JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 27 Июли 2018 09:18

Робитаи илмҳои табиатшиносӣ бо илмҳои ҷомеашиносӣ

Муаллиф:

  Илм - яке аз соҳаҳои фаъолияти маънавии инсон буда, вазифаи муҳимтарини он ба вуҷуд овардан ва мураттаб сохтани донишҳо роҷеъ ба табиат, ҷамъият, инсон ва тафаккури вай мебошад. Илм чунин фаъолияти инсонро тақозо менамояд, ки дар ҷараёни он доир ба ин ё он тарафи олам дониш ҳосил карда шавад. Ва ҳамаи шаклҳои фаъолияти бошууронаи инсоният ба ҳамдигар сахт алоқаи зич доранд. Илмҳои табиатшиносӣ ҳамчун як шакли фаъолияти инсон ба шаклҳои дигари фаъолияти ҷамъиятӣ, бо иқтисоду истеҳсолот, фарҳангу сиёсат, адабиёту санъат, дину ахлоқ ва ғайра робитаи ногусастанӣ доранд. Пешрафти иқтисодиёти ҷомеа пеш аз ҳама ба дараҷаи пешрафти илмҳои табиатшиносӣ ва иқтисодӣ таъин мешавад. Дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва воситаҳои истеҳсолот бошад, ба пешрафти илмӣ - техникии ҷомеа вобаста буда, асоси ин пешрафтро дастоварду ихтирооти илмҳои табиатшиносӣ ташкил медиҳад. Дар замони муосир на танҳо иқтисоду истеҳсолот, балки ҳаёти одамонро бе истифодаи нерӯи барқ, ки дар заминаи кашфи илқои (индуксияи) электромагнитӣ ва назарияи электродинамикӣ амалӣ шудааст, тасаввур намудан амри маҳол аст.

  Илмҳои табиатшиносӣ аз як тараф на ба сиёсат дахл доранду на ба дин ва онҳо на аз они идеологияанду ва на аз они ҳизбу мазҳабҳои мухталиф. Қонунҳои улуми табиатшиносӣ барои нажодҳои сиёҳпӯсту сафедпӯст, барои мусалмону насронӣ, барои ҷумҳурихоҳу демократ ва ғайра якранг мебошанд. Лекин, аз тарафи дигар натиҷаи кашфиётҳои илму техника, истифода ва инкишофи он ба сиёсату идеология ва ҳизбу мазҳаб сахт алоқаманданд. Тамоми кашфиёту ихтирооти олимони соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ дар хизмати кулли мардум қарор мегиранд, ки ин хусусияти умумӣ доштани илмро нишон медиҳад. Барои намуна, бомбаи ҳастаиро «падари бомбаи ядроӣ», физикдони амрикоӣ Роберт Оппенгеймер (1904-1967) сохту онро сиёсатмадорони амрикоӣ, зери роҳбарии президенти вақти ИМА Гарри Трумэн (1945-1953) барои маҳви инсоният истифода намуданд. Яъне аввалин бомбаи ҳастаӣ дар шаҳрҳои Хиросима (6.08.1945) ва Нагасаки (9.08.1945) партофта шуд, ки мардуми кишвари Ҷопон то имрӯз аз шӯоъҳои радиоактивӣ азият мекашанд. Ё аввалин тайёраро «падари авиатсияи рус» Н.Е. Жуковский (1847-1921) ихтироъ намуда, аз он мутаассибони ҷиноятпешаи ҳаракати «Толибон» ба нияти нопок истифода карданд, ки дар натиҷа 11-уми сентябри 2001 ду бинои муҳташами шаҳри Ню-Йорк ба хок яксон гардид ва нафарони зиёде ҷон ба ҳалокат супориданд. Ва ё барои ошкор намудани ҷиноят ва дигар амалҳои номатлуб аз реаксияву маҳлулҳои химиявӣ истифода мебаранд. Ин масоил ва суханони дар боло зикршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки илмҳои табиатшиносӣ барои тамоми тоифаи инсонҳо якранганд, вале на ҳамаи одамон дастовардҳои илмҳои табиатшиносиро барои амалҳои нек истифода мебаранд.

  Дараҷаи пешрафти илмҳои табиатшиносӣ дар давлатҳои гуногуни сайёра мухталиф буда, он пеш аз ҳама ба иқтисодиёти кишвар алоқаманд мебошад. Зеро фақат иқтисодиёти пешқадаму саноати замонавӣ илмро бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин намуда, барои пешбурди он шароити мусоид фарҳам меоварад. Баъзан соҳаҳои илм, аз ҷумла тадқиқоти физикаи атому ҳаста, реаксияҳои химиявии баландэнергия, пажуҳишу тадқиқоти коинот, дастовардҳои генинженерӣ, генетикию селексионӣ ва ғайра заминаи пуриқтидори иқтисодиро талаб менамоянд. Мамлакатҳое, ки иқтисоди бузург доранд, ба ин мавзӯъҳои илмӣ бештар аҳамият медиҳанд ва барои омӯзиши илм маблағи хеле калон сарф менамояд. Масалан, яке аз кишварҳои пешрафтаи олам ҶФО (Германия) танҳо барои рушди илм дар соли 2010 аз буҷаи давлатӣ 60,5 миллиард ЕВРО маблағ ҷудо намудааст, ки нисбат ба дигар соҳаҳои буҷетии мамлакат 15 - 20 маротиба зиёдтар мебошад.

