JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 12 Марти 2019 09:42

Нигоҳе ба омӯзиши бостоншиносии водии Ҳисор

Муаллиф:

 Дар мақола масоили ташаккул ва таҳаввули илми бостоншиносӣ дар Тоҷикистон умуман ва водии Ҳисор махсусан баррасӣ гардидааст. Дар нимаи аввали асри ХХ, бахусус солҳои 30-40-ум омӯзиши ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ раванди системавӣ ва ҳамаҷониба надошт. Танҳо баъди дар соли 1946, баробари бунёди “Экспедитсияи бостоншиносии Суғду Тоҷик” омӯзиши ёдгориҳои бостоншиносӣ дар раванди муайян ба по гузошта шуд.

  Дар ин мақола дарҷа ва зинаҳои омӯзиши бостоншиносии водии Ҳисор матраҳ гардидааст.

 Аввалин пажӯҳишҳои бостоншиносӣ дар водии Ҳисор, ки фарогири матбуот шудааст, ин корҳои шуъбаи кишваршиносии Институти давлатии илмӣ -тадқиқотӣ дар назди Комитети Халқии Маориф РСС Тоҷикистон буд, ки соли 1932 дар террасаи қадимаи дарёи Душанбе таҳқиқот гузаронидааст. Бино бар маълумоти бостоншинос В.Чейлитко ин ҷо якчанд қароргоҳи инсони ҷамъияти то синфӣ (неолит) ёфт шудааст.

Дар нимаи аввали солҳои 40-ум (пеш аз таъсиси Экспедитсияи Бостоншиносии Суғду Тоҷик дар соли 1946), омӯзиши ёдгориҳои таърихии ҷумҳурӣ шакли систематикӣ ва ҳамаҷониба надоштанд. Вале фаъолияти баъзе бостоншиносон-кишваршиносон, хусусан В. Чейлитко, П. Смоличев ва С. Замятин, наметавонад ҷолиби диққат набошад. Ҳамин тариқ, бо арзёбии муфассали фаъолияти В. Чейлитко, Б. Литвинский гуфт, ки ӯ ташкилкунандаи фаъоли корҳои асосии бостоншиносӣ ва баъзе аз ҳафриётҳо буд. Тибқи баҳои               Б. Литвинский, саҳми ӯ барои гузаронидани омӯзиши корҳои бостоншиносии аввалини ёдгориҳои таърихии ҷумҳурӣ ва ба таври васеъ маълум градонидани онҳо зиёд аст.

В. Чейлитко бори аввал таҳқиқи бостоншиносии шаҳраки пеш исломии Қалъаи Шодмонро дар Водии Ҳисор оғоз кард, ки дар вақташ дар ин хусус М. Дяконов қайд карда афзудааст, ки ин ёдгорӣ барои омӯзиш моҳияти бузург дорад, аз ин сабаб дар солҳои 1943-1944 вай ба таҳқиқи ин ёдгорӣ рӯ овардааст. Дар қисмати баландии марказӣ ва шимолу ғарбӣ изи кофтуковҳо боқӣ мондааст. М. Дяконов инчунин хабар медиҳад, ки В. Чейлитко ҳангоми таҳқиқи Қалъаи Шодмон усули таркишро истифода бурдааст. Боиси таассуф аст, ки бо натиҷаи корҳои В. Чейлитко дар Қалъаи Шодмон пажӯҳишгарони минбаъда шинос шуда натавонистанд [14, 181].

Дар бораи фаъолияти В. Чейлитко М.Дяконов хабар дода, аз ҷумла қайд кардааст, ки гӯристони Тӯпхона соли 1941 диққати ин бостоншиносро, ки бо осори қадимаи водии Ҳисор хуб ошно буд ва чандин сол инҷониб дар соҳаи муҳофизати ёдгориҳои асрҳои миёнаи охир кор мекард, ҷалб намуда буд. Он вақт В. Чейлитко дар Тӯпхона ҳафриётҳои на он қадар бузург гузаронида буд. М. Дяконов қайд кардааст, ки ӯ шахсан бо гузориши В. Чейлико дар Архиви Институти таърих, забон ва адабиёти филиали Тоҷикистонии АИ ИҶШС дар ш. Сталинобод, шинос шудааст [12, 154]. Аммо ба мо муяссар нашуд, ки ин гузоришро дарёфт намоем ва ба маълумотҳои В. Чейлитко баҳо диҳем. Бино бар маълумоти М. Дяконов В. Чейлитко дар нишебии ҷанубии теппаи шимоли Тӯпхона якчанд ҳафриёт гузаронидааст ва як қатор шурф нигоштааст, ки дар он ҷо як хум бо устухонҳои кӯдакро пайдо кардааст.

Дар асоси ин корҳо В. Чейлитко хулосаҳои дуруст барорад кардааст, ки мутаассифона ҳеҷ таҳкурсие надорад. Ҳамин тавр, дар гузориши худ В. Чейлитко бурҷҳои Тӯпхонаро мансуб ба асри VIII донистааст, аммо ҳеҷ далеле барои исбот наовардааст, ва боз таъкид кардааст, ки инҷо дар вақташ маъбади буддоӣ будааст. Зиёда аз ин дар сӯҳбатҳои баъдии В. Чейлитко бо М. Дяконов, ӯ ҳатто ақидае гуфтааст, ки дар гӯё маҳали Тӯпхона шаҳре воқеъ аст, гарчанде ягон асари сохтмон дар ин майдон чи дар рафти тафтиши рӯякӣ ва чи ҳангоми шурф гузоштан пайдо нашудааст [12, 154-155].

Ба ҳама норасоиҳои мо номбарнамуда нигоҳ накарда, тадқиқотҳои бостоншиносии В. Чейлико ҷолиби диққат мебошанд. Ӯ, дар асл, оғози омӯзиши пуршиддати бостоншиносиро дар ҳудуди ҷумҳурӣ гузоштааст ва корҳои зиёде ҳам дар ин самт иҷро кардааст.

Нимаҳои аввали солҳои 40-уми асри гузашта ба фаъолияти зиёди бостоншинос П. Смоличев рост меояд. Дар мақолаи рӯзномаии «Погребение со скорченными костяками в районе г. Сталинабада», ӯ бозёфтеро тавсиф мекунад, ки 5 августи соли 1941 аз ҷониби кормандони Идораи Обу корези пойтахт бозёфт шудааст. Ҳангоми кандани шурфҳо дар наздикии обанбори оби шаҳр як ҷасад ва зарфҳо бо андозаҳои гуногун (10 зарф)  пайдо шудаанд. Ҳангоми тоза намудани қисми поёни девори ҷанубӣ П.Смоличев боқимондаҳои устағони инсонро дарёфт кард, ки дар вақти кори коргарон хароб шудааст. Омӯзиши ҳолати косҳо ва дигар устухонҳо аниқ муайян кард, ки ҷасад дар ҳолати батнӣ ба китфи рост гузошта шудааст. Мутаассифона, чунон ки П. Смоличев зикр кардааст, косахонаи дарёфтшуда ҳангоми корҳои истеҳсолӣ вайрон шуда буд, аз рӯ муайян кардани намуди он имконнопазир буд. Технологияи истеҳсоли сафол, шакли он ва тарзи дафн (батнӣ) ба ақидаи П.Смоличев имконият медиҳанд, ки ин қабрро марбут ба нимаи ҳазорсолаи I пеш аз милод донем.

