JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 25 Июни 2019 10:21

Арасту дар анъанаи фалсафаи тоҷик

Муаллиф: Маҳмадҷонова Муҳиба

  Анъанаи вусъатноки арастугароӣ ва арастушиносӣ барои фарҳангу тамаддуни тоҷик таърихӣ буда мақому мартабаи таълимот ва андешаи Арасту вижаву фарҳанг ва тамаддунсоз ба ҳисоб меравад. Арасту гузариши ақлонии инсонро аз асотир ба логос такомул ва қувват бахшида ҳаёти минбаъдаи фарҳангии инсонро ба тавре илмдӯстона ва мазмунан ҳакимона, ё ба истилоҳи худи юнониёни қадим «софиявӣ» намуда аст. Таълимоти Арасту мақому манзалати инсонро дар раванди маърифат қавӣ ва муқтадир менамояд, зеро ӯро на чун имконияти бешахсшудаи маърифат, балки муҷоҳиди омӯзишу пажӯҳиш, қаҳрамоне, ки ҳаёти худро ба донишандӯзӣ, мушоҳида, истифода аз ақли солим ва фаъолияти манфиатбахши он муаррифӣ менамояд. Ҳамин тавр минбаъд олиму ҳаким ҳаёти худро ба ҷустуҷӯи ҳақиқату низоми мутлақ, зёбоидӯстӣ бахшид.

  Дар асарҳои Арасту «Метафизика», «Ахлоқи Никомах» ва «Ахлоқи Евдем» «таҷриба» ва «санъату илмро», ки бештар вобаста бо назарияанд, муқоиса намуда онҳоро аз тариқи мафҳумҳои «технэ»-илм ва «эпистемэ» санъат шарҳ медиҳад. Баъд аз ин Арасту мафҳумҳои «фронесис» (тафаккур, андешаварӣ), «софия» (ҳикмат) ва «нус» (ақл) - ро шарҳ дода, ба тафсиру ифодаи мафҳуми калидии «Метафизика» «архэ»-ибтидо, принсип, усул- шурӯъ мекунад.

  Абармардони фарҳангу тамаддуни тоҷик мақому манзалат ва мазмуну муҳтавои созандаи таълимоти фалсафии Арастуро хеле хуб дарк мекарданд ва тақдири фарҳангу тамаддуни тоҷикро барои абад бо таълимоти юнони қадим, алахусус Арасту пайвастанд.

  Мазмуну муҳтавои осори Арасту комилан ба тарбияи сифоти хайри инсон равона шудааст. Эҳсоси эътибору аҳамияти сифоти нек вобаста бо мафҳуми саодат-ҳадафи худкомили ҳаёт буда, Арасту онро бо мафҳуми Αρετή хайр, некӣ ифода ва онро бо мафҳуми олӣ – беҳтарин άριστος марбут медонад. Аз рӯи фаҳмиши Арасту бояд ба хайр кӯшиш кард, онҳоро бояд парварид. Чунин кӯшиш имкон медиҳад шакли рафтори мазкурро чун «ҳадафрас» маънидод карда, дар он вобастагиро бо замони муосири мо дарёфт. Се шакли асосии тарзи ҳаёт- ҳаёти вобаста бо лаззат, давлатдорӣ ва билохира мушоҳидакоронаро шарҳ дода, Арасту масъалаи «маънои ҳаётро» пеш мегузорад.

  Перипатетизми арабзабон истилоҳе аст, ки бо он дар таърихи фалсафа яке аз равияҳои фалсафаи асримиёнаи арабзабон, аз ҷумла форсу тоҷикро ном мебаранд. Намояндагони асосии он ал-Киндӣ (800–879), ал-Форобӣ (870–950), Ибни Сино (Авиценна 980–1037), Ибни Туфайл (1110–1185), Ибн Рушд (Аверроэс, 1126–1198) мебошанд. Машшоиён гурӯҳи файласуфоне мебошанд, ки пайравони таълимоти арастуӣ буда арастугаро буданд. Худи калимаи машшоия тарҷумаи таҳтуллафзи калимаи перипатетизми юнонӣ мебошад. мактаби мазкур мантиқи арастуӣ (таълимот оид ба мафоҳим, ҳукм, қиёс, маъкулот, тазод ва мухолифати ҳукм)ро инкишоф дода, нуктаҳои асосии онро ба фиқҳ ва сарфу наҳв, сиёсат ва умури идорӣ, ахлоқ ва суханварӣ низ татбиқ менамоянд.

  Яке аз хусусиятҳои муҳими арастугароии шарқӣ худомарказии он мебошад, ки дар он махлутшавии андеша бо таълимоти навафлотуния ба назар мерасад. Дар ин таълимот Худо бештар ба таври нахустмуҳаррик шарҳ ёфта ҳаюлои қадимро ба ҳаракат медарорад.

