JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 19 Июли 2019 02:58

Ҳокимият ва баъзе масъалаҳои таҳқиқи ташаккули ҳукмронии анъанавӣ

Муаллиф:

  Мафҳуми «ҳокимият» ва шарҳи антропологии он масъалаи марказии антропологияи сиёсӣ мебошад. Зеро ҳокимият дар низоми донишҳои антропологӣ мавқеи хеле муҳимро касб намудааст. Мазмуни классикии ҳокимиятро Макс Вебер дар асараш «Хоҷагидорӣ ва ҷомеа» ба таври зерин нишон додааст: «Ҳокимият имконияти бор кардани иродаи худ аз болои дигарон аст, новобаста аз оне, ки чунин имконият бо чӣ асос меёбад» [1, 22].

  Дар илмҳои антропологӣ ва сиёсӣ мазмуни мухталифи ҳокимият ташаккул дода шудааст, ки онҳо низ дар пайравӣ аз анъанаҳои Макс Вебер ба вуҷуд оварда шудаанд. Масалан, ҷомеашиноси амрикоӣ Т.Парсонс ҳокимиятро чунин муайян менамояд: «Ҳокимият қобилияти қабули қарор ва маҷбур намудани иҷроиши ин қарор мебошад, ки дар дохили як гурӯҳ иҷроиши он барои ҳама ҳатмӣ шуморида мешавад. Ҳокимият ва таъсиррасонӣ падидаҳои гуногунанд. Зеро қарорҳои қабулшудае, ки уҳдадориҳоро ба вуҷуд меоранд, аз меъёрҳои боваркунонӣ фарқ карда меистанд» [2, 31].

  Ба ақидаи Мортон Фрид «Ҳокимият қобилияти назорат намудани рафтори дигарон ва дар ҳолатҳои лозима қобилияти чораҳои зарурӣ андешида тавонистан мебошад» [3, 13].

  Ба андешаи  профессор Муҳаммад Абдураҳмон «Ҳокимият мафҳум ва мақсади асосии  сиёсат аст, пас  ҳокимияти сиёсӣ сатҳи  комилтарини  ҳокимият буда, то замоне  ки ҳокимият вуҷуд дорад, таҳқиқи   ташаккул ва роҳҳои  идораи он аз ҳама бештар ба илмҳои  сиёсӣ  вобастагӣ дорад” [4,341].

Ҳамин тариқ, таҳлили таърифҳои дар илм мавҷудбудаи ҳокимият нишон медиҳанд, ки онҳо аз рӯи як қатор хусусиятҳои худ одатан масъалаҳои зеринро ифода менамоянд:

а) дар муқобили якдигар қарор гирифтани объект ва субъекти ҳокимият;

б) афзалияти субъекти ҳокимият нисбат ба объекти он, бор кардани иродаи субъекти ҳокимият бар болои дигарон;

в) мақсади ҳокимият - дар амал татбиқ намудани ин ва ё он қарори қабулшудае, ки бо мақсади идора намудани одамон зоҳир мегардад.

Ғайр аз ин, ҳокимият на танҳо воситаи маҳдуд намудани иродаи дигарон мебошад, балки шарти асосии мавҷудияти ҷомеа дониста мешавад.

  Аммо баъзе аз паҳлуҳои ҳокимият то ҳанӯз ҳам ба таври пурра равшан карда нашудааст. Масалан, майлу рағбати одамон ба ҳокимият яке аз паҳлуҳои пурбаҳстарини онро ташкил менамояд. Ба ақидаи як гурӯҳ олимон (З.Фрейд, К.Юнг, А.Адлер, Б.Рассел, Н.К.Колтсов) майлу рағбати одамон ба ҳокимият модарзодӣ буда, баъзан омилҳои психологӣ низ боиси афзун гардидани он мегардад. Дар ҳақиқат хоҳиши ҳукмронӣ намудан яке аз талаботҳои психологии инсон мебошад. Суханони машҳури Н.С.Хрушев, ки баъди аз вазифаи давлатӣ маъзул шуданаш садо дода буд, намунаи беҳтарини ин иддао мебошад.