Қабрҳои тасодуфан дар Сталинобод ва атрофи он пайдошуда ягона набуданд. Барои мисол қайд кардан зарур аст, ки қабрҳое ки сафолҳои ба ин монанд доранд дар рафти корҳои сохтмонӣ дар пойтахт, дар наздикии текстил комбинат ва назди деҳаҳои Шар-Шар ва Даҳана Киик ошкор карда шуданд. Ин нишон медиҳад, ки қабрҳои батнӣ дар водии Кофарниҳон ва инчунин эҳтимолан дар водии Ҳисор, маъмул буданд. Масъалаи мутаалиқоти қавмии мардуме, ки ин қабрҳоро гузоштаанд, чӣ тавре, ки П.Смоличев шарҳ медиҳад, метавонад танҳо пас аз гузаронидани тадқиқотҳои мунтазам ҳал карда шавад [36, 75-82].           

Бостоншинос С.Замятин дар ноҳияҳои Орджоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат), Варзоб, Ҳисор ва атрофи Сталинобод (Душанбе) дар соли 1943 ба иктишофи ғорҳо, бо мақсади пайдо кардани ёдгориҳои асри санг, машғул буд. Ба ақидаи Б. Литвинский, С.Замятин – муттахассиси калони даврони палеолит [23, 25] буд ва ӯ аввалин кӯшиш барои ҷустуҷӯ ва кашфи ёдгориҳои асри санг дар қаламрави Тоҷикистон карда буд. Ӯ ҷусторҳоро бо ҳамроҳии М.Паничкина анҷом медод. Тақрибан 30 ғор, мағора, камарҳо ва паноҳгоҳҳо, аз назар гузаронида шуд, ки дар ҳаштои онҳо ШУРФИ санҷишӣ гузошта шуд. Дар ғори наздикии деҳаи Гачак (ноҳияи Ҳисор), боқимондаҳои маданияте, ки зоҳиран ба асри санг тааллуқ дорад, пайдо шуданд, вале С.Замятин тавсифи дақиқ кардани маводи ёфтаро накардааст. Вазъият чунин сурат гирифт, ки ба С.Замятин муяссар нагашт, то корашро тибқи нақшааш бо ҳаҷми аввала ба анҷом диҳад, ин ҳолатҳои новобаста аз муҳаққиқ буданд [15, 11-14].

Апрели соли 1944 дар Иҷлосияи якуми илмии Филиали Тоҷикии АФ ИҶШС дар гузориши П.Смоличев «Корҳои бостоншиносӣ дар Тоҷикистон», ки дар бахши илмҳои иҷтимоӣ хонда шуд, баъзе натиҷаҳои пешакии бостоншиносон эълон шуданд [33, 9].

Оид ба ноҳияҳое, ки замоне ба ҳудуди Тоҷикистони ҷанубӣ дохил мешуд, маълумоти нисбатан пурра дар асарҳои ҷуғрофӣ ва таърихии асрҳои миёна бо забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ оварда шудааст. Дар ин маъхазҳо бисёр шаҳрҳое ёдовар шудаанд, ки нақши муҳим дар таърихи Осиёи Марказӣ бозидаанд. Аммо ба таври дақиқ муайян кардани ҷойи онҳо, ки дақиқан дар куҷо буданд, имконпазир нест, зеро қисми зиёди ин шаҳрҳоро Чингизхон нобуд кардааст ва баъзеи онҳо дубора барқарор нашудаанд. Аз ин рӯ, вазифаи афзалиятноки дастаҳои экспедитсионии ҷанубӣ – Вахш ва Кофарниҳон, ки онҳоро М.Дяконов сарварӣ дошт, ин муайян намудани маҳалли ҷойгиршавии боқимондаҳои чунин шаҳрҳо буд. Вазифаи дастаи Вахш муайян кардани ҷойҳое буд, ки дар вақташ онҷо шаҳрҳои Mунк, Ҳалевард, Леваканд ва ғайраҳо воқеъ буданд; вазифаи дастаи Кофарниҳон бошад, пайдо кардани шаҳраки Шуман, Чағониён ва Аҳорун буд [14, 23].

Аз соли 1946 сар карда сохтори гурӯҳҳои бостоншиносии Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистон мунтазам тағйир меёбанд, ки ин ба густариши фаъолияти ҷустуҷӯӣ ва зарурати муттамарказкунии нерӯҳо дар ҳудуди як минтақаи муайяни Тоҷикистони Ҷанубӣ, ки ба ҳалли фаврии мушкилоти омӯзишӣ алоқаманд аст, вобаста буд. Дар баробари ташкил ёфтани экспедитсияҳои мураккаб ва махсус гардонидашуда, ки фарогирии минтақаҳои калон буданд, гурӯҳҳои маҳаллии - Ҳисор, Данғара, Хуталон, Қаротегин, Қубодиён, Кӯлоб, Норак, Ҷанубӣ -Тоҷикистонӣ, ва боз дастаи барои омӯзиши асри санг низ таъсис дода шуданд. Роҳбарони дастаҳо Б.Литвинский, В.Ранов, А.Окладников, Д.Манделштам, Т.Зеймал, Э.Ғуломова, Ю.Ёқубов, А.Юсупов, Т.Атахонов, Х.Муҳиддинов буданд.

Самтҳои муҳимми таҳқиқотӣ – ҷустуҷӯӣ ва омӯзишии Экспедитсияи Бостоншиносии Суғду Тоҷик ин кашф ва омӯзиши ёдгориҳои бостоншиносии асри санг маҳсуб меёфт. Бо ин мақсад, таҳти экспедитсияисоли 1948, як дастаи махсус дар ҳайати А.Окладников ва В.Запорожская таъсис дода шуд, ки моҳи сентябри ҳамон сол, дар минтақаҳои Сталинобод ва Ҳисор, мавзеи назди омезиши дарёҳои Хонақо ва Кофарниҳон, ва соҳилҳои Кофарниҳон назди деҳаҳои Чинори Сӯхта, Ҷетиер, инчунин дар ҷойҳои дигар таҳқиқот бурданд [25, 11-14]. Пасон кори даста дар ноҳияи Варзоб ва роҳи Сталинобод-Қӯрғонтеппа то ба деҳаи Оби-Киик идома ёфт. Дар ҷараёни таҳқиқоти соли 1948, як қатор ғорҳо ва камарҳо (дар қарибии деҳаҳои Лоҳур ва Такоб, дар ноҳияи Варзоб дар деҳаҳои Даҳана Киик ва Ганҷина ва дар водии Ёвон) тафтиш шуда буд, вале нишонаҳои зиндагии одамони асри санг, ошкор карда нашудааст. Бино бар ин, диққати асосӣ ба ҷустуҷӯи як навъи зистгоҳҳои кушода равона карда шуд, ки фавран натиҷаҳои мусбат ба бор овард. Дар террассаҳои қадим дар 14 ҷой макони одамони асрҳои санг ва асрҳои биринҷӣ, кашф карда шуд. Тафтишоти пешакӣ гузаронидаи А.Окладников дар ҳузур доштани дар як қатор ноҳияҳо (Ҳисор, Варзоб) бошишгоҳҳои кушодаи замони падеолити болоӣ ва неолитиро муайян кардааст [39].

Ба зиммаи яке аз дастаҳои аввалин ва васеътарин аз ҷиҳати фарогирии ҳудудӣ – дастаи Кофарниҳон тадқиқоти бостоншиносии водии Кофарниҳон, инчунин қитъаи ҳамшафати ғарбии он вогузор карда шуд [12, 147]. Дар ҷараёни кори солҳои 1946-1947 даста бояд баъзе масоили марбут ба гӯристонҳои Тӯпхонаи Ҳисорро ҳал мекард, аз ҷумла ин масъала, ки оё онҳо дар ҳақиқат ба аҳолии таҳҷоии бохтарӣ тааллуқ доштанд. Бо назардошти он ки А.Ю. Якубовский мушкилоти этногенези халқи тоҷикро яке аз самтҳои афзалиятнок меҳисобид, барои омӯхтани дақиқтари он чораро танҳо дар ҳар чӣ бештару пурратар намудани маълумотҳои бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ медид [40, 48].