  Сароғози фалсафаи машшоъ Абу Юсуф Якуб б. Исҳоқ ал-Киндӣ, файласуфи араб мебошад, ки дар фарҳанги арабзабон аввалин шуда донанда ва таблиғгари «улуми хориҷӣ» гардид. Андешаву осори ӯ таълимоти гуногунро дар худ таҳлил карда, гунаҳои пайравӣ аз андешаҳои Арасту ва арастугароӣ Афлотун, Флутин, Прокл, пифагориҳо ва ғ-ро ифода менамояд, ки аз таълимоти эшон тариқи фаъолияти мутарҷимони аввал дастраси хонандаи донишпажӯҳи арабзабон гардиданд. Ал-Кинди инчунин асосгузори шарҳи ботинии Қуръон ба ҳисоб меравад. Таълимот оид ба панҷ сарҷавҳар (модда, сурат, ҳаракат, фазову вақт) ва таълимот чор навъи ақли Киндӣ назири ин таҳлилҳо ба ҳисоб меравад, ки чор навъи ақлро ӯ ба таври зайл тақсимбандӣ намудааст:

  • фаъол– ки доимо дар ҳолати билқувва аст;
  • имконопазир– ки доимо дар ҳолати билфаъл аст лишённости;
  • гузаранда ба ҳолати билқувва– оне, ки дар ҳолати малака мавҷуд буда бинобар ин ал-акл би-л-малака ном дорад; мисоли он табибест, ки тибро медонад, аммо табобат намекунад;
  • билфеъл– амалкунанда амсоли табиби табобаткунанда

  Ному фаъолияти намояндаи дигари фалосифа Абу Бакр Муҳаммад ибн Закариё Розӣ 865 г. – 925 г. бо гуногунсамтиву сермазмунӣ маъруфу машҳур гардидааст. Розӣ дар шаҳри Рай ба дунё омада дар марказҳои машҳури замонаш маълумоти худро такмил медиҳад. Ӯ фалсафа, мовароуттабиа, шеъриёт, соҳирӣ ва кимиёро меомӯзад. Ҳанӯз аз овони ҷавонӣ ӯ машғули таҷрибаҳои кимиёӣ шуда «ҷавҳари» ашёро мепӯяд. Розӣ дар 30 солагӣ дар Бағдод табибиро омӯхта дар ин касб яке аз сарварони табибӣ мешавад. Дар Рай ва Бағдод чанд беморхона кушода дар он бо роҳу равиши хосаву нави худ табобатро ба роҳ мемонад. Ар-Розӣ илми атиқа, тиб ва фалсафаро хеле хуб дониста дар ин соҳаҳо асарҳои арзишманд таълиф намудааст, ки шумораи осори ӯро беш аз 184 номгӯй (то ба мо 61-то расидааст) нишон додаанд; осори ӯ дар соҳахои тиб, нуҷум, мантиқ, фалсафа, кимиё таълиф шуда дар асрҳои X – XIII ба Аврупо роҳ ёфта ба аксари забонҳои маъруфи ин ҷо тарҷума шуданд.

  Асоси таълимоти фалсафии Розиро орои «панҷ сарчашмаи абадии ҳастӣ – офаридгор, рӯх, ҳаюло, замон ва макон» ташкил медиҳад. Ақле, ки онро офаридгор мефиристад, ба рӯхе, ки асири ҳаюлост, талқин мекунад, то худро озод намояд. Роҳи озодии рух ин омӯзиши фалсафа мебошад. Таълимоти Розӣ оид ба атом наздик ба орои Демокрит аст. Розӣ чунин эътиқод дошт, ки фазову вақт мутлақ буда олам бешумор аст. Тамоми ашёро ӯ таркибшуда аз аҷсоми тақсимнопазир (атомҳо) медонист, ки дар байни ин унсурҳои хурдтарин хало вуҷуд дорад. Ӯ чунин мепиндошт, ки унсурҳои хурдтарин абадӣ, бетағйир ва дорои андозаи муайян мебошанд. Хусусияти ашёеро, ки аз «чаҳор ибдои» Арасту таркиб шудаанд, андозаи атом ва халои байни онҳо муайян менамояд. Ҳаракати табии атомҳо бо бузургии халои байни атомҳои ҳамон чаҳор унсур муайян мегардад. Бинобар ин обу замин ба сӯи поён ҳаракат карда оташу ҳаво ба сӯи боло ҳаракат доранд. Дар таълимоти ахлоқии Розӣ эътирофи ҳаёти фаъоли иҷтимоии инсон асоснок шуда зоҳидиву гӯшанишинӣ рад карда мешаванд. Розӣ ба таври идеоли ахлоқӣ Суқрот ва тарзи хаёти ӯро мисол меорад ва тамоми динҳои дар замонаш мавҷуд бударо мавриди танқид қарор медиҳад. Ба андешаи ӯ ҳақиқат ягона буда динҳо сершуморанд. Аз ин рӯ ба андешаи Розӣ таълимоти динӣ ҳақиқат надошта, ба ҷои мутолиаи Китобҳои муқаддас бояд аз таълифоти файласуфону олимон огоҳ шуд. Ин гуна афкори Розӣ сабаби хашму ғазаби мутафаккирони рӯҳонии асрҳои Х-Х1, алалхусус Форобӣ шуда худи ӯ ба таъқибу азият мувоҷеҳ шудааст.

