JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 03 Октябри 2018 08:04

Мафҳуми Осиёи Миёна ва Осиёи Марказӣ аз нигоҳи бозиҳо ва манфиатҳои геополитикиву ҷуғрофӣ

Муаллиф:

  Тибқи маълумотҳои қаблӣ дар ИҶШС ду тақсимоти иқтисодӣ вуҷуд дошт Осиёи Миёна ва Қазоқистон. Аз нуқтаи назари ҷуғрофиёи физикӣ ва иқлимшиносӣ, ба Осиёи Миёна на танҳо чор кишвари собиқ Шўравӣ (Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон), балки қаламрави марказӣ ва ҷануби Қазоқистон низ дохил мешавад. Барои нишон додани панҷ ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон бисёр вақт истилоҳи “Осиёи Марказии собиқ Шўравӣ истифода мешавад.

  Бори аввал файласуф, ҷуғрофидон ва сайёҳи немис Александр Гумболдт соли 1843 Осиёи Марказиро ҳамчун минтақаи алоҳидаи ҷаҳон ҷудо карда буд.  Осиёи Марказӣ (ОМ) – калонтарин минтақаи Осиё мебошад, ки роҳи баромад ба уқёнусро надорад. Тибқи муқаррароти муайян намудаи ЮНЕСКО, ба минтақаи мазкур Муғулистон, қисмати шимолу ғарбии Чин (Синҷон, Тибет, Муғулистони дохилӣ, Синхай, Сичуан, Гансу), ноҳияҳои осиёии Россия, Қазоқистон ва ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шуравӣ- Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дохил мешаванд.

  Таърихан, Осиёи Марказӣ бо Роҳи бузурги абрешим ва қабилаҳои бодиянишин, ки дар даштҳои беканори он зиндагӣ мекарданд, машҳур буд. Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақае, ки дар он ҷо одамон, молу ашё ва ғояҳои гуногун аз қитъаи Авруосиё – Аврупо, Шарқи Наздик, Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ қарор доштанд, баромад мекард. Аз замонҳои қадим Осиёи Марказӣ, ки таҷассумгари ба ҳам омадани Шарқу Ғарб буд, дар пешрафти сиёсати хориҷии байни давлатҳо ва халқҳо нақши калидиро мебозид. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ аҳамияти минтақа, ки байни Аврупо ва Осиёи Ҷанубӣ ҳамчун як пайвандгар баромад мекард, бо дарназардошти тағйиротҳои бамиёномада авлавият касб мекард. Чун дар асри XIX ва ҳамчунин дар қарни XXI омилҳои асосие, ки аҳамияти минтақаро муайян мекарданд, вазъи геополитикӣ ва геостратегии минтақа буд, ки баъзан вақт сабаби сар задани низоъҳо байни абарқудратҳои ҷаҳон мегашт.

  Соли 1992 президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар нишасти сарони давлатҳои Осиёи Миёна пешниҳод кард, ки мафҳуми “Осиёи Миёна ва Қазоқистон” аз байн бурда шуда, ба ҷойи он мафҳуми “Осиёи Марказӣ” истифода шавад, чунки ин тамоми кишварҳои пасошўравии минтақаро дар бар мегирад.

  Осиёи Марказӣ, дар ҳақиқат, аз нигоҳи геостратегӣ хеле муҳим мебошад.  Дар ҳолати назорат кардани ағбаҳои кўҳӣ, метавон вазъро дар тамоми кишварҳои наздик таҳти назорат қарор дод. Қаламрави Афғонистон бошад, ҳамчун чорроҳаи муносибатҳои трансконтиненталӣ баромад мекунад. Тибқи назари В.И.Максименко, инҳо роҳҳое мебошанд, ки аз шимол ба ҷануб тўл кашида, Ҳиндукушро убур мекунанд ва ё давр зада Осиёи Марказии навро бо Покистон ва Ҳиндустон мепайванданд. Ин роҳҳо, ки дар самти арзӣ тўл кашидаанд, Эронро бо Ҳиндустон ва Шарқи Надикро бо Шарқи Дур мепайванд. Ҳамин тариқ, Осиёи Марказӣ на танҳо пойгоҳи муносиби ҳарбӣ, балки ҳалқаи муҳими геоиқтисодӣ дар пешрафти тиҷорати асри XXI байни Аврупо, Россия ва Осиё ба шумор меравад.