Дастаи Кофарниҳон, ки соли 1948 ба омӯзиши гӯристони Тӯпхона машғул буд соли оянда барои тақвият бахшидани корҳои ҳафриётиву таҳқиқотии шаҳраки Панҷакенти Қадима фиристода шуд. Соли 1950 вақте тасмим гирифта шуд, ки корҳо дар дараи рӯди Кофарниҳон барқарор шавад ва ҳамчун макони омӯзиш қаламрави Қубодиён [10, 253] интихоб шуд. Кори даста асосан ба омӯзиши таърихи қадимаи ин манотиқ вобаста буд.

Гӯристони нисбатан муҳим дар водии Ҳисор ин Тӯпхона буд. Бинобар пиндоштҳои кишваршинос В.Чейлитко, ки аввали солҳои 40-ум аз ин маҳал боздид намудааст, дар қадим дар Тӯпхона як дайри буддоӣ, шаҳри асримиёнагӣ ё қалъаи аввалҳои асри миёна воқеъ будааст. Барои фаҳмидани ин, дастаи Кофарниҳон бо сарварии М.Дяконов моҳи июли соли 1946 ковишҳои хурди ҷустуҷӯӣ гузарониданд. Натиҷаи аз ҳама муҳим, ҳарчанд далели сирф манфӣ бошад ҳам, ин набудани пурраи боқимондаи хонаҳо, таҳкурсиҳо, қаторҳои хиштӣ, нишонаҳои чагдон ва ғайраҳо буд. Дар Тӯпхона ягон асари сохтмони биноҳо ва ҳаёти инсонӣ ошкор нашуд. Вале, дар як фазои хурди 25 метри мураббаъ панҷ гӯр дарёфт гардид, ки аҳамияти ҳалкунанда дорад. Ҳафриёти хурди соли 1946, ки хусусияти як шурфи ҷутуҷӯиро дошт, нишон дод, ки ин ҷо як қабристони  қадимаи намунааш то ҳол дар Осиёи Марказӣ маълум набуда, мавҷуд аст. Дар Тоҷикистон дар замонҳои гуногун оинҳои зиёди гуногуни дафн вуҷуд доштаанд. Бар болои қабр қариб ҳамеша ягон сохтомоне – қӯрғон, хонақоҳ, теппача бунёд мекарданд, ё дар зарфи калони гилин – хумме гузоштанд. Дар Тӯпхона бори аввал як навъи нави дафн, ки дар он шахси фавтидаро дар замин мегузоштанду бар болояш ягон иншооти махсус намесохтанд, кашф шуд. Кашфи тасодуфии панҷ қабр дар Тӯпхона як комёбии бузурги бостоншиносӣ буд. Таваҷҷуҳ нисбати онҳо зиёдтар шуд, вақте ки пас аз тоза кардани тангаҳои қабр маълум шуд, ки ин зарби барбарӣ буда, вале хеле наздик ба намунаи аслии худ – оболҳои Юнону Бохтарии подшоҳ Евкратидус аст. Чунин барвақт, маҷмааи қабрҳои амиқ даврабанди шаванда, дар Мовароуннаҳр то ин вақт маълум нашуда буд.

Ҳанӯз соли 1946, дар давоми ҳафриётҳои дастаи Кофарниҳон дар Тӯпхона дар қабати сеюм як мадраки ҷолиб пайдо шуд. Дар рӯйхати бозёфтҳои ин қабр як сиккабо номи Евкратид марбут ба асрҳои II-I то милод буд. Дар ҳамин қабат соли 1947 М.Дяконов боз ду қабрро бо ҳамин гуна лавозимот пайдо кард, аз он ҷумла сиккаҳои нуқрагин бо номи Евкратид. Хусусияти дафнкунӣ чӣ гуна буд? Оё метавон онро марбут ба зардуштия донист? Чаро ки аҳолиии маҳаллӣ бохтарӣ дар асрҳои II-I пеш аз милод зардуштӣ буд. Инак, кӣ инҷо дафн карда шуда буд: бохтариён – ниёкони тоҷикони муосир ва ё намояндагони аҳолии бегона? M.Дяконов қарор гирифт то ба кӯмаки таҳқиқоти антропологӣ рӯ орад ва косахонаҳои сари аз қабрҳои дар Tӯп-Хонаё фтаро барои муайян кардан ба профессори антропология В.Гинзбург диҳад, ва ӯ ба хулоса омадааст, ки онҳо ҳеҷ фарқе аз косахонаҳои сари намояндагони муосири мардуми тоҷик надорад [40, 48].

Ҳангоми таҳқиқоти қабристони Tӯпхона соли 1948-1949, чунин ҳафриётҳо майдони калонро фарогир буданду муддати тӯлонӣ гузаронида мешуданд, тақрибан 100 гӯри мутааллиқ ба замонҳои гуногун пайдо шуд, ки дар он шахси фавтида бо оинҳои гуногун дафн шуданд, кашф гардид. Ёдгорӣ аҳамияти бузурги таърихию фарҳангӣ дошт, чунки барои дафн ба як муддати хеле тӯлонӣ истифода бурда мешуд. Қадимтар аз ҳама қабрҳои навъи чорум мебошад, ки дар он майит ба шакли батнӣ гузошта шудааст. Ҷасад ба китф, бо зонуҳои қат карда дар назди шикам монда, гузошта шуданд. Дар дасти яке аз ҷасадҳо силоҳи аз санги оташафзо тайёр шуда буд. То ин вақт дар қаламрави Тоҷикистон ва Узбакистон қабрҳои батнӣ маълум набуд. Дақиқ буд, ки онҳо таърихи зиёда аз дуҳазорсола доранд. Мадракҳои ҷолиби қадима дар қабрҳое, ки мутааллиқ ба асри I то милод мебошад, ошкор шуд. Дар ҳар як қабр зарфҳои гилини зебо дар шакли ҷомҳо, косаҳоии нимдоира; дар қабрҳои занон ҷавоҳирот ва дигар ашёҳо боқӣ монданд [13, 32-35].

Баҳори соли 1953 А.Окладников ва М.Дяконов корҳои ҷустуҷӯии ёдгориҳои асри сангро, аллакай дар ҳайати Экспедитсияи Бостоншиносии Тоҷик, идома доданд. Онҳо якчанд ноҳияи ҳамшафати Сталинободро омӯхтанд. Харобаҳои деҳаҳое ошкор шуд, ки ба охири неолит ва аввали асри биринҷӣ мансуб аст. Дар ин бошишгоҳҳо маҳсулоти сангӣ ёфт шудаааст [35, 5-45]. Ҳамаи ёдгориҳо мутааллиқ ба ҳазорсолаи III-I пеш аз милод мебошад.

Натиҷаи муҳимми кори даста ин кашфи асбобу олотҳои навъи палеолитӣ дар террасаҳои дарёи Вахш, зери сафедхокаҳои аллювиалӣ буд [32].

Соли 1954 дастаи махсуси Экспедитсияи Бостоншиносии Тоҷик, ки вазифааш муайян ва омӯхтани ёдгориҳои ҷамъияти ибтидоӣ буд, корҳои ҷустуҷӯӣ – саҳроиро дар ноҳияҳои шаҳри Сталинобод гузаронид. Онҳо як маводи ҷолиби нав доданд, ки тасаввуроти моро оид ба марҳилаҳои қадимитарин таърихи Тоҷикистон бештар месозад. Таҳқиқоти саҳроӣ дар минтақаи Сталинобод бо аз назар гузаронидани бошишгоҳҳои пештара маҳдуд карда шуд, ки бо ҳузури сершумори парахасангҳо ва олотҳои дурушти қайроқсанги дарёӣ тавсиф ёфтаанд. Дар водии Ҳисор як деҳаи кушодаи Теппаи Ғозиён ошкор шуд. Ҳудуди паҳншавии сангҳое, ки одам кор кард намудааст, якчанд километри мураббаъро дар бар мегирад. Теппаи Ғозиён аз ҳама васеъ ва аз лиҳози бозёфтҳо ғанитарин дар байни чунин ёдгориҳои водии Ҳисор шуд [26, 5].