  Розӣ дар соҳаи кимиё таълифоти зиёде дошта аз ҷумла «книга тайн» ва «книга тайни тайн» и ӯ хеле машҳур мебошанд, ки аз онҳо огоҳии хеле хуби Розӣ аз осори файласуфони юнонӣ ва кимиёдонони александриягӣ, муаллифони нодири арабзабони асрҳои VIII ва IX –ро дармеёбем.

  Пайрави дигари Арасту Абунасри Форобӣ мебошад, ки ӯро «муаллими сонӣ» ва асосгузори аслии машшоия меҳисобанд. Маълумоти фалсафиро Форобӣ аввал дар Ҳаррон ва баъд дар Бағдод гирифтааст. Дар соли 942 ӯ ба Ҳалаб омада дар дарбори Сайфуд - Давлаи ҳамадонӣ зиста дар Димишқ соли 950 вафот кардааст. Ӯ муаллифи осори сершумор буда, шореҳи бемонанди мантиқи атиқа, мусаннифи улум дар пайравӣ аз Симпликий мебошад.

  Форобӣ дар мавриди шабоҳат ва тафовути андешаҳои ду файласуфи олимартаба Афлотун ва Арасту рисолаи алоҳида дошта, дар ахлоқ ва сиёсат низ таълифоти алоҳида дорад. Ӯ дар асоси асари Афлотун «Давлат» таълимоти худро дар мавриди давлат ва давлатдории идеалӣ, дар муқоиса бо давлатҳои бад ва бесаводу гумроҳ иброз доштааст. Дар бораи афкори мовароуттабиаи ӯ маълумоте нест. Аз асари хурдҳаҷми мансуб ба ӯ «Уйун ал-масаил», ки аслан ба Ибни Сино тааллуқ дорад, танҳо рисолаи «Китоби харф» боқӣ монда, дар он мафоҳими фалсафӣ, таносуби дину фалсафа ва масоили гуногуни фалсафӣ шарҳу тафсир ёфтаанд. Андешаи Форобӣ дар мавриди ифода кардани афкори сокинони мадинаи фозила ифода ёфтаанд, ки онҳоро дар «ал Мила ал фазила» шарҳ додааст. Ӯ дар ин асар таълимоти таҷаллӣ ва тақсими ашёро ба имконулвуҷуд ва мумкинулвуҷуд тафсир мекунад. Орои пайдоиши зот аз таҷаллии нахустасоси воҳид, ки дар таълимоти динӣ низ ифода ёфтааст, бунёди маънавии таълимотро оид ба сохтори иҷтимоии ҷомеаро ташкил карда сарварии онро бояд султони файласуф, ки ҳамзамон имом-пешвои динии ҷомеа аст, ба ӯҳда дошта бошад.

  Тавре олими турк Ҳоҷӣ Халифа иброз доштааст, Абунаср Форобӣ асари худ «Таълимоти сониро» таълиф намудааст, ки минбаъд он бунёди асари безаволи Ибни Сино «Китоб уш шифо», ки дар он ба таври муназзам таълимоти машшоия ифода ёфтааст, шуда бошад. Гарчанде ин маълумот далелҳои муътамад надорад, имруз равшан аст, ки тавассути «Китоби шифои» Ибни Сино низоми фалсафии машшоияи шарқиро ба таври комилу пурра метавон шарҳ дод.