  Ба андешаи ӯ, «Ҳамаро бо хӯрок, бо зан, бо нӯшокиҳо сер намудан мумкин аст. Танҳо ва танҳо ҳукмронӣ намудан кайфияти хеле олӣ мебошад ва ҳар қадаре, ки он зиёд бошад, майлу хоҳиши доштани ҳокимияти бештар низ ҳамон қадар афзун мегардад» [5, 115; 116].

  Одамон на танҳо орзӯи ҳукмронӣ намудан ва ё соҳиби ҳокимият буданро менамоянд, балки онҳо мехоҳанд соҳиби моликият низ бошанд ва ба ин восита шароитҳои зисту зиндагии худро беҳтар намоянд. Ғайр аз ин, як гурӯҳодамон хоҳиши шуҳратманд шуданро менамоянд ва гурӯҳи дигар бошад ба фаъолиятҳои илмӣ ва донишандузӣ майли бештар менамоянд. Ҳамаи ин дар якҷоягӣ кӯшишҳои бошуурона ва бешууронаи инсонҳоро ташкил менамояд, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои онҳо ба вуҷуд омадаанд. Аммо фаромӯш набояд кард, ки дар миёни хоҳишҳои инсонӣ майлу рағбати ҳукмронӣ намудан яке аз талаботҳои асосии инсон ба шумор рафта, ин омил боиси ташаккулёбии низомҳои мураккаби иерархияи сиёсӣ гардидааст. Ғайр аз ин, масъалаи мазкур яке аз омилҳои субъективии таҳаввулоти сиёсӣ дониста мешавад.

  Хамин тавр, «Ҳокимият» яке аз мафҳумҳои гуногунмазмуни антропологияи сиёсӣ мебошад. Одатан онро дар маъноҳои зерин ифода менамоянд: 1) Қобилияти ба чизе ва ё ба касе таъсир расонидан, қобилияти кореро анҷом дода тавонистан; 2) ҳуқуқи фармонфармоӣ намудан, ҳукмронӣ кардан ва идора намудани касе ва ё чизе; 3) қудрат, нерӯ, ҳукмронӣ; 4) ҳуқуқи идора намудани давлат, ҳукмронии сиёсӣ, ҳуқуқ ва салоҳиятҳои мақомоти давлатӣ.

  Дар антропологияи сиёсӣ дар бештари маврид дар зери мафҳуми «Ҳокимият» қобилият ва ё имконияти анҷом дода тавонистани кореро мефаҳманд. Асоси ҳокимиятро низ қобилият ва имкониятҳо ташкил медиҳанд. Ҳокимият доимо ифодагари воқеоте мебошад, ки метавонад дар оянда ба вуқуъ ояд ва ё аллакай бавуқуъ омада истодааст. Ҳокимият ҳеҷ гоҳ воқеоти бавуқӯъомада ва ё ба таври муқаррарӣ бавуқӯъояндаро ифода наменамояд. Аз ин рӯ, ҳокимиятро аз таъсиррасонӣ фарқ бояд кард ва ҳатто онҳоро дар муқобили якдигар низ қарор додан лозим нест.

  Барои муайян намудани хусусиятҳои антропологии ҳокимият, пеш аз ҳама, бояд мазмуни алоқаҳои сабабию натиҷавии рафтори одамон равшан гардонида шавад. Дар чунин ҳолат таҳлили каузалии [6] ҳокимият метавонад моҳияти онро равшан намояд. Шарҳи каузалии ҳокимият имкон медиҳад, ки муносибатҳои субъект ва объекти ҳокимият муайян карда шавад. Мувофиқи ин фаҳмиш унсурҳои таркибии ҳукмрониро субъект ва объекти он ташкил медиҳанд. Ин ҷо субъекти ҳокимият сабаби ба тағйирот дучор намудани рафтори объекти ҳокимият мебошад. Тағйир ёфтани рафтори объекти ҳокимият натиҷаи муносибатҳои каузалӣ мебошад.