  Солҳои 20-уми асри гузашта ИМА, ки давлати аз ҷиҳати иқтисодӣ нерӯманд буд, сиёсатеро бо номи «Ҷамъкунии олимони болаёқат» амалӣ гардонид. Моҳияти асосии он дар ИМА гирд овардан ва ба корҳои илмӣ ҷалб намудани олимони болаёқату намоёни мамолики сусттараққӣ буд. Ҳар давлате, ки дорои технологияи пешқадами илмист, сиёсаташ ҳам дар арсаи байналхалқӣ пешрав мебошад. Барои мисол, баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар байни роҳбарони давлатҳои коалитсияи зиддифашистӣ вохӯрӣ мерафт ва роҳбари ИМА Г. Трумэн, бо назардошти он ки танҳо ИМА соҳиби силоҳи атомӣ ҳаст, шартҳои худро аз дигар кишварҳо боло мегузошт. Ва ё дар зери сисёсати тоталитаристонаи роҳбари вакилони ИҶШС И.В. Сталин (1924-1953), физики намоён И.В. Курчатов (1903-1960) давлати Шӯравиро ду сол пас аз ИМА соҳиби бомбаи атомӣ мегардонад ва ин давлат аввалин шуда дорои бомбаи термоядроӣ низ мегардад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо дар муносибатҳои байни ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва Исроил бо мамлакатҳое, монанди Ироқ, Либия, Сурия, Фаластин, Афғонистон, Эрон, Косово, Кореяи шимолӣ ва дигар кишварҳо мушоҳида мешавад.  

  Афкору тасаввуроти динӣ ҳам инкишофи илмҳои табиатшиносиро на ҳама вақт ҷонибдорӣ мекунад. Афкори динӣ аксарияти ҳодисоти оламро маҳз фаъолияти Худо эълон намуда, дахолати одамонро ба онҳо куфру гуноҳ мешуморад. Бо инкишофи илму дин ҳудуди доираи ҳодисоте, ки дахли одам ба онҳо гуноҳ аст, тағйир ёфта меистад. Ҳамин тариқ, дар байни интихоби инкшофи илм ва меъёрҳои ахлоқии ҷамъиятӣ рақобат ба миён омада, қисми зиёди олимон инкишофи илмро дастгирӣ намудаанд. Ба ақидаи онҳо, нормаҳои ахлоқии ҷамъият нисбию тағйирёбандаанд, аммо қонунҳои асосии табиат ва воқеияти илмии табиатшиносӣ собитанд. Дар ҳақиқат он рафторе, ки чанде пеш беодобӣ ҳисоб мешуд, ҳоло метавонад муқаррарӣ ба ҳисоб равад, ҳатто аз рӯи нуқтаи назари динӣ ҳам. Масалан, дар асрҳои XV - XVI олимони тарафдори системаи офтобмарказӣ (гелиосентрӣ) - ро дар Италия калисои насронӣ таъқиб менамуд. Дар асри XX бошад, кишвари Ватикан нав ба омӯзиши моделҳои гуногуни космологию масъалаҳои экологии олам оғоз кард ва ё то солҳои 50-уми асри XX гирифтани расми Каъба мамнӯъ буд. Яъне талаботи нормаҳои динию ахлоқӣ нисбати натиҷаҳои илмҳои табиатшиносӣ ва истифодаи онҳо тағйир ёфтаанд. Сарфи назар аз ҳама, истифодаи натиҷаҳои илмҳои табиатшиносӣ назорати боақлонаро тақозо мекунанд. Истифодаи бемулоҳизаи баъзе дастовардҳои илмӣ боиси фалокатҳои бузург шуда метавонанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар вақтҳои охир мақоми илмҳои табиатшиносӣ дигар шудааст. Ҳадафи илмҳои табиатшиносӣ дар давраҳои пеш кашфу баёни ҳодисоти алоҳида буд, вале дар замони муосир илм ба як ҷузъи таркибӣ ва ҷудонашавандаи фаъолияти истеҳсолкунанда ва инчунин, ба як соҳаи пешқадами хоҷагии халқ табдил ёфтааст.

  Илмҳои табиатшиносӣ бо техника, саноат ва фалсафа алоқаи зич дошта, тавассути онҳо дар ҷамъият мавқею мақоми муайянро ишғол менамоянд. Робитаи табиатшиносӣ бо фалсафа аз он бар меояд, ки табиатшиносон ҳангоми тадқиқот фикру ақидаҳои худро бе мафҳумҳои умумӣ (категорияҳо) - и мантиқии фалсафӣ баён карда наметавонанд. Ҳама гуна хулосабарориҳои фалсафӣ аз натиҷаи тадқиқотҳои илмҳои табиатшиносӣ бароварда мешаванд. Ҳамин тавр, илмҳои табиатшиносӣ як шакли махсуси шуури ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, бо дигар соҳаҳои маданияти маънавӣ тааллуқ доранд ва бо дигар соҳаҳои маданияти инсонӣ дар робита мебошанд.   

Қурбонов Н.Б.

Хондан 3922 маротиба