  Осиёи Марказӣ аҳамияти геополитикии худро дар замони болоравии муқовиматҳо байни Британияи Кабир ва Империяи Россия, ки дар Шарқи Наздик шурўъ шуда, то ба қаламрави Осиёи Марказӣ омада расид, ба даст овард.

  Дар охири асри XIX мубориза байни Британияи Кабир ва Империяи Россия барои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон шурўъ шуд, ки онро муҳақиқ ва нависандаи бритониёӣ Артур Конолли  “Бозии калон” номид. Тибқи ақидаи коршиносон, дар охири қарни ХХ боз як давраи нави “Бозии калон” оғоз ёфт, ки ба он ИМА, Туркия, Эрон ва дертар Хитой низ ҳамроҳ шуданд. Дар қатори “бозингарон” ҳамчунин собиқ ҷумҳуриҳои Шўравӣ, ки дар байни қувваҳои муқовиматкунанда мондаанд ва барои аз даст надодани истиқлолияти худ мубориза мебаранд, шомил шуданд.

  Осиёи Марказӣ, ки майдони умумии он ба 3 994 400 км квадратӣ мерасад, дар маҷмӯъ, тақрибан 10 фоизи ҳудуди қитъаи Осиёро дар бар мегирад ва дар баробари ин минтақаи муҳими геостратегӣ дар харитаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз нуқтаи назари ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, Осиёи Марказӣ дар ғарб бо Аврупо, дар шарқ бо кишварҳои Осиё, дар шимол бо Федератсияи Россия ва дар ҷануб бо кишварҳои ҷаҳони ислом сарҳади умумӣ дорад. Ҳамин тариқ, кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки танҳо дар хушкӣ ҷойгир мебошанд, ягона имконияти баромадан ба уқёнуси ҷаҳониро танҳо тариқи роҳҳои транзитӣ доранд.

  Аз рӯйи ҳаҷми захираҳои сузишворӣ ва энергетикӣ (нафт ва газ), ин минтақа дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол мекунад, ҳамчунин аз захираҳои бузурги канданиҳои фоиданок, ба монанди тилло, мис, уран ва металлҳои вазнин бой мебошад. Дар маҷмӯъ, хусусияти хоси Осиёи Марказӣ – ин макони ба ҳам омадани Шарқу Ғарб, рушди фарҳанги туркӣ-исломӣ буда, Роҳи бузурги абрешим гувоҳи муҳим будани он мебошад.

  Осиёи Марказӣ ягона нуқтаи беназире дар ҷаҳон аст, ки чор кишвари пурқуввати ядроӣ – Россия, Чин, Ҳиндустон ва Покистонро ба ҳам мепайвандад. Бозори истеъмолии ин минтақа беш аз 50 млн. нафар ва гурўҳҳои гуногуни этникиро дар бар мегирад.

  Баъд аз истиқлолият, кишварҳои пасошўравии Осиёи Марказӣ бо ду намуди тағйиротҳои геополитикӣ рў ба рў шуданд - дохилӣ ва минтақавӣ. Масъалаҳои ҳалношудаи сиёсӣ, этникӣ, ҳудудӣ, ки аз замони Шўравӣ мерос монда буданд, ба зуҳури масъалаҳои ҷиддии геополитикӣ дар кишварҳои мазкури минтақа мусоидат кард. Намунаи он як қатор буҳронҳое мебошанд, ки дар заминаи ҳолатҳои баҳсталаби ҷуғрофӣ ё этникӣ ва баъзан вақт бо сабаби таъсири омилҳои якум ва дуюм хуруҷ мекарданд.

