JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 01 Апрели 2019 11:19

Харобиҳои қадимаи корезҳо дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич

Муаллиф: Партобов Алишер
Деҳа аз тарафи рости Басмадасой Деҳа аз тарафи рости Басмадасой

  Дар саргаҳи рӯдаки Басмандасой деҳаи ниҳоят бузурги минтақа  Басманда мавҷуд аст. Мувофиқи баъзе аз маълумотҳо то инқилоби 1917 ин деҳаро “қалъаи Миразиз”- низ ном мебурданд. Аз ин деҳа роҳи ба Оббурдон ва Камадони масчоҳи кӯҳӣ мегузарад. Дар сарчашмаҳои хаттӣ омадааст, ки дар наздикии рустоӣ минк шаҳри Марсманда  қарор дорад. Н.Неъматов нигоштааст, ки Марсманда – ин шаҳрест дар кӯҳистон, ки  дар соҳили руди паноён қарор дорад,  ки дар зимистон ях мебандад.

  Фикри ғолиб ин аст, ки Марсмандаи ҷуғрофи донони арабу форс ва деҳаи имрӯзаи Басманда ҳамон як мавзеанд. Ба ин тасдиқоту огробати номҳо ва паҳноии соҳили руд, ки мумкин аст.  Басмандасой бошад, далолат мекунад. Ҷуғрофиядони араб Ибни Ҳайкал овардааст, ки дар наздики шаҳри Марсманда ва рустои Минк оҳан истеҳсол мекардаанд.  Маҳсули ин конҳо поинанҳо Устаравшан ва Фарғонаро таъмин мехост, балки то ба шарҳои Хуросон ва Ироқ интиқол дода мешуд. Оиди макони қарордошти шаҳри Марсманда баҳсҳо ниҳояд зиёданд. В.В. Бартолд  дар гумони он аст, ки ин шаҳр дар болооби Зарафшон қарор дорад. Ба пиндори М.Е. Массон Марсманда мумкин аст аз вожаи Варзманда пайдо гашта бошад. Ӯ ба деҳаи кунунии Варзиманор, ки дар болооби Зарафшон қарор дорад ишора мекунад. Мувофиқи ақидаи   Д. Абдуллоев  Марсманда дар наздикии Слюкта дар сарҳади шимолии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон қарор дорад. Оиди пайдоиши вожаи “Марсманда” низ фикрҳо гуногунанд. Мувофиқи баъзе аз фарзияҳо, вожаи “Марсманда” аз номи рузи 29- уми тақвими суғди амешаспена – муқаддасоти ҷовидона пайдо гаштааст.  Ин фикрро И. Гершевич дастгирӣ мекунад. Мувофиқи ақидаҳои дигар вожаи  “Марсманда” ифодагари шаҳре, ки дар мавзеи кӯҳӣ қарор дорад мебошад.

 Аз тарафи рости Басмандасой шаҳраки Оқсӯ ҷорӣ аст. Саргаҳи онро Даҳкатсой меноманд, ки аз резиши ҷӯйборҳои  Равутчӣ ва Равутан фароҳам омадааст. Дар соҳили  Даҳкатсой деҳаи ба номи Даҳкат қарор дорад,  ки  яке аз мавзеъҳои бостонии Уструшан ба ҳисоб меравад. Ифодаи Даҳкат беромади суғди дорад. Ин вожа аз ду ташкилдиҳанда иборат аст  даҳ-даҳ,  яъне даҳ ва “кат”- хона, ҳавлӣ, аҳолӣ.

 Маълумоти мухтасар дар бораи деҳаи Басманда. Деҳаи Басманда яке аз деҳаи калонтарини ноҳияи Деваштич ба шумор меравад, аз маркази ҷамоати Ваҳдат 5 км ва аз маркази ноҳия дар масофаи 35 км ҷойгир мебошад. Деҳа дар нишебии тарафи шимолии қаторкуҳои Туркистон дар баландии 2800 м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Шумораи аҳолиаш ба 10 ҳазор нафар мерасад. Аз тарафи ҷануб ва шарқ кӯҳҳои сарбафалакашида деҳаро иҳота мекунад. Аз тарфи ғарб дарёча аз Басмандасой мегузарад.

 Ин деҳа дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ бо номҳои Марсманда ва Масманда ёддошт шудааст. Муаллифи  “Сурат-ул-арз” овардааст. “Дар ноҳияи Минк ( Метки имрӯза -рустои дигаре дар ҳамин минтақа) ва Марсманда абзори оҳани созанд, ки ба саросари Хуросон фиристода мешавад, зеро оҳани Фарғона нарм аст, чунонки аз он абзори мухталиф барои ҳар санъате, ки мехоҳанд, метавон сохт. Марсманда бозори машҳур дорад, ки мардум аз ҷойгоҳи дур бад он ҷо гирдоянд ва ин бозор дар оғози ҳар як моҳ як бор ташкил мешавад. Дар “Ҳудуд-ул-олам” низ ба ин маънӣ чунин омадаст: “Ҷизак (Ҷиззахи имрӯза) шаҳракест андар вай оби равон аст ва он ҷо шаҳаре бо Марсманда соле як рӯз бозор бувад, ки гӯянд “он ҷо ҳар рӯз дар он бозор афзун аз сад ҳазор динор бозгонӣ кунанд”. Таърихшиносон дар наздики деҳа аниқтараш дар ҳамсоя деҳа. Деҳаи Шикорчӣ кони оҳани қадимаро ёфтаанд, ки ин исботи далелҳои дар боло зикршуда мебошад.

