JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 25 Июли 2019 05:22

Худидоракунии маҳаллӣ ва иштироки шаҳрвандон дар ҳалли масъалаҳои маҳаллӣ

Муаллиф:

  Яке аз хусусиятҳои хоси ҷомеаҳои муосири демократӣ – ин дар ҳудудии онҳо самаранок амалӣ шудани худидоракунии маҳаллӣ мебошад. Низоми худидоракунии маҳаллӣ дар кишвари мо дар марҳилаи нави ислоҳот ва тағйирёбӣ қарор дошта, бо як қатор омилҳои хусусияти объективӣ ва субъективӣ дошта бархурд дорад. Дар шуури ҷамъиятӣ фаҳмиш оиди моҳияти худидоракунии маҳаллӣ баъди аз байн рафтани низоми тоталитарии Иттиҳоди Шӯравӣ аз нав ташаккул меёбад. То ин давра ҳатто аксарияти аҳолии маҳал дар бораи аҳамият ва мавҷудияти институти худидоракунии маҳаллӣ тасаввурот надоштанд. Ғайр аз ин, яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам овардани имкониятҳои нав барои худамалишавии шаҳрвандии шаҳрвандон ташкил медиҳад.  Маҳз чунин худамалишавӣ метавонад дар сатҳи маҳал ҷой дошта бошад. Барои устувор намудани самти мазкур мақомот ва шахсони мансабдори ҳокимияти оммавӣ бояд дар фаъолияташон ба инкишофи сармояи инсонии ҷомеаи маҳаллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.  Аз ин рӯ, баланд бардоштани самаранокии низоми худидоракунии маҳаллӣ ва фаъол гардонидани шаклҳои иштироки аҳолии маҳал дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳалли дошта хеле муҳим мебошад.

  Яке аз шартҳои самаранок амалӣ шудани худидоракунии маҳалиро  иштироки васеъи аҳолӣ  ва ҷалб намудани онҳо барои ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта ташкил медиҳад.  Тағйиротҳои доимии иҷтимоӣ дар Тоҷикистони муосир тақозо менамоянд, ки механизмҳои идоракунӣ бозсозӣ гарданд ва ба ин восита амалишавии ташаббусҳои маҳалии шаҳрвандон дар сатҳи худидоракунии маҳаллӣ таъмин карда шаванд. Рушд додани низоми худидоракунии маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тағйир додани низоми идоракуниро дар Тоҷикистон талаб менамояд. Дар Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» [1] ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» [2] шаклҳои иштироки аҳолӣ дар баамалбарории худидоракунии маҳаллӣ ифода ёфтааст, аммо аз моҳият ва мазмуни онҳо аксарияти аҳолии маҳал то ҳол ба таври пурра  хабардор  нестанд.

  Новобаста аз муқаррароти меъёрӣ қобилияти амали шаҳрвандон барои таъсир расонидан ба сифат ва шароитҳои ҳаёти худ ва иштирок дар идоракунии корҳои маҳаллӣ дар сатҳи маҳал хеле паст мебошад.  Дар амалия бошад, чорабиниҳои андешидашудаи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ барои фаъол гардонидани иштироки воқеии шаҳрвандон  дар идоракунӣ қонеъкунанда намебошад. Ин ҳолат аз якчанд омилҳо вобаста мебошад. Аз ин рӯ, гузаронидани ислоҳот дар сохтори идоракунӣ ва ҷустуҷӯ намудани шаклҳои нави муносибатҳои байниҳамдигарӣ миёни ҳокимият ва аҳолӣ зарур мебошад. Ҳамчунин коркард намудани механизмҳои нави ташкилӣ, ки рушд ва амалӣ гардонидани ташаббусҳои аҳолиро таъмин менамояд хеле, муҳим мебошад. Иштироки аҳолӣ дар идоракунӣ яке аз вазифаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта барои ташкил намудани он бояд фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ сафарбар карда шавад. Баланд бардоштани фаъолияти иҷтимоии аҳолӣ дар худидоракунии маҳаллӣ метавонад ба рушд додани ҷомеаи шаҳрвандӣ, ғайримутамарказ гардонидани ҳокимияти давлатӣ, беҳтар гардонидани алоқаҳои баргашти ҳокимият ва аҳолӣ мусоидат намояд.