Бозёфтҳои нисбатан ғанӣ асри санг, аз соҳилҳои рост ва чапи дарёи Лучоб, наздикии Сталинобод ба даст оварда шуданд. Дар тадқиқот M.Дяконов, Б.Литвинский ва Е.Давидович иштирок доштанд.

Дар давоми корҳои ҷустуҷӯӣ дар доманакӯҳҳои қаторкӯҳи Ҳисор, дар ҳудуди минтақаҳои Регар ва Шаҳринав, як қатор паноҳгоҳҳо ва камарҳо дар дараи Ширкент-дарё, инчунин дар деҳоти Хоҷӣ ва Санги Мила аз назар гузаронида шуд. Дар ғорҳо чизе пайдо нашуд, аммо як қатор қароргоҳҳои навъи кушода, аз ҷумла як бошишгоҳ дар террасаи дарёӣ ошкор карда шуд. Баъди ба охир расидани корҳо наздкии Сталинобод, даста ба ҷануби Тоҷикистон ба Микоянобод (Қубодиён), аз он ҷой ба ноҳияи Шаҳритуз ва Айвоҷ гузашт, ки он ҷо маконҳои нави маҳсулоти сангин кашф шуданд [26, 7].

Гурӯҳи кӯҳгарди дастаи Ҳисор моҳи май-июн дар ноҳияи Шаҳринав, қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, назди қишлоқҳои Санги Мила, Пушти Миёна, Қаратоғ ва ғайраҳо корҳои ҷустуҷӯӣ гузаронид, ки дар давоми он якчанд маконҳои кушоди асри санг ба қайд гирифта шуд. Ҳамаи бозёфтҳо аз рӯи ақидаҳои пешакӣ ба маданияти А.Окладников ҷудо кардаи неолит ва энеолити минтақаҳои кӯҳистони Осиёи Марказӣ, ки мансуб ба ҳазорсолаи II то милод мебошад, даврабандӣ карда шуданд [34, 17].

Мақсади асосии омӯзиши дастаи Ҳисор ин омӯзиши таърихию фарҳангии стратификтсияи водии Ҳисор, ки бо ёдгориҳои бостоншиносӣ хеле бой буд, мебошад. Соли 1955 танҳо як қисми водӣ – байни Сталинобод ва Регар тадқиқ карда шуд, ки дар он 171 мавзеъҳои бостоншиносӣ ба қайд гирифта шуд [11, 75].

Cоли 1967 дар мавзӯи «Манотиқи кӯҳии асри санги Осиёи Миёна ва ҷои он дар байни маданиятҳои ҳамзамони Шарқ» (роҳбар В.Ранов), як боб бахшида ба палеолит барои рисолаи «Асри санги Тоҷикистон» омода карда шуд. Дар доираи мавзӯъи мазкур омӯзиши васеъи маводи ба даст оварда, ки дар натиҷаи ҳафриётҳои чандинсолаи яке аз маданиятҳои муҳимтарини асри санг – маданияти Ҳисор гузаронида шуд.

Дар давоми ҳафт соли корҳои саҳроӣ (1953-1959) А.П.Окладников роҳбарии дастаи омӯзиши асри санги Экспедитсияи Бостоншиносии Тоҷикро, ки дар саросари кишвар фаъолият мекард, ба зимма дошт. А.П.Окладников корҳои ҷустуҷӯиро дар баъзе нуқтаҳои водии Ҳисор ва роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа гузаронид. Дар натиҷа дар қисматҳои миёнаи обрави д.Кофарниҳон як силсила истгҳҳои маданияти неолитӣ ошкор карда шуд. Дастоварди асосии А.П.Окладников дар ҷануби Тоҷикистонин кашфи маконҳои зиёди як гуна маданияти хоси неолитӣ – маданияти Ҳисор, аз ҷумла чунин бошишгоҳҳои калон мисли Тутқаул ва Сайёд мебошад.

Ёдгориҳои ҷолиб, ки бо ақидаҳои динии аҳолии таҳҷоии Бохтари Шимолӣ –Тахористон рабт дорад ин гӯрҳои лаҳадӣ мебошад. Барои мисол ин қабристони Тӯпхона (дар водии Ҳисор) аст, ки омӯзиши он солҳои 40-50 асри ХХ гузаронида шудааст [22, 25].

Гурӯҳи бостоншиносии Ҳисор, соли 1972 тадқиқоти шаҳраки асримиёнагии Кокташро гузаронид, ки дар ҳудуди корхонаи «Упаковка»-и Вазорати саноати маҳаллии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Ленинский (Рӯдакӣ) воқеъ аст. Шиносоии пешакӣ тасдиқ кард, ки он яке аз шаҳракҳои сершумортарин ва комилан тадқиқношудаи асримиёнагӣ аст, ки ҳоло болояш як деҳаи муосир сохта шудааст. Бо нишебиҳои шуста, бисёр вақт номунтазам, теппаҳои алоҳидаи сахт аз борон зарар дидаи маҷмааи Коктош, душвор аст намуди аслии онро тассаввур кард. Илова бар ин, бисёре аз боқимондаҳои ҳаёти собиқ дар давоми сохтмони деҳа ва канали калони Коктош нобуд шуданд. Пешгӯӣ кардан мумкин, ки ин ҷо шаҳри қадимае ҳаст, ки ба давраи пеш аз муғул мансуб аст. Давраи амиқи ёдгорӣ ва хусусияти маданияти моддии маҷмааро танҳо пас аз гузаронидани ковишҳо метавон муайян намуд. Ашёҳои биринҷӣ, шишагӣ ва сафолӣ пайдо шуданд. Ду чароғ ва инчунин ҷузъҳои коса, мисин буданд. Чароғи калон ба шакли як қуттии биринҷии сепоча истеҳсол карда шудааст. Қисми болоии чароғ бо сарпӯши мустаҳкам баста, муҳкам карда шуда буд [1, 164-170].

Дар байни ашёҳои маҷмамаи Коктош, бениҳоят диққати зиёд зарфҳои мунаққаш ва сирдор мебошанд. Сафолҳои рангуборшудаи асримиёнагӣ, пеш аз ин дар Ҳулбук (Кӯлоб), Тутқаул (Норак) ва ҷойҳои дигари Тоҷикистони Ҷанубӣ ва берун аз он маълум буд. Шаҳраки Коктош маҳалли наве, ки ин ҷо низ паҳншавии чунин сафолҳое ба қайд гирифта шуда, ки бо маҳорати баланд иҷро шудааст. Ба ғайр аз бозёфтҳои сафолӣ ва биринҷӣ боз ашёҳои оҳанин ва шишагини гуногун ошкор карда шуданд, ки аз санъати баланди ҳунармандӣ шаҳодат медиҳад, инчунин як танга мисини охири асри XI пайдо шудааст. Ҳамин тариқ, сарфи назар аз миқдори начандон зиёди ҳафриёт, аз поёни кӯшки асримиёнагӣ маводи муҳимми бостоншиносӣ ба даст оварда шуд. Омӯзиши минбаъдаи ин шаҳрак метавонад далелҳои нави таърихии яке аз шаҳрҳои даврони пеш аз истилои муғули ҷануби Тоҷикистонро боз намояд [1, 164-170].