  Ҳамзамон, ҳокимият ифодагари муносибатҳои каузалӣ ба шумор рафта, раванди ба вуҷуд овардани сабаб ва натиҷаи рафтор мебошад. Зеро субъекти ҳокимият дар шароитҳои мухталиф метавонад рафтор ва ё шуури объектро тағйир диҳад.

  Аммо агар натиҷаҳои интизории субъект новобаста аз кӯшишҳои ӯ ба даст оянд ва ё субъект барои таъсиррасонӣ намудан ба объект қодир бошаду, тобеияти онро ба даст оварда натавонад, дар чунин ҳолат ҳукмронӣ дида намешавад. Ҳамин тариқ, ҳокимият қобилияте мебошад, ки ба воситаи он субъект объектро тобеи худ намуда, барои иҷроиши коре сафарбар менамояд.

  Дар баробари ин як қатор баррасиҳои антропологие ташаккул дода шудаанд, ки ба воситаи онҳо низ моҳият ва хусусиятҳои антропологии ҳокимият муайян карда мешавад. Масалан, ҳокимият на ҳама вақт ва на ба таври ҳатмӣ имтиёзҳои субъект ва объектро бояд фаро гирад. Зеро ҳокимият дар ҳолатҳое ҳам дида мешавад, ки объекти он ҳеҷ имтиёз надорад. Баъзан тобеияти ихтиёрӣ ва тобеияти маҷбуриро аз ҳам фарқ менамоянд, ки дар натиҷаи он интизориҳои объект аз иҷроиши амру супоришҳои субъект вобастааст. Зеро объект доимо аз иҷроиши амру супоришҳо арзиши амали худро интизор мегардад ва муайян менамояд, ки тобеъ бошад ва ё не. Баъзан одамон худ интихоб менамоянд, ки ба ки тобеъ бошанд ва баръакс субъекти ҳокимият низ бъзан сабабгори аз тобеият сарпечӣ намудани объект мегардад.

  Бинобар ин, ҳокимият восита ва ё усулҳои имконпазири ба вуҷуд овардан ва нигоҳ доштани тобеият мебошад. Масалан, боваркунонӣ, сафарбарнамоӣ ва ҳатто манипулятсия барин усулҳо, ки дар натиҷаи истифодаи онҳо мухолифати имтиёзҳои субъект ва объекти ҳокимият метавонад аз байн равад.

  Ҳамин тариқ, ҳокимият шакли махсуси муносибатҳои байнифардӣ ва байнигурӯҳие мебошад, ки ба воситаи он тобеият ва ҳукмронӣ ташаккул дода мешавад.

  Айни замон дар илмҳои антропологӣ шаклҳои гуногуни ҳокимиятро аз ҳам фарқ менамоянд. Гуногунрангии ҳокимият имкон медиҳад, ки паҳлуҳои норавшани он шарҳ дода шавад. Инак, дар аксар маврид ҳокимиятро аз рӯи се нишондод гурӯҳбандӣ менамоянд:

1) аз рӯи сарчашмаи тобеияти объект ба субъект (қувва, маҷбурнамоӣ, сафарбарнамоӣ, боваркунонӣ, манипулятсия, обрӯ);

2) тафовути ҳокимият бодарназардошти хусусиятҳои субъект (ҳокимияти фардӣ ва дастаҷамъӣ);

3) аз рӯи зоҳиршавии ҳокимият (ҳокимияти сиёсӣ ва ҳокимияти ғайрисиёсӣ).

Шаклҳои зоҳиршавии ҳокимият.

  Қувва, Маҷубрнамоӣ, Сафарбарнамоӣ, Боваркунонӣ, Манипулятсия, Обрӯ, Ҳокимияти фардӣ ва коллективӣ, Ҳокимияти сиёсӣ ва ғайрисиёсӣ.