  Муҳимтарини хусусияти геополитикии Осиёи Марказӣ дар давраи пасошӯравӣ, аз ҷумла, пас аз рӯйдодҳои 11 сентябри соли 2001 дар он аст, ки он ба майдони муборизаи қудратҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ табдил ёфт. Ҳамин тавр, ба ғайр аз панҷ кишвари пасошўравии Осиёи Марказӣ –Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон барои қонеъ намудани манфиатҳои худ дар минтақа, инчунин панҷ лидери минтақавӣ (Россия, Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва Покистон) ва се лидери фароминтақавӣ (ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва Хитой) мубориза мебаранд.

  ИМА, дар нақши гегемони ҷаҳонӣ як қатор манфиатҳои муайяни худро  дар Осиёи Марказӣ пайгирӣ мекунад. Пеш аз ҳама, дастрасӣ ва назорати захираҳои энергетикӣ, пешгирӣ аз таъмини манфиатҳо ва таъсири Эрон, инчунин пешгирии нуфузи нави Россия дар минтақа ба доираи манофеи ИМА дохил мешаванд.

  Ба ғайр аз хислатҳои дохилӣ ва хусусиятҳои ҷуғрофии худ кишварҳои Осиёи Марказӣ дар замони муосир сабаби рақобати ҷиддии абарқудратҳои  минтақавӣ ва фароминтақавӣ гаштааст. Ин шаҳодати он аст, ки дар назарияи нави геополитикӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ диққати махсус дода мешавад.

  Хэлфорд Макиндер, ки соли 1904 назарияи Хартлэндро (Heartland) коркард карда буд, ки тибқи он ноҳияи марказии қитъаи Авруосиё, ки барои гаштани киштиҳо истифода намешавад, ҳамчун истеҳкоми муҳим дар хушкӣ шуда метавонад. Бо дарназардошти аҳамияти муҳими минтақа, пайравони Макиндер итминон доштанд, ки дастрасӣ ба он метавонад назорати хушкии заминро дар ҷаҳон таъмин намояд. Маҳз бо ҳамин сабаб, онҳо ИҶШС (СССР)-ро номзад ба абарқудрати ҷаҳонӣ ҳисоб мекарданд.

  Назарияи дигар, ки ҳамчун назарияи сарҳад ё “Римланд” (Rimland) машҳур аст, дар давраи баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аз ҷониби Николас Спикман коркард шудааст. Дар ин назария диққати асосӣ ба нақши калидии неруҳои ҳарбӣ-баҳрӣ дода мешавад. Аҳамияти муҳими геополитикии минтақаи Осиёи Марказӣ дар он аст, ки дар ин минтақа имкониятҳои беназири якҷо намудани қувваҳои ҳарбӣ-баҳрӣ ва хушкигард мавҷуд аст.

  Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеи стратегии эллипсӣ Ҷеффри Кэмп дар адабиёти сиёсии ҷаҳонӣ истифодаи махсуси худро пайдо кард, ки он бо масъалаҳои мубрами геоиқтисодӣ (нафту газ) асоснок карда шуд. Ба ақидаи Кэмп, тақрибан 70% захираҳои тасдиқшудаи нафт, инчунин зиёда аз 40% захираҳои гази табии ҷаҳонӣ дар минтақае ҷойгиранд, ки шакли эллипсро дорад ва аз қисмати ҷанубии Россия ва Қазоқистон то Арабистонӣ Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб тўл кашидааст.

  Воқеан, стратегияи энергетикии “эллипс” захираҳои бойи нафту гази халиҷи Форсро дар бар мегирад. Аз ҷумла, конҳои калонтарини гази табиӣ (Форси ҷанубӣ ва Гунбади шимолӣ), ки 19% аз ҳаҷми умумии захираҳои гази ҷаҳониро дар бар гирифта, то баҳри Каспий тўл мекашад ва он баъд аз минтақаҳои халиҷи Форс ва Сибир яке аз муҳимтарин конҳои захираҳои энергетикӣ дар ҷаҳон ҳисобида мешавад. Минбаъд “эллипс” сарҳади ғарбии Осиёи Марказӣ, инчунин қаламрави се кишвари минтақа – Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистонро дар бар мегирад.