Соли 1974 гурӯҳи бостоншиносии Ҳисор омӯзиши ёдгориҳои таърихӣ ва меъмории маҷмааи Ҳисорро идома дод. Диққати асосӣ ба мақбараи Махдуми Аъзам дода шуд. Ҳамзамон корҳои соли 1971 оғозёфта бо тадқиқ ва тоза кардани ковокии хиштҳои берун ва дохили бино низ давом дода шуданд. Дар натиҷа нишонаҳои таъмири сершумори бино маълум карда шуд. Хусусияти асосии мақбараи Maхдуми Аъзам ин тарҳи салибшакли дохили утоқҳои асосӣ буд. Ҷузъҳои меъмории ошкор шуда тавонист тасаввуроти моро дар бораи ин ёдгории нодири меъморӣ пурратар созад [3, 231-241].

Корҳои дастаи Ҳисор (роҳбар E.Зеймал) соли 1976 аз ҳавзаи Ширкент дарё, ки солҳои 1974 ва 1975 дар соҳили чапи Қаратоғ дарё гузаронида мешуд, ба калонтарин ёдгории даврони антиқаи ҷануби Тоҷикистон – шаҳраки Шаҳринав гузаронида шуданд. Мақсади асосии даста муайян намудани вақт пайдоиш ва замони мавҷудияти шаҳрак буд. Даврабандии умумӣ – асрҳои аввали мелодӣ –ҳам дар натиҷаи ковишҳои солҳои 1955, 1956 ва 1967 ва ҳам бо бозёфтҳои тасодуфии тангаҳои дар қаламрави Шаҳринав ва гирду атроф ёфта, тартиб дода шуд. Ковишҳо дар деворе, ки шаҳракро иҳота мекунад ва диж (ситадел)  гузаронида шуданд. Қисми муҳимми тадқиқотҳои нав ин омӯзиши зичии сохтмон дар майдони дохилии шаҳрак буд. Бо ин мақсад, се ҳафриёти санҷишӣ дар майдонҳое, ки иҳотаи девору нишонаҳои берунии сохтмони қадима надоштанд, гузошта шуд. Маводҳои ошкоршуда (асосан сафолҳо) дорои маълумоти бевоситаи давраро муайянмекарда набуд, ҳарчанд ба гумонҳои пешакӣ хилофи ҳам набуд. Барои фаҳмидани таърихи шаҳрак ҳалли масъалаҳои асосӣ дар бораи зичии майдони сохтмон, сабабҳои қатъ гардидани мавҷудияти он, инчунин вақти бунёди девори умумии мудофиавӣ буданд [17, 66-72]. Бурҷи шаҳрак низ омӯхта шуд, ки тирзанҳои камоншакл дошт, чанд шурф гузошта шуд, ки иҷозат дод то шаҳрак ба асрҳои II-V милодӣ даврабандӣ карда шавад. Дар байни бозёфтҳо сафол, ҳайкалчаҳо (терракоттаҳо) буданд [29].

Дастаи Ҳисор, дар соли 1977 тадқиқоти теппаи шимолии шаҳраки кӯшонии Чимқӯрғон, ки дар наздикии Шаҳринав ҷойгир буд, гузаронида шуд. Шаҳраки Чимқӯрғон бисёрқабата баромад, аз ин рӯ яке аз вазифаҳо ин муайян намудани пайдарҳамии қабатҳои маданӣ дар ин ёдгорӣ буд. Дар тепаи шимолии Чимқӯрғон ду ҳафриёт гузошта шуд –стратиграфӣ (ҳафриёти 1) ва барои омӯзиши деворҳои мудофиавӣ (ҳафриёти 2) [16, 80-81]. Дастаи Ҳисор, ҳамчунин омӯзиши ёдгории Чоргултеппаро мегузаронид. Шаҳраки Чоргултеппа яке аз ёдгориҳои бузурги маҷмааи бостоншиносии Коктош буд. Дар натиҷаи кандани шурфи стратиграфӣ, чор қабати истиқоматӣ ёфт шудаанд. Ду ҳафриёти дигар низ чор қабати истиқоматии замони асрҳои миёна ва асрҳои миёнаи равнақёфтаро ошкор карданд. Миқдори начандон зиёди корҳо, барои муайян кардани таъиноти маҷмааи меъморӣ иҷозат дода натавонист. Шаҳраки Чоргултаппа ёдгории муҳимми бостоншиносӣ барои омӯзиши таърихи фарҳанги моддии Тоҷикистон шуд [2, 131-137].

Дастаи омӯзиши ёдгориҳои асри биринҷии Экспедитсияи Бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ тадқиқоти қабристонҳои лаҳадиро дар минтақаи Тандирйӯли ноҳияи Шаҳринав идома дод. Корҳои асосии дар қисми ҷанубӣ -шарқии қабристон, ки дар он ҷо ду ҳафриёти нав 4-5 пайдо шуд, гузаронида шуданд. Дар 16 кофта мадракҳо дар як ҳолати вайроншуда буданд: сафолҳо шикаста, устухонҳои инсонӣ пароканда шуданд. Гуфтан мумкин буд, ки қариб ҳамаи қабрҳо дар замонҳои қадим ғорат шуданд ва аз ин рӯ, мушкил буд, ки натиҷаҳои ҳафриёт амиқ карда шаванд. Аз ҷумла, бояд қайд кард, ки маводи сафолӣ ба чархсоз ва дастсоз тақсим шуда буд. Дар баъзе аз қабрҳо боёзфтҳои асри биринҷӣ (гӯшвор сӯрохдор) ёфт шуд. Фоизи зиёди қалъ қобили таваҷҷуҳ буд, ки хоси дигар  ёдгориҳои замони баъдтари Намозгоҳ VI ва Афғонистон набуданд [5, 56-68].

Корҳои минбаъда дар шаҳраки давраи Кӯшонӣ назди деҳаи Қара-Пичоқи ноҳияи Ҳисор сафарбар шуд, ки он ҷо аввал пурра тоза намудани буриши теппаи наздикии роҳ иҷро шуд. Як маҷмӯи калони бозёфтҳои сафолӣ, ки дар чарх сохта шудааст ва пораҳои камшумори зарфҳои дастсоз пайдо шуд. Ҳангоми таҳқиқи қабати болоии ёдгорӣ як ҳайкалча бо тасвири барҷастаи қаҳрамони“шоҳона” бо тоҷ истода ёфт шуд. Аз истисно берун нест, ки нусхаи иконографии аслӣ барои ин тасвир симои Геракл хизмат кардааст [5, 56-68].

Дастаи Ҳисор, (сардор E.Зеймал) соли 1978 тадқиқоти боқимондаҳои девори шарқии шаҳраки Шаҳринав, теппаи шимолии Хаит-Гула ва теппаи шимолии шаҳраки истеҳкомии Чим-Қӯрғонро гузаронида шуд. Бозёфти аз ҳама ҷолиб ин қисми зарфи навиштаҷоти канда шудаи кӯшонӣ-бохтарӣ дошта, ки иборат аз чор ҳарфаст, мебошад. Инчунин шумораи зиёди сафолҳо пайдо шуд [29].

Дастаи Шодмон-Қалъа (сардор В.Радилиловский, мушовири илмӣ T.Атахонов), ки аз ҷониби шуъбаи бостоншиносии Академияи хурди илмҳо ташкил шуд, ҷустуҷӯи хандақеро гузаронид, ки тавассути он якчанд қабати истиқоматӣ, танӯр ва дегдон ошкор шуд. Ду марҳилаи мавҷудияти шаҳраки Шодмон-Қалъа муайян карда шуд: давраи кӯшонӣ ва ибтидои асрҳои миёна, ин чунин маводҳои сафолии зиёд ва ҳайкалчаҳо пайдо шуданд [29].

