Яке аз мушкилиҳои замони имрўза – аз байн бурдани инсоният бо дасти хеш мебошад. Зеро имрўз роҳҳо ва усулҳои нав ба нави таъсир ва нест кардани инсони дигар ба вуҷуд омада истодааст. Дар баробари дигар яроқҳои физикӣ (ядроӣ, ҳидрогенӣ ва ғ.) яроқҳои биологӣ, экологӣ ва ҳатто коммуникатсионӣ ба вуҷуд омада истодаанд, ки дар асри XIX инсоният дар бораи онҳо ҳатто хаёл намекард.
Коммуникатсия бечунучаро унсури ҷудонашавандаи ҳаёти инсонӣ ба ҳисоб меравад ва барои пешрафти он инсоният аз ҳама роҳу усулҳо васеъ истифода мебарад. Фарҳанги оммавӣ ва коммуникатсия дар як вақт бо ҷомеа ва оммаи одамон ба вуҷуд омадаанд. Дар ҷомеаи постиндустралӣ нақши доштани ахбор ва роҳҳои истифодаи он дар идоранамоии омма омили ҳалкунанда пайдо карда истодааст ва ҳатто мавқеи таъсири пул ва иҷборнамоии давлатиро ба одамон маҳдуд карда истодааст. Аз ин нуқтаи назар, муҳаққиқ В. Н. Лавриненко як қатор тадқиқоти олимони ғарбиро таҳлил намуда, ба чунин хулоса омадааст, ки инқилоби мудовими инкишофдиҳии воситаҳои коммуникатсияи омма ба соҳаҳои истеҳсолӣ–модӣ, иҷтимоӣ–сиёсӣ, фарҳангӣ–идеологӣ ва тамоми соҳаҳои ҳаётии одамон таъсир мерасонанд [3, 193-198].
Доранда ва паҳнкунандаи ахбор, ҳамчун дониши иҷтимоӣ ва сиёсии ВАО ба ҳисоб меравад, ки аз ташкилотҳои махсуси давлатӣ ва ғайридавлатии ҷомеаи одамон иборат буда, тавассути техникаҳои соҳавӣ ахборро ба ҷомеа паҳн менамоянд. Беҳуда таъкид наменамоянд, ки: «Коммуникатсия таҷзияи се селексия аст. Он аз ахбор, паём ва фаҳмиш иборат аст» [4, 205]. Дар замони муосир як қисми таркибии сиёсат ва давлатро коммуникатсияи оммавӣ ташкил медиҳад, зеро сиёсат нисбат ба дигар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ба мубодилаи ахбор ва алоқаи доимӣ байни субъектҳои он ниёз дорад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар охири асри XX ва аввали XXI равандҳои мутаҳаррику мутағайири мураккабро пушти сар намуда истодааст, ки моҳият ва самташон ба равишҳои ҷаҳоншумулӣ, информатсиякунонӣ, фардиятгароӣ ва виртуаликунонӣ вобаста мебошанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки замони муосирро бе ВАО ва махсусан телевизион тасаввур кардан номумкин аст. Маълум аст, ки имкониятҳои телевизиони муосир беҳудуд аст ва чунин хусусиятҳо ба мисли: намоиш додан, таъсирбахш будан ва зуд амал намудан, ин воситаи коммуникатсиониро дастрас ва оммавӣ мегардонад [2, 100]. Дар замони имрўза телевизионро мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм ба мисли психологҳо, ҷомеашиносон, сиёсатшиносҳо ва файласуфон вобаста ба хусусиятҳои хоси соҳаи худ мавриди омўзиш қарор додаанд. Мо дар ин мақола яке аз масъалаҳои муҳими илми рўз – омўзиши таъсири телевизионро ба худшиносии миллӣ мавриди таҳқиқ қарор медиҳем, ки он дар шароити ҷаҳоншумулӣ яке аз масъалаҳои нозуки решапайванди миллат ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, дар адабиётҳои илмии Тоҷикистон ягон нафар ба ин мавзўи ниҳоят муҳим ва ҳамзамон ҷолиб, ки омўзиши ҳамаҷонибаи таъсири маҳз телевизионро ба худшиносии миллӣ таҳқиқ карда бошад, даст назадааст. Имрўз баъд аз бисту панҷ соли истиқлолият омўзиши ин масъала саривақтӣ буда, таҳлили амиқи илмиро талаб менамояд.