  Тибқи назарияи дар боло зикршуда ва бо дарназардошти манфиатҳои геоиқтисодӣ, захираҳои энергетикӣ, ки дар қисми марказии Авруосиё қарор доранд, барои мамлакатҳои Шарқ ва Ғарб манбаъҳои қимати ашёи хом мебошанд. Дар баробари ин, мавҷудияти чунин захираҳо бояд ба густариши содироти неру мусоидат кунад, чунки талабот ба он дар солҳои охир на танҳо кам нашудааст, балки рў ба афзоиш дорад.

  Тибқи маълумотҳои тасдиқшуда, ҳаҷми захираҳои нафт дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 15-31 млрд. баррелей баробар буда, ҳаҷми умумии захираи гази табиӣ бошад, 230-360 трлн. метри мураббаъ мебошад, ки тақрибан 7,2% захираҳои нафти ҷаҳонӣ ва 7% захираҳои газро дар бар мегирад. Аз тарафи дигар, бо назардошти мунтазам афзоиш ёфтани иқтисоди ҷаҳонӣ, зарурати истифодаи манбаъҳои нафту газ меафзояд. Тибқи омори ҷаҳонӣ, меъёри хароҷоти гази табиӣ, ки 95 млрд. метри кубӣ дар соли 2003 буд, то соли 2030 то 182 млрд. метри кубӣ зиёд мегардад.

  Бинобар таҳкими тамоюли рушди иқтисодӣ дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ва талаботи онҳо ба захираҳои энергетикӣ, минтақаи Осиёи Марказӣ ва иқтидори энергетикии онро бояд ҳамчун яке аз такягоҳи асосӣ дар ҳалли масъалаҳои энергетикӣ истифода бурд. 

  Собиқ мушовири президенти Амрико оид ба амнияти миллӣ дар солҳои ҷанги “сард”, мушовири Маркази тадқиқоти стратегӣ ва байналмилалӣ З.Бжезинский дар китоби худ “Великая шахматная доска” (Бисоти бузурги шатранҷ) минтақаи Осиёи Марказиро “Авруосиёи Балкан” ном мебарад. Истифодаи ин истилоҳ ба он хотир аст, ки минтақа, дар ҳақиқат, ба Балкани пешина шабоҳат дорад. Аз нуқтаи назари амрикоиҳо, мақсади асосӣ - ин назорат аз болои захираҳои бойи минтақа мебошад. З. Бжезинский дар бораи Осиёи Марказӣ таъкид менамояд, ки нақши муҳимро дар минтақа ду кишвар мебозад – Қазоқистон ва Ӯзбекистон: Қазоқистон “сипари минтақа” ва Ўзбекистон – “ҷон”-и он мебошад. Ба ақидаи муаллиф, элитаи сиёсии Ӯзбекистон кишвари худро ҳамчун номзад дар нақши лидери минтақавӣ мешуморад, ҳарчанд он аз нуқтаи назари қавмӣ осебпазир аст. Қазоқистон бошад, бо мавҷудияти сарҳад бо Россия ва миқдори зиёди аҳолии русзабон дар вобастагии доимӣ бо ҳамсояи шимолии худ побанд аст.

  Хулосаи асосии З. Бжезинский оид ба сиёсати ИМА дар Осиёи Марказӣ чунин аст: не дар боло, не дар поён. Ин маънои онро дорад, ки Амрико аз минтақа хеле дур аст, то дар ин қисми Авруосиё ҳукмфармоӣ кунад, вале хеле пурқувват аст, то дар равандҳои ин минтақа ҷалб нашавад. Муаллиф сиёсати Амрикоро дар минтақа дар шакли бисёрқутба мебинад: муносибат бо Россия аз мавқеи ин кишвар нисбат ба истиқлолияти давлатҳои нави минтақа вобаста аст.