  Дар шароити муосир яке аз масъалаҳои асосии фаъолияти якҷояи мақомоти ҳокимияти оммавӣ ва аҳолӣ ин фаъолияти нокифояи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта ба шумор меравад. Дар шароити имрӯз механизмҳои самаранок оид ба ҳам мувофиқшавии манфиатҳо ва гузоштани мақсадҳои умум дар ҷомеаи маҳаллӣ ҷой надоранд, ки онҳо дар навбати худ ба коркард намудани нақшаҳои муносиби фаъолияти якҷояи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва аҳолӣ монеа эъҷод менамоянд.

  Масъалаҳо оид ба худидоракунии маҳаллӣ ва иштироки бевоситаи аҳолӣ дар амалинамоии он муҳлати тӯлонӣ предмети омӯзиши илмӣ ва баҳси ҷамъиятӣ қарор дорад. Ба омӯзиши масъалаҳои ташкиливу функсионалии худидоракунии маҳаллӣ бисёр муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ машғул мебошанд.

  Худидоракунии маҳаллӣ ҳамчун шакли ҳокимияти халқӣ аз манбаъҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ оғоз гардида, аз як тараф, он хоси сатҳи поёнии ҳокимияти давлатӣ ва аз тарафи дигар, ифодакунандаи шакли расмии манфиатҳои ҷомеаи маҳаллӣ ба шумор меравад. Бавуҷудоӣ ва ташаккули худидоракунии маҳаллӣ дар ҳар як кишвар вобаста ба таърихи инкишоф ва муносибатҳои байниҳамдигарии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳолӣ хусусиятҳои ба худ хосро доро мебошанд. Хусусан, дар фарҳанги идоракунии миллати тоҷик таърихи ташаккули ниҳоди худидоракунии маҳалиро вобаста ба манбаъҳои таърихӣ ба се давра ҷудо намудан мумкин аст:

  • То давраи инқилоб. Яъне аз ба вуҷуд омадани аввалин ҷомеи тоҷикон то соли 1920- и асри ХХ-ро дар бар мегирад. Дар бораи ташаккул ва инкишофи институти худидоракунии маҳаллӣ дар давраи то инқилоб таҳқиқот ва маълумотҳои омӯзишӣ хеле кам боқӣ мондаанд. Дар бештари сарчашмаҳои илмӣ ва таърихӣ ба худидораи ҷамъиятии тоҷикон махсус аз давраи пайдо шудани халқияти «тоҷик» ва аввалин ҷомеаи тоҷикон ишора мекунанд [3, 48].

  Чи тавре, ки аз ин сарчашмаҳо бармеояд, ячейкаи ибтидоии худидора - ин ҷамоаи авлодӣ буд, ки одамонро дар атрофи муносибатҳои ҳамхунӣ ва хешу таборӣ муттаҳид менамуд ва мақоми идоракунии онро шӯрои авлодӣ бар уҳда дошт. Шурои авлодӣ вобаста ба шакли ташкил, сохтор ва усулҳои баамалбарории ҳокимият дар асоси принсипи худидоракунӣ бунёд ёфта буд, ки онро сардори авлод роҳбарӣ мекард.

  Сардорони авлод куҳансол буданд ва манфиатҳои авлодро дар муносибат бо дигар авлоду қабилаҳо дар шӯрои куҳансолон ҳимоя менамуданд. Нақши шӯрои калонсолон барои ташкил намудани фаъолияти ҳаётан муҳими аҳолии маҳал ва пеш аз ҳама ба меҳнати умумӣ сафарбар намудани аҳолӣ дар самти обшор намудани заминҳо хело калон буд. Онҳо дар ин самт ҳамчун мақом вазифаи идоракуниро дар даст доштанд [6, 156].  Аз ин ҷо бар меояд, ки таъсис ёфтани Шӯрои куҳансолон ва институти оқсақолӣ (ё саркор) минбаъд тавонист ба худидоракунии ҷамъиятии тоҷикон замина гузорад.