  Файласуф ва мутафаккири маъруфи асри Х Абдулҳасан Баҳманёр – аз зумраи маъруфтарин файласуфон, ҳамаср ва шогирдони Ибни Сино мебошад. Номи пурраи ӯ Абдулҳасан Баҳманёр ибни Марзбон буда, ӯ намояндаи машшоияи баъдӣ ба ҳисоб меравад, ки мутаассифона дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Баҳманёр маълумоти хеле кам боқӣ монда, танҳо солҳои 1065-1066 (аз рӯи маълумоти М. Мутаҳҳарӣ- 458 ҳ.қ./ 1080) -ро [8, 438] ба вафоташ нисбат медиҳанд. Мамедов З. санаи вафоти Бахманёрро 1066 нишон додааст [7, 99]. Маълумот дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Баҳманёр дар сарчашмаҳое, ки оид ба Ибни Сино маълумот медиҳанд: «Таърих ал ҳукамои» Ибни Кифтӣ, «Татимат сивон ул ҳикмаи» Байҳакӣ, «Чаҳор мақолаи» Низомии Арӯзии Самарқандӣ, «Равзат ал-ҷаннати» Зайнулобидини Хансори, «Луғатномаи» Деҳхудо мавҷуд аст. Дар бораи Баҳманёр як қатор олимони эронӣ-Забеҳулло Сафо, Сайдеоди Гавҳарин, Сайид Нафисӣ, Алиасғари Ҳалабӣ ва дигарон танҳо маълумоти тарҷумаиҳолӣ овардаанд.

  Баҳманёр дар мактаби фалсафӣ ва илмии Бӯалӣ тарбия ва такомул ёфта, бевосита дар таҳлилу баррасии масоили муҳими фалсафӣ, мантиқ, табиатшиносӣ, тибб ва ғайра дар паҳлуи устоди худ қарор дошта иштирок намудааст. Зиёда аз ин, бо кӯшиши Баҳманёр ва дар натиҷаи муколамаву мубоҳисаи масоили илмиву фалсафӣ таълифи як зумра осори Бӯалӣ, алалхусус «Мубоҳисоти» Ибни Сино сурат гирифта, Баҳманёр рисолати худро дар илм иборат аз тафсир, таблиғ ва тавсиаи осори устоди худ дидааст.

Аз ҷумлаи осори сершумори Баҳманёр муҳимтаринаш инҳоянд:

  1. «Ат-таҳсил». Асар аз се бахш иборат буда, мантиқ, табииёт ва мобаъдуттабиаро дар бар мегирад. Аз рӯи сохт ва усули таълиф ба «Донишномаи» Ибни Сино шабоҳат дорад.
  2. «Рисола фи маротиб ал мавҷудот». Ин асар соли 1851 дар Лейпсиги Олмон бо тафсири К.Поппер ба нашр расидааст.
  3. «Рисола фи мавзӯъ ал-илм ал-маъруф би мобаъд-ут-табиа». Он аз тарафи К.Поппер ба забони олмонӣ тарҷума ва соли 1851 дар ш. Лейпсиг ва соли 1911 дар ш. Қоҳира ба нашр расидааст.
  4. «Китобун фил исбот ал уқул-ал-фаъолияти ва-д-далолати ило ададиҳо ва исбот-ун-нуфуси-с-самовияти». Дар мавриди ин асар чунин маълумот мавҷуд аст, ки танҳо як боби он дар китобхонаи ш. Истамбул маҳфуз аст.

Байҳақӣ дар «Татимма» роҷеъ ба осори зерини Баҳманёр маълумот медиҳад:

  1. «Китоб-уз-зинат фи-л-мантиқӣ»
  2. «Китоб ал-баҳҷат ва-с-саодат»
  3. «Китоб фи –л- мусиқӣ».

  Инчунин дар баъзе сарчашмаҳо асари «ал-Мафориқат ва-н-нуфус» ба Баҳманёр нисбат дода мешавад. А.В.Сагадеев ва У.Султонов осори Баҳманёрро ба таври зайл ном мегиранд: «Китоб-ат-Таҳсил», «аз-Зинат фил-мантиқ», «ал-Баҳҷад ва-с-саодат», «Фи-л-мусиқӣ», «Рисола фи маротиб ал-мавҷудот», «Фи мазӯъ-ил-илми би мобаъдут-т- табиъа», «Фи исбот ал-уқул ал-фаъала ва далала ало ададиҳа ва исбот ан-нуфус ас-самавия»[9,392]. Тавре сарчашмаҳо, алалхусус Байҳақӣ, маълумот медиҳанд, ӯ ягона шогирди Ибни Сино будааст, ки худ низ устодвор шогирдони зиёде тарбия намуда, шогирдонаш низ дар рушду инкишофи илми фалсафаи дунявӣ дар Хуросон саҳми беандозаву нодир гузоштаанд.

  Ибни Сино ба Баҳманёр се асари худро бахшидааст. Бештари нуктаҳои дар китоби «Мубоҳисот» овардаи Ибни Сино ба таври ҷавоб ба саволҳои Баҳманёр ифода гардидаанд. Дар мавриди андешаҳои фалсафии Баҳманёр бояд қайд карда шавад, ки таълимоти фалсафии ӯ дар рисолаҳои «Маротиб-ал-мавҷудот» ва «Мобаъдуттабиа» ифода ёфта, дар онҳо тамоми масоили мубрами фалсафаи давра баррасӣ қарор гирифтаанд.