  Дар адабиёти иҷтимоию сиёсӣ ва фалсафӣ консепсияҳои мухталифи сиёсат мавҷуданд. Як гурӯҳ муҳаққиқон сиёсатро танҳо бо соҳаи идоракунии давлатӣ алоқаманд медонанд. Норасогӣ ва камбудии ҷиддии чунин консепсияҳо дар он ифода меёбад, ки сиёсат барои шарҳи муносибатҳои ҷамъиятии ҷомеаҳои ибтидоии бедавлат истифода бурда намешавад ва онҳо берун аз сиёсат қарор мегиранд.

  Гурӯҳи дигари олимон бошанд сиёсатро раванди идоракунии корҳои ҷамъиятӣ (respublica) муаррифӣ намудаанд, ки ба ҳақиқат каме наздик аст. Ҳарчанд чунин фаҳмиши сиёсат барои баррасии муносибатҳои ҷамъиятӣ хизмат намояд ҳам, ҳанӯз норасогиҳои он дида мешавад. Зеро дар чунин шароит баъзе аз рафторҳои ғайриқонунӣ ва зиддисохторие, ки оқибатҳои бузурги сиёсӣ доранд, аз сиёсат берун мемонанд. Масалан, ҷангҳо, инқилобҳо, терроризм, радиклизм, экстремизми динию сиёсӣ ва ғ. Бинобар ин, ҳокимияти сиёсӣ на ҳамаи шаклҳои ҳукмрониеро, ки оқибатҳои сиёсӣ доранд, дар худ фаро гирифта метавонад.

  Як қатор муҳақиқони дигар ҳокимити сиёсиро бо ҳуқуқи сиёсӣ алоқаманд менамоянд. Дар чунин шароит ҳокимияти сиёсӣ бо фаъолиятҳои расмии худ маҳдуд мегардад.

  Аз ин рӯ, ҳокимияти сиёсӣ бо тамоми шаклҳои ҳукмроние, ки дар соҳаи сиёсат зоҳир мегарданд, алоқамандӣ пайдо менамояд. Ҳарчанд ҳокимияти сиёсӣ, пеш аз ҳама бо фаъолияти сохторҳои расмӣ алоқамандӣ дошта бошад ҳам, он бо раванди қабули қарорҳои сиёсӣ маҳдуд нагардида, тамоми муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки ба ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа таъсир мерасонанд, фаро мегирад.

  Ҳокимияти сиёсӣ шаклҳои дигари ҳокимиятро метавонад тобеи худ гардонад. Масалан, шаклҳои алоҳидаи ҳокимияти иқтисодӣ метавонанд характери сиёсӣ касб намоянд, агар онҳо объекти муносибатҳои сиёсӣ ва воситаи дар амал татбиқ намудани идораи корҳои ҷамъиятӣ дониста шаванд.

  Ҳамин тариқ, ҳокимияти сиёсӣ ҳукмроние мебошад, ки шаклҳои дигари ҳокимиятро тобеи худ мегардонад. Ҳокимияти сиёсӣ аз идоракунии сиёсӣ тафовути ҷиддӣ дорад. Идоракунии сиёсӣ раванди қабули қарори сиёсӣ ва дар амал татбиқ намудани он мебошад, ки ба воситаи ҳокимияти сиёсӣ амалӣ мегардад.

  Дар забони тоҷикӣ мафҳуми «ҳокимият» бо мафҳуми немисии «Herrschaft», яъне ҳукмронӣ мазмунан хеле монанд аст. Ҳатто дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ низ мафҳуми «ҳокимият» маъноҳои «ҳукумат ва ҳукмронӣ»-ро ифода менамояд [7.510]. Ин аст, ки дар забони тоҷикӣ ибораҳои «ҳукмронӣ намудан» ва «ҳокимият доштан» як маъноро ифода менамоянд ва аз ин рӯ, типологияи машҳури М.Веберро ҳокимияти анъанавӣ, ҳокимияти харизматикӣ ва ҳокимияти ратсионалӣ муаррифӣ намудан дуруст аст. Аммо дар асл М.Вебер се навъи ҳукмрониро дар чунин шакл ифода менамояд: ҳукмронии анъанавӣ, харизматикӣ ва ратсионалию легалӣ [8.].