Дастаи Коктош (роҳбар T.Атахонов) соли 1978 дар шаҳраки Чоргултеппаи ноҳияи Ленин кофтуков мекард. Ду ҳафриёт чор қабати истиқоматро ошкор намуд, ки аз он се қабати болоияш ба асрҳои IX-XII ва аз ҳама поёниаш ба асрҳои VI-VIII тааллуқ дошт. Қисми зиёди бозёфтҳоро сафолҳо ташкил медоданд [29].

Гурӯҳи омӯзиши ёдгориҳои бостоншиносии водии Ҳисор (роҳбар T.Атахонов) дар соли 10 ба тартиб додани харитаи бостоншиносии ноҳияҳои водии Ҳисор ва ҳафриёти ёдгории Шайнак дар наздикии шаҳри Душанбе машғул буд. Оташдонҳои сафолӣ ва маҷмӯаи зиёди сафолҳои асримиёнагӣ, аз ҷумла намунаҳои он бо нақшу нигори бой, порчаҳои дегдон, ва ғайраҳо ошкор шуданд [30].

Дастаи шаҳри Душанбе дар соли 13, тадқиқоти ҳудуди шаҳри Душанберо гузаронид. Дар натиҷаи амалиётҳои ҷустуҷӯӣ, давраҳои маскуншавии ҳудуди шаҳри муосир муайян карда шуд.

Давраи аввал: замони юнону-бохтар. Як маҷмӯаи хуби сафолҳои юнону-бохтарӣ, аз ҷумла сафолҳои бо шаҳри юнонии Ай-Хонум монанд, ки аз ҷониби намояндагии бостоншиносии фаронсавӣ дар Афғонистон кашф ва таҳқиқ шудааст, ҷамъоварӣ карда шуд [20, 10].

Давраи дуюм: давраи Кушониён. Дар байни маводҳои аз рӯи замин ба даст омада, бештарашонро сафолҳои бойи Кӯшониёни «ибтидоӣ» ва «охир» буд. Таҳлили маводҳо сабабгори пешгӯии он шуд, ки сохтани сафолҳои қадимтарини ин навъ ба аввали ҳазораи мо мансуб буда, баъдтар дар асрҳои III-IV идома ёфтааст. Дар яке аз ёдгориҳо боқимондаҳои меъмории давраи Кушонӣ ба қайд гирифта шудааст. Дақиқ карда шуд, ки қабатҳои Кӯшонӣ на танҳо дар минтақаи пештар маълуми шаҳраки Душанбе, балки дар аксари қитъаҳои дигари пойтахт низ вомехуранд. Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки маскуншавӣ дар террасаи Душанбе пеш аз ҳама дар ибтидои асрҳои миёна оғоз шуд. Қариб дар ҳамаи объектҳои кофтуков қабатҳои сафоли асрҳои V-VIII дошт, дучор мешуданд. Чунин маскуншави пуршиддат дар ҳудуди шаҳри Душанбе имконият медиҳад, ки ба тахмин кунем, ки маҳз, дар ин ҷо, пойтахти Шуман ки дар баъзе манбаъҳо зикр гардидааст, воқеъ мебошад.

Давраи сеюм: асрҳои миёнаи муттараққӣ ва охир. Дар бисёр ҷойҳои шаҳри Душанбе сафоли даврони тараққиёт (асрҳои XI-XII) ва охири (асрҳои XV-XVII) асрҳои миёна кофтуков шудаанд. Ҳамчунин баъзе бозёфтҳои хеле дер (асрҳои XIX-XX) вуҷуд доштанд. Корҳои дар ҳудуди шаҳри Душанбе гузаронида оғози тадқиқотҳои васеи бостоншиносиро дар пойтахт гузошт [27].

Ҳангоми ҳафриётҳои гӯристони Қумсой дар ноҳияи Турсунзода, ки ҳаҷман ҳудуди зиёдро дар бар мегирифт, дар ҳудуди маҷмааи қабрҳо маводи сафолии мутааллиқ ба ду маданият  – зироаткорони муқимӣ ва саҳроӣ ба даст оварда шуд. Ин бозёфтҳо ба масъалаҳои пойдоиши аҳолии водии Ҳисор дар охири асри биринҷӣ равшанӣ меандозанд [8].

Экспедитсияи бостоншиносии ҷануби Тоҷикистон (роҳбар - Б.Литвинский, муовин Ю.Яқубов) соли 19, корҳои саҳроиро дар ноҳияҳои Данғара, Қубодиён, Восеъ, Ховалинг, Колхозобод, Ордҷоникидзеобод, Ғарм ва дар шаҳри Душанбе гузаронид. Дар деҳаи Зулфии ноҳияи Ордҷоникидзеобод, якҷоя бо палеантолог Ш.Шарипов кофтукови истгоҳи палеолити поён иҷро карда шуд. Дар водии дарёи Ширкент омӯзиши истгоҳи Харкуш ба анҷом расонида шуд. Наздикии он як қатор макони олотҳои сангии таркибан монанду усули коркардашон низ шабеҳ ошкор шуд. Ин асбобҳои санги хосса ба ҳазорсолаи X-VIII пеш аз милод даврабандӣ шудааст [28].

Кормандони шуъбаи бостоншиносии Институт, В.Радилиловский ва З.Гарифулина соли 1992 дар экспедитсияи бостоншиносии байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба болооби водии дарёи Ширкент, иштирок карданд. Корҳои ҳаффорӣ ба омӯзиши мавзеъҳои марбут ба асри санг дар водии Харкуш муттамарказонида шуданд. Қабати маданӣ дар ин ҷо дар чуқурии се метр аз сатҳи муосир ҷойгир шудааст. Беш аз 180 адад ашёҳои сангӣ ҷамъоварӣ шудааст. Аз сабаби маҳдудияти вақт кор анҷом наёфтанд [31].

Дар шаҳраки Душанбе кофтукови биноҳои давраи юнону-бохтарӣ гузаронида мешуд, ки дар натиҷаи он маълумотҳои нав оид ба меъморӣ, фарҳанги  моддӣ ва санъати ин давраи сустомӯхташудаи таърихи Тоҷикистон ба даст оварда шуд [28].

Имконоти техникии Леваллуа-Мусте–самти дигари мусте–бо маводи истгоҳи Хуҷӣ намоиш шудааст. Ин истгоҳ соли 1978 ва 1997 аз ҷониби  дастаи асри санги Экспедитсияи Бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ, зери роҳбарии В.Ранов таҳқиқ шуда буд. Хуҷӣ як истгоҳи навъи кушода аст, ки қабатҳои маданияш хуб боқӣ мондааст. В.Ранов истгоҳи Хуҷиро мансуб ба фатсия Левалуа-Мусте медонад, ки барояш ҳузури нуклеусҳои паҳн, бо тахтасангҳои протопризматикии возеҳ ва маҷмӯи олотҳои ретуш карда шуда хос аст. Ба сифати маводи ибтидоӣ истифода sandstone quartzа siltstone истифода шудаанд. Ба хусусиятҳо махсуси саноати Хуҷӣ бартарияти олотҳои лавҳагӣ дохил мешавад, ки метавонад рушди муайяни усули Леваллуаро дар маданияти мазкур нишон диҳад [18].