  Баҳманёр дар фалсафа пайрави Арасту, навафлотуниен ва Ибни Сино мебошад. Дар асарҳои Баҳманёр масъалаҳои муҳими фалсафии ҷавҳар, араз, воҷибулвуҷуд ва имконулвуҷуд, ҳаракат, макону замон, маърифат ва ғ. мавриди таҳлилу баррасӣ гардидаанд. Дар тафсири бештари масъалаҳо, алалхусус, дар шарҳи назарияи эълом (эманатсия), маърифати олам, таносуби рӯҳу ҷисм воқеан, метавон майлони ақлгароиро пайдо кард. Дар тафсири масоили динӣ ва ахлоқӣ низ Баҳманёр ҳамчун ақлгаро баромад мекунад. Ӯ, масалан, мисли Ибни Сино, рисолатро на малакаи худодод ва азалӣ, балки сунъӣ ва халқшуда меҳисобад. Ба ақидаи ӯ, расул-касест, ки асрори олам ва фалсафаи онро дарк кардааст. Аммо барои он, ки оламро маърифат намояд, ӯ бояд ки мунтазам бо илм машғул гардад.

  «Китоб ул баҳҷад вас саодати» Баҳманёр ба масъалаҳои ахлоқ ва «Китоб фил мусиқӣ» ба илми мусиқӣ махсус гардидаанд. «Китоб ут таҳсили» Баҳманёр дар асрҳои 11-12 дар баробари «Наҷот» ва «Шифои» Ибни Сино мавриди омӯзиш ва баррасии файласуфони равияҳои гуногуни афкор қарор дошта аст. Баъзе ибороти «Рисолаи маротиб ул мавҷудоти» Баҳманёр бо «Ал муфориқот ал нуфуси» ал-Форобӣ наздикии мантиқӣ дошта ва дар ин асос, баъзе муҳаққиқон онро талхиси китоби мазкур меҳисобанд. Ҷолиб аст, ки муколамаи байни Баҳманёр ва Ибни Сино, ки дар «Мубоҳисоти» Ибни Сино ифода ёфтааст, чандин аср баъд низ мавриди таваҷҷӯҳ ва тафаккури файласуфон қарор дошта, масалан, Мулло Садро дар осори худ кӯшиши ҷавоб гуфтан ба саволҳои Баҳманёрро менамояд [8,437].

  Тавре худи Баҳманёр дар муқаддимаи «ат-Таҳсил» иброз дошта аст, ӯ ин асарро бо хоҳиши тағояш Абӯмансур Баҳром ибни Хуршед ибни Йаздиёр, ҷиҳати ифодаи мазмуни асосии таълимоти фалсафии Шайхурраис Абӯалӣ ал-Хусайн ибни Абдулло ибни Сино дар асоси «Фалсафаи Алоӣ» (Донишномаи) ӯ таълиф намудааст.

  Дар бораи таълифи китоб Баҳманёр меафзояд, ки ӯ дар тартиби ифодаи мавзӯъҳо мантиқи китоби «Донишномаи» Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро пайгирӣ карда, умуман аз ин китоб илҳом гирифтааст. Инчунин ба андешаи Баҳманёр, агар масъалае номафҳум монад, бояд барои тафсири он ба «Донишномаи» Бӯалӣ ва осори дигари ӯ муроҷиат шавад. Ғайр аз ин, дар муқаддима Баҳманёр дар мавриди сохтори китоб чунин шарҳ медиҳад, ки ҳар қисмати он барои таҳлили яке аз осори Арасту бахшида шудааст.

  «Ат-Таҳсил» иборат аз се китоб буда, китоби аввали он ба масоили мантиқ бахшида шудааст. Китоби мантиқ дар се боб таълиф шуда, дар боби аввали он масъалаи идеяҳои «Исоғуҷии» файласуфи юнонӣ Фарфурис (Порфирий) муҳокима мешавад, ки чун мадхале ба «Категорияҳои» Арасту шинохта шудааст. Зимнан дар ин боб идеяҳо, категорияҳо ва тафсирҳо муҳокима шудаанд. Дар боби дуюм масъалаи тадриси исбот сухан рафта дар қисми аввал – исбот ва дар боби дуюм – муайянкунанда баррасӣ гардидаанд. Китоби дуюм ба муҳокимаи масъалаи улуми табиӣ - дар бораи вуҷуд ва нуҳ маъкулаи дигар башида шудааст. Дар ин боб таърифи худи маъкула, алалхусус навъи олии он оварда шудааст. Вуҷуд, сифот, миқдор, муносибот, ҳолот, макон, соҳибият, фоил, мафъул, ҳаракат – аз ҷумлаи ин маъкулаҳо мебошанд. Дар боби дигар оид ба масъалаи мабдаъ ва маод, имкон ва амал сухан рафтааст. Дар боби чоруми китоби дуюми «Таҳсил» масъалаи идрок баррасӣ шудааст. Дар дигар боб масъалаи сабаб ва вобастагӣ бо сабаб муҳокима мешавад. Баъдан, оид ба нишонаҳои табиии касрат сухан рафта, гунаи нишонаҳои ваҳдат мавриди баррасӣ қарор дорад. Китоби сеюм ба ашёи воқеӣ бахшида шуда, дар қисми якуми он - донистани ашёи воҷибулвуҷуд, дар китоби дуюм - дар бораи ашёе, ки вуҷудашон вобаста ба сабаб баррасӣ шудаанд. Баъд аз он ҳукмҳои барои донисташавандагии ашё зарурӣ муҳокима гардида, пас аз он дар бораи осмону олам, ҷисмҳои сода ва дар охир - таълимот дар бораи рӯҳ муҳокима мешавад.