 Яке аз харобиҳо ва ёдгории қадимаи ин мавзеъ корезҳо, яъне соҳаи обёрии замони қадим дар соҳили рости Басмандасой то замони мо омада расидааст.

 Ин мавзеъ аз тарафи олими рус соли 1873 Федченко ва солҳои 70-уми қарни гузашта аз тарафи бостоншиноси тоҷик Билолов А.Л дубора мавриди тадқиқот қарор гирифт. Ва бостоншиносон муаян кардаанд, ки ин намуди обёрии то запти муғул дар ин мавзеъ хело рушд кардааст.

 Дар замони қадим одамони деҳа барои обёрии замин корезҳоро дар масофаи 3-4 км аз дарёи Басмандасой сохтаанд ва тозамониин харобиҳо боқист. Тадқиқотҳо нишон медиҳад, ки умқи ин корезҳо аз 2-9 м ро дар бар мегирифт.

 Дар саргаҳи рудаки Басмандасой деҳаи ниҳоят бузурги минтақа Басманда мавҷуд аст. Мувофиқи баъзе аз маълумотҳо то инқилоби 1917 ин деҳаро “қалъаи Миразиз”- низ ном меберданд. Аз ин деҳа роҳи ба Оббурдон ва Камадони масчоҳи кӯҳӣ мегузарад. Дар сарчашмаҳои хаттӣ омадааст, ки дар наздикии рустоӣ минк шаҳри Марсманда  қарор дорад. Н.Неъматов нигоштааст, ки Марсманда – ин шаҳрест дар кӯҳистон, ки  дар соҳили руди паное қарор дорад, ки дар зимистон ях мебандад.

 Фикри ғолиб ин аст, ки марсмандаиҷуғрофи донони арабу форс ва деҳаиимрузаи Басманда ҳамон як мавзеъанд. Ба ин тасдиқот уогробати номҳо ва паҳноии соҳили руд, ки мумкин аст Басмандасой бошад, далолат мекунад. Ҷуғрофиядони араб Ибни Ҳайкал овардааст, ки дар наздики шаҳри Марсманда ва рустои Минк оҳан истеҳсол мекардаанд.  Маҳсулиин конҳо поинанҳо Устаравшан ва Фарғонаро таъмин мехост, балки то ба Хуросон ва Ироқ интиқол дода мешуд. Оиди макони қарордошти шаҳри Марсманда баҳсҳо ниҳояд зиёданд. В.В. Бартолд  дар гумони он аст, киин шаҳр дар болоооби зарафшон қарор дорад. Ба пиндори М.Е. Массон марсманда мумкин аст аз вожаи Варзманда пайдо гашта бошад. Ӯ ба деҳаи кунунии Варзминор, ки дар болооби зарафшон қарор дорад ишора мекунад. Мувофиқи ақидаи Д. Абдуллоев Марсманда дар наздикии Слюкта дар сарҳади шимолии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон қарор дорад. Оиди пайдоиши вожаи “Марсманда” низ фикрҳо гуногунанд. Мувофиқи баъзе аз фарзияҳо вожаи “Марсманда” аз номи рузи 29- уми тақвими суғди амешаспена – муқаддасотиҷовидона пайдо гаштааст. Ин фикрро И. Гершевич дастгирӣ мекунад. Мувофиқи ақидаҳои дигар вожаи “Марсманда” ифодагари шаҳре, ки дар мавзеи кӯҳӣ қарор дорад мебошад.

 Аз тарафи рости Басмандасой наҳраки Оқсӯҷорӣ аст. Саргаҳи онро Даҳкатсой меноманд, ки аз резишиҷӯйборҳои  Равутчӣ ва Равутан фароҳам омадааст. Дар соҳили  Даҳкатсой деҳаи ба номи Даҳкат қарор дорад, ки  яке аз мавзеъҳои бостонии Уструшан ба ҳисоб меравад. Ифодаи Даҳкат беромади суғди дорад. Ин вожа аз ду ташкилдиҳанда иборат аст даҳ-даҳ,  яъне даҳ ва “кат”- хона, ҳавлӣ, аҳолӣ.

Нақшаи корезҳои қадимаи деҳаи Басманда

 

 Боиси қайд аст , ки яке яз асбобҳои қадимаи халқи тоҷик дар ин деҳа то ҳол боқист ва фаъолият мекунад. Ин Осиёби сангин мебошад ,ки дар болооби дарё сохта шудасст. Аз қадим мардуми тоҷик аз ин истифода мебурданд ва ҳоло дар бисёр минтақаҳоиин асбоб ба гушаи фаромӯши рафтааст.

 Осиёби сангин

 

Партобов Алишер

Магистри Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияии АИҶТ

Хондан 1775 маротиба