маҷмӯъ, дар мафҳуми адиб шинохта шуда, барои ҷомеа фазо, муҳит ва масири адабӣ-бадеӣ сохта, ба василаи осори бадеӣ бурду бохтҳои зиндагии инсониро ба риштаи тасвири бадеӣ мекашанд ва саранҷом завқи бадеӣ-эстетикии хонандаро бедор, тақвият, таҳким ва таҳрик медиҳанд.
Зебоии замину замон аз намуди мост,
Ин осмон масири фарозу фуруди мост.
Ноогаҳӣ тариқати банду қуюди мост,
Огоҳӣ расму маслаки фатҳу кушуди мост.