  Баҳманёр дар андешаҳои ахлоқии худ, дар пайравии Афлотун, Арасту, ал-Форобӣ ва Ибни Сино, ба масъалаи такомули ахлоқи инсонӣ ва хирад аҳамияти бағоят бузург дода инсонро олитарин ва комилтарин махлуқи рӯи Замин меҳисобад. Сифати прогрессивии андешаҳои ахлоқии ӯ дар ҳамин ифода меёбад. Ақлгароии Баҳманёр дар андешаҳои ахлоқии ӯ ба назар мерасад. Сарфи назар аз он, ки рисолаи ахлоқии Баҳманёр «Баҳҷад ва саодат» пайдо нашудааст, дар рисолаҳои дигари ӯ «Маротиб ал - мавҷудот» ва «Мобаъдуттабиа» дида мешавад, ки Баҳманёр чунин маъкулаҳои муҳими ахлоқиро монанди саодат, андӯҳ, лаззат ва ғ. дар пайвастагӣ бо андешаҳои равоншиносии худ шарҳ медиҳад. Ба ақидаи ӯ, рӯҳи инсон (нафси нотиқа) баъд аз ҷудо шудан аз тан, ба саодати ниҳоӣ ва олии худ мерасад. Аммо барои расидан ба лаззат ва саодат инсон бояд пеш аз ҳама дорои сифоти олии ахлоқӣ буда, рафтору одоби худро такмил диҳад ва фалсафаро омӯзад. Ба андешаи Баҳманёр, шуур-сармояи беҳтарин ва сарчашмаи некӣ аст. Сармоя - менависад ӯ,- гузаранда, ақл бошад, ба инсон чун роҳнамо ва дӯсти бовафо аст [10,578].

  Майлони моддии фалсафаи Баҳманёр дақиқан дар ҳалли масъалаи макон зоҳир мешавад. Маконро ӯ дар шакли муносибати гуногуни ҷисм нисбат ба ҳамдигар шарҳ дода, ба хулосае меояд, ки макон-ин ҷойгиршавии ҷисм дар фазо буда, дар ҷое, ки ҷисм нест, макон ҳам нест. Баҳманёр мӯътақид аст, ки ҷисм ва макон тақсимнопазиранд, ҳаракати ҷисм дар макон ба вуҷуд меояд ва ҳаракат - шакли ҳастии ҷисм аст. Аммо Баҳманёр ин фикрро минбаъд инкишоф надода, дар фаҳмиши худ нисбати таносуби ҳаракату мода ба ноустуворӣ роҳ дода аст. Дар айни ҳол, гарчанде ки моддаро аз ҳаракат ҷудо мекунад, ӯ моддаро ҳовии ҳаракат мепиндорад.

  Таълимоти Бахманёр оид ба рӯҳ ва ҷисм аксаран андешаҳои Ибни Синоро пайгирӣ менамоянд. Ӯ, мисли Ибни Сино, исбот мекунад, ки рӯҳ бо истифода аз аҷзои худ, идоракунандаи ҷисм аст. Инчунин ба андешаи Баҳманёр, рӯҳи инсон бо марги ҷисм намемирад, балки баръакс, баъди марги ҷисм он метавонад ба саодат ва ё кулфат бирасад. Ба ақидаи ӯ, азбаски ҷавҳар абадӣ аст, рӯҳи инсон низ, мисли ҷавҳари маънавӣ, абадӣ мебошад.