Мо ба мероси замони Шўравӣ санги маломат заданӣ нестем, аммо онро бояд имрўз бо назари интиқод бозбинӣ намоем. На ба он маъно, ки мо давраи инкишофи телевизионро дар он замон аз таърихи хеш истисно намоем, вале онро чун моли таърихӣ мавриди омўзиш қарор дода, нақши он давраинаи телевизионро ба худшиносии миллии тоҷикон дида бароем. Боиси тазаккур аст, ки маҳз дар ҳамин давра телевизиони тоҷик ба вуҷуд омад ва аввалин кадрҳои миллӣ дар соҳаи телевизион ба кор шурўъ намуданд, ки албатта ҳамаи онҳо бо кўмаки зиёиёни рус ва миллатҳои дигар аввалин қадамҳои худро гузоштанд. Ин кадрҳо баъд аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ телевизиони тоҷикро ба зинаҳои нахустини рушд оварда расониданд ва тавонистанд дар ба ҳам овардану васл кардани фарҳанги суннатии миллӣ ва ғарбӣ саҳми калон гузоранд.
Солҳои аввали фаъолият телевизиони тоҷик шабеҳи кўдаки навзод ҳар чизи доштаашро мехост нишон бидиҳад ва ба ҳамин минвол пешорўи тамошобинони доираи маҳдуд мегашт. Дар аввал барномаҳои телевизиони тоҷик характери фароғатӣ дошта, дар таркиби ин барномаҳо унсурҳои ифодакунандаи ҳувияти миллиро ба мисли либос, тарзи муносибат бо атрофиён ва ғайраҳо дар худ инъикос менамуданд, ки ба сиёсати комунистии он давраина ҳукумати Шўравӣ мувофиқ буд. Солҳои аввали фаъолияти телевизион аксарияти кормандони телевизионро намояндагони миллатҳои дигар фаро гирифта буданд. Тамоми маҷлисҳои истеҳсолию эҷодӣ ва ҳизбӣ бо забони русӣ сурат мегирифтанд. Забони тоҷикӣ ба ном вуҷуд дошт, агар касе дар маҷлисҳо аз мардуми таҳҷоӣ ба забони модариаш–тоҷикӣ сухан меронд, боиси маломати аҳли ҷаласа мегардид [5, 28]. Муҳаққиқи соҳаи телевизион ва радио Саидмуроди Хоҷазод навиштааст: «Аз аввали соли 1960 намоишҳо ҳафтае се маротиба ба муддати 1.5 соат пахш мешуданд…намунаи намоишҳои … студияи телевизиони пойтахтро меорем:
26 январи соли 1960. Сешанбе.
2000- «Репортаж аз асрҳои дур». Намоиш барои бачаҳо (русӣ)
2020- Киножурнал (русӣ ва баъзан тоҷикӣ)
2030- Хабарҳои охирин (тоҷикӣ)
2035- Филми бадеии «Аз се баҳр гузаштан» (русӣ)»(7, саҳ.15).
Ба қавли муҳаққиқи соҳаи кино С. Раҳимов мавҷи дуюми худмуайяннамоӣ ва ҳувияти миллӣ дар кинои тоҷик ба солҳои 70 – 80 ум рост меояд [6. 463], махсусан филмҳои «Дохунда», «Қисмати шоир», «Ливои оҳангар», «Ман бо духтаре во хўрдам» ва ғ. маҳз дар ҳамин солҳо эҷод шудаанд. Ва боиси тазаккур аст, ки вақти филмбардорӣ ин филмҳо ба ду забон – тоҷикӣ ва русӣ ба навор гирифта мешуданд. Илова бар ин зиёиёни тоҷик, бахусус адибон талоши он доштанд, ки масъалаи ҳувият, худшиносӣ ва муносибат ба мероси фарҳанги гузаштаи тоҷикон мақоми хуберо ишғол намояд. Аммо соҳаи телевизион дар таҳияву пешниҳоди барномаҳо бо забони тоҷикӣ мелангид, зеро аксарияти кормандони телевизиони он давраинаро миллатҳои ғайритоҷик ташкил медоданд. Бинандагон аз якуним соати барномаҳои телевизион ҳамагӣ аз панҷ то понздаҳ дақиқаашро бо забони тоҷикӣ имкони тамошо кардан доштанд [7, 14]. Бо вуҷуди ин ҳама симоҳои нави мардуми маҳаллӣ ба мисли Хосият Олимова, Анвар Сулаймонов, Рафоат Абдусаломова ва дигарон ситораҳои телевизиони ҳамон солҳо гардиданд, ки имрўз онҳоро ҳамчун классикони телевизиони тоҷик ном мебаранд.