Маданияти неолитии Ҳисор дар асоси маданияти таҳҷоӣ рушд меёбад. Чунин хулосаи бисёр муҳим баъд аз омӯзиши ҳамаҷонибаи маводи ёдгориҳои Тутқаул, Дараи Шӯр ва Сайёд [38] бароварда шуд. Ҷузъи муҳимми саноати ҳисориён олотҳои қайроқсангӣ –чопперҳо ва асбобҳои ҳамроҳӣ он бо реғасанги дағал мебошанд. Сангҳои оташафзо кам истифода шудааст, асосан барои тайёр намудани тарошасангҳои хурд – замимаҳо, теғаҳо, каҷкордҳои чӯбтарошӣ ва миқдори ками трапетсияҳои хеле хурд. Дар саноати маданияти Ҳисор усулҳое, ки аз рӯи маводи маданияти Қаратау шинос буд, давом дода мешуданд. Устувории бештар дар истеҳсолоти маснуоти қайроқсанг– хусусияти саноати Ҳисор буда, ва ин ҷо, яке аз фарқиятҳои он аз саноати маданияти Қаратау аст, ки онҳоро қариб 200 ҳазор сол ҷудо мекунад [19].

Маданияти Ҳисор дар байни саноати неолитии минтақаҳои кӯҳии Осиё аз ҳама бештар омӯхта шудааст.

То имрӯз се гипотезаи асоси иқтисодии маданияти Ҳисор тартиб дода шудааст: 1) ёдгориҳои - деҳқонони аввалин ва чорводори Тоҷикистон; 2) ба иқтисодиёте, ки ҳоло ба марҳилаи шикорчиён ва ҷамъоварон мутобиқ буд, ва 3) шакли асосии хоҷагии ҳисориён на кишоварзӣ, балки чорводорӣ буд [19].

Омӯзиши ин гипотезаҳо, ки дар асоси таҳқиқоти маводи ғании бостоншиносӣ ба даст омадааст, ба хулоса меоварад, ки ҳоло ҳеҷ яке аз ин гипотезаҳо ҳанӯз далелҳои заруриро доро нест, ки тахмини ягон ва дуруст бошад ва имконияти тахминҳои дигарро бартараф намояд.

Дар байни ин ёдгориҳо Taндирюлро қайд мекунем, ки дар қисми ғарбии водии Ҳисор воқеъ аст. Ҳамчунин бояд дар бораи ёдгориҳое гуфта шавад, ки дар  онҳо омезиши ду анъанаҳои фарҳангӣ -таърихӣ – зироаткорони маҳаллӣ ва саҳроӣ – чорводорӣ ба назар мерасад [6, 7-8].

Бояд қайд намуд, ки аҳолии қадимае, ки дар ҷануби Тоҷикистон қабати калони маданияти қадимаи кишоварзии асри биринҷро асос гузоштааст, таҳҷоӣ набуда, ҷиҳати генетикӣ бо маданияти саппалии ҷануби Ӯзбекистони муосир алоқаманд аст.

Кӯчидани намояндагони маданияти кишоварзи саппалӣ ба ҷануби Тоҷикистон дар водиҳои бо об бой сурат мегирифт. Маводҳои ҷамъшудаи бостоншиносӣ се водии калонро муайян кардааст: 1) водии Ҳисор; 2) рафти миёнаи водии дарёи Вахш дар минтақаи Норак, Teгузaк ва дар болооби дарёи Taирсу; 3) водии Фархору-Кӯлоб – дар ҳавзаи дарёи Қизилсу. Тадқиқотҳои беш аз 25 соли охир дар бошишгоҳҳои Kaнгуртут, Даҳана, Teгузак, гӯристонҳои Taндирюл, Kaнгуртут ва қабристонҳои Норак нишон доданд, ки онҳо бо пайдоиши худ ба маданияти саппалӣ ва марҳилҳои рушди дертари он, алоқаманд буданд [7].

Ёдгориҳои маъруфи охири асри биринҷӣ, ки ҷиҳати генетикӣ ба маданияти Саппалӣ алоқаманд буданд,  ин ду гӯристони кишоварзони қадим дар ноҳияи Ҳисор – Taндирюл ва Заркамар буд, ки онҳоро Н.Виноградова ва Л.Пянкова пажӯҳиш мекарданд. Дар қабатҳои поёнӣ дар давоми ковишҳои Қалъаи Ҳисор П.Самойлик ҳамчунин нишонаҳои бошишгоҳҳои кишоварзӣ пайдо кард. Баъзе бозёфти зарфҳо ва ашёҳои мисӣ ва биринҷии минтақаҳои обёрии Душанберо (Aракчин, Шаршар, Ромит ва ғ.) низ қайд мекунем [6].

Гӯристони дигаре, ки он ҷо низ сафолҳои ба ин монанди малолӣ шуда буд, ин қабристони Қумсой аст. Дар он наздикии Taндирюл, дар қисми ғарбии водии Ҳисор воқеъ аст. Солҳои 17-18 Н.Виноградова ва Л.Пянковаин ҷо ковишҳои бостоншиносӣ гузарониданд ва маълум карданд, ки сохтор ва тарҳрезии гӯрҳо якхелаастанд – ин гӯрҳои шомӣ (катакомб) бо даҳани даромад, ки бо сангҳо зич муҳкам карда шудааст. Қисми бештари маҷмӯи сафолҳои ҷамъоварда аз зарфҳои биринҷии даштӣ иборат буд. Хусусиятҳои он ин аст, ки сафолҳои чархсози кишоварзон асосан дар гӯрҳои кӯдакон пайдо карда шуд. Бозёфтҳои ҷавоҳиротӣ ҳамааш ба навъҳои хоси ҷавоҳироти андроновӣ тааллуқ дорад. Дар Қумсой ва дигар маҷмааҳои гӯристонҳои ба он монанд, дар маводи сафолӣ ду анъанаи гуногуни истеҳсоли зарфҳои сафолӣ – даштӣ (доираи ёдгориҳои андроновӣ) ва кишоварзӣ ёфт шудааст [8].

Бахшҳои афзалиятноки ҳунарҳои Тахористон дар асрҳои миёна оҳангарӣ буд. Ба сифати ашёи хом оҳан хизмат мекард, ки он аз конеки дар қади нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор аз қаламрави мулкҳои Аҳорун ва Чағониён мегузашт, истихроҷ мешуд. Омӯзишҳои геологӣ -археологӣ ду макон – Харкуш  ва Ширкентро пайдо карданд, ки он ҷо нуқтаҳо сершумори истихроҷ ва гудозиши оҳан ошкор шуд. Ҷойҳои истихроҷ ва гудозиши оҳан дар наздикии якдигар ҷойгир шуда буданд [37, 484-485]. Дар рафти ҳафриёт тоқи оҳангархонаҳо ёфт шуданд [24, 26-33]. Дар Қалъаи Kофарниҳон чунин оҳангархона дар долони хонаи истиқоматӣ ҷойгир буд [20, 125-126].

Дар давоми солҳои 2002-2003, бахшида ба 80-солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, М.Бубнова тадқиқотҳои васеъи бостоншиносӣ гузаронид [4, 232-263].

Айни замон, ба муносибати ҷашни “3000-солагии Ҳисор”дар Маҷмӯаи таърихӣ –фарҳангии Ҳисор тадқиқоти бостоншиносӣ гузаронида мешавад, ки саҳфаҳои тоза дар ин боб кушода хоҳанд шуд.

 Бобомуллоев Саидмурод

доктори илмҳои таърих

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2015, №3 (239)

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Telegram ва Facebook, ҳамроҳи намоед.