  Дар мавриди масъалаи маърифат низ андешаҳои Баҳманёр хеле ҷолиби диққатанд. Гарчанде дар назарияи маърифати Баҳманёр оҳанги идеалистӣ бориз аст, дар он андешаҳои моддигароёна низ хеле зиёд ба назар мерасанд. Моддигароии Баҳманёр пеш аз ҳама дар он зоҳир мешавад, ки таълимоти ӯ бо назарияи инъикос қаробат дорад. Тибқи таълимоти мазкур дар эҳсоси инсон ашёву аҷсоми олами моддӣ инъикос мешаванд. Ин инъикос мушобеҳи худи ашё мебошанд. Эҳсосот дар натиҷа ва бинобар зуҳури ашё ва ҳаводиси олами моддӣ, таҳрик меёбанд. Ашёву аҷсоми олами моддӣ ба инсон, хиради имконулвуҷуд (ва ё Хиради аввалӣ) таъсир расонида, онро аз ҳолати имкон ба амал мубаддал менамояд.

  Баҳманёр мепиндорад, ки сарчашма ва объекти маърифати инсон новобаста аз худи ӯ вуҷуд дорад. Ҳама он чизе, ки дар хиради инсон инъикос меёбад, аз тариқи эҳсосот интиқол мегардад. Ӯ эҳсосотро ба ботинӣ ва зоҳирӣ ҷудо мекунад. Бахманёр, дар пайравии Ибни Сино, зинаи эҳсосотро зинаи аввали маърифат меномад. Аввалин хусусияти ин зина дар алоқамандӣ бо фаъолияти аъзои ҳис зоҳир мегардад. Хусусияти дигари он иборат аз инъикос кардани зоҳири ашёи алоҳида аст. Эҳсосоти инсон ашёро аз ҷонибҳои гуногун идрок мекунад. Дар айни ҳол, маърифати ҳиссӣ, ба андешаи Баҳманёр, ноқис аст. Нуқси маърифати ҳиссӣ иборат аз он аст, ки шакли ҷисмҳоро аз худи ҷисм ҷудо накарда, дар ҳамҷоягӣ шакл ва мунтақили он - ҷисмро таҷассум менамояд. Бинобар ин маърифати ҳиссӣ ҳангоми вуҷуди мушаххас ва ҳамзамони ашё ба вуҷуд меояд. Агар ашё набошад, дар эҳсосоти инсон ягон сифати он - бӯй, ранг, тарӣ, хушкӣ, нармӣ, сахтӣ ва ҳ.к.-и он низ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, Баҳманёр мегӯяд, ки ҳама он чизе, ки дар эҳсосоти зоҳирӣ мавҷуд аст, аз ҷониби эҳсосоти дохилӣ - тафаккур, тасаввур, ҳофиза қабул ва ҳифз карда мешавад. Дар андешаҳои мазкури Баҳманёр фарзияи муҳими диалектикӣ ҷой дорад, ки мувофиқи он эҳсосоти ботинӣ дар асоси маводи эҳсосоти зоҳирӣ ба вуҷуд меоянд. Бинобар ин эҳсосоти ботинӣ идомаи муносибатҳои эҳсосоти зоҳирӣ мебошад.

  Баҳманёр нақш ва мақоми маърифати ҳиссиро хеле арҷ гузошта, дар айни ҳол, низ ба нуқсонҳои он дар дарки ҷавҳари ашё ишорат менамояд. Мувофиқи таълимоти ӯ, чун маърифати ҳиссӣ - маърифати ҷанбаҳои зоҳирӣ ва алоҳидаи ашё буда, қобилияти ошкор кардани ҳақиқат ва ҷавҳари ашёро надорад, Баҳманёр ба шакли олии маърифат- маърифати ақлӣ аҳамияти зиёд медиҳад. Ин маърифат, ки худ бо фаъолияти хиради инсон вобаста аст, дар натиҷаи ҷудо кардани мафҳум ва улгуи он аз сарчашмаҳои моддӣ ва ҷисмонии ашё ва ҳаводис ба вуҷуд меояд. Маърифати ақлонӣ аз тариқи маърифати ҷанбаҳои умумитарини ашё, маърифати илмиро ташкил медиҳад. Хирад имкон дорад, ки ҷавҳари ашёи моддиро ошкор намояд, ки худ мазмун ва мундариҷаи маърифати ҳақиқии илми аст. Баҳманёр нақши эҳсосотро дар раванди маърифати ақлонӣ таъкид карда, ҳамзамон ваҳдат ва вобастагии онҳоро муқаррар менамояд. Ба андешаи ӯ, хирад ҳангоми дар маърифати ашёи олами моддӣ, аз тариқи истифодаи ахбори маърифати ҳиссӣ, ошкор кардани ҳақиқат ва ҷавҳари ҳаводис, онҳоро хеле амиқтар маърифат менамояд.