Боиси тазаккур аст, ки дар телевизиони он давраина пахши спектаклҳои телевизионӣ ниҳоят роиҷ буд ва қариб ҳар сол якчанд спекталҳо ба намоиш гузошта мешуд. Барои таҳлил мо номҳо ва вақти намоиши спектаклҳои телевизионии аз соли 1960 то соли 1964, аниқтараш панҷ солро мухтасаран меорем. «Соли 1960 асари Аскар Ҳаким «Оқшуда» (коргардон Акбар Ҷўраев), «Тўй» (27-уми январ), «Тўфон» (14-уми феврал), «Виҷдон» (21-уми март), «Ромео ва Ҷулиетта» (11-уми апрел), «Духтари кўҳсор» (26-уми апрел), соли 1962 (15-уми январ) Акбар Ҷўраев аз рўи песаи Самад Ғанӣ «Магнитофон», «Духтари ҳинду»-и коргардон Наим Латифов (26-уми феврал), «Паланги бадкидор» (10-уми март), «Дадаҷон, маро ёд накардед?» (27-уми июн), соли 1963 «Умари Хайём» муаллиф Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва коргардон Шодибек Отамбеков (16-уми январ), «Аҳрорҷон зан мегирад» (20-уми феврал), «Шоҳасар» (17–уми май), «Дилором» (26-уми август), соли 1964 «Ҷаннати рўи замин» аз рўи асари адиби ҳинд Кумар Варма (20-уми январ), «Каримбой дар хонаи худо» (27-уми май) ва «Шаҳидони роҳи озодӣ» (14-уми декабр) [7, 16, 27, 28, 37, 38, 43] барин спектаклҳои телевизиониро намоиш додаанд. Албатта қариб ҳамаи нақшҳои ин спектаклҳои телевизиониро ҳунармандони тоҷик бозидаанд, аммо аксарияти намоишномаҳоро драматургони хориҷӣ навиштаанд, зеро дар он давра баҳри тарбияи интернатсионалистӣ ва сохтани коммунизм ба савия, тартибу низом, ҳусни рафтор, ақлу заковат, фаросат доштан, яъне маданиятнокӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуданд. Баъзе намояндагони дигар миллатҳо тавассути филмномаҳо дар телевизион барои таҳкими худшиносии миллии тоҷикон нақши боризро бозиданд. Масалан, «..Б. Кимёгаров, аз рўи миллат ғайритоҷик, яке аз он нафароне ба ҳисоб мерафт, ки дар тоҷикон ҳисси миллиро бедор намуд. Дар хотираи таърихии миллат Рўдакии бузургро эҳё намуда, қувваи маънавии шеър ва ҳикмати Фирдавсиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, осори С. Айнӣ ва М. Турсунзодаро ба намоиш гузошта, дар асоси офаридани филмҳои ҳуҷҷатӣ доир ба Тоҷикистон ва шахсиятҳои арзанда, асосҳои ахлоқии тоҷикон – ворисони фарҳанги ғании маънавиро эҳё намуд…» [6, 464]. Бинобар ин, Ҳукумати Шўравӣ аз таъсиси ин дастгоҳи идеологӣ, тавассути чунин спектаклҳо, филмҳои бадеӣ ва абармардону офарандагони ин соҳа ба шуури муқаррарию назариявии одамони советӣ таъсир расонида, беихтиёр фазои рушду камоли илму маърифат, донишандўзӣ, ҳунармандию фарҳангдории онҳоро боло мебурд.
Дар солҳои ҳафтодум низ таҳияи барномаҳои тараннумгари хусусиятҳои миллӣ кам ба назар мерасид. Махсусан агар ба номгузории барномаҳо аҳамият диҳем, умуман дар ягон барнома номи миллати тоҷик гирифта намешуд, вале гоҳҳо номи тоҷикро на ҳамчун миллат, балки чун як сарзамин ном мебурданд. Соли 1972 «Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии занонро эълон кард. Аз ин рў, мавзўи занону духтарон дар улавият қарор гирифт ва барномаҳои…»Духтари сарзамини тоҷик», барин барномаҳо намоиш дода шудаанд» [7, 92]. Албатта ба ҳамагон маълум аст, ки телевизиони тоҷик ба монанди дигар телевеизионҳои ИҶШС дар зери заррабини ҳизби комунистӣ қарор дошт ва он амалеро иҷро менамуд, ки аз чорчўбаи муайяншуда берун баромада наметавонист. Танҳо аз наворҳояш мардуми одии меҳнаткаш намудор мегаштанд, ки аз телевизиони мардумӣ буданаш дарак медод.