Адабиёт

  1. Атаханов Т. О работе Гиссарского археологического отряда. // АРТ. –1976. Вып. 12.- С. 164-170.
  2. Атаханов Т. О работе Гиссарского отряда в 1977 г. // АРТ. 13.- Вып.XVII. - С.131-137.
  3. Атаханов Т. Отчет о работах в Гиссаре в 1974 г.// АРТ. –1979.- Вып. 14. -С.231-241.
  4. Бубнова М., Каландарова Л. Душанбинское городище в период позднего средневековья (раскопки 2002-2003 гг.) // АРТ. -2005. Вып. 30. - С. 232-263
  5. Виноградова Н. М., Пьянкова Л.Т. Работы в Гиссарской долине в 1977 г. // АРТ.-13. -Вып. XVII. – С. 56 – 68.
  6. Виноградова Н.. Юго-Западный Таджикистан в эпоху поздней бронзы. – М., 2004. - С.13
  7. Виноградова Н.М. Новые памятники эпохи бронзы на территории Южного Таджикистана //Центральная Азия. - М., 17; Виноградова Н. Юго-Западный Таджикистан в эпоху поздней бронзы. – М., 2004. - С.12; Pjankova L.T. Jungbronzezeitliche Grabefelder im Vachs – Tal, Sud-Tadzikistan. –MAVA, Bd.36. –Munchen, 16.
  8. Виноградова Н.М. Пьянкова Л.Т. Могильник Кумсай в Южном Таджикистане. – Информ. Бюллетень МАИКЦА.- М., 1990.- Вып. 17; Виноградова Н.М. Могильник Тандырйул в Южном Таджикистане // МАИКЦА.- М., 1991. -Вып. 18.
  9. Виноградова Н.М. Юго-Западный Таджикистан в эпоху поздней бронзы. – М., 2004. - С.7-8
  10. Дьяконов М. Археологические работы в нижнем течении реки Кафирниган (Кобадиан) (1950-1951 гг.) // Труды Согдийско-Таджикской археологической экспедиции. 1948-1950 гг. - М.- Л., 1953.- Т.2. -С. 253.
  11. Давидович А. О работах Гиссарского отряда в 1955 г. // АРТ. в 1955г. Труды LXIII. – Сталинабад, 1956. -С. 75.
  12. Дьяконов М. Работы Кафирниганского отряда // Труды Согдийско-Таджикской археологической экспедиции. 1946-1947 гг. –М.- Л., 1950. –Т-1. -С. 154.
  13. Дьяконов М. Работы Кафирниганского отряда. - С.155-178; Он же. У истоков древней культуры Таджикистана. -С. 32-35.
  14. Дьяконов М. У истоков древней культуры Таджикистана. – Сталинабад, 1956 - С. 23.
  15. Замятин С. Разведка пещер в Таджикистане осенью 1943 года //Труды ТФАН СССР. – Сталинабад, 1951.-Т.XXIX; Окладников А. Исследования памятников каменного века Таджикистана. Предварительное сообщение о работах 1948, 1952-1964 гг. // Труды Таджикской археологической экспедиции. 1951-1953 гг. – М.-Л., 1958.-Т.3.- С.11-14;
  16. Зеймаль Е. Раскопки в окрестностях Шахринау // АРТ. -1977. - С.80-81.
  17. Зеймаль Е. Раскопки на Шахринавском городище // АРТ.- 1976. - С.66-72.
  18. История таджикского народа. Т.1. -19.- С.70; В.А.Ранов, Г.Р.Каримова. Каменный век. Афгано-таджикская депрессия.- Душанбе, 2005..-С. 164-172; Ранов В.А. Генезис и периодизация памятников каменного века в Таджикистане // Проблемы истории культуры таджикского народа. – Душанбе, 1992. С.38.
  19. История таджикского народа. Т.1.-С.105; В.А.Ранов, Г.Р.Каримова. Каменный век. Афгано-таджикская депрессия.-С.164-172; В. А. Ранов. Генезис и периодизация памятников каменного века в Таджикистане // Проблемы истории культуры таджикского народа. – С. 44.
  20. Литвинский Б. Калаи-Кафарниган //АРТ.- 0. – Вып. 15. -С. 125-126.
  21. Литвинский Б. Проблематика истории и истории культуры Средней Азии в советской науке (1960-11 гг.) //Международная ассоциация по изучению культур Центральной Азии. – М., 12.- Вып. 2. -С. 10.
  22. Литвинский Б., Седов В. Тепаи-Шах. Культы и ритуалы кушанской Бактрии.- М., 13
  23. Литвинский Б.Археологическое изучение Таджикистана советской наукой. -С.25.
  24. Новиков В., Радилиловский В., Соловьев В. Геолого-археологические исследования в бассейне р. Ширкент // Изв. АН ТаджССР. Серия: востоковедение, история, филология. – 17. - №1, .-С. 26-33.
  25. Окладников А. Исследование памятников каменного века Таджикистана. Предварительное сообщение о работах 1948, 1952-1964 гг. - С.11-14.
  26. Окладников А. Предварительный отчет об исследовании памятников каменного и бронзового веков в Таджикистане летом 1954 г. // Сталинабад, АРТ. –1956. -С. 5.
  27. Отчет о научно-исследовательской деятельности Института истории им. А.Дониша АН Тадж.ССР за 13 г.
  28. Отчет о научно-исследовательской деятельности Института истории им. А.Дониша АН Тадж ССР за 19 г.
  29. Отчет о научно-исследовательской и научно-организационной деятельности Института истории им. А.Дониша АН Тадж ССР за 1976 г.
  30. Отчет о научно-исследовательской и научно-организационной деятельности Института истории им. А.Дониша АН Тадж.ССР за 10 г.
  31. Отчет о научно-исследовательской работе отдела археологии и нумизматики Института истории, археологии и этнографии им. А.Дониша за 1992 г.
  32. Отчеты о научно-иследовательской работе учреждений АН Тадж ССР за 1953 г. Ф.1, оп. 4, связка 2, ед.хр. 143.
  33. Первая научная сессия Таджикского филиала Академии наук СССР, 20-25 апреля 1944г. //Труды Таджикского филиала АН СССР.– Сталинабад, 1946.- Т. XXI. -С.9.
  34. Ранов В. Результаты разведок каменного века в 1955 г. (В отрогах Гиссарского хребта и урочище Ходжи-Ягона) // Сталинабад, АРТ. -1956. -Труды LXIII. –-С. 17.
  35. Ранов В.А. Изучение каменного века Средней Азии за двадцать лет (1945-1965) Материальная культура Таджикистана. –Душанбе, 1968. -Вып.1.- С. 5-45; Ранов В.А. Каменный век Южного Таджикистана и Памира. Дисс. д.и.н. –Новосибирск, 18.
  36. Смоличев П. И. Погребение со скорченными костяками в районе г. Сталинбада // Известия Таджикского филиала АН СССР.- Сталинабад, 1949.- № 15. - С. 75-82.
  37. Соловьев В. Поселение Ширкент // АО.- 16. -С. 484-485.
  38. Юсупов А.Х. Неолитическое поселение Сай-Сайёд на юго-западе Таджикистана //СА. -1971. -№2. –С.142.  История таджикского народа. Т.1.- С.105; В.А.Ранов, Г.Р.Каримова. Каменный век. Афгано-таджикская депрессия.- С.164-172; Ранов В.А. Генезис и периодизация памятников каменного века в таджикистане // Проблемы истории культуры таджикского народа. –С.44; Ранов В.А., Коробкова Г.Ф. Туткаул – многослойное поселение гиссарской культуры в Южном Таджикистане // СА. -1971. -№ 2.–С. 37-138; Филимонова Т. Верхний палеолит и мезолит Афгано-Таджикский депрессии. Автореферат.канд. дисс.- Душанбе, 2007. - С. 1-28.
  39. Якубовский А. Итоги работ Согдийско-Таджикской археологической экспедиции в 1948-1950 гг. // Труды Согдийско-Таджикской археологической экспедиции. -1948- 1950гг.- Т.2.- Москва-Ленинград, 1953.
  40. Якубовский А. Итоги работ Согдийско-Таджикской археологической экспедиции в 1946-1947 гг. // Труды Согдийско-Таджикской археологической экспедиции. 1946-1947 гг. – М.- Л., 1950. –Т.1. -С. 48.

 

Хондан 1798 маротиба