  Таноқузи таълимоти Баҳманёр дар гусастагии хирад аз сарчашмаҳои моддӣ ва ҷисмонӣ зоҳир мешавад, ки ба ин тариқ ӯ ду объекти маърифати инсон - яке аз онҳо - моддӣ, дигаре маънавиро қабул дорад. Ба сарчашмаи моддӣ тамоми ҳаводиси олами моддӣ, ба маънавӣ - маод дохил мешавад. Тибқи андешаҳои Баҳманёр маърифати олами маънавӣ ба эҳсосот дастнорас буда, он танҳо бинобар шакли олитарини маърифат будан, тавассути хирад маърифат карда мешавад.

  Маҳз дар сарзамини мо зуҳур кардани нобиғаҳои давр монанди Фороби, Ибни Сино, Бахманёр, Беруни, Закариёи Розӣ ва монанди онон, ки ному мерос ва фаъолияти илмии ҷовидони эшон бо равияи фалсафии машшоия ва пайравии Арасту маъруф аст, бевосита бо таълимоту андешаи ин абармарди атиқа, зиндаву ҷовид гардонидаи андешаи ӯ марбут мебошад. Тарҷума, ба андешаву оро ва фалсафаи тоҷик ворид шудани рӯҳу равони фалсафаи , ки дорои қувваи қавии ақлгароӣ буда такя ба неруву тавони зехнии инсон бевосита бо ному афкори безаволи Арасту пайванди ногусастанӣ дорад, худшиносии миллии тоҷиконро мустаҳкам карда барои татбиқи гуфтугуи тамаддунии байни фарҳангу мардумони ҷаҳон бегумон таъсири бевоситаи мусбат ворид менамояд.

  Таълимоти Арасту моро ба таҳлил масъалаи озодӣ ташвиқ менамояд, ки имрӯз ба яке аз мубрамтарин масоили давр табдил ёфтааст. Дар нафси инсон Арасту се навъи қобилият – эҳсос, ақл (νους) ва майлро ҷудо карда шарҳ додааст, ки «сарчашмаи афъол – маҳз интихоби озоди ақлонӣ аст», ки худ сабаби муҳаррик ба ҳисоб меравад. «Интихоби ақлонӣ – майли тафаккуршуда ва ё майлест, ки аз тариқи андеша ба ҳаракат дароварда мешавад». Афкори мазкури Арасту барои ташаккулёбии инсон дар ҳама давру замонҳо замина фароҳам оварда андешаи Арастуро дар мавриди он, ки «ҳаким на танҳо натиҷаи аз усулҳо бар меомадаро медонад, балки дар бораи худи усулҳо дониши ҳақиқӣ дорад»-ро тасдиқ менамояд.

Маҳмадҷонова Муҳиба Талатҷоновна 

доктори илмҳои фалсафа

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2016, №4 (244)

Адабиёт:

  1. Абубакр ар - Рази. Избранные трактаты/ Абубакр ар - Рази. -Душанбе, 2014.
  2. Аль-Фараби. Историко-философские трактаты/ Аль-Фараби. -Алма-Ата, 1985
  3. Ашуров Г. Философия эпохи Саманидов/ Г.Ашуров. -Душанбе, Дониш. 2006
  4. Богоутдинов А.М. Очерки по истории таджикской философии/ А.М.Богоутдинов.- Душанбе: Дониш, 2011. – 334 с.
  5. Диноршоев М. Натурфилософия Ибн Сины/ М.Диноршоев. -Душанбе, 1985
  6. Касымжанов А.Х. Абу-Наср аль-Фараби/ А.Х.Касымжанов. -М., 1982
  7. Мамедов З. Уточнение даты смерти Бахманяра/ З.Мамедов //Доклады Академии наук Азерб. ССР/. 1971.Т.ХХУ11. -С.99.
  8. Мутаҳҳарӣ М. Хадамоти мутақобилаи ислом ва Эрон/ М.Мутаҳҳарӣ. -Душанбе, 1999.-С.438.
  9. СагадееваА.В.Средневековая арабо-мусульманская философия в переводах /А.В.Сагадеева. Т.2. -М.: 2010. - С.5-7;
    1. Султонов У. Баҳманьёр//Энсиклопедияи советии тоҷикЧ.1. / У.Султонов. -Душанбе, 1978.-С.392.
    2. Султонов У. Современники Ибн Сины/ У.Султонов. -Душанбе, 1975. – С.578.
    3. Хайруллаев М.М. Абу Наср ал-Фараби/ М.М.Хайруллаев. -М., 1982

 

 

1 Адрес для корреспонденции. Махмаджонова Мухиба Талатжановна–док.филос. наук, зав. от. Института философии, политологии и права им.Багоутдинова АН Республики Таджикистан. 734029, Республика Таджикистан, г.Душанбе, ул. Шмидта 42. Тел.:918877009

Хондан 8706 маротиба