  Геополитики фаронсавӣ Э. Шопрад (муаллифи “Луғати Геополитика", ки дар Фаронса ба чоп расида буд), қайд мекунад, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ - Вашингтон бо иттифоқчиёни худ бозиеро бар зидди Россия мебарад. Дар ҳама ҷо - дар Аврупои Шарқӣ, ки блоки Атлантикаи Шимолӣ доман паҳн карда истодааст ва дар муборизаи бузург барои нуфуз дар Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Украина ИМА бо шарикони худ - Олмон, Туркия, Покистон кўшиш карда истодааст, ки таъсир ва нуфузи Россияро халалдор ва камранг созад.

  Аз соли 1992 минтақаи Осиёи Марказӣ дар саҳифаҳои маҷаллаи “Стратегическое обозрение” ҳамчун сюжети мустақил пайдо шуд. Муаллифон қайд карданд, ки агар бо барҳам хурдани таҳдиди Шўравӣ дар Аврупо ва аз байни рафтани пардаи “оҳанин” ба вазъи геостратегӣ дар қитъа бо диди нав назар карда бошанд, пас таъсиси давлатҳои мустақил дар Осиёи Марказӣ ба он оварда расонд, ки тамоми консепсияи геополитикии Ғарб дар Осиё таҷдиди назар шуд. Дар баробари ин, муалифон вазъи бамиёномадаи Осиёи Марказиро дар аввали солҳои 90-ум ба ҳолати давлатҳои начандон калони Осиёи Ҷанубӣ, ба монади Бангладеш, Шри Ланка, Непал ва Бутан қиёс мекарданд, ки ин кишварҳои хурд дар сояи муқобилиятҳои Ҳинду Покистон баъд аз рафтани Британияи Кабир монданд. Ҷумҳуриҳои нави Осиёи Марказӣ низ ҳамчунин зери таҳдиди дуҷониба – бесарусомониҳои сиёсӣ ва дезинтегратсияи ҳудудӣ монданд.

  Далелҳои илмӣ собит месозанд, ки қитъаи Осиё ҳама вақт, дар ҳама давру замон барои абарқудратҳои ҷаҳон ҳамчун дурдонае буд, ки ҳар як кишвари пурқувват мехост онро соҳиб шавад. Дар давоми муборизаҳои озодихоҳӣ халқҳои кишварҳои Осиё тавонистанд истиқлолияти худро ба даст оранд, вале дар баробари ин, масъалаи дигар ба миён меомад - ин ҳам бошад, нигоҳ доштан ва аз даст надодани он (истиқлолият) буд.

  Аз охири қарни гузашта, то ба имрўз аз сарчашмаҳои илмӣ ба мо маълум гашт, ки чӣ гуна давлатҳо аз байн мераванд, чӣ тавр онҳо истиқлолият ва тамомияти арзии худро аз даст медиҳанд ва ин раванд бо дарназардошти бозиҳои геополитикӣ ва манфиатҳои геоиқтисодии абарқудратҳои ҷаҳон идома хоҳад дошт.

  Бо дарназардошти ҷой доштани боигариҳои зиёди зеризаминӣ, нафту газ ва дигар захираҳои табиӣ, Осиёи Марказӣ ҳама вақт меҳвари бозиҳои калони бозингарони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хоҳад монд ва вазифаи аввалиндараҷаи ҷумҳуриҳои пасошўравии Осиёи Марказӣ дар марҳилаи кунунӣ ва оянда - ин бо ҳар роҳу восита ҳифз кардани истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллии худ мебошад.

 Изатулло САРИМСАКОВ,

ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо

 Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№3 (11), 2018

Манобеи истифодашуда:

Хондан 3569 маротиба