Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, д и . ф., Нуриддин Шаҳобиддинов иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзўи «Фарҳанги тамошо ва фарҳанги офарандагӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Миллати Озарбойҷон ба монанди тоҷикон решаҳои куҳан ва таърихи қадима дорад.
Дар асри X-и пеш аз мелод дар ҳудуди давлати Озарбойҷони кунунӣ заминаҳои бунёди аввалин давлатҳои қудратманди он замон, ба монанди Мания ва Модияро дар саҳифоти таърих сабти ном кардаанд, ки таҳти тасарруфи онҳо дар тӯли зиёда аз 300 сол миллат ва халқиятҳои зиёд умр ба сар бурда, барои ташаккулёбии хеш шароити мусоид фароҳам оварда буданд.[1]
Таърих гувоҳ аст, ки он замон бо назардошти бо суръат пайдошавии давлатҳои зиёди ғуломдорӣ, набардҳои шадид бо мақсади ҳарчӣ бештар васеъ намудани ҳудуди давлати худ ба мушоҳида мерасад.
Дар ин замина, дар асри VII-и пеш аз мелод давлати Мидҳо, баъд аз задухӯрдҳои шадид зери тасарруфи форсҳо афтода, бо амри шоҳ номи Атропатро гирифт.