  • Давраи дуюми инкишофи худидоракунии маҳаллӣ солҳои 1924 то соли 1990 - ро дар бар мегирад. Ин давраро метавон демократияи мутамарказ номид, ки он асосан аз ғалабаи инқилоби октябр дар Бухорои Шарқӣ оғоз меёбад. Яке аз принсипҳои асосии онро ин тобеияти пурраи зинаи поёнии идоракунӣ аз зинаи болоии ҳокимияти давлатӣ ташкил медод. Аз 5-уми феврали соли 1925 ҳамаи институтҳои куҳнаи давлатии Бухорои Шарқӣ барҳам дода шуданд ва аз моҳи апрели соли 1925 ҳамаи институтҳои анъанавии худидораи маҳаллӣ ба Шӯроҳои маҳаллӣ иваз шуданд. Шӯроҳо ба низоми ягонаи мақомоти давлатии ҳокимияти Шӯравӣ дохил шуда, ҳамчун намоянда ва иҷрокунандаи иродаи ҳокимияти марказӣ дар маҳал ба шумор мерафтанд [5, 381; 9, 69].
  • Давраи сеюми ташаккули институти худидоракунии маҳаллӣ бо қабул гардидани «Эъломияи соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9 сентябри 1991, ки аз ҷиҳати ҳуқуқӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил эълон намуд, оғоз мегардад.

  Мазмуни консепсияи худидоракунии маҳаллӣ дар сатҳи қонунгузории кишвар мантиқан баъд аз қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 қисман дар моддаи 78- ум бо як ҷумла: «Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷамоат мебошад …» ифодаи худро ёфт [4]. Дар ин давра ҷиҳати ба таври мукаммал танзим намудани муносибатҳо оид ба худидоракунии маҳаллӣ ва дар ин замина самаранок намудани фаъолияти онҳо ду санади ҳуқуқии танзимкунанда: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ва  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳраку деҳот» қабул карда шуданд.

  Барои коркарди сотсиологии масъалаҳои ватании худидоракунии маҳаллӣ ҷанбаҳои иҷтимоӣ-таърихии он хеле муҳим мебошанд. Бинобар ин, интихоб ва рушди шаклҳои худидоракунии маҳаллӣ ифодагари махсуси рушди таърихии ин ё он давлат мебошад. Таҷрибаи ташаккул ва фаъолияти мақоми худидоракунии маҳаллӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар на танҳо барои эҳё намудани унсурҳои муфиди худидоракунии маҳаллии анъанавӣ, балки барои муайян намудани самаранокии методҳои муосири рушди демократияи кишвар низ зоҳир карда мешавад.

  Ҳар як шакли худидоракунии маҳаллӣ институти ба худ хоси иҷтимоӣ мебошад, ки дар заминаи мустақилона ҳал намудани масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаи маҳаллӣ рушд меёбад. Ҳамчунин онҳо ба сифати механизми танзимкунандаи фаъолияти аҳолӣ ба воситаи ташаккул додани анъана, муқаррар намудани меъёрҳо ва қоидаҳои рафтор, ки хусусияти ҳатмиро дар ҳудуди маҳал касб менамоянд, баромад мекунанд.

  Дар раванди тадқиқот муаллиф ба хулосае омад, ки новобаста аз қолабӣ будани институтгардонӣ худидоракунии маҳаллӣ дар Тоҷкистон ҳанӯз дар сатҳи ташаккулёбӣ қарор дошта, мукаммалшавии он раванди дуру дарозро дар бар мегирад. Аз ин хотир, зарур аст самаранокӣ ва нуфузи худидоракунии маҳаллӣ ба воситаи ғояҳои нав ва қарорҳои ташкилотчигӣ пайваста баланд бардошта шавад. Яке аз ғояҳои асосӣ – ин наздик намудани аҳолӣ бо ҳокмимияти маҳаллӣ мебошад. Мустаҳкам намудани худидоракунии маҳаллӣ бояд ба сифати воситаи демократикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, назорати ҷомеаи маҳаллӣ аз болои он устувор гардонида шавад. Рушд додани худидоракунии маҳаллӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани худташкилдиҳии ҷамъиятӣ ва ташаккул додани фарҳанги шаҳрвандӣ баромад менамояд, зеро ки дар шуури ҷамъиятии тоҷикон то ҳол ақидае ҷой дорад, ки мақомоти худидоракунии маҳаллӣ бештар хоси институти идоракунии давлатӣ мебошад. Низоми муосири худидоракунии маҳаллӣ бояд дар худ интихобӣ будани мақомотҳои асосӣ ва шахсони мансабдори болоӣ, таъмин будани фаъолияти ташкилотии сохторҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, кифоя будани воситаҳои молиявӣ, мутаносибии ваколатҳо, ҷой доштани шаклҳои мухталифи баамалбарории худидоракунии маҳаллӣ, аз тарафи аҳолӣ мустақилона ҳал карда шудани ҳама гуна масъалаҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта ва ягонагии низоми ҳудудиро дар худ инъикос намуда бошад. 