Дар ин вақт баъзан барои нашри барномаҳои замони тоисломӣ низ ба мисли ҷашни Наврўз монеа бунёд менамуданд. Чӣ хеле, ки муҳаққиқон Г.Абдуллобек ва Х.Беҳзод қайд менамоянд: «Наврўзро иди динӣ меҳисобиданд ва мехостанд, ки онро аз ёди халқ бурда, ба ҷойи Наврўз «Иди баҳору меҳнат» ба вуҷуд оваранд ва... Ҳамин ки чашмашон ба калимаҳои «Наврўз», «Миллат», «Авасто», «Зардушт» меафтод, ҳатман хат мезаданд [1, 80]. Ҷашнгирии солгарди ягон абармарди гузаштаи миллати тоҷик ба мисли Рўдакӣ, ибни Сино ва Фирдавсию Ҷомӣ ҳатман бояд бо маслиҳати хоҷагони бузурги маскавӣ ва ё идораи идеологии марказии Ҳизби комунистии Иттиҳоди Шўравӣ сурат мегирифт.
Махсусан фаъолияти солҳои 60-ум ва 70-уми асри XX–ро дар таърихи телевизиони тоҷик замони эҳё ном бурдан мумкин аст, зеро бо вуҷуди пахши аксарияти барномаҳо бо забонҳои дигар ин телевизион аввалин телевизион дар ҳудуди имрўзаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки нахустин кормандони он ҳамчун сардафтарони телевизиони тоҷик эътироф мешаванд.
Бо убури ин ҳама, дар ин солҳо аллакай мутахассисони маҳаллию ғайримаҳаллӣ рўи кор омада, телевизионро ба яке аз воситаҳои асосии бавуҷудоварандаи худшиносии миллӣ дар асри XX мубаддал гардониданд. Гарчанде барномаҳои телевизионӣ дар асоси принсипҳои универсализм ва интернатсионализм таҳия мегаштанд, моҳиятан онҳо хусусияти миллиро дар худ нуҳуфта буданд. Оҳиста–оҳиста дар байни кормандони телевизион ва кино шахсоне пайдо гаштанд, ки барои шаклгирии худшиносии миллӣ тавассути барномаҳо ва филмҳояшон нақши муассир гузоштанд. Масалан, дар «Соли 1980 бо қарори ЮНЕСКО 1000–солагии фарзанди фарзонаи тоҷик Абуалӣ ибни Сино таҷлил шуд..... телевизион як силсила гуфторҳои ҷашнӣ аз қабили «Алломаи машриқзамин», «Асрори азал», «Умри ҷовид», «Накўфарзанд» ва ғайраро таҳия намуда.. мақому мартабаи Абуалӣ ибни Синоро дар олами илму адаб нишон дод» [7, 123].
Дар солҳои 80-ум аллакай пахши барномаҳои телевизионӣ бо забони тоҷикӣ қариб нисфи эфирро фаро мегирифт, зеро кадрҳои маҳаллӣ, гарчанде зери назорати ҷиддӣ қарор доштанд, кўшиданд урфу одат ва маданияти минтақаҳои гуногуни миллати тоҷикро оҳиста–оҳиста ба бинандагон пешниҳод намоянд.
Айёми бозсозӣ, баъд аз интихоб гаштани М.С. Гобачев ба котиби аввали Ҳизби комунистӣ шурўъ гардид ва авзои сиёсӣ дар тамоми давлатҳои Шўравӣ тағйир ёфт. Яке аз масъалаҳои замони бозсозӣ ин танқидкунӣ ва худтанқиднамоӣ дар ВАО буд ва ин ба фаъолияти телевизион бетаъсир намонд. Аз ин гуна бозсозӣ журналистони телевизионии Маскав ва дигар ҷумҳуриҳои шўравии собиқ мўшикофона истифода мебурданд, «аммо телевизиони тоҷик дар соли дуюми «перестройка» бештар ба ҳаҷву мутоиба рўй овард» [7, 147]. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тоҷикон ба мисли бузургони асримиёнагии хеш Саъдӣ бо «Баҳористон», Сайидои Насафӣ бо «Баҳориёт» ва Убайди Зоконӣ ба достони «Муш ва гурба»-ашон мехостанд тавассути жанри ҳаҷв камбудиҳои ҷомеро ба бинандагон пешниҳод намоянд, аммо дар кўча асри XX ҳукмрон буд.