  Ҳукмронии анъанавӣ. Боварӣ доштан ба хусусиятҳои муқаддаси анъанаҳо асоси чунин навъи ҳукмрониро ташкил намуда, риоя накардани онҳо оқибатҳои нохуби динию соҳирӣ дорад. Одамон анъанаҳоеро, ки аз насл ба насл интиқол ёфтаанд ва тули солҳои зиёд дар ҷомеа арзи ҳастӣ менамоянд, ба таври қатъӣ риоя мекунанд ва онро сарчашмаи асосии тартибот ва устувории ҷомеа мешуморанд. Боварӣ ба қобилиятҳои меросии доҳиён ва коҳинон характери мифологӣ ва теологӣ доранд. Одамон чунин мепиндоранд, ки доҳиён бо қувваҳои осмонӣ дар робита қарор мегиранд ва ба воситаи қувваи фавқултабиӣ манфиатҳои мардумро ҳимоя менамоянд. Дар чунин шароит легитимияти ҳукмронии анъанавӣ таъмин мегардад. Бинобар ин, ҳокимият хусусияти фардӣ дорад ва меҳру садоқати тобеон ва хизматгорон нисбат ба сарвари худ хеле зиёд аст.

  «Тартиботи ҳаррӯзаи одатшуда ва боварӣ доштан ба меъёрҳои тағйирнопазири ҷомеа асоси традитсионализмро ташкил медиҳад. Обрӯи анъанавӣ бошад, ҳокимиятест, ки пояҳои он ба таври воқеӣ, қалбакӣ ва эҳтимолӣ доимо вуҷуд доштаанд. Яке аз шаклҳои машҳури ҳокимияти анъанавӣ, ки анъанаҳои мавҷуда сарчашмаи легитимияти он ба шумор меравад, ҳокимияти патриархалӣ мебошад. Ҳокимияти патриархалӣ дар чунин шаклҳо зоҳир мегардад: ҳокимияти падар дар оила, ҳокимияти шахси обруманд дар авлод, ҳокимияти заминдорон нисбат ба деҳқонон, ҳокимияти хуҷаин нисбат ба ғуломон, ҳокимияти сарвар бар зердастон, ҳокимияти подшоҳ бар тобеон» [9,68; 69].

  Ҳукмронии харизматикӣ. Қобилиятҳои фавқуллодаи сарвар асоси легитимияти ҳукмронии ӯро ташкил медиҳанд. Тобеон боварӣ доранд, ки сарвари онҳо бо қобилиятҳои фавқуллодаи худ амалҳои ғайриодӣ анҷом дода, барои мардуми худ хушбахтӣ меорад. Обрӯи сарвари харизматикӣ низ аз чунин шакли ҷаҳонбинӣ сарчашма мегирад. Вақте ки чунин навъи сарвар ба нокомиҳои пай дар пай рӯ ба рӯ мегардад, боварӣ ба қобилиятҳои фавқуллодаи ӯ низ кам гардида, обруяш аз даст меравад ва легитимияти ҳукмронии  харизматикӣ низ нест мешавад. Макс Вебер қобилиятҳои харизматикии як гурӯҳ инсонҳоро махсус қайд намуда, легитимияти ҳокимияти онҳоро низ аз чунин қобилиятҳо вобаста намудааст. Ба ақидаи ӯ, соҳирону афсунгарон, пайғамбарон, доҳиёни ҳарбии хуштолеъ, ҳокимони ба монанди Юлий Сезар ва дар замони муосир бошад сарварони як қатор ҳизбҳои сиёсӣ намунаи беҳтарини одамони дорои қобилиятҳои харизматикӣ мебошанд.