  Худидоракунии маҳаллӣ дар заминаи фаъолияти иҷтимоии аҳолӣ ба вуҷуд омада, ҳамчун воситаи иштирок дар идоракунии корҳои ҷамъиятӣ ва бар дӯши худ гирифтани маъсулият барои он хизмат менамояд. Вобаста ба ин худидоракунии маҳаллӣ як шакли ҳокимияти оммавӣ баромад мекунад. Худидоракунии маҳаллӣ – ниҳоди муҳимтарини ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, иштироки бевоситаи шаҳрвандонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии ҳудуди худ таъмин мекунад.

  Ба ақидаи муаллиф бавуҷудоии фаъолияти иҷтимоӣ бояд ҳамчун таркиби табиии фаъолияти иҷтимоӣ баррасӣ карда шавад, ғайр аз ин, дар маънидодкуниҳои гуногунранги ғоямонанди он, ба мисоли оқилонаву мақсаднокӣ ва самаранокӣ ҷой доранд. Маҷмӯи ҳадафҳо ва самтҳо ҷудо шуда метавонанд, аммо дар воқеъ ҳама гуна амали иҷтимоӣ дар заминаи фаъолияти иҷтимоӣ бавуҷуд меояд. Ба сифати сарчашмаи дигари фаъолияти иҷтимоӣ, ки дар ҷомеаи муосир рушд мекунад, метавон фаъолияти «рефлексивӣ»-ро ҷудо намуд, ки ҳамчун унсури низоми иҷтимоӣ баромад менамояд. Ин хусусият аз тарафи бисёр назариётчиёни муосири сотсиологӣ қайд карда шуда, хусусан он дар назарияи сохторӣ аҳамияти махсусро касб намудааст. 

  Э. Гидденс, кӯшиш намудааст, ки маънидодкунии худро оид ба масъалаҳои таносуби «сохтор» ва «агент»-ро дар воқеияти иҷтимоӣ баррасӣ намояд [8]. Ин гуна фаҳмиш аз нуқтаи назари рушди худидоракунии маҳаллӣ ҳамчун институти ҳокимияти оммавӣ хеле муҳим мебошад. Ин маънои онро дорад, ки шаҳрвандон оид ба вазъи Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва характери масъалаҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта маълумоти зарурӣ гирифта,  таввасути фаъолияти иҷтимоии худ, ки бо роҳи иштирок дар ҳал намудани масъаҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта, қабул намудани қарорҳои идоракунӣ  ва  пешниҳоди ташаббусҳои маҳаллӣ, ба худидоракунии маҳаллӣ тағйироти институтсионалӣ ворид мекунанд, онро бо амалҳои фаъоли иҷтимоии худ воқеан ба механизми ҳокимияти халқӣ табдил медиҳанд.

  Ҳамин тариқ, Э. Гидденс ба хулосае меояд, ки институтҳои иҷтимоӣ (дар ин маврид худидораи маҳалӣ дар назар дошта шудааст) дар як вақт ҳамчун шароит барои фаъолият ва натиҷаи амали фардҳо баромад мекунанд. Фаъолияти иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати амали гардонидани худидоракунии маҳаллӣ дар ифодаи иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар ҳал намудани масъалаҳои маҳаллӣ, қабули қарорҳо таввасути фаъолияти ҷамъиятӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои фардӣ ба вуҷуд омада, фаъолияти муҳити дохилии сохтори Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳотро ташкил медиҳад. Дар консепсияи низоми худреферентии (худмаърузачӣ) Н. Луман муҳит (на танҳо дохилӣ, балки берунӣ ҳам) ҳамеша нисбат ба низом талаботҳои нав ба навро тақозо мекунад [8]. Бинобар ин, низом ба воситаи фаъолияти худӣ аз нав ба вуҷуд омада, сохторҳоро низ нав мекунад. Нақши ҳалкунандаро дар ташаккул ва пешбурди талаботҳои муҳит алоқаҳои иттилоотӣ, ба монандӣ «мафҳумҳо, ахборот ва маълумотҳои гуногун» иҷро мекунанд.