Бо вуҷуди ин ҳама, дар ин давра силсилабарномаҳои «Гуфтугўи мустақими телевизионӣ» дар телевизиони Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, ки ҳатто 11–уми июли соли 1988 дар он «котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов.. баромад кард « [7, 159]. Дар телевизиони тоҷик журналистон доир ба камбудиҳои ҷомеа суханрон шуданд. Аз ковокии фаҳмишу зиракии вазъи сиёсӣ «ба ҷойи салла, калларо меоварданд». Аз ин ошкорбаёнӣ душманони миллати тоҷик истифода бурда, дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилиро дар солҳои 90-ум ба вуҷуд оварданд.
Бори нахуст 22-юми июли соли 1990 ба муносибати яксолагии мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ «Сабқати телевизионӣ» дар ҳаҷми чаҳор соат гузаронида шуд [8, 25]. Чунин иқдомот аллакай дар барномаҳои телевизионӣ мазмуну мундариҷаи наву диди тоза ба вуҷуд оварда, аз барномаҳои телевизионӣ бўи озодӣ, истиқлол, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ ба димоғ мерасид. Махсусан дар ҳамин давра маҳаки асосии барномаҳои мазмунан ба ҳувияти миллӣ, вале таъсиркунандаи тавассути фарҳанги миллӣ ба вуҷуд омаданд. Ба дигар маъно, усули нави тарҳрезии худшиносии миллӣ тавассути «Барномаҳои телевизионӣ» ба вуҷуд омад, ки онро бо забони фалсафӣ-хориқаи махсуси иҷтимоӣ–фарҳангии «анъанаи муосири тоҷикӣ» ном мебаранд.
Махсусан дар замони муосир телевизионҳои давлатҳои миллӣ ба мисли Тоҷикистон бояд дар он мавқеъ қарор дошта бошанд, ки ҳангоми пахши мавод дар ҳар як намояндаи ин миллат зиракии сиёсиро бедор намоянд. Зеро бо назардошти замони пуртазоди ҷаҳонишавӣ гумон меравад, ки нагузаронидани чунин тадқиқот дар оянда метавонад ковокии маънавиро дар таҳияи барномаҳои шабакаҳои телевизионии давлатҳои миллӣ, махсусан Тоҷикистон ба бор биёрад. Асбаски телевизион дар замони муосир ҳамчун як институт дар ташаккули маданияти модӣ ва маънавии миллат нақши калидиро мебозад, барои нигоҳ доштани арзишҳои фарҳангӣ, миллӣ, маънавӣ ва динии миллати тоҷик дар ҳолати гузариш муассирияти худро бояд дучанд созад.
Сарфарозова Назира
Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2016, №4 (244)
Адабиёт
- Абдуллобек, Г., Бекзод Х.. Чеҳраҳои Садо ва Симо / Г. Абдуллобек, Х. Бекзод– Душанбе: Шуҷоиён, – 244 С.
- Герасимова С.А. Культурология и теория телекоммуникации: учеб. Пособие / С.А. Герасимова– М.: Гардарики, - 310 С.
- Лавриненко В. Н. Духовная жизнь общества: социально-философское измерение/ В. Н. Лавриненко // Знание. Понимание. Умение. – 2012. – № 3. – С. 193-198.
- Луман Н. Медиа коммуникации./ Луман Н. – М.: Логос, – 640 с.
- Мирзоев И. Рукни чорум (Четвёртая власть). Душанбе, - С. 228.
- Рахимов С. Два этапа в развитии таджикского кино как феномена национальной культуры./ Рахимов С.// Очерки истории и теории культуры таджикского народа. – Душанбе: ООО «Контраст», – 536 С.
- С. Хоҷазод. Таърихи телевизиони Тоҷикистон. Душанбе. «Деваштич». 2007. 288С.
- Шералӣ М. Телевизион ва радиои Тоҷикистон дар масири таърих. - Душанбе: «ЭР-граф», - 196 С.
- Штомпка П. Социология социальных изменений. М.: Аспект-пресс, 1996, с.415 С.