  Ҳукмронии ратсионалӣ. Ба ақидаи Макс Вебер, ҳукмронии ратсионалӣ ба монанди ҳукмронии харизматикӣ дар ҷомеаҳои пешазсаноатӣ ба вуҷуд омадааст. Аммо ҳукмронии ратсионалии Давраи Нав ба анъанаҳои муқаддас, алоқаҳои шахсӣ ва харизмаи сарвар асос наёфта, балки ба таври ратсионалӣ иҷро намудани уҳдадориҳои худ, дар доираи дастурамал, қоида ва қонунҳои ратсионалӣ амал намудани сарвар асоси онро ташкил медиҳад. Дар чунин шароит риоя намудани тартибот ва меъёрҳои легалӣ сарчашмаи легитимияти ҳокимият дониста мешавад. Ғайр аз ин, дар шароити ҳукмронии ратсионалӣ бо мақсади хубтару беҳтар намудани легитимияти ҳокимият мансабдорон мувофиқ бо касбу корашон таъин ва ё интихоб карда мешаванд, вазифа ва салоҳиятҳои онҳо хеле маҳдуд карда шудаанд ва ба ҳамин монанд як қатор меъёрҳои дигари ратсионалӣ ҷорӣ карда мешавад. Агар дар шароити ҳукмронии анъанавӣ ба хотири нигоҳ доштани анъанаҳои ниёгон раванди қонунгузорӣ маҳдуд карда шуда бошад, дар ҳукмронии ратсионалӣ барои ташкили раванди қонунгузорӣ ҳеҷ гуна маҳдудиятҳои расмӣ вуҷуд надорад.

  Ҳамин тариқ, дар ҷомеаҳои тараққикардаи патримониалӣ вобастагии мансабдорони зинаи боло аз сарвар камтар мегардад. Аммо ҳанӯз ҳам чунин ҳолат ба бюрократияи ратсионалӣ монандӣ надорад. Зеро ҳанӯз ҳам уҳдадориҳои мушаххаси мансабдорон, ба таври касбӣ омода намудани онҳо, бо маоши хизматӣ таъмин намудани онҳо барин арзишҳо пайдо нагардидаанд. Мансабдорони патримониалӣ ба воситаи садоқати шахсӣ нисбат ба сарвар соҳиби уҳдадориҳои муайян ва имтиёзҳои сиёсӣ мегарданд. Яке аз имтиёзҳои муҳимми онҳо ба таври меросӣ истифода намудани заминҳо мебошд. Бояд гуфт, ки патримониализми классикӣ барои рушди муносибатҳои бозорӣ ва сармоядорӣ монеаи ҷиддӣ ба шумор мерафт.  Аммо дар ҷомеаҳои феодалӣ мустақилияти феодалҳо барои рушду инкишофи синфи миёна заминаи хуб фароҳам оварда, муносибатҳои бозориро ташаккул медиҳад.

 Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз

Қудусов Хуҷамурод

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2017, №2 (246)

Адабиётҳо:

 

  1. Weber M. Wirtschaft und Gesellschaft Tubingen, 1922. C.22.
  2. Парсонс Т. Система современных обществ// Т.Парсонс: Пер. с англ. -М.: Аспект Пресс, 1998. С.31.
  3. Fried M. The Evolution of Political Society /M.Fried: An Essay in Political Anthropology. -New York: Random House, 1967. C.13.
  4. Махмадов А.Н. (Муҳаммад А.Н.) Донишномаи мухтасари сиёсӣ / А.Н.Махмадов. -Душанбе. 2016.- С.341.
  5. Восленский М.С. Номенклатура / М.С.Восленский. – М.: Советская Россия, 1991. – С.115-116.
  6. Каузалӣ аз калимаи лот. causalis гирифта шуда, маънояш «сабаб» мебошад.
  7. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Ҷ.2. – Душанбе, 2008. – С.510.
  8. Weber M. Wirtschaft und Gesellschaft /Weber. -Tubingen: 1922. P.124.
  9. Beбep М. Избранное: Образ общества/ М.Beбep. – М.: Юрист, 1994. – С.68-69.                         
Хондан 1623 маротиба