  Мувофиқи назарияи тағйиротҳои иҷтимоии П. Штомпка, фаъолияти иҷтимоӣ ба воситаи омилҳои субъективии ҳаёти иҷтимоӣ ба вуҷуд омада, ба қувваи такондиҳандаи тағйироти иҷтимоӣ мубаддал мегардад [8]. Фаъолияти иҷтимоӣ дар ташкилоти иҷтимоии аҳолӣ дар сатҳи маҳал бештар равшан мегардад. Иштироки бевоситаи шаҳрвандонро дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта, метавон дар як вақт ҳамчун омил ва нерӯи тағироти иҷтимоӣ дар фаъолияти Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот баррасӣ намуд. Вобаста ба ҳамин мазмун ба сифати шарти асосии таъмин намудани имкониятҳои бавуҷудоии фаъолияти маҳаллӣ - ин ҷой доштани шаклҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҳал намудани корҳои маҳаллӣ бо иштироки бевоситаи аҳолӣ, ҳамчунин ҷой доштани механизмҳои иҷтимоӣ-идоракунии ҷалб намудани аҳолӣ дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта баромад мекунанд.

  Қонунгузории амалкунанда ҳуқуқро барои иштироки аҳолӣ дар фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот кафолат додааст ва шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқии иштироки онҳоро низ муқаррар намудааст.  Аммо дар шароити муосир шаклҳои иштироки мухталифии шаҳрвандон дар худидоракунии маҳаллӣ натавонист фаъолияти иҷтимоии шаҳрвандонро дар худидоракунии маҳаллӣ баланд бардорад. Ба ақидаи муаллиф ин ҳолат аз якчанд омил: нобоварии умум ба ҳокимият, бетавофутӣ нисбат ба корҳои ҷамъиятӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, мавҷуд набудани алоқаҳои самараноки баргашт миёни аҳолӣ ва ҳокимият, ҳамчунин ҷой надоштани шаклҳои муносиби фаъолгардонии иштироки аҳолӣ дар худидоракунии маҳаллӣ вобаста мебошанд.

  Барои ошкор намудани вазъи муосири низоми худидоракунии маҳаллӣ ва сатҳи фаъолии шаҳрвандон дар худидоракунии маҳаллӣ муаллиф соли 2012 дар мавзӯи «Худидоракунии маҳаллӣ ва иштироки шаҳрвандон дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта», бо фарогири 22 Ҷамоати шаҳрак ва деҳот дар миқёси ҷумҳурӣ тадқиқоти сотсиологиро гузаронд. Натиҷаҳои тадқиқот муайян намуд, ки низоми идоракунии Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот на ҳама вақт барои кормандони худи он фаҳмо мебошанд. Аксарияти онҳо қайд намуданд, ки Ҷамоат на ба аҳолӣ, балки ба раиси ноҳия тобеъ мебошад. Аз ин ҷо бармеояд, ки кормандони мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ҳанӯз худашон ба таври пурра моҳият, мақсад ва вазифаҳои мақомоти худидоракунии маҳаллиро дарк накардаанд. Аҷибаш он аст, ки  84,6% кормандони Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот маълумоти олӣ, 10,3% - миёнаи махсус, 2,5% олии нопурра ва 2,6% маълумоти миёна доранд [7].

  Иштироки ғайрифаъоли аҳолӣ дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта масъалаи асосӣ буда, самаранокии фаъолияти Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳотро коста намудааст. Ин омил аз он шаҳодат медиҳад, ки аҳолии маҳал оид ба аҳамияти худидоракунии маҳаллӣ ҳануз маълумоти кофӣ надоранд.

  Сабаби асосиро метавон дар омода набудани шаҳрвандон барои худидоракунӣ, худмуайянкунӣ ва худташкилкунӣ, инчунин паст будани арзишҳои худидоракунӣ дар шуури мардум баррасӣ намуд. Аксарияти аҳолии кишвар дар симои Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Мақомоти ҳокимияти давлатиро мебинанд ва байни онҳо тавофут намегузоранд. Аз ин хотир, онҳо барои рушди ҳудуди махал аз пеши худ ягон ташаббусро нишон намедиҳанд ва нисбати давлат мавқеи туфайлхуриро ишғол мекунанд. Аз нуқтаи назари 28,2% пурсидашудагон мақомоти худидоракунии маҳаллӣ тобеи мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад. Танҳо 17,9% мақомоти худидораи маҳаллиро мустақил ва новобаста аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ эътироф мекунанд.  Аҳолии маҳаллӣ беъзе минтақаҳо ҳанӯз ба таври пурра моҳият ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» (аз 5 августи соли 2009, таҳти № 549 қабул карда шудааст -ро дарк накардаанд. Дар бораи ваколатҳо, захираҳо ва таъминоти молиявии объектҳои аҳамияти иҷтимоӣ доштаи ҳудуди Ҷамоатҳо, ҳатто ягон тасаввурот надоранд.  

  Нишондодҳои зерин оид ба манфиатдории аҳолӣ нисбат ба фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ андешаҳои муқобилро нишон медиҳад. Натиҷаи пурсиш ошкор намуд, ки 45% пурсидашудагон мунтазам оид ба фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ манфиатдор мебошанд, аммо қариб 40% пурсидашудагон ба фаъолияти онҳо тавваҷуҳ зоҳир намекунанд, бовар доранд, ки онҳо ягон масъалаҳои аҳамияти маҳаллӣ доштаро ҳал карда наметавонад ва назар ба ниёзҳои мардум онҳо бештар оид ба ниёзҳои худ фикр мекунанд.

  Натиҷаи тадқиқотҳои сотсиологӣ (шумораи умумии пурсидашудагон 200 нафар) нишон доданд, ки 52,1% пурсидашудагон бо фаъолияти Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ҳамкорӣ доранд, 41% пурсидашудагон баъзан вақт ҳамкорӣ мекунанд ва 5,1% пурсидашудагон умуман бо он ҳамкорӣ накардаанд. Аз байни пурсидагоне, ки бо мақомоти худидоракунии маҳаллӣ мунтазам ҳамкорӣ менамоянд, бештар нақши ҳалкунандаро ба мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ медиҳанд [7].

  Тадқиқоти мазмуни муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти худидоракунии маҳаллӣ нишон медиҳад, ки  20% - и пурсидашудагон оид  ба шикоят,  11,2%  барои кӯмак оид ба ҳаллӣ масъалаҳои иҷтимоӣ, 11%  барои пешниҳод ва 10% бевосита барои ҳамкорӣ ҷиҳати ҳал намудани масъалаҳои маҳаллӣ муроҷиат намудаанд [7].

  Натиҷаи пурсишҳои сотсиологӣ муайян намуд, ки дараҷаи баланди омодагии шаҳрвандон барои иштирок дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта ҷой дорад. Аз се ду ҳиссаи пурсидашудагон хостори иштирок дар корҳои мақомоти худидоракунии маҳаллӣ бевосита ва ё ҳамкорӣ бо онро доранд, бо шарте, ки агар имкониятҳои васеъ барои иштирок дар ин корҳо ба онҳо фароҳам оварда шаванд.  Дар як вақт аксарияти шаҳрвандон бар он назар мебошанд, ки дар шароити имрӯз имконияти фаъолона таъсир расонидан ба фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ҷой надорад. Масалан, 70% пурсидашудагон нишон доданд, ки имконияи таъсир расонидан ба фаъолияти Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳотро надоранд. Зиёда аз 30% қайд намуданд, ки аҳолӣ метавонад дар ин ё он шакл ба ҳокимияти маҳаллӣ ва қарорҳои аз тарафи онҳо қабулшаванда таъсир расонанд. Ба қатори воситаҳои самараноктари таъсиррасонӣ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ аз нуқтаи назари пурсидашудагон инҳо баромад мекунанд: вохӯрӣ бо раисони ин мақомотҳо (22%); намоиш (20%); вохӯрӣ бо шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии маҳаллӣ (15%) ва корпартоӣ (7%) [7].

  Натиҷаи ислоҳоти мақомоти худидоракунии маҳаллиро вобаста бо тарҳи нав таҳти № 549 қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аҳолӣ дар умум шубҳанок баҳогузорӣ менамоянд. Ба савол оид ба сифати тағйирот дар фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар панҷ соли охир аксарияти пурсидашудагон (52%) ҷавоб доданд, ки самаранокии корҳои мақомоти худидоракунии маҳаллӣ тағйир наёфтааст.

  Дар шароити муосир одамон бояд ахборот дошта бошанд, ки дар кадом шакл ва дар кадом сатҳ имконияти иштирок намудан дар худидоракунии маҳаллиро доро мебошанд. Пурсиш нишон дод, ки танҳо 30% - и пурсидашудагон оид ба шаклҳои гуногуни иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар худидоракунии маҳаллӣ маълумот доранд, аммо 49% умуман дар бораи ин ё он шаклҳои ба амалбарории худидоракунии маҳаллӣ ахборот надоранд.

  Хулоса, Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ҳамчун мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳамчун мақомоти мустақил шинохта нашудааст ва дар умум ваколатҳо ва вазифаҳои ҳокимияти давлатиро дар сатҳи маҳал иҷро мекунад. Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот асосан ба аҳолӣ хизматрасониҳои маъмурӣ, коммуналӣ ва иҷтимоиро мерасонад. Дар самти хизматрасонии маъмурӣ Ҷамоатҳо асосан барои додани маълумотномаҳо оид ба ҳолати шаҳрвандон, бақайдгирии вазъи оилавӣ ва амволӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷойи истиқомат, ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ маъсул мебошанд. Расонидани хизматрасониҳои коммуналӣ (масалан, таъминоти об, қувваи барқ, идоракунии корҳои хоҷагӣ-манзилӣ ва ғайраҳо) ва таъмини тартиботи ҷамъиятиро бар дӯш доранд.

  Гарчанде, ки унсурҳои институти худидоракунии маҳаллӣ аз ҷиҳати асосҳои қонунгузорӣ ва сохтори ташкилӣ қисман коркард шудаанд,  аммо дар умум маҷмӯи низоми арзишҳо, анъана, шуури худидоракунӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ, базаи иқтисодӣ-молиявӣ, сохтори ташкилӣ ва омодагии кадрҳо, доираи салоҳиятҳо ва ваколатҳо, мутобиқ будан ба шароити маҳал, мавқеи ҷуғрофӣ ва ғайраҳо ҳамчун институти мукаммали иҷтимоӣ ҳанӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ташуккул наёфтаанд ва ниёз ба азнавсозӣ доранд.

 

 Шоназар Шоисматуллоев

 Қодиров Зоҳир Қодирович

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2017, №2 (246)

Адабиёт:

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», аз 5 августи соли 2009, таҳти №549 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, №7-8, мод.503;
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», аз 5 январи соли 2008, таҳти №347 //Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008, №1 қисми 2, мод. 12;
  3. Аминджанов Б.С. Местное самоуправление в Республики Таджикистан/ Б.С. Аминджанов. -Худжанд, «Андеша», 2010. - С.- 48;
  4. Ведомости Верховный Совет Республики Таджикистан, 1994г., №23-24. – С. 450;
  5. История таджикского народа. Том V. (Новейшая история 1917-1941), / Под ред. Академик Р. Масов. -Душанбе, -2004. – 752с.
  6. Массон В.М. Первые цивилизации/ В.М.Массон. - Ленинград: «Наука», 1989. - С. -156;
  7. Тадқиқотро муаллиф соли 2012 дар ҳудуди 22 Ҷамоати шаҳрак ва деҳот дар миқёси ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Худидоракунии маҳаллӣ ва иштироки шаҳрвандон дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта» гузаронид (N - 200 саволнома);
  8. Телегина, О.В. Активизация участия населения в местном самоуправлении: социально-управленческие механизмы. Автореф. …дис. …канд. соц. наук / Телегина Оксана Владимировна. - Орел, 2013. – 25с.;
  9. Фаньян Д.К. истории советского строительства в Таджикистане (1920-1929гг.) / Д.К. Фаньян. Сборник документов.- Сталинабад: таджикгосиздат, 1941.- С. 69;
Хондан 7197 маротиба